Ойниҳол Бобоназарова: «Дар лаҳзаи охир тасмим гирифтам номзад шавам»

Мусоҳиба 16.09.2013 15:16

Oynihol Bobonazarova  1nomzadӮ кист?

Ойниҳол Бобоназарова, соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро, хатм кардааст.

То соли 1976 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳсилу кор кардааст. Дар ҳамин ҷо рисолаи номзадиашро дифоъ намуда, баъдан ба дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз ба фаъолият кард.

Яке аз аввалин узви раёсати Ҳизби демократии Тоҷикистон дар соли 1990 аст, ки соли 1994 барои ақидаҳои сиёсиаш муддате боздошт шуд.

Аз сӯи КОМ дар соли 1997 тибқи квотаи 30-дар сада аз ҷониби мухолифин ба мақоми муовини Прокурори Генералӣ пешбарӣ шуд, вале онро напазируфт.

Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқӣ фаъолият дошт.

Аз соли 204 то 2007 раиси Бунёди Сорос дар Тоҷикистон буд. Соли 2007 бунёди ҷамъиятии Перспектива +»-ро таъсис дод. Яке аз фаъолони ҳуқуқи башар аст, ки ба вежа дар ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон заҳматҳои зиёде ба харҷ додаст. Акнун Ойниҳол Бобоназарова дар таърихи Тоҷикистон нахустин зан хоҳад буд, ки номзад ба мақоми президентӣ аст. Ӯ рӯзи 10 сентябр аз сӯи Иттиҳоди нируҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ба ҳайси номзади ягонаи ин иттиҳод пешниҳод шудааст.

Ойниҳол Бобоназарова оиладор ва соҳиби ду фарзанд ва чор набера аст.

«Миллат» суҳбати ихтисосие бо Ойниҳол Бобоназарова анҷом дода, ки пешкаши хонандаи азиз мегардад.

- Муаллима, чаро шумо розӣ шудед, то дар интихоботи қарибулвуқуъ номзад шавед, дар ҳоле ки мукаррар таъкид мекардед, ки номзад намешавам?

- Ман дар ҳақиқат то 9 сентябр, яъне то он рӯзе, ки таҳдиди барҳам хӯрдани Иттиҳоди нируҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба миён наомад, борҳо таъкид карда будам, ки номзадиямро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ намегузорам. Танҳо ба хотири боқӣ мондани ИНИТ, дар лаҳзаҳои охир ман ин тасмимро гирифтам.

- Танаффуси бистсола дар фаъолияти сиёсӣ ва ҳизбӣ ва бозгашти дубораи шуморо ба ҷамъи сиёсиюни тоҷик чӣ гуна тавзеҳ метавон дод?

- Ман бояд бигӯям, ки ягон рӯз аз кори сиёсӣ даст накашидаам. Як далелам ин аст, ки дар ҳафтаномаи «Миллат» оид ба ҳамаи масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ақидаронӣ намуда, мавқеъамро баён медоштам.

- Нуктаи атф ё пайвасти ҷаҳонбинии дунявии шумо ва нигариши ҲНИТ кадом аст?

- Вақте ки дар ҷомеъа зиндагӣ мекунӣ, роҳи ҳамзистиро навобаста  аз дунявият ва ҳизбият бояд пайдо кард. Яъне чизҳое вуҷуд доранд, ки моро водор месозанд ҳамдигарро эҳтиром кунем ва дар муносибати байни якдигарӣ таҳаммулпазир бошем. Қонун барои мо яксон амал мекунад, мо бо ҳам муттаҳид шуда, бояд барои пешрафт талош бикунем. 

- Чаро Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ номзад нашуд, оё тарсид ва ё мағлубияти қатъияшро медонад?

- Хубтар мешуд, ки инро аз худи ҷаноби Кабирӣ мепурсидед.

- Оё шумо фикр намекунед, ки раҳбарони аҳзоби оппозитсиюн дар пушти шонаҳои шумо пинҳон шудаанд?

- Не, ман ин тавр фикр намекунам. Агар шонаҳо лозим оянд, ӯ 42 ҳазор аъзо дорад. Ман фикр мекунам, ки Кабирӣ шахсе нест то дар пушти шонаҳои касе пинҳон шавад.

- Гуфта мешавад, албатта санад надорем, барои интихобот мухолифин аз хориҷ пул дарёфт кардаанд. Оё ин дуруст аст?

- Ман фикр мекунам, ки мухолифин ин қадар камсавод нестанд, ки надонанд, қонун ин чизро манъ кардааст.

- Шояд ҳизбҳое, ки шуморо муаррифӣ кардаанд, пул дарёфт кардаанд. Оё ин имкон дорад, ки онҳо пул дарёфт кардаанд ва шумо хабар надоред?

- Маъзарат, ин гуна суол бар ман дахл надорад ва одатан ин гуна суолҳоро мақомоти амниятӣ мегузоранд.

- Як гуруҳ аз чеҳраҳои мухолифин мухолифи номзадии шумо ҳастанд ва мегӯянд, ки бояд Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ номзад мешуд. Дар ҳоле ки Зойиров аз номзадии шумо дифоъ кард. Ва ин гуруҳ ҳамоно дар сафҳаҳои иҷтимоӣ аллайҳи номзадии шумо тарғибот мебаранд, чаро?

- Ин ҳуқуқи онҳост. Яке аз принтсипи пешрафти ҷомеъа гуногунандешист, ки ман ба он эҳтиром дорам.

- Шумо дар таърихи Тоҷикистон аввалин номзади зан хоҳед буд, ва худ то куҷо бовар доред, ки ҷомеъаи мардсолори мо ба шумо раъй хоҳанд дод?

- Бубинед, Покистон, Туркия, Бангладеш, Таиланд ва ғайра ҷомеъаи мардсолорианд, вале занҳо дар сари ҳукуматанд. Аз оне ки масалан шумо вакил нашудед, айби ҷомеъа нест, ба шумо халал расониданд.

- Оё аз он тарс надоред, ки бар иллати бозиҳои палиди сиёсӣ дар ин сангари сангин - интихобот танҳо раҳо хоҳед шуд?

- Дӯсти азиз! Ман боварӣ дорам, ки агар танҳо монам, шумо ҳатман дар паҳлӯи ман мемонед.

- Муваффақ бошед!

- Ташаккур. Зинда бошед!

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97