"Бозӣ бо раъйи мардум бозӣ бо сари шер аст"

Мусоҳиба 16.05.2014 15:31

Musohibai Atomuhammadi noor

 

(ҳушдори Устод Ато ба Камисюни интихобот)

 

(Мусоҳибаи "Ормони миллӣ" бо Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва қудратмандтарин шахсияти шимоли Афғонистон)

- Интихобот чӣ гуна гузашт, оё аз эълони натиҷаҳои ибтидоӣ розӣ ҳастед?

- Бояд гуфта шавад, ки бо арзёбиҳое, ки сурат гирифтааст, тими Ислоҳот ва ҳамгиройӣ ҳудуди 70 дарсади ройи мардумро дар рӯзи интихобот ба даст овардааст ва бояд Камисюни интихобот пирӯзии ин тимро дар даври аввал эълон мекард. Аммо бархе аъзои камисюн бо дастури бархе ниҳодҳо ва афрод орои тими Ислоҳот ва ҳамгироиро бо муҳандисие, ки анҷом доданд, 44,9% эълон намуданд ва аз пирӯзии доктор Абдулло дар даври аввал ҷилавгирӣ ба амал оварданд. Ба бовари мо камисюн дар баробари интихобот аз адолат ва инсоф кор нагирифт. Бо эҳтиром ба аъзои содиқ ва ватандӯсти камисюн шояд он идда аз аъзои камисюн, ки дар тақаллуб ва тавтиъа даст доштанд, аз пайгарди қонун масун ва аз ҷониби миллат беҳисоб нахоҳанд монд.

- Аз назариёт ва мавзеъатон маълум мешавад, ки Шумо аз тими доктор Абдулло ҳимоят кардаед, дар ҳоле ки масъулини давлатӣ бояд бетараф бошанд?

- Мо пеш аз ин аз номзадии доктор Абдулло ҳимоят карда будем, аммо аз имконоти давлатӣ дар ҷараёни интихобот ба нафъи вай қатъан истифода накардем. Ва заминаро барои ҳамаи номзадҳо мусоид сохтем, ки ба Балх биоянд ва барномаҳои худро ба мардум тавзеҳ бидиҳанд ва фурсати баробарро барои ҳамаи номзадҳо муҳайё намудем. Аммо ба ин назар будем, ки доктор Абдулло беҳтарин номзад аст ва ба ҳамин манзур аз вай ҳимоят кардам ва ба вай рой додам, ки ин ҳақи сиёсии ман ва ҳар шаҳрванди ин кишвар аст.

- Ҳоло гуфта мешавад, ки интихобот ба даври ду меравад, оё боз ҳам умедвор ҳастед, ки доктор Абдулло дар ин давр низ пирӯз шавад? Ва агар дар ин давр интихобот қавӣ шавад чи тур?

- Дар ҳоле ки Ислоҳот ва ҳамгироӣ дар даври аввал 44,9 %-ро тавонист ба даст биорад, натиҷаи даври дуввум ҳам бисёр рушан аст. Ман бовар дорам, ки аксарияти номзадҳое дигар дар даври ду ба тими доктор Абдулло мепайванданд. Ин раванд идома дорад ва шумо шоҳид будед, ки Гулоғо Шерзай чунин иқдом кард. Ман бовар дорам, ки дар даври дуввум Ашраф Ғанӣ чунон шикаст хоҳад хурд, ки аз саҳнаи сиёсии Афғонистон комилан ҳазф хоҳад шуд. Зеро ба назари ман Ашраф Ғанӣ пойгоҳи иҷтимоӣ надорад. Ва он идда афроде, ки аз ӯ ҳимоят карданд бештар афкори чапӣ доранд ва марксист буданд. Ва онҳо реша дар умқи ҷомеъаи суннатӣ надоранд ва мардум аз онҳо ҳимоят намекунад.

Мо бовар дорем, ки интихобот на дар даври аввал қавмӣ буд ва на дар даври дуввум қавмӣ хоҳад шуд.

Дар даври аввал доктор Абдулло дар манотиқи паштуннишин ройи қобили мулоҳиза дошт ва бародарони паштуни мо аз вай ҳимоят карданд. Гарчи Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай қасд дорад интихоботро дар даври дуввум қавмӣ ҷилва бидиҳад. Аммо мардуми мо пас аз ин дар ҳич масъала қавмӣ фикр намекунад. Ва оҳиста- оҳиста афкори миллӣ ҷои қавмро дар кишвари мо мегирад ва мо шоҳиди ин хоҳем буд, ки аксари бародарони паштун ва нухбагони ин қавм аз доктор Абдулло ҳимоят хоҳанд кард. Ва ҳич ташвише аз қавмӣ шудани интихобот надорем.

- Ба назари Шумо Ҳомид Карзай аз кадом номзад ҳимоят мекунад ва бештар моил аст кадом номзад ба арк бинишинад, Абдулло ё Ғанӣ?

- Ман пеш аз ин ҳам гуфта будам, ки дар ин муддатзамон ҳукумати Ҳомид Карзай дастовардҳои зиёде дорад, ки қобили ситоиш аст ва дар даврони раёсати ҷумҳурияш тавонист чеҳраи кишварро тағйир бидиҳад. Дар ҳич сурат хадамоти вай нодида гирифта намешавад ва дар сурати пирӯзии доктор Абдулло ҷойгоҳи Карзай мушаххас хоҳад шуд ва ҳамроҳи ҷаноби эшон мавриди эҳтироми сазовор қарор хоҳад гирифт.

Аммо дар сурати пирӯзии Ашраф Ғанӣ, ки ҳоло номумкин аст, уқдакушоӣ ва парвандасозӣ ҷои ҳамкориро хоҳад гирифт. Ва аз имкон дур нест, ки агар Ғанӣ пирӯз шавад, аксари энержии худро дар муҳокимаи аъзои ҳукумати Карзай сарф хоҳад кард. 

- Ва охирин паёми шумо ба мардум чист?

- Мардум бояд дар баробари тавтиаҳое, ки аз суи қавмгароён доман зада мешавад, истодагарӣ кунанд. Қавмгароён, ки аз омузаҳои динӣ чизе намедонанд, бо доман задани нифоқ талош доштанд ва доранд, ки зери номи қавм, забон ва самт мардумро аз ҳам ҷудо кунанд. Қавмӣ шудани интихобот тавтеъаи шабакаҳои ҷосусӣ аст ва ин тавтиъа бояд аз суи мардум хунсо шавад. Ба ин хотир ман аз ҳама; аз олимони дин, рушанфикрон, ҷомеъаи маданӣ ва муҷоҳидони кишвар мехоҳам, ки аз тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ ҳимоят кунанд ва нагузоранд, ки тими Таҳаввул ва тадовум, ки барои ояндаи кишвари мо як таҳдиди бисёр хатарнок аст, ба қудрат бирасад.

Манбаъ: "Ормони миллӣ", Кобул armanemili.af

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97