Маҳмудҷон Қосимов: Ҳадафи мо на интихоботи президентӣ, балки соҳиб шудан ба 8-10 курсӣ дар порлумони соли 2015 аст

Мусоҳиба 25.05.2013 16:47

Муколамаи журналисти соҳибназар Раҳматкарими Давлат бо Маҳмудҷон Қосимов, собиқ муовини раиси Кумитаи гумрук ва муовини раиси Гуруҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав»

Mahmudjon Qosimov 012Маҳмудҷон Қосимов, муовини собиқи раҳбари идораи гумруки Тоҷикистон, сардори пешини Департаменти гумруки вазорати даромадҳо ва пардохтҳо, собиқ муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷимоии аҳолии Тоҷикистон, директори собиқи Департаменти ҳуқуқии ширкати Алюминии Тоҷикистон - Талко.

 

Ӯ ба навъи худ як шахсияти истисноӣ аст. Ҳадди ақал ба ин далел, ки то кунун аз ҳар вазифаи муҳимме, ки доштааст, довталабона истеъфо додааст. Шояд чунин шахсеро дар Тоҷикистони имрӯз натавонем суроғ бигирем, ки чунин ҳиммат ва ҷасорат дошта бошад. Ин ном барои ҳар мутахассисе дар Тоҷикистон ошност, аммо шояд барои хонанда камтар ошно бошад.

Дар ин суҳбат талош шудааст, ки чеҳра, андеша ва мавқеъи Маҳмудҷон Қосимов тавассути худи ӯ рӯнамоӣ шавад.

- Ҷаноби Маҳмудҷон Қосимов, мехоҳам суҳбатро аз он ҷо оғоз кунам, ки ангезаи вориди сиёсати бузург шуданатон чӣ будааст? Чун ҳадафи ҳар гуруҳи сиёсӣ, ё ҳизби сиёсӣ ин аст, ки тавассути ширкат дар интихоботҳо ба зинаҳои қудрат даст биёбад ва барномаҳоеро барои пешрафти ҷомеъа ва кишвар амалӣ кунад. Ҳамчунин барои интихоботҳои баъдӣ раъйи мардумро касб кунад. Иттифоқан, тавре ки қабл аз оғози мусоҳиба гуфтед, афроди меҳандӯсте ҳам ҳастанд, ки дар ҳукумат шомиланд ва шумо аз ҷумлаи онҳо будед, ки вазифаҳои масъул доштед. Чаро ҳар дафъа аз мақоматон канор мерафтед? Ва акнун мехоҳед дубора тавассути муборизаи сиёсӣ бар гардед? Мо дар гузашта, масалан, Аслиддини Соҳибназарро доштем, ки аз дӯстони Шумо буд, аммо ӯ ҳамеша тарҷеҳ медод, ки дар дохили низом бошад, вазифа дошта бошад ва бо доштани мақоми давлатӣ ҳаргиз аз гуфтани мавқеъ ва сухане, ки ба назараш ҳақиқат буд, сарфи назар накард ва бо як садо ва бо қомати барафрохта ва то охирин лаҳза ҳарфи худашро гуфт. Оё беҳтар набуд, ки дар мақомҳои баланде, ки доштед, бимонед ва хидмати бештаре дар ислоҳи низом дар дохили системаи давлатӣ анҷом бидиҳед?

- Бо камоли масъулияти инсониям арз медорам, дар сурате ки заррае имконият доред, то тавассути кору фаъолият дар мақомҳои расмии давлатӣ, (каме бошад ҳам) як беҳбудие карда тавонед, ин мантиқе, ки гуфтед, комилан равост. Ин масъулият аст, ин вазифа аст. Ҳатто бо назардошти он мавқеъгирие, ки аз шахсияти худораҳматии акаи Аслиддин ба забон овардед. Мо рӯзе набуд, ки пазмони якдигар нашавем, як бор вонахӯрем. Шояд баъди даргузашти ин шахсият чизе дар мавридаш қотеъона хулоса баровардан аз рӯи одоб нест, лекин он чизе, ки дар пайвастагӣ мо бо ӯ доштем, ман метавонам исбот кунам, агар ӯ медид, ки дар он ҷое, ки самарае аз талошаш нест, аз ҷидду ҷаҳдаш нест, аз масъалагузорияш нест, ӯ ҳам дар он мақомҳо фаъолият намекард. Худо бубахшадашон!

Медонед, вақте такрор ба такрор изҳори ақида мекунеду талош меварзед, то ки масъалае ҳал бишавад, вале чизе тағйир намеёбад, чӣ маънӣ дорад ин тарзи мансабдорӣ, чӣ суд аз гуфтану аз ин гуна талош? Магар метавон аз лиҳози масъулияти инсонӣ мансабро ба як буду боши муқаррарӣ табдил дод, яъне, масалан, вазифаатонро танҳо дар қолаби муқаррароти расмӣ – ба кор соъати 8 рафтану соъати 5 баргаштан - маҳдуд медонед, тарзе вонамуди кор мекунед, ки фаразан касе аз роҳбарон ба шумо эрод нагираду халос, аз ӯҳдаи коре баромадед – изҳори қаноатмандӣ мекунед, агар не – худро бо он таскин медиҳед, ки мантиқи фаъолияти маъмурият чунин аст? Агар ба ин шарт розиед, пас шумо аз таҷҳизоти худамал ё ба истилоҳ робот тафовуте аслан надоред ва бароятон мафҳумҳое чун «виҷдон», «нангу номус», «шараф», «масъулият» чандон арзише надоранд. Ҷойи таассуф аст, ки ин гуна меъёри шинохту чунин сатҳи роҳбариву идоракунӣ дар зеҳни бисёриҳо ба сифати як омили муқаррарии «бояду шояд» пазируфта шудааст ва далелаш, масалан, мавқеъгирии аксари шиносонатон аст, вақте маслиҳат медиҳанд: - чун дигарон бош, зеро фаъолияти давлатӣ ҷуз ҳамон меъёру ҳамон сатҳ вобастагӣ ба чизи дигаре надорад ва ҳатман ба ин шарт таслим бишав. Лекин чӣ бояд кард, вақте усулҳои ахлоқие, ки барои худатон меъёр қарор додаед, ин шартро наметавонанд қабул дошта бошанд? Ва, аз ин рӯ, магар мешавад созиш кард, вақте мебинед, ки талошатон ба хотири беҳбудӣ на танҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, балки, баръакс, ҳар он чизе, ки мекунед, ҳатто аксаш, яъне аз буда низ бадтар мешавад? Не ва ҳаргиз не!

Вазифаи охирони давлатиам муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буд. Ба вазорат рӯзе набуд, ки ҳадди ақал 20-30 нафар мардуми ниёзманд барои ҳалли мушкилие наоянд. Ва аксари маврид ба доди касе наметавонистем бирасем.  Бале, ба хотири тассалият салоҳияту ваколати вазоратро сабаб пеш меовардем, оҷизӣ аз имконоти феълии давлатро гаштаву баргашта таъкид мекардем. Вале бо ин гуна ваҷҳ магар метавон доимо худу мардумро таскин дод? Ва чаро ақалан қисме аз мушкилоти ҳамон 20-у 30 нафарҳоро намешуд ҳал кард?  Рӯзгузаронӣ бо чунин тарзи мансабронӣ бо он менаҷомид, ки ба хона меравӣ ва падару модари   пират мегӯянд бачам, мабодо Худо нахоста коре кунӣ, ки мардум дуойи бадат кунанд. Як бору ду бору маротибаҳои дигар сабру таҳаммулро пеша мекунӣ, вале магар ин гуна тарзи рӯзгузаронӣ метавонад беохир бошад? Боз ҳам не! Маро пас аз истеъфо аз вазифа ду - се бор ба мақоми болоӣ даъват карданд ва ҳангоме ин андешаҳоро ба забон меовардам, чун бештари мардум он ҷо низ ба тааҷуб меомаданд. Бисёр шуда, ки шунидааму мешунавам, вақте мегӯянд аз ақл бегонаам. Бале, бадбахтона, амалу гуфтор ба хотири ба роҳ мондани тарзу усулҳои коре, ки аз лиҳози баҳрабардорӣ дар аксари мамолики дунё маъмуланд ва, ҳатто чун як чизи бебаҳс қабул шудаанд, дар кишвари мо кифоят мекунанд, ки девонат хонанд. 

Зимнан дар мавриди тарки вазифа андешаи дигаре низ муҳим аст. Гап сари ғурури худпарастӣ нест, ки гӯянд: аз вазифа рафтанат мардумро чӣ фоида? Яке аз ангезаи амали мазкур умед ба он аст, ки шояд вазифаат ҷойи нафарҳоест, ки аз ту хубтару беҳтар аз ӯҳдаи масъулият баромада тавонанд…

Ё ин ки ман вақте муовини аввали вазир будам, шаш вазоратро, аз ҷумла вазорати моро, бо кӯмаки ташкилотҳои байналмиллалӣ гирифтанд тариқи таҷриба, яъне экспериментӣ ва маъоши нисбатан аз ҳама баланд таъин карданд. Баъд, гуфтанд, инро дар тамоми вазорату идораҳо татбиқ мекунем. Муовини аввали вазир, яъне ман 380 сомонӣ маъош мегирам. Ба хона меоям, (шояд айб аст, шояд бисёриҳо гумон кунанд, ки ин як муболиғае беш нест, шояд бигӯянд, ки ин як имконияти хубест барои намоишкории ман), вале бо ин 380 сомонӣ ман даҳ рӯзи охири моҳро аз ҳамсояҳо пул қарз мегирам, ки рӯз гузарад. Мебахшед, фарзандонам калон шуда истодаанд. Қарзи падарист, то ки онҳоро бихӯронам, дар мактаби дуруст хонданашонро таъмин намоям ва бе маблағ дар мактаби дилхоҳ ин иқдомро наметавон анҷом дод.

Қаблан дар мақомоти гумрук кор мекардам. Тасмим гирифтанд ва чанд мақомотро, аз ҷумла Кумитаи гумрукро зери як вазорат (вазорати даромадҳо ва пардохтҳо) муттаҳид карданд ва гуфтам, ки алифбои идоракунӣ дар ин ҷода ҳамин аст, ки ин кор ба ин тарз бояд нашавад. Сухан аз хусуси ғурури ману он нафароне, ки дар он ҷо кор мекунанд нест, то бигӯем, ки мо бояд мустақил бошем ё набошем. Гуфтем имкони ин гуна муттаҳидкуниро таҷрибаи дигар кишварҳо низ дар назар дорад, лекин ин ба тарзи дигар мешавад, на ба он тарзе ки амалӣ шуд. Розӣ нашуданд. Ман қотеъона гуфтам, ки намешавад ва дар ин мавқеъам ҳатто пофишорӣ кардам. Баъди як соли фаъолияту ин гуна пофишориҳо чанд эроди дурустеро шунидам, вақте гуфтанд: агар ба чунин тарзи сохторбандии вазорат қотеъона изҳори норозигӣ мекунӣ, пас чаро худат он ҷо кор мекунӣ? Ва баромадам рафтам. Хайр бигузор, ки панҷ сол пас, ҳамин мантиқро дарк карданд ва боз аз сари нав ин мақомотро ҷудо карданд. Ин ҳам шояд як тарзи посух ба суоли шумо бошад. Ман гуфтам дуруст шуд, лекин аз аввал он чизе, ки маълум буд, чаро роҳ додем, то ки панҷ сол хисорот ворид шавад дар низоми идоракунии ин мақомот? Чӣ қадар мушкилоти идоракунии дигаре доштем, агар мо он иштибоҳи муттаҳидкунии сохторҳоро намекардем, қувваро ба ҷои зарурӣ сафарбар менамудем, ба бисёр чизҳо ноил мегаштем. Боз аз ҳама аҷиб чизи дигар буд: касе напурсид, ки ҳамин ташаббуси бесаводона, вақте нафаре омаду арз кард, ки биёед ҳамин корро бикунем, ҳамин кор сурат гирифт, баъд собит шуд, ки нодурусту барғалат будааст, барғалат то ба ҳадде, ки тамоми дунё гуфтанд, ки шумо ин корро аз аввал бояд намекардед, сазовори сарзаниш аст. Касе ҳатто як эроде нагирифт. Касе барои ин тасмими ғалат ҷавоб нагуфт. Ин чӣ мантиқ аст? Шояд гумон кунанд, ки иддаои мазкур, яъне гузориши ин масъала барои он аст, то аз як касро ҷазо додан лаззат мебарем. На. Гап дар бораи адолату ҳақиқат меравад, сухан аз хусуси он аст, ки давлат бояд донад, ки фаъолият ин гуна нест. Бале, ҳар рӯз метавонӣ бигӯӣ, ки кор бе иштибоҳ намешавад. Вале иштибоҳ аз иштибоҳ фарқ дорад.Иштибоҳ мекунаму боз пагоҳ ислоҳ мекунаму халос, ин гуна нест, ҳадалимкон бояд бо назардошти таҷрибаи ақаллан давлатҳои дигар корро ба роҳ монем. Дар ин маврид, яъне вақте меъёрҳои муқаррарии маъмулу маълум сарфи назар мешаванд, нобахшиданӣ аст ҳама гуна иштибоҳ, бахусус вақте фаъолияти давлатӣ дар назар аст.

- Яъне инҳо омилҳое буданд, ки шумо рафтед канор. Дуруст, аммо ба ҳар ҳол имрӯз бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки иқтисод ва хусусан иқтисоди аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон дар рӯи ду асл устувор аст, яке пули муҳоҷирони меҳнатӣ ва яке фасод. Албатта тавре ки гуфтед, ҳеч кас ба 380 сомонӣ наметавонад зиндагӣ кунад. Аммо чаро ин мақомдорон бо ин 1000 сомонӣ маош зиндагӣ доранд ва ҳамаи инҳо тақрибан ҳама чизро доранд. Ин далели он нест, ки коррупсия вуҷуд дорад? Шумо дар воқеъ бо ин ҳама вазифаҳои муҳимме, ки доштед, шикоят аз таъмини молӣ доред, вале масалан дар таҳти шуъуратон наомада буд, ки ягон бор ин корро бикунед, яъне ришва бигиред ё ба ҳар ҳол гирифтед ва ё ин корро накардед? Оё бовар доред, ки вақте ман шуморо муаррифӣ кунам, ки собиқ сарвари гумруки Тоҷикистон, хонанда бовар кунад, ки Шумо даромади дигаре надоштед, ба ҷуз маош? Албатта барои ин гуна гузоштани суол маъзарат мехоҳам.

- Бисёр суоли дуруст аст ва як чизи дигарро дар ин маврид дарк мекунам. Ман ҳар чӣ ки нагӯям ҳоло, хонанда фардо инро мехонад ва хулосаи худашро мебарорад. Ва ба хотири ин ки алъон як таҳаммул мешавад аз ҷониби шумо дар гузоштани суол, эҳтимолияти ин ки шояд боварибахш набошам дар ин маврид, хонанда метавонад аз ману шумо домангир бошад. Барои ҳамин ман фақат як пешниҳод карда метавонам дар ин маврид ва як хоҳиши самимона: дар ҳар куҷое фаъолият кардам, чи дар гумрук (мегӯянд он ҷо макони сарват аст), чи вазорати меҳнату ҷойҳои дигар, кам нестанд нафароне, ки ман бо онҳо фаъолият доштам. Масалан вазорати меҳнат яке аз вазоратҳоест, ки мардум аз ҳама зиёд он ҷо машғули кор ҳастанд, мақомоти гумрук на камтар аз 1300 ё ҳоло камтар бошад, шояд, нафароне дорад, ки он ҷо масруфи коранд. Ман хоҳиш мекардам, ки бо онҳо суҳбат кунанд ва пурсанд, ки дар андешаи банда Худо медонад чӣ буд, лекин дар амал ин мард чи тур буд? Ягон нафаре имрӯз пайдо шавад, (бо тамоми масъулият мегӯям, бигузор, ки инро ҳамчун суханпардозӣ бидонед), ҳатто аз зумраи душманонам бигӯяд, ки ман як тин ба ҳамин одам ришва додам, ман аз тариқи шумо аз ҳамин мардум бахшиш мепурсам ва медонам ин шармандагӣ то ба ҳаддест, ки кӯшиш мекунам аз ҳамин ҷумҳурӣ баромада равам. Ин гуна изҳорот масъулияти баланд аст ва хеле мехостам ба самимиятам дар ин маврид эътимодеро лоиқам донанд. Шояд посухам олуда ба эҳсосот аст, вале тарзи дигари посух ба ин суоли Шуморо надорам.

- Бори дигар бо арзи маъзарат, ин суол ба он хотир матраҳ шуд, ки шумо ба сиёсати бузург ворид шудед. Ин як марҳилаи дигарест, як майдони сиёсии дигаре аст, ки он вақт масалан ҳарчанд муовини раиси гумрук ҳам будед, он ба ин андоза масъулияти иҷтимоъии бузурге, мисли як ҳизби сиёсӣ нест. Ҳоло дигар мухотаби Шумо танҳо 1300 корманди гумрук нестанд, Шумо рӯ ба 8 миллион мардуми Тоҷикистон ҳастед ва ин тудаҳои миллионӣ мехоҳанд, ки шуморо хубтар ва дуруст бишиносанд, роҷеъ ба Шумо маълумот дошта бошанд. То фардо дар мавриди шахсияти Шумо ва барномае, ки Шумо ироъа мекунед, тасмим гирифта битавонанд. Аз ин хотир аст, ки ман ин суолро матраҳ намудам.

- Сад дар сад дуруст аст ва ман бисёр хурсанд аз он ҳастам, ки шумо ин суолро медиҳед. Чунки дар воқеъ ба қавли маъруф агар "зери ангушт чирк доред", "таги поятон лой аст" мардумро ҷойе даъват кардан хатост. Ягон одаме, ки ақлу фаросат дорад, як зарра нисбати худ эҳсоси эҳтиром дорад ва медонад, ки чунин собиқаи нангин дорад, бояд бигӯяд, ки ман ба ҷодаи сиёсат ворид намешавам. Зеро дар ин ҳол тамоми вуҷудатро назди мардум ба намоиш мемонӣ, ба мардум собит мекунӣ, ки ман олуда ба пиндору гуфтору рафтори ношоиставу нораво нестам ва ана вобаста ба ҳамин меъёр метавонӣ умед ба он бандӣ, ки ҳидояту даъватат пазируфта мешаванд. Ман вақте хостам вориди ин ҷабҳа шавам, ҳама чиро муҳосиба кардам ва виҷдонам посухи маро додааст. Ва ин ҳам ки ба ин майдон ворид шудам, ин ҳам садои виҷдони ман аст.

- Иттифоқан то ҳол чизе, ки дар бораи шумо шунида будем, ҳарфи мусбате буда, ҳар кӣ шуморо мешиносад, ёди хубе аз шахси шумо мекунад. Аз ин хотир буд, ки тарафи дигари масъаларо аз худатон хостем бипурсем. Хоса ҳамин як навъ тасмиме, ки шумо ҳамеша ҷасорат доштед, ки бигиред ва аз мансаб биравед, барои ҷомеъаҳои ҷаҳони саввумӣ камназир аст. Одамҳо вақту восита масраф мекунанд, ки вазифа бигиранд, шумо то ҷое, ки ман медонам, тақрибан дар чанд вазифаи муҳимме, ки будед, довталабона аз он ҷо рафтед. Мо чунин намунаро кам дорем. Акнун ҳоло ба сиёсати бузург ворид шудед. Ин тасмимро барои чӣ гирифтед ва ин тасмиматон қатъӣ аст? Албатта то имрӯз мавқеъи шаҳрвандиатонро доштед, андешаи сиёсиатонро доштед, аммо фаъолияти сиёсӣ намекардед ва ҳоло омадед ба саҳнаи сиёсӣ. Чаро?

- Ҳафтаи гузашта ду нафар ҷавони тахминан 25-30 сола омаданд ин ҷо ва суҳбат карданд ва як навъ изҳори дард ҳам доштанд. Суҳбате доштем муқаррарӣ, он чи ки ҳар рӯз мегӯем ва мешунавем. Аз беадолатиҳо суҳбат карданд, аз он нафароне, ки соҳиби қудрат ҳастанд, он нафароне, ки масъулият доранд дар бахши кори давлатӣ ва коре кардаанд, ки боиси шармандагӣ буда, аз ин қабил суҳбат карданд. Суҳбати бисёр самимона шуд ва вақте онҳоро гусел намудем, як нафари ҷавонтараш гашта омаду дасти маро фишурду гуфт, "ако, ин иқдоматон қотеъона аст, аз ин роҳ намегардед?" Яъне барои он ки эътимод ҳосил кунад, хост як бори дигар бипурсад. Не, не, намегардам, гуфтам! То ҳозир суоли ӯ ва қавле, ки ба ӯ додам, дар гӯшам садо медиҳад. Ин ҷо, яъне сиёсат, ҷойе нест, ки мо таҷриба гузаронем ва худро таскин бидиҳем, ки шуд шуд, нашуд нашуд. Чун оқибати ин гуна таҷрибагузарониҳову нашуданҳо фоҷеъабор хоҳад буд барои мардуму кишвар. Вақте ки мегӯем ангеза чист? Ангеза мушоҳидаамон аст, мебинему дарк мекунем, ки мардум аз бештари иқдому фаъолияти сиёсӣ ноумед шудааст ва барои рафъи ҳамин ноумедӣ мехоҳи чорае андешӣ, мехоҳӣ ба сиёсат даст бизанӣ. Як чизро қотеъона мегӯям, он нафаре ҳақи ҷуръати вуруд ба ин майдонро дорад, ки қаблан эҳтимолияти қафо гаштанашро сарфи назар кардааст, вагарно ӯро оқибати кор шармандагист ва бо фарҷоми бади дигаре мувоҷеҳ аст. Зеро вақте аз ин роҳ бармегардем, бидуни муболиға, шарт нест сад ва ё даҳ нафарро, балки агар як нафарро бо ин амаламон ноумедияшро афзун мекунему ӯ дар ҷавоб мегӯяд"ҳаминҳояшон ҳам касе набуданд, ҳеч касе намонд, ки ба ӯ бовар карда шавад", ин ҷинояти бузурги нобахшидании ахлоқист. Яъне касе ақиб мегардаду ноумедиро, ки зодаи шайтон аст, мусоидат мекунад, ӯро Худо мезанад. Ба хусус дар шароити Тоҷикистон. Ворид шуданамон ба ин майдон ҳоло як иқдом аст, то кадом андоза дастгирӣ меёбем ё на, ин кори баъдӣ аст, лекин на ба он маънӣ, ки аз иқдоми худ даст мекашем. Дар ҳар куҷо, ки ҳастем, ғамшарику ҳамдарди мардумем. Ва ҳаргиз пайравӣ ба ину онҳое, ки дар мазамматашон ҳазрати Лоиқ мегӯянд "Баҳона чист? Номи халқ!" нахоҳем кард. Бубинед, беш аз пеш мардум ҷумҳуриро тарк мекунанд. Падару модарон, хоҳару бародарон, авлоду аҷдодамон баромада мераванд аз Тоҷикистон. Мо бояд ба чашми онҳо нигоҳ карда тавонем. Фарзандам дар хориҷ аз кишвар аст, мепурсад, ки падар, чӣ гап аст он ҷо, шумо дар курсиҳо мешинед, галстук мебандед, либосҳои озода мепӯшед, мегӯяд, ягон коре дигар метавонед кунед, ки мо ин ҷо шарманда нашавем. Чӣ бояд кард? Мо ҳам баромада равем ва ё хомӯш биншинему қатори дигарон гӯем, ки ноумед ҳастем? Магар ҳамин аст масъулият?

Чизи дигари муҳим дар ин рабт андеша сари масоилест, марбут ба зиёиву равшанфикр будану набудан. Дар ин маврид сару садоҳо ҳама вақт баланд аст. Ин мавзуъест, ки ҳафтае нест дар атрофаш тавассути чи шумо рӯзноманигорон, чи нафарони дигар, ки ба он сару кор доранд, чизе нахонем, атрофаш чизе нагӯем. Назарҳо гуногун ва ҳатто мухталифанд. Маъмулан, масалан бештар донишмандони аврупоӣ мегӯянд, ки он нафаре, ки соҳибмаълумот шуд, ӯ аллакай зиёст. Лекин як таъбиру тафсири бисёр хубе ҳаст мавриди киро ба сифати зиёӣ ва ё равшанфикр муаррифи кардан, ки сарчашма мегирад аз мактабу таҷрибаи Русия. Равшанфикрӣ ин фақат маълумот нест, мақому мартабаи иҷтимоъӣ нест, масъулияти иҷтимоъист. Касе, ки даҳ маълумот дорад, сад китоб навишта аст, лекин масъулияти ҷомеъадориро надошта бошад, ӯ зиёӣ нест, ӯ равшанфикр нест. Аз ин хотир магар, пурсида мешавад, имрӯз метавон аз он ифтихор кард, ки зиёием, зеро маълумоти олӣ дорем, дар он ҷо вазир будем, дар ҷойи дигар боз мансабу вазифае доштем ва метавонем гӯем, ки рисолати равшанфикриро иҷро кардаем? Як фарзандам дирӯз мегуфт, ки ман қаноъат ба ин мекардам, ки бубинед, ба чӣ мартабае падари ман соҳиб шуд. Вале имрӯз мегӯяд, ки падар аз он нафароне, ки ду китобро хондан наметавонанд, аз мартабаҳои ту баландтар доранд. Пас чӣ аст меъёри шинохти равшанфикриву ҳатто зиёӣ будан? Меъёр ҳамон аст, ки коре кунем, ақаллан дар дили мардум як умеде пайдо шавад, ки ин кишвар зинда аст, ин миллат зинда аст. Итминонамон бар он аст, ки мо ҳоло имкони ҳалли ин мушкилиро дар ихтиёр дорем. Агар нашуд, хайр мегӯем, ки барои ҳамаамон ин оқибати талош сазоеву ҷазое будааст. Дигар чӣ чора? Вале умедворем, ки мешавад ва ҳаргиз умедро аз даст надодаем.

Мо бар асоси Сарқонун меъёрҳои демукросиро асли буду боши кишвар, зиндагию ҳаёти кишвар қарор додем. Яъне тасмим гирифтем, ки интихобот доир мекунем, худамон аз тақдири хеш ихтиёрдорӣ мекунем, бо иродаи худамон нафаронеро интихоб мекунем, ки маъмуриятдорӣ кунад, умури идора дар дасташон бошад, ба шарте агар боиси эътимод бошанд, вагарна мардум ҳуқуқи ислоҳ кардани ин вазъро бояд дошта бошад то ки битавонад бигӯяд, ки шумо нашудед, мо нафарони дигарро лоиқи эътимод хоҳем донист. Сарқонун маҳз аз ҳамин мантиқ манша мегирад. Агар ин тавр намебуд, ҳақ бар ҷониби онҳоест, ки иқдом аз хусуси ба ҷодаи сиёсат ворид шуданамонро баъзан чун камоли бехирадӣ медонанд. Ва, мутаассифона, ин зумраи дӯсту рафиқонам низ кам нест, ки мегӯянд аз ин роҳ баргард. На танҳо ба ман, ба шумову дигарон низ қариб ҳама рӯз инро таъкид мекунанд. Ин бадбахтист, вақте кӯшиши собит кардану маънидодкунии он ки ба хотири арзишҳои бисёр баланди инсонӣ ба иқдоме даст мезанӣ душвортарин коре шудааст. Фоҷеъаи ҷомеъаи мо ҳам ҳамин аст, ки ба дарки ҳамин нукта нарасидааст. Яъне ба дарки ин ки талоши мо барои собит намудани усулҳои Сарқонун дар ҷомеъа аст. Дар дигар кишварҳо вақте инро як нафар, ё даҳ нафар изҳор медоранд, ин чизи табиъист. Барои чӣ ҷомеъа ин хел нафаронро надошта бошад?! Дар мо ҳар касе, ки ин иқдомро мекунад, ҳатман дар муқобили ӯ суол пайдо мешавад: «чӣ намерасад ба ӯ, ӯ куҷо баромад?» Ҳатто шуда, ки баъзе аз одамон ин иқдоматонро мавзӯи танзу мазаммату ҳаҷву ханда низ медонанд. Ин аст фоҷеъа, ин аст бадбахтӣ!

- Агар чунин аст, пас чаро иқдом ба ин кори сиёсӣ кардед? Ва ҳоло, ки ба таъсиси ҳизб оғоз кардаед, вокуниши мардумро чӣ гуна дарёфтед?

- Мо боз ҳам умедро аз даст надодаем ва барои рушди ин ҷанбаи маърифати мардум талош мекунем. Ҳадаф маҳз зинда нигоҳ доштани шуълаи умед дар дили мардум ба оянда аст.

Мо бо чашми пӯшида ба ин майдон ворид нашудаем, ки гӯем ҳар чи шуд, шуд ва ҳар чи ки нашуд, нашуд. Умедамон бар он буд, ки як иддаи мардум ин иқдоми моро дастгирӣ мекунад, ҷонибдорӣ мекунад, мегӯяд, ки мо дар паҳлуи шумо, ё шумо дар паҳлуи мо биёед андешае бикунем, коре бикунем ба хотири он ки як ободие бошад. Лекин мардум он вокунише, ки имрӯз нишон медиҳад, хеле хуб аст. Ба ҷои як касе, ки мо таваққуъ доштем, сад кас не, ки гумон доштем бо мо ҳамроҳ мешавад, ҳазор нафар омад. Аз ҳама муҳиммаш ин чиз аст. Баъд боз як чизи дигар зимнан лоиқи тазаккур аст. Алии Шариъатӣ – ин равшанфикри воқеъан ҳам бузург мегӯяд, он нафароне, ки иддаои равшанфикриро доранд ва худашонро равшанфикр метарошанд, ҳама вақт меноланд, ки мардум ба қадри мо намерасад, мардум моро гӯш намекунад, мардум барои даъвати мо омода нест. Инҳо ҳамон нафароне ҳастанд, ки фикр мекунанд мардум аз онҳо ба қавле қарздор ва муттаҳам ҳаст ва онҳоро бояд парастиш кунад. Он нафаре, ки, мегӯяд Алии Шариатӣ, ин иддаоро дорад, ӯ равшанфикр нест ва буда ҳам наметавонад. Равшанфикре, ки мардум, сатҳи маърифати мардум ӯро қабул карда наметавонад ва ӯро намедонад ва ба дили мардум умуман роҳ ёфта наметавонад, сарфи назар аз он ки меъёри дарк, ё қудрати дарки мардум чи гуна аст, ӯ равшанфикр нест. Яъне меъёр дар ин ҷо мо худи муаллифони иқдом ҳастем. Ба он маънӣ, ки мардум агар иқдоми моро ҷонибдорӣ кунад, мардум бигӯяд, ки мо пазируфтем шуморо, бигӯяд, ки биёед дар бари ҳам бошем, ин меъёри шинохти мост. Агар моро қабул накунад, иллати ин вокуниш низ худи мойем ва дар ин сурат иқрор мешавем, ки аз уҳдаи ин кор набаромадем. Лекин ҳеҷ кас, ба хусус мо ҳуқуқ надорем, ки санги маломат ба сари мардум бизанем. Мардум ва миллате, ки (ман дар чанд ҷо изҳор ҳам кардам), бо даъвати зиёиву равшанфикрони тоҷик, яъне фарзандони худаш ба майдонҳо омад, ба набард рафт, ҳамаи пастӣ ва баландиҳои зиндагиро дид, қурбон шуд ва зиёда аз 100 ҳазор фарзандашро аз даст дод, боз сад соли дигар ба мо зиёиён бовар накунад агар, ҳуқуқ дорад. Ана вобаста ба ҳамин меъёр ва мушкилӣ назди мардум баромада эътимоди мардумро соҳиб бояд шуд. Садҳо нафарро натавонем, даҳ нафарро натавонем, ҳадди ақал як нафарро бояд ҳидоят ба интихоби роҳу равиши муносиби буду бош кунем. Ин ҳам неъмати бузург аст.

- Ҳизби шумо "Тоҷикистони нав" ном дорад. Аммо мактаби сиёсии фикрие, ки шумо пайравӣ мекунед, кадом аст? Яъне тарзи тафаккур, ҷаҳонбинӣ, платформаҳое, ки пазируфта шуда ҳастанд имрӯз дар муборизаҳои сиёсӣ, ҳизби шумо дар кадоме аз ин ҷаҳонбиниҳо қарор дорад? Масалан, мактаби сотсиал-демократӣ, ё мактаби фикрии миллӣ- демократӣ, демократӣ, миллӣ ва ғайра, ё ин ки имрӯз исломи сиёсӣ низ вуҷуд дорад, ки бар асоси асли 28 Қонуни асосӣ ҳаққи мавҷудияти расмӣ дорад, мактаби шумо кадоме аз ин яке аст?

- Мо арз доштем дар ин маврид аз мавқеъамон ва гуфтем, ки мо ҳизби марказгаро ҳастем. Аз лиҳози таснифоти лоиҳаҳое, ки мутобиқ ба онҳо ҳизбҳоро мешиносанд, ҳизбҳо чапгаро, ростгаро ва марказгароянд. Собиқаву дастовардҳои ҳизбҳои марказгароро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ наметавон нодида гирифт ва зарурият ба ин тарзи пешбурди фаъолияти сиёсӣ ҳарчи бештар дарк мегардад.  Мавқеъи мо марказгароӣ аст, яъне дар маркази мавқеъгириҳои ба ҳам баъзан муқобили сиёсӣ қарор дорем. Ва мо мегӯем, ки ҳаддалимкон аз он тафриқабандиҳое, ки аз ғояҳои муқобили ҳамдигар сарчашма, ё маншаъ мегирад, канораҷӯӣ мекунем. Ин мавқеъи бисёр душвор ҳам ҳаст, яъне ки зери ҳамлаи ҳар ду тараф – чи чапу чи рост қарор мегирем. Вале хубиаш дар он аст, ки ҳар чизи беҳтаре, ки аз ҳар ду ҷониб аст, бо истифода аз он метавонем ҷонибҳоро ба ҳам орем ва бо истифода аз ҳамин мавқеъ давлатро устувору созему зиндагии мардумро беҳбудӣ бубахшем.

- Яъне ин иқдоми шумо як навъ талошест барои муколама ва оштӣ додани ҳамаи мактабҳои фикрӣ дар Тоҷикистон?

- Бале. Дар ин ҷо на танҳо ҳизбҳо, балки мавқеъи давлат ҳам дар назар аст. Шумо бубинед, дар муносибат ба ин ҳизб ё он ҳизб, ба ин андеша ва ё ба он андеша, ба он модели роиҷи давлатдорӣ, он чизе, ки имрӯз ё дирӯз мушоҳида мешуд, ҷонибҳо худашонро паси сангар қарор медоданд, дар муқобили якдигар. Бигзор як ҳизб мухолифи ҳизби дигар дар паси сангари баҳсу муколамаҳо қарор бигирад, мо, фарз кардем, бигӯянд онҳо, ду қутби мухолифи идеологии якдигар ҳастем. Аммо вақте ҳизб мегӯяд, ки давлат дар муқобили мо вокуниши номматлубе карда ва аз ҷониби давлат нисбати ҳизб ҷабҳагирӣ шудааст, ин қобили қабул нест. Яъне мо фақат функсияи мусолиҳакорӣ байни ҳизбҳоро надорем, балки ин ҷо мавқеъ ва мавқеъгирии давлат низ дар назар аст. Дар он ҷое, ки радикализм (ифротгароӣ) дар амалу рафтори унсурҳои давлатӣ мушоҳида мешавад, ин қобили қабул нест.

- Хуб, имрӯз чизе, ки аз шикояти ҳизбҳо бармеояд, ин аст, ки давлат ё дар муқобили онҳо маҳдудият эҷод мекунад, ё масалан дар ҷое таъқиб мешаванд ё толоре барои баргузории анҷуман намеёбанд. Ман фикр мекунам, ки ҳамин рақобат дар ҷомеъа бояд миёни ҳизбҳо бошад, миёни давлат ё як ҳизби хос, ё ду ҳизби хос набошад. Давлат бояд, ки ин рақобатҳоро танзим бикунад ва суботу амнияти инҳоро таъмин бикунад, ки инҳо, яъне ҳизбҳо бо ҳам рақобат бикунанд. Ҳоло наҳзати исломӣ, масалан, вақтҳои ахир шикоят дорад, ки аз ҳар лиҳоз таҳти тафтиши ниҳодҳои маъмурӣ ё ҳуқуқӣ қарор гирифтааст, ё ки дар расонаҳо вақте ки мебинед ба ҷои ҲХДТ бо ҲНИТ як ниҳоди ҳукуматӣ рақобат мекунад, баҳси фикрӣ мекунад, яъне тарафи баҳс коргарҳои давлатӣ, (албатта аксаран бо исми мустаор) ҳастанд ва тарафи дигар як ҳизби сиёсӣ. Бояд чунин набошад, ки ҳизбҳо бо ҳам рақобат кунанд ва давлат шароити ин рақобатро танзим ва амнияти онро таъмин кунад?

- Комилан дуруст аст. Аслан посухи дуруст дар ҳамин суол маҳфуз аст. Давлат паси сангар набояд бошад, ё сангар эҷод накунад дар муносибат ба ҳизбҳо. Давлат чӣ аст? Давлат механизмест, ки тариқи қонунҳое, ки расман ба тасвиб расидааст, риояти онҳоро таъмин мекунад. Мутобиқ ба он қонунҳо имрӯз ҳамаи ҳизбҳо бе мамониат бояд, ки фаъолият бикунанд ва ҳар ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ дорад қотеъона аз давлат талаб кунад, ки риояи ана ҳамин ҳуқуқҳои конститутсионии худашро давлат таъмин дошта бошад. Ва вақте давлату ҳизб худро рақиби ҳам медонанд, барои давлат ҳаргиз раво нест, ки бо сарфи назар кардани талаботи қонун, муқаррароти қонун, як мушкилие эҷод шавад, ки як ҳизб натавонад, барои мисол, анҷумани худашро доир кунад. Яъне вақте ба ҳизбе имконият дода нашавад, ки фарз кардем дар ягон ҷо аз фаъолияте, ки қонун пешбинӣ намудааст, истифода кунад, фаъолияташро пеш бубарад, ин амали норавост, ин қонуншиканист. Мо аз ҳамин нуктаи назар мегӯем, вақте ки мо мавқеъгирии марказгароӣ мекунем дар ин ҷо муносибатамон ба давлат сарфи назар нест, мо ҷое лозим аст, аз хусуси камбудиву иштибоҳ дар сиёсати давлат хоҳем гуфт ва ҳатто аз ҳодисаву ҳолатҳои қонуншиканӣ низ чашм намепӯшем ва чунин зуҳуроту падидаҳоро ба танқид мекашем. Бахусус вақте як ҳизб бо далелу асноду бо арқом собит мекунад, ки сабаби нокомиву дар вазъи оҷизонае қарор доштанаш  фаъолияти давлатист.

- Шумо аз як моҳ беш мавҷудияти гуруҳи сиёсиро эълон кардед, интиқодҳоро ба унвони худатон албатта дарёфтед, хондед. Яке аз интиқодҳое, ки бисёр сару садо кард ва то ҷое дар зеҳнҳо нақш гузошт, ин буд, ки раиси гуруҳи ташаббускор касест, ки наздик аст ба мақомоти ҳукуматӣ, вазири ин ҳукумат буд ва ин давлат аст, ки бо рӯи кор овардани ин ҳизб саҳнаро мехоҳад пур кунад ва як ҳизби боз ҳам тамоюли давлатӣ доштаро ба майдон биёрад. Оё дар воқеъ қарор аст, ки Шумо чунин нақшеро иҷро кунед?

- Посухаш бисёр осон аст. Аз он хотир, ки пеш аз ҳама мардум бисёр имконияти хубе доранд, то ки дар иртибот ба шахсияти он нафарҳое, ки шомили ҳамин гуруҳ ҳастанд, маълумоти пурраи муаррификунандае пайдо бикунанд. Хуб мебуд танҳо иктифо ба он накунанд, ки он нафар дар ҳукумат мавқеъ дошт, ё дирӯз чӣ кора буд. Агар ӯ як сол ё се сол пеш не, як ҳафта пеш дар кори ҳукумат буду имрӯз ин иқдомро пеш гирифтааст, ин худ аз худ маънои онро надорад, ки мардум бигӯянд, ки нафари мазкур лоиқи эътимод нест. Имкон дорад, ки давоми як ночизтарин лаҳза Худованд дар дили як нафар чизеро ворид кунад, ки ӯ бигӯяд, ки бале, ман ин субҳ бархостам ва фаҳмидам, ки дунё бедарак аст. Дуввум, аз ҳама чизи муҳими дигар, эътимоди худи мо аъзои гурӯҳ ба якдигар, бахусус дар робита ба шахсияти сарвари гурӯҳ (Зайд Саидов) аст. Зеро воқеъан мо бояд бидонем, ки кадоми мо кӣ ҳастем.Барои ман осонтар буд роҷеъ ба ин суол дар бораи раиси гуруҳ иттилоъ пайдо кардан ва ин омил нақши муҳиме дошт дар иқдомам. Ман вақте дар мақомоти давлатӣ фаъолият доштам, ҳарчанд шиноси наздик набудем, вале мешунавидаму медидам, дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ на яку бору ду бор шоҳиди он будам, ки чи гуна бо як ҷуръату ҷасорат, самимият ва маҳорату малакаи кордонӣ аз мушкилиҳо сухан меронад, роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд ва дар мавқеъаш чи гуна устувор асту истодагарӣ мекунад. Бисёр мехостам, ки тавсифи мазкур чун ифодаи самимият арзёбӣ шавад. Ин тавсиф қолабӣ нест ва масъулияти бузургро низ зимнан дарк мекунам, зеро қазоватам аз шинохти ин шахс имконам додааст барои даъвати дигарон аз ҷонибдории иқдомамон ҷуръати бештаре дошта бошам. Вобаста ба хусусиятҳои вазъи мо, кору фаъолияти унсурҳои давлатӣ, истифода аз вожаи "ҷасорат" беҳуда нест. Асос барои ин иддаоро дорам, то ки, такрор мекунам, гӯям: мавсуф аз зумраи ҳамон нафароне буду ҳаст, ки ҷасорат дошту дорад.

Баъдан, ҳар кас ба ғайр аз он ки мегӯяд, ки ман ин дорам, ё вай дорам, бузургтарин дастоварду дороияш бегумон обрӯст. Миёнамон нафароне ҳастанд, ки сарвати пулу мол надоранд, ину он надоранд, вале обрӯ доранд, ки ифодагари қадру манзалати муносибу баландест дар ҷомеъа. Вақте ман дар бораи шахсияти худам дар ин робита чизе мегӯям, худтаърифкунӣ нест, лекин боварӣ дорам шояд даҳ нафар не, ақалан ду нафареро метавон пайдо кард, ки гӯянд ин мард сазовори боварист. На барои он ки дар бораам аз касе чизе шунидаанд, балки ҳадди ақал ба хотири он ки бо ман дар як ҷо фаъолияти корӣ доштанд, аз буду бош ва рӯзгорам огаҳанд. Ва ҳуқуқу имкон доранд изҳор намоянд: «Худ бевосита дидему шунидем, мушоҳида кардем ва аз ин рӯ эътимод барояш қойилем». Бисёр нафароне бо назардошти маҳз ҳамин тарзи ноил шудан ба эътимоду боварӣ ба ман бо суол аз хусуси муносибатам ба сарвари гурӯҳи ташаббускорамон муроҷиъат менамоянд. Дар посух мепурсам: наход Худованд он қадар ақли маро аз ман гирифта бошад, ки ман, вақте синну солам ҷойе расидаст, сарвати то ин дам ҷамъ кардаам – обрӯ миёни хешу табор, дӯстону пайвандонро қурбони он кунам, ки, фарз кардем, бо як нафаре, ки ӯро сазовори бовариву эътимод намедонам, ҳамкорӣ намоям? Боз мегӯям: - Ҷуръат дорад, ҷасорат дорад, ба ин майдон ба хотири арзишҳои волои инсонияш, мардумдӯстдорию мардумпарварияш ворид шудааст! Ман намегӯям, ки кафилу замонати касони дигару ину он чизе ҳастам, балки мегӯям ақалан даҳ нафаре ёфт шавад, ки ба худи ман эътимод доранд, бояд донанд: эътимодашон бароям бузургтарин масъулиятест ва бо дарки ана ҳамин масъулият нафаронеро, ки ба мо мепайванданд, нафароне медонам, ки, бовар дорам, ба мардум хиёнат намекунанд, ба кишвар хиёнат намекунанд. Роҳи дигари осони ҳалли масъала, яъне дар назар аст посух ба суоли Шумо, фаъолияти ҳамарӯзаи мост. Мо ойиннома ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки таҳияашон ин шабу рӯз дар арафаи анҷомёбист, ба мардум пешниҳод мекунем ва бо вуҷуди дилсардии бисёре аз одамон аз фаъолияти сиёсӣ, дилсардӣ ба ҳадде, ки, чуноне гуфтем, изҳори нобоварӣ вобаста ба таҷрибаи талхи таърихии пешинаи на чандон дур метавонад ба қавле боз сад соли дигар домангирамон бошад, умед дорем ба дили мардум раҳ ёбем. Бо садоқату самимият такрор ба такрор мегӯем ва дар амал собит хоҳем кард, ки эътимоди мардум бароямон бузургтарин муқаддасотест ва хиёнат ба он бешарафист. Вокунишеро низ, ки мардум дар сурати нокомӣ аз талошамон эҳтимол аст раво бинад, дарк кардаем ва бидуни муболиға он метавонад ҳатто лаънати мардум бошад, ки Худо накарда ба он гирифтор шавем. Ба ҳар ҳол умед мебандему худро таскин медиҳем, ки то ин даму минбаъд ягон коре накардаем ва намекунем, ки боиси адами эътимоди мардум бошад…

- Як назари дигар ин буд, ки ҳизби шумо бештар метавонад ҷонибдорони ҲНИТ ва дар маҷмуъ ҳизбҳои мухолифро ҷалб кунад. Яъне як ҳадафи дигар аз таъсиси "Тоҷикистони нав" тазъиф, суст кардани ин гуруҳҳои сиёсии рақиб аст. Масалан гуфта мешавад, ки Шумо метавонед, бархе аз ҷонибдорони ҲНИТ, ҲДТ, пайравони шахсиятҳое мисли Аслиддин Соҳибназаров, Тоҳири Абдуҷаббор ва ҳатто бархе аз пайравони С. А. Нуриро ба сафҳои худ ҷалб кунед. Ва ба ин тартиб он нируҳои сиёсии мухолифин заъиф шавад? Инро аз вокуниши ин нируҳои сиёсӣ ҳам то ҷое метавон пай бурд?

- Аслан мо ҳам аз ин хусус тавассути расонаҳои хабарӣ баъзан мешунавему мехонем. Касе бо ин мавзӯъ бо суол муроҷиат мекунад, нафару нафарони дигар бо шубҳаву гумон тахмин мезананд. Баъзан ҳатто ҷонибдори ҳизби сиёсие ба мо қотеъона изҳори нобоварӣ мекунаду, дар симои мо ва дар мӯҳтавои ҳадафу вазифаҳоямон нерӯи тахрибкореро мебинад, ки ба заъфи сафи ҳизбашон нигаронида шудааст. Изҳор медорем, ки ҳизбҳо аз мо набояд ҳарос надошта бошанд. Чаро? Якум ин ки ҳадафҳои стротежӣ ва тактикии мо, ки тавассути барномаҳоямон ба маърази умум гузошта мешаванду тариқи онҳо мо мардумро ба сафҳои худамон ҷалб мекунем, аз он чизе, ки дар ҳизбҳои дигар аст фарқ доранд. Дуввум (бахусус ҲНИТ дар назар аст), вақте мегӯем тавассути дар арсаи сиёсӣ муаррифӣ шудани ҳизби мо аъзои ягон ҳизб барои худ як майдони навбатии бисёр осоне пайдо мекунанд, ки аз он ҷо ба ин ҷо гузаранд, ин таҳқир ҳам ба ҳамон ҳизб аст ва ҳам ба аъзои ӯ. Баъди ин қадар бадбахтиҳое, ки аз сар гузаронидем, баъди ин қадар фишору тазъиқе, ки бо гузаштани ин имтиҳон нафарон узви он ҳизб шуданд, кӣ гумон бурда метавонад, ки ба осонӣ онҳо ҷонибдори як ҳизби дигар шаванд. Бале ақидаҳо метавонанд тағйир биёбанд, ҳадафҳо тағйирёбанда ҳастанд, лекин арзишҳо тағйир намекунанд. Аз кадом ҳизбе, ё кадом гуруҳе нафаре изҳори хоҳиш кард, ки мехоҳад дар сафҳои мо бошад, дар ин маврид мегӯем, ки қабл аз ҳама, бубинед, ки дар ин ҷо барномаи мо дигар аст, ҳадафҳои мо тамоман дигаранд. Ва бо назардошти изҳори ризоияту эътироф ва авомили дигари муаррификунандаи муроҷиаткунанда мо меавонем қазоват бикунем, ки дар сафҳои мо ӯ буда метавонад ё не. Аз ин ҳам боз чизи муҳимтар ин аст, андеша бояд кунем, ки ин нафарҳо ба хотири чӣ мехоҳанд бо мо ҳамроҳ бишаванд? Яъне барои итминони худамон боист собит созем, ки инҳо вақте эътимод надошта бошанд, ки мо дарвоқеъ ҳам ғами мардумро мехӯрем, дар воқеъ ҳизбе ҳастем, ки аз дастамон коре бармеояд, ҳизбем, ки масъулияташ бар дӯши нафарҳоест самимият доранд, садоқат доранд, ҳизби киссагӣ нестем, бояд ба мо ҳаргиз напайванданд. Маҳз эътиқоду эътимод ба арзишҳои ҳизб, ба мақсаду мароми он нафарҳоро ин ҷо ҷамъ меорад. Яъне ин комбинатсия ҳар хел шуда метавонад. Дар маҷмуъ боз як бори дигар таъкид мекунам, ягон ҳизб, ҳатто он ҳизбҳое, ки номашонро ба тариқи мисол гирифтед, яъне бахусус ҳамин ду ҳизб (ҲНИТ ва ҲСДТ) аз ин «хатар» эмин ҳастанд. Чун аъзои онҳо нафарҳои тасодуфӣ нестанд, онҳо нафарони бисёр масъул ҳастанд. Аз лиҳози меъёрҳои тахассусӣ гирем агар, беҳтарин мутахассисон ҳастанд, ки дар ҲСДТ ҷамъ омадаанд. Дар мавриди ҲНИТ бошад гуфтем. Ҳизбе, ки чандин ҳаводисро паси сар кард, таҷрибаи бой дорад, муборизаю набардҳоеро дид ва қисмати бисёр талх ҳам дорад. Ин таҷрибаро ин мактабро бо ин душворӣ касе тай накардаст. Ин гуруҳро намешавад ба содагӣ тазъиф кард ва мо чунин ҳадаф ҳам надорем.

- Қарор аст, ки то ду се ҳафтаи дигар Анҷуман баргузор гардад. Агар сабти ном ба даст овардед, аввалин коре, ки бояд бикунед, чӣ аст? Яъне аввалин иқдоме, ки бояд бикунед кадом аст?

- Мо дар баробари он ки ба баргузории анҷуманамон, ки дар он ҷо ҳизб таъсис меёбад, омодагӣ мегирем, бо умеди он, ки пас аз таъсис дар Анҷуман ҳизб тариқи пешбининамудаи қонун ба расмият шинохта мешавад, аллакай дар пайи омода кардани чанд ҳуҷҷати бисёр аз назари худамон муҳимме ҳастем, ки онро ба мардум ва давлат пешниҳод хоҳем кард. Зимнан барномаи ҳизб ва ё оинномаи он дар назар нест.  Сухан аз хусуси чанд ҳуҷҷати дигарест ва ҳатто теъдодашонро метавонам бигӯям, тахмин 20 ё 25 ҳуҷҷат аст. Нафароне барои ин кор алҳол ҷамъ омадаанд, ки беҳтарин нируҳои ақлии кишвар аз лиҳози меъёрҳои тахассусианд.  Нафарҳое, ки тавонанд бигӯянд, ки мо ин корро беҳтару хубтар аз ҳама ба роҳ мемонем. Мавзӯи тадқиқотамон фарогири анқариб тамоми паҳлӯву риштаҳои давлату давлатдорӣ, буду боши имрӯзаи мардум аст. Бо ифшои камбудиву норасоиҳо ва муаррифии вазъ иктифо намекунем, балки роҳу усулҳои тағйири вазъ ва ҳалли мушкилиҳоро пешниҳод хоҳем кард.

- Яъне ки барномаи шумо, барномаи сиёсии ҷиддии аввалине, ки шумо метавонед рӯи даст бигиред, ин омодагӣ ба интихоботи порлумонии 2015 аст?

- Ҳаминро аллакай изҳор кардем ва боз мегӯем, ки ҳадафи асосии мо дар ин ду се соли наздик умед ба он аст, ки якчанд ҷо дар парлумон насибамон шавад.

- Пешбиниатон чӣ аст? Чанд курсӣ дар соли 2015 метавонед ба даст биоред?

- Ҳизбе, ки амбитсия надорад, нафароне, ки амбитсия надоранду дар майдони сиёсат ворид мешаванд, ҳар чи ки нагӯянд боиси боварӣ ва эътимод нестанд. Пас ман рӯйирост изҳор медорам, ки тасмимамон дар доираи ду рақам аст, мушаххасан умед дорем, андеша меронем, ҷидду ҷаҳд мекунему талош меварзем, то ки аз ҳашт то даҳ курсиро дар парлумон соҳиб шавем.

- Аммо як масъалаи дигаре аст, масъалаи эътимодсозӣ. Шумо то куҷо ба давлат, барои он ки шуморо сабти ном бикунанд, (чун ҳизб сохтан дар Тоҷикистон як кори бисёр сангинест) эътимод додаед, ки хатаре надоред, хоҷаи хориҷӣ надоред ва барнома-атон созандааст? Чун имрӯз касе иқдоми сиёсӣ бикунад, ӯ на кам, на беш аз ҷониби албатта бархе аз соҳибмансабон ӯ мухолиф ҳисоб намешавад, балки тақрибан талаққӣ мегардад. Ин айби он соҳибмансабон ҳам нест, айби ҷомеъа ҳам нест. Балки вобаста ба шароите, ки доштем ҳамин гуна тарзи тафаккур ҷой уфтодааст. Аз ин ҷост, ки Шумо барои он ки сабти ном шавед, ҳатман як эътимоде дода битавонед ва исбот кунед, ки шумо душман нестед. Шумо феълан рақиб ҳам нестед барои сатҳи раҳбарии давлат, дар ҳадди ақал 5-7 соли оянда, шумо бояд ин итминонро бидиҳед. То куҷо ҳамин эътимодсозӣ ба вуҷуд омадааст? Албатта қонун ин ҳақро медиҳад, ки коре, ки шумо кардед, мутобиқи қонун аст, аммо фикр мекунед аз нигоҳи чун дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои шарқи исломӣ робита бар қонун ҳоким аст ҳамеша, то куҷо фикр мекунед, ки аз ин нигоҳи равонӣ ин замина сохта шудааст, ки шуморо сабти ном кунанд.

- Яъне ба он маънӣ, ки оё эътимод дорем, ки ин кор сурат мегирад?! Ман ин ҷо фақат боз ҳамон чизеро гуфта метавонам, ки кори осон нест, сабти ном кардани ҳизб. Ҳар он чӣ ки ҳаст аз лиҳози меъёрҳо ва муқаррароти қонун фақат дар доираи он метавонем ин иқдоми худамонро расмият бахшем, то он андозае, ки онро муъаррифӣ кунем ба ҳукуматдорону давлатдорон ва бигӯем, ки моро ба расмият бишносанд. Мо он қадар ҳам содда нестем, ки хусусиятҳои вазъро дарк накунем ва дар ин рабт он мушкилотеро, ки суолатон дар назар дорад нодида бигирем. Дарвоқеъ, ҳатто агар вижагиҳои таъсиси ҳизб вобаста ба корҳои ташкилии дар ин маврид зарура сарфи назар шавад, медонем, ки ба осонӣ ба ин кор даст намедиҳад. Аз ҷумла дар шароити Тоҷикистон. Мефаҳмам сухан аз хусуси вокуниш ба иқдомамон меравад. Вале имрӯз самимона мегӯям, дар баробари ҳазору як суол, андеша ва шубҳаву гумон, ки худамон дар қаъри онҳо фурӯ рафтаем навмед найем ва эҳтимолияти он ки моро ба расмият намешиносанд, на он қадар қавист, ки иқрору таслим шавем: намешавад ин кор. Умед дорем, ки мешавад, қабл аз ҳама ба хотири он ки, ба ҳар ҳол талаботи қонун побарҷост ва таъсиси ҳизб ҳуқуқи конститутсиониамон аст. Дуввум, муваффақ шуданамон ба ин ҳадаф вобаста аз он аст, ки чӣ теъдоди мардум ва чӣ қишру чӣ гуруҳҳои мардум моро ҷонибдорӣ мекунанд. Самара ин ҷо аз ҳунару маҳорати худи мо вобастагӣ дорад. Вале, бо вуҷуди дар сурати ҳатто ба расмият нашинохтанамон, боз пешаамон ҳамоне хоҳад буд, ки аз таҷрибаи ҳизбҳои дигар манша мегирад. Яъне сабру таҳаммулро пеша мекунем, сулҳу суботи ҷомеъаро тақвият мебахшем, ба ҳаводорону ҷонибдоронамон таъкид менамоем, ки таҳаммул кунанд ва  ба ягон аксуламале, ки боиси халалдор шудани дастовардҳои имрӯзаи давлат аст, даст назананд.

- Аммо барои таъсиси ҳизб феълан тавре ки гуфтед дар маҳаллҳо, ноҳияҳо кор рафта истодааст. Ягон монеъагузории хос ва фишор эҳсос нашудааст?

- Алҳол не. Агар мамониъат бошад дар баъзе ҷойҳо, на дар ҳама ҷо. Аммо мардум дар баъзе ҷойҳо бо ҳарос ба ин чиз менигаранд, вобаста ба собиқа ва ҳаёти талхе, ки доштанд. Ҳамон собиқа имрӯз онҳоро водор кардаст, ки зери шубҳа бигиранд ин иқдомро, ба он маънӣ, ки бо эҳсоси нобовариву ноумедӣ иддае аз мардум мегӯяд чӣ кор аз дасти дигарон омад, ки инҳо тавонанд кунанд, чӣ умед аз он ки боз як ҳизби дигарро рӯи майдон оварем? Аз ин ҷост, ки мушкилии мо, мамониъат барои мо нобоварӣ ва ноумедии мардум аст. Нобоварӣ не, ноумедии мардум аст. Мардум ниёз ба як шӯлаи умед дар қалбаш дорад. Ноумедӣ норавост. Ноумед шайтон аст, мегӯянд. Ба ҳар ҳол итминон дорем, ки нафарони бисёре пайдо мешаванд, ки бо мо ҳамроҳ мешаванд, дар сафи ҳизб мо онҳоро мебинем. Ҳар як ҷуръати ҳар як нафарро барои ин мардум истиқбол мекунем, касе ки набошад, дар куҷое, ки набошад. Мо вақте ки худамон худамонро ҳурмат карданро ёд намегирем, мардумро ғурури солимашро дар вуҷудаш бедор намекунем, аз ӯ на мусалмон сохта метавонем, на шаҳрванд ва на тоҷик. Боқӣ ҳамон:

Ман гунги хобдидаву олам тамом кар,

Ман оҷизам зи гуфтану халқ аз шуниданаш.

- Ташаккур аз суҳбати самимӣ ва бепарда.

P.S.: Ин мусоҳиба, ҳанӯз қабл аз баёнияи Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" роҷеъ ба таҳдид ба ҷони Зайд Саидов раиси ин гуруҳи ташаббускор ва рад шудани дархости ин гуруҳ барои баргузории Анҷуманаш дар бинои Иттифоқҳои касаба анҷом шуда буд. Ба думболи он вокуниши Маҳмудҷон Қосимов, мусоҳиби мо дар мавриди қазияи ахир гирифта шуда, ки ҷудо аз матни аслии мусоҳиба онро ба хотири ба иштибоҳ наандохтани хонанда дар мавриди мавқеъи мусоҳиб нашр мекунем. 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97