Ҳизби нав: На мухолиф, на ҳукуматӣ. Марказгаро!

Мусоҳиба 11.04.2013 10:23

Saidov6 апрели соли ҷорӣ гуруҳе, аз ҷумлаи иқтисодшиносон,соҳибкорони маъруф ва фаъолони сиёсии кишвар аз қасди таъсиси ҳизби нави сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав" хабар доданд. Таъсиси ин ҳизби типпи нав шояд муҳимтарин ҳодисаи ҳаёти сиёсии кишвар дар моҳҳои охир аст. Роҳбари гуруҳи ташаббускор, соҳибкори шинохта, Раиси Шӯрои ҳамоҳангии ташкилотҳои соҳибкорӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Зайд Саидов зарурати таъсис ва ҳадафу барномаҳои ин ҳизб, аз ҷумла нақшаҳои ин ҳизб нисбат ба интихоботи президентии соли ҷориро дар мусоҳибае бо мо чунин шарҳ дод:

- Имрӯз дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад? Зарурати таъсиси ҳизби нав дар чист?

- Ба назари мо имрӯз барои таъсис додани як ҳизби нав ҳам зарурати сиёсӣ ва ҳам зарурати иқтисодӣ-иҷтимоӣ пеш омадааст. Зарурати сиёсӣ дар чист? Имрӯз баҳси сиёсии ҷомеаи мо кӯчаи сарбастаеро мемонад. Қариб се даҳсола шуд, ки мо беохир дар бораи идеология, тарзу мантиқи андешаву фикрронии ҳамдигар баҳс мекунем. Ман динӣ, ту демократӣ, вай сотсиалистӣ, дигараш коммунистӣ ва ғайра. Ин баҳс бинобар моҳияти аслан назариявияш беохир аст. Вале зиндагии мардум наметавонад пойбанди ҳамин баҳс бошад. Дар ин баҳси идеологӣ мардуми одии Тоҷикистон, ки имрӯз ниёз ба зиндагии шоиста дорад, фикр мекунӣ, ба боди фаромӯшӣ афтодааст. Пас, бояд нируе ба саҳна биояд, ки моҳияти фаъолияташ талош ба хотири таъмини зиндагии сазовор дар пояи ҳамон идеологияи расмиест, ки алҳол Тоҷикистон вобаста ба он муаррифӣ мешавад…

Зарурати иқтисодию иҷтимоии таъсиси чунин ҳизб дар он аст, ки бо вуҷуди дастовардҳои сиёсию давлатдорӣ, бояд эътироф намоем, ки масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи мо ҳалли дилхоҳи худро наёфта истодаанд. Беҳтарин нируҳои зеҳнию корӣ кишварро тарк мекунад. Мардуми бисёр минтақаҳо ҳатто чуноне мегӯянд, хонахез аз Тоҷикистон кӯчида рафта истодаанд. Бадбахтона муҳоҷирати онҳо бебозгашт аст, зеро умеде барои беҳбудии зиндагии худ намебинанд. Пас бояд нируе ба саҳна биояд, ки дар мардум умед ба созандагии кишварро зинда кунад. Ба ҳалли воқеии масъалаҳои мардум рӯ оварад. Аз ин рӯ зарурати таъсиси чунин ҳизб ба миён омадааст. Яъне мо бояд як ҷаҳишеро дар сатҳи фикрии ҷомеа ба вуҷуд оварем, то ки аз бумбасти фикрӣ баромада, дар пайи сохтани зиндагии сазовор ва инсонпарвар шавем.

- Вале чунин мантиқи мулоҳиза магар маънои онро дорад, ки ҳизби таъсисёбанда ғайриидеологист? Яъне Шу-мо идеология надоред?

- Фикр мекунам ҳамин таври гузоштани масъала низ куҳна шудааст. Агар ҷаҳони муосирро бингарем, бисёр ҳизбҳо дигар ин хел моҳият надоранд. Яъне идеологияҳои маъмули таърихӣ низ бархурдор аз арзишҳое ҳастанд, ки моҳияти универсалӣ доранд, яъне мазмуну муҳтавояшон тафриқабандии қолабиро истисно мекунад. Эътимоди мо бар он аст, ки ҳар инсон метавонад эътиқод, боварҳо ва арзишҳои худро дошта бошад, вале ин бояд монеи барои як ҳадаф ҷамъ шудани инсонҳо нашавад. Балки ҳизби мо платформае хоҳад буд, ки шахсиятҳо ва нируҳои созандаро ҷамъ мекунад. Касоне, ки барои онҳо созандагӣ, ободонӣ, зиндагии шоистаи инсон, аз ин вазъияти хиҷолатовари иқтисодию иҷтимоӣ берун овардани мардуми кишвар муҳимтар бошад. Зиндагии мардумро фақат бо шиорҳои сиёсиию идеологӣ беҳбуд бахшида намешавад. Барои мардум бояд шароит ва имкониятҳои воқеии рушд ва зиндагии сазовор фароҳам оварем.

Мо ҳама такрор мекунем, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Бале, он аз назари табиат ва иқлим яке аз зеботарин кишварҳои ҷаҳон аст, сарзамини биҳиштосост. Вале аз назари шароити зиндагӣ оё имрӯз он мисли биҳишт аст? Имрӯз аз ин кишвари зебо садҳо ҳазор нируи ҷавони зеҳнию корӣ ноилоҷ ва ҳатто бебозгашт баромада меравад. Магар инсонҳо аз биҳишт мегурезанд? Не. Пас, бояд мо шароитеро ба вуҷуд оварем, ки дар канори табиати биҳиштӣ, зиндагии мардум низ биҳиштӣ бошад. Мардум дар ватан эҳтиром ёбанд, аз он ночор баромада нараванд. Ин аст ҳадафи ҳизби "Тоҷикистони нав".

Хулоса ҳизби таъсисёбанда бе идеология нест. Эътимодамон ба ҳамон идеологияест, ки тавассути Конститутсия Тоҷикистон бо он муаррифӣ шудааст…

- Бо чӣ роҳ мешавад мушкилоти иқтисодии кишварро ҳал намуд? Оё мо бо ин имкониятҳои маҳдуде, ки дорем, метавонем ба рушди иқтисодӣ бирасем?

- Роҳҳои ҳалли мушкилоти иқтисодии кишварро мо ба таври васеъ ва мушаххас дар барномаи ҳизбӣ баён менамоем ва Шумо хоҳед дид. Лекин,  масъалаи усулие, ки бояд бидонем, ин аст, ки мушкилоти асосии иқтисодиёти Тоҷикистон камбуди имкониятҳои иқтисодӣ нест. Мушкили асосӣ идоракунии нодуруст ва ғайрикасбии иқтисодиёт аст, набудани сиёсати муосири иқтисодист, набудани муҳити солими сармоягузорӣ аст. Агар ин масъалаҳо ҳал шаванд, заминаҳои рушди иқтисодии мо бештар тақвият хоҳад ёфт. 

- Яъне, инро чӣ гуна бояд фаҳмид?

- Масалан, Кодекси нави андозро бигирем. Аз сабаби он, ки ин Кодекс фақат бо назар гирифтани як зарурат, яъне молия ва ҷамъоварии андоз ба хотири ҳалли масоили туфайлӣ таҳия шудааст, ба рушди иқтисодии Тоҷикистон зарбаи бузург зад ва мезанад. Ҳоло зарари сиёсию иҷтимоии ин Кодексро намегӯем, асари номатлубаш бо мурури замон бештар мешавад. Хулоса, агар пурсед, ки бузургтарин мушкил барои иқтисодиёти Тоҷикистон чист, бори дигар мегӯям, ки набудани сиёсати афзалиятноки иқтисодист. Бузургтарин монеаи рушди иқтисодиёт ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон чист? Набудани муҳити солими сармоягузорӣ ва ғайрикасбӣ ва ғайрииқтисодӣ будани Кодекси андоз. Яъне, таъиноти танзимкунандааш сарфи назар шуда, моҳияташ ба истилоҳ фискалист. Ба он маънӣ, ки такрор мекунам, сирф таъиноти молиявӣ ё ин ки маблағҷамъкунӣ дорад.

- Хатари ин вазъияти иқтисодӣ дар чист? Ба назари Шумо мардум эътироз ва исён мекунад, нооромӣ мешавад ё чӣ мешавад, ки Шумо дар ташвиш ҳастед?

- Барои дар ташвиш шудан шарт нест, ки мардум эътироз кунанд ва исён кунанд ва он гоҳ мо дар ташвиш шавем. Ҳамин, ки мардум дар вазъи ногувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд, ҳамин худаш ташвиши бузург аст. Ҳамин ки рушди бунёдии бахши воқеии иқтисодиёт нест, худаш ташвиши бузург аст. Магар метавонем хоҳу нохоҳ худро бо он таскин бидиҳем, ки муҳоҷирати рӯзафзуни мо илоҷи ҳалли мушкилиҳост ва ҳатто камиву костагиҳои сиёсати идоракунии кунуниамонро ҷуброн хоҳад кард? Ҳаргиз не? Бозори муҳоҷират ё чуноне мегӯянд бозори ҷаҳонии қувваи корӣ, ки имрӯз аз он баҳра мебардорем, беканор нест. Он рӯз дур нест, ки нируи афзояндаи кориамон ба ҷуз дарёфти имкониятҳои худи кишварамон илоҷи дигареро намебинад. Пас чи гуна бо ин андешаҳо метавон изҳори нигарониву ташвиш накард? Бахусус барои давлат, барои давлатдор ва барои ҳар ватандори баномус.

Аз тарафи дигар, мо дарвоқеъ як силсила дастовардҳои ҷиддии сиёсӣ дорем. Истиқлолияти давлатӣ, таъмини суботу амнияти кишвар дастовардҳои бузурганд. Мо дар Эъломияи таъсисии худ аз 6 апрели соли ҷорӣ ин дастовардҳои миллиро зикр кардем ва аз ҳамаи нируҳое, ки дар ноил шудан ба онҳо саҳм доштанд, самимона сипосгузорӣ кардем. Ҳизби мо ҳам барои ҳифзи ин дастовардҳо талош мекунад. Вале ба назари мо, худи ҳал нашудани масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ метавонад барои тамоми ин дастовардҳои муҳим хатар эҷод кунад. Ин хатар метавонад ҳар варианти номатлуб дошта бошад ва ба он ҳадду андоза, ки ниёз ба шарҳу тафсир надорад. Хулоса бе ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мардум минбаъд ҳифз кардани дастовардҳои муҳимми сиёсии кишвар имкон надорад.

- Агар боз ба сиёсат баргардем, имсол интихоботи Президентии Тоҷикистон дар пеш аст. Оё мақсади дар интихобот иштирок кардан доред?

- Ман фикр мекунам, ки мо барои ин кор бисёр дер кардаем, мо на аз назари ҳуқуқӣ, на аз назари ташкиливу авомили дигари тавону имкони ин корро акнун нахоҳем дошт. Вале дар маъракаи интихобот мо қарзу масъулияти шаҳрвандиамонро иҷро хоҳем кард.

- Ҳамкории наздики Шумо бо мақомоти давлатӣ боис гаштааст, ки баъзе расонаҳо Шуморо ҳамчун ҳизби наздик ба ҳукумат муаррифӣ намоянд. Дар ин бора чӣ мегӯед?

- Ин саволи Шумо вазъияти фазои сиёсии ҷомеаи моро хуб нишон медиҳад. Зеҳнҳои ҷомеаи мо ҳамин хел танг тақсим шудааст, тавре мегӯянд, ранги тафаккури сиёсии мо сиёҳу сафед шудааст. Яъне ё ҳукуматӣ ё мухолифи ҳукумат. Магар варианти дигар нест?

Вале мо ба саҳна омадем, ки ҳамин қолабро шиканем. Як ҷаҳиши фикриеро ба вуҷуд оварем, категорияи фикрии мо бояд дигар ҳукуматӣ будан ё зидди ҳукумат будан набошад. Ин фаҳмишҳо бисёр куҳна ва маҳдуд аст. Дар ин бора ошкоро мегӯям, ки шахсият, фарҳанг ва имони банда ҳаргиз иҷозат намедиҳад, ки ману онҳое, ки дар як саф қарор дорем, нақши "кисагӣ" дошта бошем. Ман агар ба чунин нақш розӣ мешудам, вазъиятам бисёр дигар мебуд. Ман чунин суханро дар ҳаққи худ бисёр ноҳақ меҳисобам.

Идеяи мо ва ҳизби мо зодаи вазъият ва ниёзи ҷомеа аст; масалан, ҳар гоҳе ман ҳоли таҳқиромези муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро мебинам, барои ояндаи тираи миллати худ бисёр дар ташвиш мешавам, аз будани худ, аз хомӯшии худам дар хиҷолат мемонам, вақте ман дар ҷадвалҳо ва рейтингҳои байналхалқӣ номи Тоҷикистонро дар сатрҳои охирин мебинам, дилам реш мешавад, номусам туғён мекунад, ки наход мо то ин дараҷа расидем… Ё аниқтараш, наход мо кишварро то ин дараҷа расонидем… Ҳар гоҳ, ки ман аз телевизион саҳнаи барои шарофати инсон таҳқиромези "хатнатӯйи дастаҷамъии фарзандони оилаҳои камбизоат"-ро мебинам, боз аз худ мепурсам, ки наход мо мардумро то ин вазъият расонидем, наход ғурури инсонии ин мардумро то ин ҳад шикастем… Ин аст қуввае, ки ҳизби моро ба саҳна овард, қувваи номус, қувваи дарки масъулияти ватандорӣ ва фарзандӣ.

Медонам, ки сиёсат ҷои эҳсосот нест. Вале, ҳизби мо дар ҳақиқат аз ба номус омадани зумрае аз фарзандони ин мардум аз дидани ҳоли хиҷолатбори ватани худ манша мегирад. Чӣ гуна бо ин аҳволи иҷтимоии мардум созиш кунем? Магар мо ҳам дар канори ҳамон як миллиони дигар баромада равем? Ин аст, ки ҷомеа мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва аз баҳси идеологӣ хаста шудааст, ҷомеа муҳтоҷи зиндагии сазовор аст… Паёми ҳизби мо ин аст… 

Дар бораи наздикии мо бо ҳукумат бояд гӯям, ки мо мехоҳем як ҳизби марказгаро ва прагматик ва технократ бошем. Агар Шумо дар байн истед, ба ҳарду нафар ва ё ҷониби дар паҳлӯятон истода наздик хоҳед буд. Мо ҳамон қадар, ки бо ҳукумат наздикем, ҳамон қадар бо мухолифони он ҳам наздикем. Шахсан, банда бо аксар роҳбарони ҳизбҳои сиёсии кишвар на танҳо шиносам, балки робитаҳои наздиктарини шахсию инсонӣ низ дорам. Ҳамватанӣ, инсонӣ ва нону намаки ин диёр ҳамаи моро бояд муттаҳид намояд. Вале тавре зикр кардем, мо дар бораи ислоҳи вазъият нигоҳи худ, аз назари эътиқод ақидаи хоси худро дорем. Итминонамон бар он аст, ки нируву мавқеъгириамон имкони беҳтаринест барои ноил шудан ба ҳадафҳое, ки беҳбудии зиндагии мардумро дар назар доранд. Ба назари мо аз сад бор ватан гуфтан як қадами самимона дар роҳи ободии он гузорем, беҳтар аст… Мардум, бахусус вақте соҳиби зиндагии шоиста шуд, худ қазоват мекунад ва меҳвари эътиқоду ақидаашро огоҳона интихоб мекунад.

Saidov Z- Шумо пеш аз оне, ки ташаббускори таъсиси ҳизб бошед, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ҳастед, ки ҳудудан 60 ташкилоти бонуфузи кишварро муттаҳид месозад. Магар дар доираи фаъолияти ин Шӯро пиёда сохтани ҳадафҳое, ки боиси таъсиси "Тоҷикистони нав" гардидаанд, имкон надошт?

- Воқеан шумо нуктаи хеле муҳимеро ишора кардед. Банда ҳеч гоҳ таъсиси ҳизбро маҳз ба хотири амбитсияҳои сиёсӣ мақсад надоштам. Аз ҷониби дигар, мухолиф бар он фикрам, ки инсон берун аз сиёсат буда тавонад. Агар инсон ҳуқуқи интихоб кардан дошта бошад, соҳибақл бошад, барои фаъолияташ масъулият дошта бошад, ба ҳар василае дар меҳвари сиёсат мегирад; ё интихоб мекунад (аз номаш интихоб мекунанд!) ва ё интихобаш мекунанд. Вақте ба Шӯро интихоби нав лозим буд, аз ман бо исрор даъват карданд, ки ин пешниҳодро пазирам ва дар ниҳоят ин масъулиятро бар дӯш гирифтам, то барои бартараф кардани мушкилоти соҳибкории кишвар аз ин мавқеъ коре карда тавонем. Аммо навобаста аз ҷаҳду талоши аъзои Шӯро мақомот ҳаргуна пешниҳодҳои моро сарфи назар карда, лоиҳаи Кодекси нави андозро қабул намуданд, ки дар натиҷа мушкилоти соҳа бештар гардид. Ин аст, ки ҳайсияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар кишвар зери суол қарор мегирад ва соҳибкорон ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шароити кунунӣ эътимод надоранд. Гӯё бо ҳам омадан ва пешниҳодҳо беҳуда бошад. Ин ҳам як сабаби ташаббуси таъсиси ҳизби сиёсӣ мебошад.

- Дар шароити Тоҷикистон, рӯйи саҳнаи сиёсӣ омадани соҳибкори муваффақе чун Шумо, барои фаъолияти тиҷоратиятон хавфнок нест? Магар хуб нест, ки мисли аксари соҳибкорон, ки зиндагии шоиста доранд, худро аз ташвишҳою таҳдидҳои эҳтимолӣ эмин нигаҳ доред? Содда карда гӯем, ба Шумо чӣ намерасад, ки ба худ дарди сар мехаред?

- Ман тасаввур намекунам, ки як инсони комил берун аз ҷомеа, новобаста аз шароити зиндагии мардум, тавонад, ки зиндагии хуш ва беташвишеро соҳиб гардад.  Магар ҷомеаи 1 бою 100-ҳо камбағал метавонад, ки амнияташ таъмин бошад? Агар вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардум беҳ нагардад, маърифату фарҳангашон рушд наёбад, пас худое накарда, ҳар лаҳза имкон дорад, ки ҷомеаи мо ба хатарҳои гуногун рӯ ба рӯ гардад ва дар ин ҳолат ҳама зарар бубинанд. Яъне ба майдони сиёсат омаданӣ мо аз "фарбеҳӣ" набуда, балки вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум моро водор кардааст, ки фаҳм ва имконоти худро барои ободии Ватан равона намоем. Масалан, ду сол қабл зери мудирияти банда беш аз 3000 шаҳрванд бо кори доимӣ машғул буд. Мутаассифона, ин шумора дар ин солҳои охир кrариб ду баробар кам гаштааст. Ин танҳо мушкили мо нест, ин мушкилоти қариб ҳамаи онҳоест, ки бо соҳибкорӣ шуғл доранд. Албатта, ҳамасола корхонаҳои алоҳида дар бахшҳои мухталиф ба фаъолият шуруъ мекунанд, ки ин хуб аст, вале дар баробари ин чанд корхонаи дигар дар давоми ин солҳо аз фаъолият бозмемонад. Дар бораи дар чӣ ҳол будани вазъи молиявии онҳо, имкони навсозии таҷҳизоташон, дар бозори дохил ва хориҷ  рақобатпазир будан ё набудани маҳсулоташон чизе намегӯем. Масалан, ҳаҷми содирот аз воридот мувофиқ ба омори расмӣ қариб 3 баробар кам аст. Мо на ба кишвари содиркунандаи маҳсулот, балки ба ҷумҳурии истеъмолкунанда табдил меёбем. Дар ин сурат, узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Тиҷорат метавонад зараровар гардад. Чунки дар узвият ба ин созмон кишварҳое бурд мекунанд, ки иқтидори содиротӣ доранд. Воқеан, ин моро бетараф намегузорад.

- Пас, ба таври умумӣ, Шумо як ҳизби мухолиф ҳастед?

- Мо вазъияти мавҷудаи иҷтимоию иқтисодиро барои мардуми Тоҷикистон сазовор намедонем ва онро барои давлату миллат аз назари сиёсӣ хатарнок арзёбӣ мекунем. Аз ҳамин сабаб, мо барои мусоидат ба ислоҳи ин вазъ мехоҳем ба саҳна ойем. Аз назари сиёсӣ мо ҳизби муътадил, созанда, қонунгаро, марказгаро ва технократӣ мешавем. Ин мавқеи имрӯзаи мост. Мухолиф шудан ё нашудани мо ба мавқеи ҳукумат низ вобаста аст. Ҳукумат таҷрибаи калони муносибат бо ҳизбҳо дорад, ҳам таҷрибаи мусбат ва ҳам таҷрибаи манфӣ. Чунончи мо шоҳиди ҳамкориҳои хуби ҳукумат бо ҳизбҳо будем, масалан, солҳои раванди сулҳ, ки ин чун нишондиҳандаи фарҳанги баланди сиёсӣ дар олам шинохта шудааст.

Аммо, агар ҳукумат аҳамияти як нируи муътадилу созанда ва зарурати як ҳизби технократиро барои ҷомеа, барои давлат, барои солим шудани фазои сиёсӣ ва рушди иқтисодии кишвар дарк кунад, мо омодаи ҳама гуна ҳамкорием. Ва ҳаргиз намехоҳем дар ҳукумат нафароне пайдо шаванд, ки аз дарки ин аҳамият оҷиз монанд, моро сирф дар қолаби танги мубориза ба хотири қудрат шиносанд, ба мо фишор оваранду ҷаҳд кунанд, то ки моро низ ба сафи мухолифони худ тела диҳанд...

Мо талош дорем, ки дар наздиктарин фурсат мавқеъ, дидгоҳ ва андешаҳои худро дар шакли барномаи ҳизб барои ҷомеа пешниҳод намоем. Боварӣ дорем, ки ҳамаи касоне, ки андешаи марказгароӣ, созандагӣ ва таъмини зиндагии сазовори мардумро дастгирӣ мекунанд, тамоми касоне, ки бунёди як Тоҷикистони навро ҷонибдорӣ мекунанд, дар атрофи ҳизби "Тоҷикистони нав" муттаҳид мешаванд. Дарҳои мо барои ҳама боз аст.

-Ташаккур. Барои расидан барои ҳадафҳои нек муваффақ бошед!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97