Муҳаммадалӣ Ҳайит: Суиқасд ба ман таҳдид ба озодии баён аст

Мусоҳиба 29.04.2013 14:44

"Разведчики муваффақ, сиёсатмадори оштинопазир"

Mahmadali HМуҳаммадалӣ Ҳайит (Ҳаитов Муҳаммадалӣ) 20 октябри соли 1957 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ) дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1976 мактаби миёни рақами 67 -и ҳамин деҳаро хатм намуда ва ба факултаи шарқшиносии ДДТ ба номи Ленин дохил мешавад ва соли 1974 таҳсили худро дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленингарад идома дода, соли 1980 дипломи хатми донишгоҳро ба даст меорад.

Баъди хатми он ба унвони тарҷумони низомӣ дар шаҳрҳои Фрунзе ва Ленинград гумошта мешавад. Соли соли 1982 баъди хатми хидмат ба студияи ТВ Тоҷикистон ба кор медарояд. Соли 1983 дубора ба сафи артиш ҷалб шуда ва ба ҳайси лейтенанти калон, афсари Хадамоти кашф (разведка) ба Афғонистон эъзом мегардад.

Ӯ ба унвони афсари муҳимтарин идораи вазорати дифоъи Шӯравӣ - ГРУ (Главное разведывательное управление) вазифа дошт бо гуруҳҳои муҷоҳиддин дар шимоли Афғонистон заминаи гуфтушунидҳоро муҳайё кунад. Муҳаммадалӣ Ҳайит ба ҳайси афсари Гуруҳи кашфи артиши 40 уми Шӯравӣ дар Афғонистон  масъулияти афсари робит (офицер связи) миёни мақомоти Артиши Шӯравӣ дар аввал бо Гулбиддини Ҳикматёр ва баъдан бо Аҳмадшоҳи Масъудро ба уҳда дошт. Дар барқарории оташбас миёни Аҳмадшоҳи Масъуд ва Артиши Шӯравӣ дар соли 1984 саҳм дорад. (Солеҳ Регистонӣ. "Масъуд ва Озодӣ", Душанбе , 2002). Мадорик ҳокӣ аз он аст, ки ӯ дар иҷрои вазифаи худ муваффақ будааст. Барои хидматҳояш дар Афғонистон аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ бо ордени Ситораи сурхи ҷангӣ ва аз ҷониби Афғонистон бо Нишони ифтихор ва медалҳо тақдир шудааст. Бо иттиҳоми робита ва ҳамкорӣ бо Аҳмадшоҳи Масъуд ва дар бораи ӯ маълумоти мусбат ироъа кардан ба мақомоти Шӯравӣ ордени Ситораи сурх ва унвону имтиёзҳояш замоне лағв шуданд, вале тавонист исбот кунад, зимни робитаҳояш бо Масъуд маълумоти дуруғ надода, хиёнате ба Ватани худ накарда ва дубора ҳамаи имтиёз, Ситораи Сурх ва унвони лейтенанти калон ба ӯ боз гардонида шуд. То воқеъаҳои феврали соли 1990 дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон кор мекард ва ба далели нашри ахбори ин ҳодисаҳо аз кор ронда шуд. Аз соли 1990 то соли 1992 дабири масъули созмони Растохез ва муҳаррири нашрияи ҳамноми "Растохез" буд. Моҳи майи сол 1992 дар Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизион таъин шуд. Аз соли 1992 ба ҲНИТ пайваст ва замоне дар Афғонистон паноҳанда буд. Узви гуруҳи кории татбиқи созишномаи Хусдеҳ ва баъдан гуруҳи кории КОМ буд. Феълан муовини раиси ҲНИТ мебошад.    

Муҳаммадалӣ Ҳайит шоми рӯзи ҷумъаи 19-уми апрели соли 2013 аз сӯи афроди номаълум дар даромадгоҳи манзили истиқоматиаш мавриди ҳамла қарор гирифта, бар асари зарбу шат дар бемористон бистарӣ шуд. Суҳбати ихтисосии "Миллат" бо Муҳаммадалӣ Ҳайит замоне, ки ҳанӯз захмҳои ӯ шифо наёфтаву рӯи бистар мехобид, сурат гирифт.

- Хуб, агар заҳмат нест, бигӯед, ки ҳодиса чӣ гуна рух дод? Оё шумо ба таври маъмулӣ дар ҳамон соъате, ки хона меомадед, хона омадед, ё ки нисбати рӯзҳои дигар фарқ дошт?

-Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.

Аслан рӯзҳои ахир, ки омодагӣ ба ҷашни чилумин соли таъсиси ҲНИТ дар қароргоҳи марказӣ ҷараён дошт, банда аксар вақт тарафи намози шом ва баъди намози шом ба хона меомадам. Ва он рӯз ҳам валлоҳу аълам 5 кам ҳафти шом аз қароргоҳ берун шудам ва бо ду нафар аз бародароне, ки аз наҳзат берун омада буданд, мехостам бо мошини роҳ биёям, ки онҳо гуфтанд, ки ҳамроҳ меравем. Ҳамроҳи бародарон Муҳаммад Шамс ва Умеди Тоҷ савор шудему омадем ва Умеди Тоҷ дар маҳаллаи 83 поин омад ва ман омадам то маҳаллаи гардиши 82 ва аз он ҷо пойи пиёда омадам то тарафи хона. Ман бештари авқот назорат мекунам пушти сару пеши рӯйро ва то омадан ба назди хона ягон чизе ташвишовару шахси шубҳаоварро надидам. Ва замоне ба минтақаи 91 расидам вориди дӯкони сабзиҷотфурӯшӣ шудам ва аз он ҷо бодирингу картошка ва сабзиҷот гирифтам барои хона. Хостам хона биёям ва наздик ба бинои истиқоматӣ ҳамсояҳо, аз ҷумлаи хоҳарон ва фарзандонашон берун мерафтанд, ҳамроҳи онҳо салому алейк кардем ва дар ҳамин ҳангом чашмам ба ду нафар афтод, ки яке кӯлоҳи сафед ва болопӯши варзишии сафед дошт ва дигаре сиёҳпӯш буд. Ман фикр кардам, ки касеро мунтазиранд. Онҳо як тарафи роҳ меистоданд, канортар аз паҳлӯи роҳрав. Ва замоне ки боло шудам аз зинаҳо ва омадам вориди дарвозаи даромад шудам, ногаҳ мисли бод даррасид ва мушти обдоре пушти сар зад, аз пушт буд ва банда замин афтодам. Зарба чунон сахт буд, ки маро аз пой даровард ва ба тарафи рост ба замин афтодам, худро мисли хорпушт ҷамъ кардам, то ки ба ҷойҳое мисли ҷигару дигар лату кӯби зиёд набинам. Вақти задан ҳамон ду нафарро дигар мушоҳида кардам ва замоне ки мезаданд, садое ҳам буд, доду вой ҳам буд, онҳо чизҳое мегуфтанд, вале чун маро худ "глушит" карда буданд, дар гӯшҳо ва сар зада буданд, танҳо як шуваст ва дигар садоҳое чарх мезад, вале садо аз берун кам ба гӯш мерасид.

Mahmadali Hait 04Ҳеч ҳарфеашон ёдам нест. Ва ин кор муддати се- панҷ дақиқа давом кард ва аз манзили аввал яке аз бародароне, ки он ҷо зиндагӣ мекунад, садоро шунида, дарро боз кард ва рӯшанӣ рӯи ман зад. Он рӯз иттифоқан ва рӯзҳои қаблӣ, ҳамин чароғҳои ҳавлӣ хомӯш шуда буданд, ки як пешгуфтори дигаре ҳаст. Тақрибан ду рӯз пайи ҳам, рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа, рӯзҳои 18-ум ва 19-уми апрел чароғҳо хомӯш буданд. Бародар аз хонааш баромаду гуфт, ки чӣ гап асту чӣ кор кардед? Аз берун ҳам садои кӯдакон расид, ки дар "подъезд" касеро мезананд. Онҳо фирор карданд ва писари ҳамсоя маро бардошту ба хона овард. Хона, ки оварданд, хостам сару рӯямро бишӯям дар ҳаммом, ки вазъам нохуб шуд, ба ҳуҷра оварда маро хобонданд, ки як дам ба ҳуш омадам, ки нозири минтақавӣ ҳамин ҷо рост истодааст, ҳамроҳи раиси хонаамон (домком). Ин ҳамсояҳо ҳам дуктур ҳастанд, яке хоҳар Фирӯза ва дигаре хоҳари Раъно аз ҳамсоягони қадрдони мо ҳастанд, ки ҳамеша маро табобат мекунанд, бисёр шахсони муҳтараманд дар назди ман. Онҳо суолборон карданд, ки чаро як чунин ҳолат ва ҳодиса рух додаасту шумо ҳатто ёрии таҷилиро даъват накардед. Ин хоҳарони муҳтарам аз нозири минтақавӣ суол мекарданд. Нозир чизе намегуфт. Баъд аз чанд дақиқа аз хона бадар рафт, гуфт, ман меравам ҷустуҷӯ мекунам, яке "по горячим следам" (пайи изи гарм) чизе пайдо мекунам. Нозир баромад рафт. Хоҳарҳо заҳмат кашиданд ва ёрии таҷилиро даъват карданд ва бандаро интиқол доданд ба шифохонаи марказии Қарияи Боло ва он ҷо хуб муоина шудем ва муайян шуд, ки ларзиши лату кӯби косахонаи сар, ларзиши майнаи сару лати бофтаҳои тарафи чапи косахонаи сару бофтаҳои тарафи чапи бадан, чун кӯбиданд, бар асари муштҳою пойҳо хеле зарб ҳам хӯрдем. Хуб ин чизро ташхис карданд ва бурданду хобонданд, дар шифохона як шабонарӯз хоб кардем ва аз лиҳози амниятиву баъзе андешаҳои дигар аз шифохона бадар рафтам ва омадам хона ва алҳол дар хона табобат мегирам.

- Тахмини худи шумо ба ин ҳодиса чун аст? Кӣ метавонад пушти ин моҷаро бошад? 

- Пегуфтори ин қазия чунин аст, ки субҳи рӯзи панҷшанбеи 18-уми апрели соли ҷорӣ нозири минтақавӣ Шамсулло Маҳмадшоев тарафи хона меояд ва аз хонавода, фарзандон ва модарашон ин ҷо буданд, мепурсад, ки Муҳаммадалӣ Ҳайит ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад ва куҷо аст. Ва ҳамчунин мегӯяд, ки ба мо дастур шудааст, то дар остонаи интихобот баъзе шахсиятҳоеро, ки дар ҳамин минтақа зиндагӣ мекунанд, мисли Амиршо Миралиев ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ки муовини раиси ҲНИТ аст, зери назорат бигирем. Ва мегӯяд, ки мо бояд аз шумо баёнот бигирем ва он касро бояд ҳатман бубинем. Хонавода гуфтаанд, ки то он кас наоянд ва ба мо иҷоза надиҳанд, мо ҳеч гуна баёнот намедиҳем. Ба ман занг заданд, ки ҳамин хел ҳолат аст. Ман гуфтам, ки хайр ҷавоб дода бошед, шуд. Хуб, баъдан то шом ҷои кор будам ва бегоҳ боз бори дигар хабар пайдо кардам, ки ҳамин нафар аз тарафи шом ҳам боз ба суроғи ман омада ва гуфтааст, ки ҳатман назди ман биёяд, ман бояд ҳамроҳаш суҳбат кунам. Аммо ман он шаб ҳамроҳи бародарон аз қароргоҳ рост рафтем ҳаммом ва соатҳои 12 ними шаб омадам хона, ором хона омадем ва баъд субҳ вақте ба кор омадам, соъатҳои 9 ними субҳ рӯзи ҷумъа 19 апрел ба нозири митақавӣ занг задам, худамро муаррифӣ кардам ва пурсидам, ки чӣ сабаб аст, ки дари хонаи маро гирифтӣ, саҳару бегоҳ, кӣ дастур додааст? Ва ба кадом хотир? Боз ҳамон суҳбате, ки бо хонавода карда буд, ки барои интихобот шуда ба мо дастур шудааст, ки баъзе шахсиятҳоро зери назорат бигирем, ҳамин чизро гуфт ва ман гуфтам, барои чӣ ин корро анҷом медиҳед? Кӣ дастур додааст? Чаро баёнот мегиред? Оё болои ман парвандаи ҷиноятӣ кушодаед ва оё ман ягон ҷинояте содир кардам? Оё ҷинояткорам ман? Ман муддати мадиде дар он минтақа зиндагӣ мекунам. Коре ман накардам дар он минтақа ва ё коре, ки хилофи ҳукумату дигару дигар бошад, чаро ин корро анҷом медиҳед? Ӯ гуфт, ки акаҷон ман ҳеч ғаразе надорам, вале ба ҳар сурат дастур шудааст. Хулас баъд аз он ки ман телефонӣ ҳамроҳаш суҳбат кардам, тахмин баъд аз як соъат ё ним соъат нафари дигаре дари хона ҳозир мешавад, хеле ҳам одами шик, қоъидавӣ пӯшидагӣ, худашро аз ҳукумат муаррифӣ мекунад. Кадом ҳукумат номаълум ва ҳуҷҷат нишон медиҳад ва ҳуҷҷатро тавре нишон медиҳад, ки фарзанд дигар хондан наметавонад, ки кӣ аст ва чӣ ҳасту аз куҷо аст. Фақат ҳамин қадар, ки пушти ҳамон ҳуҷҷат ранги хокии баланд (коричний) будааст. Ун ҳам мепурсад, ному насаб, соли таваллуд, чи кор мекунад, куҷо меравад. Хулас ҳамин хел суҳбату баъд меравад.

Бегоҳи ҳамон рӯз ба ман ин қазия рух дод. Рӯзе, ки дар шифохона будам, ҳамроҳи раиси шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ, ҳамроҳи муфаттише, ки имрӯз масъул шудааст барои тафтиши ҳодиса, Мустафо Каримов ҳамсуҳбат шуда будам. Онҳо мехоҳанд, ки фарзияҳои гуногунеро пайгирӣ кунанд, фарзия шуруъ карда аз муносибати хонаводагӣ, муносибат дар ҳизби наҳзат, муносибат бо ҳамсояҳо ва кор то ҷое расид, ки яке аз эшон аз ман суол мекунад, ки мабодо маъшуқа надошта бошӣ, ки барои маъшуқа туро зада бошанд. Ман гуфтам, дар хона як маъшуқа дорам ва як маъшуқа дар ҷои кор дорам ва он ҳам Ҳизби наҳзат аст, ки фақат кор мекунам ва меоям хона. Кори дигаре надорам. Ба ин чизҳо сару кор надорам. Ман гуфтам, дар масъалаи ҳамсояҳо ягон муносибати баде ҳамроҳашон надорам. Шумо метавонед ҳамроҳашон суҳбат кунед ва суҳбат ҳам карданд. Аз ҳамаи пурсидашудагон ягон гапи баде дар ҳақи ман нашуниданд. Ва ҳатто рафтанд ба ҲНИТ. Ба ин ният, ки ин ҷо Муҳаммадалии Ҳайит муҷрии барномаи ҷашни 40-умин солгард будаасту эҳтимол дорад касе рақибаш бошад, мухолифи ин бошаду ӯро ба ин ҳолат гирифтор карда бошад. Маро он ҷо муҷрӣ гуфтанд, вале ман гуфтам, ки ҳастанд бародароне, ки метавонанд, ин корро анҷом бидиҳанд, ман боз масъулиятҳои дигаре дорам. Вале дар ҳизб ҳам ман ягон мушкил надорам. Мушкили ман мушкили кор аст, фаъолияти сиёсӣ аст. Ва баъдан гуфтам, ки ин қазия қазияи сиёсӣ аст. Шумо агар ҳазор давр бидиҳед, ҳазор тоб диҳед, ин қазияи сиёсӣ аст. Агар ман мушкил бо касе медоштам, он нафароне, ки мехостанд ин корро анҷом бидиҳанд, меомаданд, аввал бо ман ҳарф мезаданд, "разбор" мекарданд ба қавли мардум, баъд мезаданд, ё кори дигар, хайр, вале инҳо бидуни кадом огаҳие, бидуни кадом ҳарфу суҳбате дафъатан ба ман ҳамла оварданд ва маро аз пой дароварданду лату кӯб карданд. Ва ман, ки худам баъзе омӯзишҳои махсус ва низомӣ гирифтаам, тахмин мезанам, ки ин кори дасти гуруҳҳои махсус аст. Гуруҳҳои махсусе, ки рабт дорад ба мақомоти интизомии кишвар. Ин кор ба хусус дар остонаи таҷлил аз 40-умин солгарди таъсиси ҲНИТ рух дод ва аз як тараф муносибати ҳукумат бо ҲНИТ, ки дар ин авохир ба сардӣ гароидааст. Мо ёд дорем, ки соли 2012 зери фишори протоколи 32-20 ҳастем ва хонаи ман ҳам борҳо омаданд, режими паспортӣ гуфта, яъне борҳо шиноснома назорат карданд. Аз амният омада назорат карданд, ҳамсояҳоро пурсиданд дар бораи ман, дигарҳо ҳамчунин. Баъдан имсол, баъд аз ҷаласаи Шӯрои амнияте, ки моҳи феврал доир шуд, як чунин амалҳо бештар шуданд. Ва ман рӯзи панҷшанбе дар суҳбате бо бародарон гуфтам, ки рӯзҳои наздик коре мешавад, бо наҳзат ва ё наҳзатиҳо. Кореро анҷом хоҳанд дод. Вале ман намедонистам, ки як чунин амал ба ман сурат мегирад. Ва фикр мекунам, ки онҳо то ба ин замон ҳар фишоре, ки болои наҳзат оварданд, ба хусус мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ, мақомоти интизомии кишвар дар сатҳи маҳал ва марказ, чандон муваффақ набуданд. Аксуламали кор бештар буд ва ба манфиъати наҳзат буд. Ва фикр мекунам, ки онҳо тасмим гирифтанд, ки аз раддаҳои боло ягон нафар ё чанд нафарро аз пой дароваранд ва агар худои нахоста ҳамсояҳо хабар намеёфтанд, намебаромаданд, кор ба куҷо мекашид, худо медонад.

- Шумо фикр мекунед, ки ин ҳамла танҳо барои тарсонидани шумо буд, ё суиқасд ба ҷони шумо?

- Ин суиқасд аст ба ҷони банда. Ва дар баробари ин суиқасд эҷоди даҳшат, тарс, яъсу ноумедӣ дар суфуфи Ҳизби наҳзат.

- Ва шумо натарсидед?

- Ман ростӣ, натарсидам ва тарс ҳам надорам.

- Агар боз ҳам ба ҷони шумо таҳдид шавад ва боз дигарбора шуморо ҳамчунин зарбу лат бикунанд, чӣ кор хоҳед кард? Роҳи худро идома хоҳед дод ё…

Бубинед, агар насиби шаҳодат бошад, шаҳодатро қабул дорам, умрам ба ҷое расидааст. Вале ман ҳамеша дар суҳбатҳоям мегуфтам, ки ман рақибам, аммо рақиби солим ва дар баробари худам ҳам рақиби солим мехоҳам, рақиби мард мехоҳам, рақиби номардро қабул надорам. Ман ҳамеша руку рост будам, руку рост дар ҳар маҳфиле суҳбат кардам ва қабл аз ин ҳодисае, ки дар сари ман рух дод, мо суҳбатҳои зиёде доштем. Суҳбатҳое дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ сурат гирифт, муддати дуву ним соъат бо масъулини он марказ ва ман ошкор бо масъулини он марказ воқеъияти рӯзи Тоҷикистонро матраҳ кардам, ки агар як чунин ҳолат ва агар як чунин муносибат аз тарафи ҳукумат оянда давом кунад, ин ҳукумат ноком аст. Ва сиёсати душмантарошӣ аз тарафи ҳамватани худ, ки аз ҷониби ҳукумат пиёда мешавад, сиёсати иштибоҳист. Оқибат ин нестист. Ман инро ошкор гуфтам. Боз суҳбатҳои дигар буданд, баъди ман. Дар ин авохир аз ман хоҳиш карданд, ки дар ҳафтаномаи "Азия-плюс" як навиштае дар баробари намояндаи ҲХДТ таҳия кунам ва дар ихтиёрашон ҳам гузоштам, ки командаи президентро бо балҳои поинтарин мувофиқ ба воқеъияти рӯз баҳогузорӣ кардам, дар сурате, ки рақиби мо Сафаров Сафар баҳои хеле олӣ додааст ба командаи президент. Баъдан суҳбатҳое, ки дар ин авохир анҷом додам, боиси ин тасмим шуданд.

- Яъне метавонад мавриди ҳамла қарор гирифтани шумо бастагӣ ба ҳамон матлабе дошта бошад, ки шумо ахиран чоп кардед?

- Бале ин бевосита таҳдид ба озодии баён аст. Вақте як рӯзноманигор, як журналист бо қалам, бо сухан суҳбат мекунад, вале ин номардҳо бо мушту лагад, ҳатто бо силоҳ суҳбат мекунанд, ин таҳдиди бевосита ба озодии баён аст, ки Сарқонун  озодии баён, ҳуқуқи шаҳрвандонро муайян кардааст, вале дар кишвари мо имрӯз на озодии баён ва ҳуқуқҳои шаҳрвандию сиёсии мардум тазмин намешавад.

- Шумо қабл аз он ки як сиёсатмадор ҳастед, ҳамчун як журналист шинохта шудаед. Дар ин авохир қабл аз ҳамин мақолае, ки ном бурдед, кори журналистӣ ҳам мекардед?

-  Ман дар солҳои ахир бештар дар посух ба суоли рӯзноманигорон назар медодам. Қариб ҳар ҳафта назаре вобаста ба вазъият, дар робита бо паҳлӯҳои гуногуни мушкилоти ҷомеъа аз забони банда садо медод ва ин назарҳо бештар интиқодӣ буданд. Мақола набуданд. Дигар бештар ба корҳои сиёсӣ ва созмонӣ банд ҳастам, ҳавсалаи навиштан кам мондааст, аммо баъзе мақолаҳо навиштаам, ки чоп нашудаанд.

-  Касби шумо журналист аст ва шояд узви созмонҳои журналистӣ ҳам ҳастед. Дар ин рӯзҳое, ки ба сари шумо ҳамла сурат гирифт, аз созмонҳои журналистии Тоҷикистон ва аз созмонҳои дифоъ аз озодии баён дар қиболи ин қазия оё вокунише шудааст ё не?

- Агар аз созмонҳои журналистӣ вокунише садо надода бошад ва ё ба аёдати ман наомада бошанд, дар баробари ин аксар бародарону хоҳарони рӯзноманигор ба аёдати ман, ҳам ба шифохона ва ҳам ба хона омаданд, фавҷ- фавҷ, гуруҳ-гуруҳ, наҳзатӣ, ғайри наҳзатӣ, зидди наҳзатӣ, зиёӣ, аз аҳзоби гуногун, ҳизби сосиал - демократ, ҳизби ваҳдати номнависношуда, ҳизби демократии Тоҷикистон, журналистони зиёде ба аёдати ман омаданд, ки ман бо истифода аз фурсат аз ҳамаи эшон сипосгузорам. Худованд ҳеч гоҳ ин чизе, ки ба сари ман омад, ба сари дигар журналистон наояд. Ва хоҳиш мекардам, ки журналистон дар як чунин ҳолат ҳама бо ҳам бошанд. Иттиҳоду ҳамбастагӣ дошта бошанд дар баробари мушкилоти ҷомеъа, дар баробари рӯёрӯӣ бо мақомоте, ки дар ин авохир ҳамлаҳои зиёде болои журналистон анҷом доданд.

Mahmadali Hait 05- Шумо фикр мекунед, ки чаро дар Тоҷикистон бештар журналистон ҳадафи ҳамла ва фишор қарор мегиранд? Ва оё таҳқиқоте, ки дар мавриди ҳамла ва қатли журналистон дар Тоҷикистон сурат мегирад, чаро бештар ноком аст? Ва ҲНИТ, ки худро як тарафи сулҳу субот арзёбӣ мекунад, дар ин росто чӣ иқдомоту вокунише кардааст?

- Аввал аз ҳама бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон волоияти қонун вуҷуд надорад ва ҳар коре, ки сурат мегирад, фармуда аз боло аст ва мувофиқи хостаи боло ҳар парванда таҳқиқу тафтиш мешавад. Дар баробари мардуми оддӣ, ба хусус рӯзноманигорон ва аҳзоби мухолиф бо ҳукумат бархӯрд хеле ғайри инсонӣ, ғайри қонунӣ аст. Дуруст аст, ки вокунишҳо аз тарафи Созмонҳои байналмиллалӣ, аҳзоби сиёсӣ сурат мегирад, вале бубинед, ки то ба имрӯз ҳар вокунише, ки буда, чандон таъсире барои ин ҳокимият надошта, ба хотири ин ки мушкили асосӣ дар созмонҳои байналмиллалист. Дар созмонҳои байналмиллалие, ки имрӯз дар нӯги забон аз демократия ва озодбаёнию озодии сухан ҳарф мезананд, вале барои таҳкиму татбиқи озодии сухан, озодии баён дар Тоҷикистон ва дар маҷмуъ демократия дар Тоҷикистон кореро анҷом намедиҳанд. Мушкил дар ин аст.

Мушкили асосӣ дар ғайри фаъол будани ҷомеъа аст, бетараф будани ҷомеъа аст. Ҷомеъаи мо ба гунае имрӯз тарбият ёфтааст, ба гунае зиндагӣ мекунад, ки агар ба сари касе балое биёяд, бетарафона муносибат мекунад. Дуруст аст, ки нисбат ба ман ҳизби наҳзат, хоҳару бародароне, ки нону намакхӯр ва хоҳару бародароне, ки ҳамсабақу ҳамкасбем хеле зиёд лутф карданд, марҳамат карданд. Аз ман хуб аёдат карданд. Вале худ бубинед, агар як журналисти оддӣ чунин ҳоле ба сараш биёяд, эҳтимол дорад, ки ба он ҳеч аҳамияте дода нашавад. Ин ҳол баёнгари ин аст, ки ҳукумат нияти бознигарӣ ва ислоҳи сиёсати худ дар муносибат бо созмонҳои журналистӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҳам аҳзоби сиёсиро надорад. Вале ин хаёли ботил аст, ки  бо роҳи тарс додан, зулму таъадӣ ва зӯргӯӣ битавонӣ ба ҳадафи худ бирасӣ.

- Хуб агар аз ҳукумат бигзарем ва бигӯем, ки бад кардааст. Вале ҲНИТ як қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки хелеҳо ба он ба чашми умед менигаранд, бархӯрди шумо ба ғайри ҳимоят аз аъзои наҳзат, ё ки манфиъатҳои ҳизби наҳзат дар кулл барои мардум ва озодии баён чӣ будааст?

- Бубинед, имрӯз ҲНИТ дар ҳолати дифоъӣ аз худ қарор дорад ва бештар аз ин фаъолият карда наметавонад. Ба хотири чӣ? Ба хотири он ки тавре гуфтем, ҳукумат тамоми зулму таъадӣ, фишор ва ҳамаи аъмоли ғайри қоннуниро болои наҳзат равона кардааст. Дуруст аст, ки ин аз як тараф заъфи ҳукуматро низ нишон медиҳад, аз тарафи дигар ин ки ин ҳукумат аз наҳзат аз онҳое, ки имрӯз ба сиёсат гароидаанду мехоҳанд дар чаҳорчӯби қонун сари қудрат биёянд, аз онҳо ҳарос дорад. Вале худ бубинед, имрӯз наҳзат наметавонад, ки фарогири ҳама мушкилоти ҷомеъа бошад. Чун наҳзатро ба мушкилоти дарунӣ ва берунии худ онҳо банд сохтаанд. Бубинед, дар сатҳи маҳал фишор ин қадар зиёд аст, дар марказ ку худ фишор зиёд дорем, вале дар сатҳи маҳал ин қадар фишор аст, ки шуруъ карда аз хатиби як масҷид то раиси ҳукумат. Мақомоти интизомӣ ун тараф истад. Ҳама болои наҳзат ва тавре, ки мисли як хорпушт худро ҳифз мекунад, наҳзат имрӯз ба хотири дифоъ аз худ кореро анҷом дода истодааст. Вале аз ин фаротар фикр намекунам, ки дар шароити кунунӣ кореро анҷом дода тавонад.

- Ин ҳосиле нест, ки ҲНИТ кишт кардааст?

-  Ҳосил чанд намуд мешавад ва фикр мекунам, ки наҳзат ҳосили баде кишт накардааст то ба имрӯз. Дуруст, ки баъзеҳо аз наҳзат норозианд. Дуруст, ки баъзеҳо мисли мусофир дар қатораи наҳзат буданду наҳзатро тарк карданду имрӯз ба наҳзат сангандозӣ мекунанд. Хуб ҳастанд нафарони алоҳида, ки дар матбуъот зиёд чоп шуд. Вале онҳо бо ин амал бо баданаи наҳзат чандон зарбае ворид карда наметавонанд.

- Шояд дуруст аст, ки шумо бад накардед, вале магар ҷое иштибоҳ ҳам накардед?

- Хуб инсон ҷоизулхатост, эҳтимол дорад ва фикр мекунам,  банда, ки яке аз мунаққидони созишномаҳо будам, борҳо дар ин бобат гуфтам. Дурустаст, ки созишномаҳои мо як санади фактӣ буданд, санадҳое, ки бо далел оварда шуданд, вале механизми татбиқи созишнома вуҷуд надошт. Ва ман созишномаеро, ки имрӯз дар Тоҷикистон шуд, бо созишномаи Кемпмдевид, ки байни Исройилу Фаластин имзо шудааст, таҳти сарпарастии Амрико ман қиёс кардам, қариб ҳам монанданд. Онҷо ҳам механизм вуҷуд надорад, бубинед он ҷо ҳам то ба ин рӯз ҷангу ҷидол ва рӯёрӯӣ идома дорад, вале раҳбарияти ҳаракати наҳзат, ИНОТ дар маҷмуъ сирф ба хотири бақои ин давлат бақои ин миллат аз худ гузаштагӣ карданд. Он бандҳое, ки дар созишнома буд ҳатто мо онро талаб накардем, ҳеч мухолифе дар ҳеч гӯшаи дунё мисол 5370 нафар мусаллаҳи худро бо тамоми силоҳу муҳимот ба ихтиёри ҳукумат намегузорад. Мо он замон он ҳукумате, ки заъиф буд он ҳукуматро тақвият бахшидем. Вале худ мо то андозае хушбовар будем. Шахсан банда чун мутахассиси соҳае будам ва бовар надоштам ба ин чизҳо, вале ман маҷбур будам дастури раҳбариятро иҷро кунам. Мисол замоне, ки ҳамоиши нерӯҳои артиши наҳзати исломии Тоҷикистон сурат мегирифт, тарафи ҳукумат мехост, ки ҳамаи онҳо ҳамчун сарбоз вориди қисмҳои низомии ҳукуматӣ шаванд, вале банда пофишорӣ кардам. Пофишории зиёд кардам ва рӯсиёҳ назди ҳукумат ва баъзеи дигарҳо шудам, вале то ниҳоят масалан ин кор дар Бадахшон сурат гирифт ва бародарони Бадахшонро ман мутаяқин сохтам, ки то оне, ки барои мо штатҳои корӣ, рутбаҳо ва ниҳодҳои низомӣ барои мо тақсим карда нашавад, мо бояд аз аттестатсия нагузарем. Ман ин корро кардам ва он рӯз як қиёмате бархоста буд, хеле ҳам накӯҳиш ҳам шунидам аз ин тараф аз он тараф ва фикр мекунам муносибати мақомот нисбат ба ман аз ҳамон замони қабл шакл гирифтааст.

Мисол вақте раҳматии устод Нурӣ гуфтанд, ки ҳама дар талаби вазифаанду чаро ту вазифае талаб намекунӣ? Ман гуфтам, бо ин ҳукумат кор кардан намехоҳам, зеро маро қабул надоранд. Гуфтанд, биёр ҳуҷҷатҳоятро. Ман ҳуҷҷатҳоямро овардам, гуфтанд, ман шуморо ба муовини аввали раиси кумитаи радио ва телевизион пешниҳод мекунам. Вақте бурданд, мақомот номи маро хат зада гуфтанд, ки хатарноктарин одами шумо ҳамин аст. Одами Масъуд аст, одами Русия аст. Ва ин чиз то ба имрӯзҳо давом дорад. Ин як гуна афсонаҳои бофтаю сохта нисбат ба ман аст. Вале ман шахси то андозае усулиам. Ва аз ҳамон аслу принтсипи худ ҳаргиз барнагаштаам. Буд ҳолате, ки заданд, хӯрд карданд, вале ман аз ҷой бархостам, боз масирамро идома додам. Чун худованд тори сар будаасту маро ҳифз кард. Ва имрӯз ҳам, ки ҳаст, бар асари ин зарбаҳо руҳияам шикаста нашудааст. Дирӯз як бародаре омаду ба шӯхӣ гуфт, ки намешуд, ки як нафари дигарро бизананд, ки ӯ дафъатан ариза диҳаду аз ҳизб барояду биравад, ки гӯянд, фалон шуд, вале ин Муҳаммадалиро задед, ин дубора сиҳату саломат бархезад, аз ин бад мекунад. Яъне ман аз ҳамон роҳ, равиш ва усуле, ки дорам, ҳеч гоҳ барнагаштаам. Аз ин руку ростиам барнагаштаам ва ин руку ростиам дар зиндагӣ мушкилоти зиёде ба бор овардааст. Хуб дуруст баъзан хонавода, баъзе аз наздикҳо мегӯянд, ки Маҳмадалӣ каме эҳтиёт, каме сусттар, вале ман ин чизро қабул надорам. Худованд як ҷон додааст бароям ва ҳамон ҷонро иншоаллоҳ барои худаш, агар ки зарурат бошад, фидо хоҳам кард.

-  Алъон мо мебинем, ки созмону ҳаракатҳои зиёди ифротгароӣ бо номи мазҳабӣ- исломӣ аз сӯи Ғарбу ташкилотҳои зидди миллӣ ва зидди исломӣ маблағгузорӣ мешаванд ва вазъи минтақаро доғтару доғтар месозанд. Минтақа аз ҷумлаи мусулмонон қурбонии зиёде тайи ин солҳои ахир додааст, як бор Ироқро бубинед, ки хабаргузориҳо гузориш медиҳанд, ки ҳудуди 20 нафар дар як рӯз кушта мешавад. Яъне ислом, мазҳаб мавриди суистифода қарор гирифтааст. Аммо дар баробари ин дар бисёре аз кишварҳо, ба мисли Туркия аз номгузории мазҳабӣ ба аҳзоби худ сарфи назар мекунанд ва бо шакли дигар, аммо бо ақидаи миллӣ-исломӣ вориди сиёсат мешаванд. Шумо фикр намекунед, ки имрӯз агар ҲНИТ бо арзишҳои худ ва бо табдили ном вориди мубориза шавад, барояш осонтар хоҳад буд?

- ҲНИТ аз дигар аҳзобу ҳаракатҳое, ки шумо ёдовар шудед ва мавриди истифодаи дастбозии дигарон қарор гирифтааст, фарқ мекунад. ҲНИТ ҳизби худҷӯш аст. Ҳизбе, ки реша дар ормонҳои мардум дорад. Ҳизби мардумӣ аст. Заминаи иҷтимоъии қавӣ дорад, чун ҳизби исломист. Барои пешниҳоде, ки номи ҳизб тағйир ёбад, ман мутлақо мухолифам. Ин ҳизбест, ки 40 сол ба таври аланӣ ва ғайриаланӣ фаъолият кардааст ва иншоаллоҳ дар оянда ҳам фаъолият хоҳад дошт.

- Аммо мушкили шумо танҳо мушкил бо ҳукумат нест. Ҳатто хеле аз чеҳраҳои фарҳангӣ –миллӣ ва рӯшанфикри ҷомеаи тоҷик аз пайвастан бо ҳизби шумо истиҳола мекунанд. Масалан, БарзуАбдураззоқов яке аз рӯшанфикрон ошкорбаён ва ҳунарманди муваффақи тоҷик дар суҳбате гуфтааст, ки бо ҳама эҳтьироме, ки ба шахсияти Кабирӣ дорад ва бо эҳтиром ба аъзои ҲНИТ, ҳеч гоҳе дар интихоботҳо ба тарафдории ҲНИТ  раъй нахоҳад дод, зеро арзишҳои ӯ дар ҳолати ба қудрат расидани ҲНИТ мумкин аст, аз байн биравад.

Фикр намекунед, ки барои бештар ҷалб шудани мардум, ба хусус ақшори мухталифи ҷомеъа аз ҷумлаи рӯшанфикрону ҳунармандону фарҳангиён бояд шумо ба азхудгузаштагиҳое ё ислоҳоте даст бизанед? 

- Хуб, бубинед бо тағйири танҳо ном наметавон шакл ва муҳтавиёти як ҳаракат, як ҳизбро тағйир дод. Бо мурури замон ҲНИТ ҳам тағйир кардааст, агар дар гузашта бештар аз муллову эшонбача иборат буд, имрӯз дар суфуфи ҳизб зиёӣ аст, растохезӣ ҳам аст, демократ аст, ҳама ақшори ҷомеъа ҷамъ шудаанд. Мисол агар бандаро бигиред, ман қаблан дар ҷумбиши мардумии Растохез будам то соли 1992, баъдан омадам ҲНИТ бо хости худ, бо интихоб омадам. Ва ман онро интихоби саҳеҳ кардам. Дидам, ки ин ҷо майдони ман аст ва ман ҳеч гоҳ аз ин арзишҳо даст намекашам.

- Дар дунёи муосир, дар кишварҳои тараққиёфта ва рӯ ба рушд дида мешавад, ки сармоядорон, тоҷирон, гуруҳҳои махсус барои ҳизбҳо сармоягузорӣ мекунанд ва ба ин тариқ аз ин нируи сиёсӣ ба нафъи худ ва ҷомеъа истифода мекунанд. Вале дар Тоҷикистон мо аксарият мебинем, ки афроди манфиъатхоҳ ба хотири манфиъатҳои бисёр хурду реза ба ҳизбҳо шомил мешаванд, ва ин дар ҳизби шумо қаблан ҳам буд ва ҳозир ҳам аст, наметавон инро инкор кард. Бисёриҳо аввал дар Ҳизби коммунист часпиданд, чун бесуд шуд, онро раҳо карданду домони ҲНИТ-у ҲДТ-ро гирифтанд, диданд, ки зарари бештар дорад, ба оғуши ҲХДТ худро партофтанд, то ин ҷо қудрат ёбанд, вазифа бигиранд.  Фикр мекунед, чаро дар Тоҷикистон чунин фарҳанги ҳизббозӣ мавҷуд аст?  Чаро аз рӯи ақида думболи аҳзоб намераванд ва дар ин маврид хеле тангназарӣ мекунанд? Шояд аз он рӯст, ки ҳеч кадоме аз ин аҳзоб наметавонад фарогири хостаҳои мардум бошад ва дорои мактаби фикрӣ нестанд?

- Ин масъала рабт ба воқеъияти зиндагии тоҷикии мо ва шумо дорад. Дар дигар кишварҳо муносибат ба аҳзоб гуногун аст, фарқкунанда аз Тоҷикистон аст. Бубинед агар мо ҳизби ҳокими халқӣ- демократиро мегирем, имрӯз ҳамагон ба хотири дарёфти мансабе, қудрате, зиндагие, хонаю дару кушку мошин ба ин ҳизб шомил мешаванд. Барои ҳамин ҳам ҳизби мо аз онҳо фарқ мекунад. Ҳизби мо аз ҳизби ҳоким ва аз дигар аҳзоб фарқ мекунад. Ҳизби мо нисбат ба дигарҳо худҷӯшу заминию заминаи иҷтимоъии қавитаре дорад. Мисол хуб дигарон андеша доранд, ки як доираи муайяне дар атрофи андешае ҷамъ омаданд, вале мо дар атрофи ақида ҷамъ омадаем. Ва ин ақида ақидаи исломӣ аст, ки бар алайҳи ин қадар фишору таъадию зургӯию ин қадар амалҳои ғайриқонуние, ки мақомоти ҳукумат дар баробари ҲНИТ анҷом медиҳад, ин ҳизб пароканда нашуд. Бар хилофи он санадҳо, он созишномаҳое, ки ба имзо расидааст. Ман бори дигар мегӯям, ки имрӯз ҳизби наҳзат ба рағми рақибонаш, рақибони ноҷавонмардаш, имрӯз дар харитаи сиёсии Тоҷикистон фаъолият дорад, оянда ҳам фаъолият хоҳад кард. Онҳое, ки имрӯз мехоҳанд, ки дари наҳзатро бубанданд, онҳое мехоҳанд, ки ба таври қонунӣ ва ғайриқонунӣ болои он фишор биёранду нияти бастани ҳизбро доранд, муваффақ нахоҳанд шуд… Касоне, ки ба хотири манфиъат ба наҳзат омада буданд дар ин замонҳои баъдӣ ва замонҳои гузашта, онҳо рафтанд, тавре ки раҳматии устод Нурӣ мегуфтанд, аз ҳамон поезд дар қаторамон пасажирҳое доштем, ба ҳамон истгоҳашон расиданд, баромаданду поездро тарк карданд. Вале фикр накунам, ки метавон наҳзатро ба ин осонӣ хурд кард, наҳзатро ба ин осонӣ заъиф кард. Ва агар ҳукуматдорони мо, ба хусус мақомоти интизомӣ, ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ агар мехоҳанд, ки фаъолияти наҳзатро камранг бинанд, мехоҳанд, ки наҳзат заъиф бошад, мехоҳанд, ки наҳзат чандон нуфузе дар ҷомеъа надошта бошад, худашон рӯ ба мардум биоранд ва хидмати мардумро анҷом бидиҳанд. Масоили иқтисодию иҷтимоъию сиёсии мардумро ҳал кунанд, маҳбуби мардум гарданд, он вақт наҳзат метавонад дар як инзивоъ қарор бигирад. Вале имрӯз вақте ки бар зидди наҳзат мубориза мебаранд, бо мардум дасту панҷа нарм мекунанд, ҳар он касе, ки зери фишор қарор мегирад, аксари мардум бо он ҳамнаво аст.

Mahmadali Hait 02- Пас аз лату кӯб шудани шумо ва изҳори назарҳое, ки аз сӯи ҳамҳизбҳои шумо садо дод, дар Интернет ҳарфҳое навишта шуд, ки гӯё шахси шумо муносибатҳои нодурусте бо ҳамсоягонатон доштед, бо хонаводаатон доштед, бо падаратон қаҳрӣ будед, ҳамсояҳои ҷавонатонро бисёр насиҳат мекардаед, ва шояд яке аз ин омилон сабаби мавриди хушунат қарор гирифтани шумо шуда бошад. Посухи шумо дар ин маврид чист? Оё воқеъан шумо як чунин мушкилоте доштед?

- Бубинед, он мушкилоте, ки аст, мушкилоти хонаводагии банда аст. Ва ман ба мушкилоти хонаводагии рақибонам ва ҳеҷ касе ҳеч гоҳ дахл намекунам. Оне, ки аз нохун чирк мекобад, он аслан инсон нест. Агар дар робита ба хонаводаи ман мегӯянд, бираванд, хонаводаи манро як-як суроғ кунанд, ҳаммаҳаллаҳои пешини моро пурсанд, биёянд ин ҳаммаҳаллаҳою ҳамҳизбҳои маро пурсанд, ки ман чӣ муносибате бо эшон доштам. Хуб, бо падар, ки ман қаҳрӣ набудам. Вале усулан қабул надоштам, вақте ки падар тамоми фарзандони хурди худро раҳо карду рафт. Вале дар ҷанозааш иштирок кардам, бурдам дар хок мондамаш. Аммо имрӯз агар ҳар чизе дар атрофи банда мебофанд, сирф ба хотири канор бурдан аз ин қазия аст. Сирф ба хотири мардумро гумроҳ сохтан аст, ки муносибати ғайриинсонию ғайрииҷтимоъии худи Муҳаммадалии Ҳайит аст, ки ба як чунин рӯз гирифтор шудааст.

-Дар масъалаи насиҳат кардан ба ҷавонон чӣ?

- Ба ҷуз насиҳат, ба ҷуз гапи хуш, кори дигаре ман анҷом надодаам. Насиҳат ба хотири раҳнамоӣ ба хушахлоқӣ, ба хотири ҳидоят ёфтан эҳтимол дорад. Ман ин корро ҳамеша мекунам, ин аз воҷибот аст, аз воҷиботи мост, аз воҷиботи исломӣ ва бояд насиҳат, амри маъруф ва наҳӣ мункарро анҷом дод. Оне, ки он бародар ё хоҳар ба он роҳ меравад, ё намеравад, ин кори шахсии худаш аст. Вале ман ҳеч гоҳ онро маҷбур накардаам ва агар мисоле доранд, марҳамат. Вале фабрикаи туҳмате, ки аз нависандаҳои машҳур, таҳлилгарони машҳур иборатанд, онҳо шармсоранд дар назди ҷомеъа. Онҳоро ҳама ҳам намехонанд ва онҳое, ки онҷо ҷамъ омадаанд ва қалам мефарсоянду коғаз масраф мекунанд, як бор воқеъияти зиндагии Тоҷикистонро ба назар бигиранд, ки чӣ ҳаст? Дуруст аст, ки дар бораи шахсияти ман ва Кабирӣ кам нанавиштанд, ё шахсияти дигар аҳзоб Раҳматило Зоирову дигар, вале онҳо муваффақ нестанд.

Бояд ҳукуматдорони мо сари ин масъала фикр кунанд. Ақлро кор фармоянд, намояндаҳои ҳизбҳо, созмонҳо ва аҳли зиёро даври ҳам оранд, барои рафъи мушкилоти дохил чораандешӣ кунанд. Бубинед имрӯз дар баробари мо кишварҳои зиёд мухолифат доранд, аз Узбакистон гирифта, имрӯз Русия шуруъ кардааст. Чаро мо дар дохил душман метарошем ва мардумро алайҳи худамон савқ медиҳем, алайҳи ҳукуматдорон савқ медиҳем, дар сурате ки дар берун душману рақибҳое дорем. Хуб нест, ки мо аввал дохилро ба ваҳдат орем, мардумро ба ҳам биёрем, мушкилоти ҷомеъаро ҳал кунем, ба мардум ҳаққу ҳуқуқи сиёсиву шаҳрвандиро худ бидиҳем, озодӣ бидиҳем, интихоботҳои озоду шаффофу демократӣ ваъда бикунем мардумро барои созандагӣ раҳнамун кунем. Имрӯз агар Русия ками андар кам агар 300 то 500 ҳазор муҳоҷири меҳнатиро депорт кунад, онҳо ба Тоҷикистон биёянд, чӣ хоҳанд кард? Дар сурате ки ин ҷо ҳама корхонаҳо дар ихтиёри гуруҳе аст. Ҳамаи корхонаҳо дар ихтиёри ҳукуматдорон аст ва онҳо танҳо нафарони худашонро ба кор мегиранд. Ун мардум ин ҷо меояд, чӣ кор хоҳанд кард? ҳеч гоҳ Русия барои мову шумо ба хотири пешрафт кумак нахоҳад кард ва мо бояд бо истифода аз мардуми худамон, бо истифода аз маблағҳое, ки дорем, ҳатто қарзҳое, ки мегирем, бояд дар дохил аввал шароити кор сохт, ҷойҳои корӣ эҷод кард. Корхонаҳои саноъатӣ, корхонаҳои кишоварзӣ ва ғайраву ғайраро. Ва имрӯз хуб дуруст аст, ки аз тариқи радио ва телевизион дар 12 моҳ дар бораи пешрафтҳоямон суҳбат мекунанд, вале кӯча мебароем, ягон пешрафт нест. Аз фарҳанги шаҳрнишинӣ шуруъ карда, то саноъату кишоварзию дигар соҳаҳои зиндагиямон. Чаро як чунин ҳолат бояд идома ёбад? Оё мардум хоҳиши дуруст зиндагӣ карданро надоранд? Оё мардум хоҳиши маъоши хуб доштанро надоранд? Каромати зиндагӣ, ҳуқуқ доштану дигару дигарро надоранд? Бори дигар мегӯям, ки агар ҳукуматдорони мо мехоҳанд, ки дар баробари рақибону душманони беруна сарболо ва устувор бошанд, бояд ба мардум такия кард. Бори дигар мардумро ба ваҳдат даъват кард. Ҳамроҳи мардум нишаст ва гуфтугузор кард. Ҳукуматдорони мо агар мехоҳанд, ки фаъолияти наҳзатиҳоро камранг нишон диҳанд, рӯ ба мардум оранд, озодиҳо ва эътиқодоти мардумро бештар кунанд, қонунҳое, ки бар хилофи эътиқодоти мардум қабул мешаванд, мухолифатҳое бо арзишҳои исломии мо доранд, бо шариъати ислом доранд, онҳо бартараф шаванд. На танҳо он ва дигар қонунҳои маданӣ, мисол қонуни андоз, мушкилтарин ва сангинтарин андоз дар Осиёи Миёна аст. Хуб қонуни роҳ, роҳҳои пулакӣ инҳоро бояд бартараф кунанд. Дар мавриди мушкилот метавон соъатҳо суҳбат кард. Мо бояд ба хусус мушкилоти муҳоҷиратро бояд ҳал кунем. Ҳеч гоҳ Русия дуру дароз барои мову шумо, барои муҳоҷирони кории мо ҷойи кору зиндагию маъош таъмин карда наметавонад. Аллакай дар Русия гуруҳҳое пайдо шудаанд, ҳизбҳое, ки хилофи муҳоҷирати тоҷикон дар он ҷо ҳастанд. Имрӯзҳо аксари тоҷикон боздошт мешаванд дар ҷайбҳояшон маводи мухаддир меандозанд ва онҳоро ба маҳбас мекашанд. Ҷавонҳои тоҷик имрӯз дар бадтарин ҳолат, дар шароити кори бадтарин дар он ҷо фаъолият доранд ба хотири гузаронидани зиндагӣ ва соле 5 миллиард ва тибқи омори расмӣ 3 миллард доллар ба Тоҷикистон интиқол меёбад, он барои хурду хӯроку коло масраф мешавад. Барои пешрафти иқтисод масраф намешавад. Барои ин ҳукматдорони мо ба ҷойи сохтани қасру кушку истироҳатгоҳ, мошинҳои пурдабдабаву колоҳои муфарраҳ бояд фикри мардумро кунанд, ба мардум рӯ биёранд. Ин аст роҳи ҳалли масъала. Бо латукӯби Муҳаммадалии Ҳаит ин мушкилот ҳал намешавад.

- Ташаккур барои суҳбат, бароятон шифои комил ва душмани мард орзу мекунем.

Суҳбати Адолати Мирзо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97