Абдураҳими Умариён: "Тарси ман аз марди номард аст"

Мусоҳиба 13.03.2013 20:44

MUFatАбдураҳим Умаров (Абдураҳим Умариён), сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, шаби 27 феврал дар назди бозори маҳаллаи 103-уми пойтахт аз сӯи афроди ношинос мавриди латукӯб қарор гирифта дар ҳолати зарбхӯрдагӣ дар бемористон бистарӣ шудааст. Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори «Миллат» бо Абдураҳими Умариёнро дар пайи ин ҳодиса пешкаши хонандаи гиромӣ мегардонем.

- Ҳодиса чӣ гуна ҷараён гирифт? Ёд доред?

- Ин ҳодиса шаби рӯзи 27 - уми феврал рух дод. Тақрибан пас аз соатҳои 10 - и шаб буд. Рӯзи бисёр пуршулуғе буд ва кори бисёре барои анҷом додан доштам дар коргоҳ. Як сюжет барои пахш дар телевизион доштам. Он рӯз як чанд бор ба бинои шабакаи якуми телевизион рафту омад доштам ва охирон маротиба тақрибан соатҳои 19:30 буд, ки ба ман аз телевизион занг заданд, ки як иштибоҳи техникӣ дар сабти гузориши ман рафтааст ва барои ислоҳи он ман бояд навори аслро дигарбора ба он ҷо мебурдам. Мошини навбатдори корхона маро бурд ва он иштибоҳро ислоҳ кардам, ки соат ба 20 наздик омад ва ба корхона баргаштам, то ба роҳбарият арз кунам, ки ман супоришро иҷро кардаам. Тақрибан соатҳои 20:20 буд, агар хато накунам, ё 20:25 буд, ки аз ҳуҷраи корӣ ба муовини аввали сардори Хадамот тамос гирифтам  ва арзамро расондам, ки супориш иҷро шуд ва сюжет дар барномаи ахбор ба эфир хоҳад рафт. Ва ахбори соати 20:30 - ро мо ҳамроҳ бо чаҳор нафар ҳамкоронам тамошо кардем, дар бинои қисми навбатдории ошёнаи якуми Хадамоти гумрук ва баъдан ман ба ҳуҷраи кории худ баргашта тамоми таҷҳизоти барқиро хомӯш кардам. Вақте аз ҳуҷраи кор берун мешудам, соат аллакай аз 21:20 рад мешуд. Аз истгоҳи Хонаи матбуот гузашта, дар маршрути рақами 8 нишастам ва рафтам то маҳаллаи 82, аз он ҷо дар дигар маршрут нишастам ва то бозорчаи маҳаллаи 103 - юм омадам. Он ҷо фаромада, як навори детективӣ харидам ва барои кӯдаконам чун ҳар бегоҳ онҳо то рафтани ман хоб намераванд, банан харидам. Ҳамин гуна аз кор хаста ба андеша ғуттавар нақшаи кори фардоро дар зеҳнам кашида сӯи хона роҳ гирифтам. Роҳ торик буд. Тақрибан дусад метр он тарафтар аз бозорча рафтам, чун хонаи ман дар маҳаллаи Авул аст. Роҳравон дидам, ки аз пешам ягон даҳ понздаҳ метр он тарафтар, зиёд диққат надодам, чунки ҳеч фикр намекардам, ки ба ман ҳамла сурат мегирад, ба гӯшаи чашм дидам, ки ду нафар аз пешорӯ меомад. Яке пештар дигаре чанд қадам аз аввалӣ қафотар. Фикр мекунам, либоси сиёҳ дар тан дошт, он қадар таваҷҷуҳ накардам. Сарам хам мерафтам, наздик омаду вақте аз паҳлӯи ман мегузашт, маълум буд, ки обутобёфта, варзишгар аст, ба ибораи русӣ бисёр "борзый" ба назар мерасид ва дар шиками ман ногаҳон якум муштро зад, қариб нафасам мегирифт, хам шудам, ки ӯ чолокона мушти дигарро дар қисмати чапи сари ман зад ва сарам гаранг шуд, аммо пай бурдам, ки ин ҳамла аст ва кӯшиш кардам, ки сару рӯямро аз зери мушт нигоҳ дорам, то дар сару рӯям зарба назанад. Ва чун дар қисмати болои гӯши чапам ба мушт сахт зада буд, сарам гаранг буд ва ман рӯямро қапида ба замин афтидам. Дигар намедонам як нафаре, ки аз пасаш меомад, ҳамроҳаш буд ё не. Эҳсос мекардам, ки каси дигаре аз пасам меояд. Онҳо ҳамроҳи ӯ буданд, ё набуданд намедонам, ин ки бархе расонаҳо навиштанд, ки чор нафар ҳамла кардааст, ин дуруст нест. Ман ҳамлаи як нафарро дидам, ки маро зад ва он ду нафари дигар, ки ҳамроҳи ӯ буданд, ё не  намедонам. Дигар чизе дар гӯшам садо намедод, аз пушт дар қисмати гурдаву дар пушти сари ман заданд, ҳамин хел ман сарам гаранг шуду вақте ба худ омадам, рӯям дар болои обу лой тар буд. Ва чанд муддате баъд бархостам, ки касе нест ва ҳама ҷо оромист, аммо ҳамин хел як ҳолати бисён вазнин доштам, каме нишастаму ба худ омадам ва аввалин коре, ки кардам ба навбатдори ВКД хабар додам. Касеро намедидам, вале вақте ки ба ВКД занг задам, он ҷо аз ман мехостанд, ки нишониро дақиқ бигӯям, вале сарам, ки гаранг буд, ҳамон вақт фикр мекардам, ки нағз фаҳмонидан наметавонистам ба онҳо. Саволҳои такрорӣ медоданд. Дар ҳамин вақт аз як нафаре ки аз роҳ мегузашт, хоҳиш кардам, ки он нишонии макони ҳодисаро фаҳмонад. Ва дарҳол нафарони навбатдори ШКД-и Сино- 2 таҳти роҳбарии муовини сардори шуъба омаданд ва хушбахтона онҳо маро то беморхона бурданду он ҷо кумаки аввалияи тиббиро расониданд. Ман аз фаврияти кори навбатдорони ШКД-и Сино- 2 миннатдорам, ки бисёр таъҷилӣ ҳамин хел кумак расонида тавонистанд.  Он шаб ман дар беморхонаи Қарияи Боло мондам. Субҳи дигар, маро аз рӯи тақозои касб ва шартномаи корӣ ба бемористони ВКД интиқол доданд. 

-Оё чеҳраи ҳамлагаро ёд дорӣ?

-Ростӣ, ки ман рӯйи ӯро надидам, вале охирон гапаш вақте ки баъди мушти сеюм дар замин афтода будам ва дар пушти сарам мезад, бо як оҳанги хашмгинона гуфт, ки "ту аз ҳадди бад гузарондаӣ, оли туда кам аст" ва як ҳақорати дигаре ҳам кард, ки он ҳақоратро ман ин ҷо гуфта наметавонам. Ҳақорати қабеҳ буд.

- Вазъи сиҳатӣ ҳоло чӣ тур аст?

- Ҳоло дар беморхона табобат мегирам, духтурон мегӯянд, ки мағзи сарам осеб дидааст ё ба қавли духтурон "сотресений мозг" гирифтаам.

- Мутмаинед, ки ҳамла маҳз ба шахси шумо нигаронида шудааст ва ин ҷо пешаи шумо ҳадаф аст?

- Ростӣ хонавода ва ҳамаи хешу табор аз ҳамон рӯзҳои аввале, ки ман рӯйдодҳои криминалиро гузориш мекардам, ҳар лаҳза мегуфтанд, ки ҳамин кор бисёр хатарнок аст, бас бикун ҳамин коратро. Лекин дунёи ман ҳамин  эҷод аст. Вақте ки ман эҳсос мекардам, ки ҳар як гузориш, ҳар як сюжети ман як заррае ҳам барои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар кишвар, ба хотири таъмини волоияти қонун ва ба олами табоҳӣ рӯшанӣ андохтани бархе раҳгумзадаҳо, ки ба хотири як манфиъати ночиз ба амалҳои сангину нангин даст мезананд, инъикоси ин ҳама масалан рӯйдодҳо ба хотири беҳбуд бахшидан ба маърифати ҳуқуқии мардум барои ман як кайфият дошт. Чӣ гуна бигӯям, ин барои ман як рисолати касбиест, ки бояд онро анҷом медодам. Ва вақте ки кормандони милитсия пурсиданд, ки киҳоро метавонӣ гумонбар бидонӣ? Ман шӯхиомез гуфтам, ки шояд аз 500 ё 1000 нафар зиёд бошанд. Чунки ман чандин сол аст, ки дар ин соҳа фаъолият мекунам. Ҳатто ҳамон барномаи охироне, ки эфир рафта буд, бисёре аз пайвандон ва хешу таборон маро сахт сарзаниш карда буданд. Бисёр нафароне, ки ҳам даст ба интиқоли маводи мухаддир задаанд, ман ҳамаи онҳоро ба таври ошкор инъикос мекардам. Бубинед ҳамасола ҳазорҳо нафар бар асари истеъмоли маводи мухаддир мефавтанд, чӣ қадар фарзандон бе падар мемонанд. Ҳамаи ин натанҳо, ки дар Тоҷикистон аст, вақте дар ҳар сафаре, ки ба дигар кишварҳо мерафтам ва медидаму мутолиъа мекардам, таҳлил мекардам, ин як муборизае аст, ки муборизаи дастаҷамъонаро талаб мекунад. Ба ин назардошт як зарра ҳам бошад саҳми худро дар пешгирӣ аз ин тариқи матолиби худ, гузоришҳои худ фош мекардам, ин барои ман боиси ифтихор буд.

- Оё рост аст, ки қаблан шуморо таҳдид кардаанд?

-Сад дар сад мутмаъин нестам, вале шубҳа надорам. Чун ман ба шумо метавонам бигӯям, ҳатто даҳҳо нафаре дар вақти боздошт ва бозпурсии мо ба хотири таҳия намудани гузориш ба ман мегуфтанд, ки мо туро мешиносем даркор нест ҳамин кор. Мо бо ҳам менишастем, суҳбат мекардем ва он суҳбатҳо оҳанги таҳдид дошт, вале ин чиз барои ман як чизи маъмулӣ буд. Шояд як сол пеш буд, ё якуним сол пеш ман аз кор дер баромадам ва бояд ба хона мерафтам, аз ин хотир ба 25 нишастам то баъдан ба маршрути 28 биншинам. Вақте ки маршрути 25 омаду ба самти бозори Зарнисор нею ба самти Калинин ҳаракат кард, чун фаҳмидам, ки самти маршрут тағйир хӯрдааст, маршрутро нигоҳ доштам, дар ҳамин вақт як нафар саросема аз он фаромад, агар ман тез ҳаракат мекардам, ӯ низ тез ҳаракат мекард. Агар оҳиста мерафтам, оҳиста мерафт. Ҳамин гуна ман пай бурдам, ки ӯ аз паси ман мепояд. Ҳатто то рости ҳамон фурушгоҳи Саодат рафтам, дар муқобил дар он тарафи роҳ як чойхона буд. Ман то ҳамон ҷо рафтам, вақте ки вай гузашт, ман ақиб гашта, ба дохили яке аз он кабинаҳо даромадам. Аз он ҷо нигоҳ мекардам, ки пас мегардад, ё не. Панҷ дақиқа интизор шудам, ки наомад ва зуд баромадам ва як таксиро нишаста хона рафтам. Ин як ҳолате буд, ки ман мушоҳида кардам. Дигар ҳолат баъди пахши барномаҳоям дар сари роҳ як ҷавоне, ки он қадар обутобёфта набуд, шӯхиомез бо як лаҳни нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт, ки "ака, вақтҳои охир дар барномаҳоят "слишком" гузаронидестӣ. Фикр мекунӣ, ки мардум донаи тарбузанд?" Ман гуфтам, ки мардум магар масхара аст? Ӯ гуфт, "бин ака, ки баъд дер мешавад". Боз як нафари дигаре аз он соҳибкорони муваффақе ҳам буд, ки барои халал ворид нашудан ба рафти тафтишоти пешакӣ номи ӯро намегирам, дар яке аз барномаҳои ман чандин бор масалан, маро бисёр ба таври дипломатӣ огоҳ мекард, ки бародар, агар ту маро дар эфир нишон диҳӣ, дар байни "клиент"-ҳои ман нобоварӣ пайдо мешавад. Вале ҷавоби ман он буд, ки бигзор шуморо бинанд, бигзор ҳамин қонуншикании шуморо бинанд, барои онҳо ибрат шавад, то ин ки қабл аз он ки борашонро аз як манзил ба манзили дигар интиқол медиҳанд, бигзор бидонанд ва он ҳам бо назардошти таъмини амнияти мардум бошад. Чунин ҳолатҳо ҳам буданд.

- Шумо фикр намекунед, ки дар остонаи интихобот шояд ин як тавтеъа аст ва шуморо ҳадафмандона  мавриди  ҳам-ла қарор додаанд?

- Не ростӣ. Дар ин маврид ман фикр намекунам, ки воқеъае, ки нисбати ман рух дод, ба интихобот рабт дошта бошад. Чунки агар шумо таваҷҷуҳ карда бошед ба барномаҳои ман, ман ба нисбати аъмоли ҷинояткоронаи афроди қонуншикан бисёр бо як лаҳни тунд баромад мекардам. Ба шахсияти онҳо камтар кордор мешудам, вале аъмоли онҳоро бо як лаҳни тунд шадидан маҳкум мекардам, то ибрат шавад барои нафарони дигари ҷомеъа.

- Оё сари нахе барои шиносоии шахси ҳамлавар пайдо шудааст?

- Ҳанӯз чизе дақиқе ба даст наомадааст, вале хушбахтона кормандони бахши тафтишотӣ ба таври хастагинопазир кору фаъолият бурда истодаанд.

-Пас аз ин ҳодиса кӣ ба аёдати шумо аз ҷумлаи ҳамкорон ва ҳамкасбон омад ва аҳволатонро гирифт? Оё кумаке аз ҷое ба шумо расонида шудааст?

- Аз ҳамкорон Муовини Сардори Хадамоти гумрук Раҳматов Неъматҷон Сангинович худашон ба дидорбинӣ омаданд ва дигар ҳамкорон ба аёдатам омаданд. Ташаккур аз ишон. Аммо аз ҷое ба ман кумаки молӣ нарасидааст.

- Аз ниҳодҳои журналистии Тоҷикистон оё барои ҳамдардӣ ва кумак наомаданд?

-  Аз ҳама бештар дӯстони рӯзноманигорам аз ман хабар гирифтанд, ки миннатдории худамро баён мекунам. Агарчӣ манн аз соли 2008 узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ҳастам, аммо мутаассифона аз ҳеч ниҳоди журналистӣ, ва дифоъ аз озодии баён расман ба аёдати ман наомадааст ва низ тамос ҳам нагирифтанд. Ҷуз Анҷумани «Афрӯз». Вақте ки ман ба бемористон ғалтидам, рӯзноманигор ҳамин қазияро инъикос карданд, ташаккур, аммо яке аз онҳо навиштааст, ки гӯё ман аз ҳудуди шаҳр баромада бошам, дигаре гӯё, ки чор нафар маро зада бошанд. Мутаассифона ҳар гуна тахминҳое, ки асоси воқеъӣ надоранд ва онро аз тариқи расонаҳои хабарӣ пахш карданд. Дар сомонаи радиои "Озодӣ" ҳамкасбони мо баъзе коментарияҳоеро монда буданд, ки гӯё ин аз ҷониби хонандагон омада бошад. Ман пай бурдам, ки он аз ҷониби хонандае нарафтааст, он аз ҷониби журналисте, ки дар ҳамон расона кор мекунад, иншо шуда буд. Ман гӯё аз тарабхона баромада бошам, маслан ҳамин гапҳои беасос, гӯё ки на аз кори давлатӣ, балки аз тарабхона баромада ба хона мерафта бошам ва муноқиша гӯё аз ҳамон ҷо ибтидо гирифта бошад. Метавонам бигӯям, ки тамоми дастгоҳҳои наворбардории Хадамот ва ин дастгоҳи наворбардорие, ки дар маҳаллаи 103 - ум буд, ки он ҷо ман бозорӣ карда мерафтам, агар дар сабташ бошад, баёнгари он аст, ки аз соати 21:30 то 22 ҳамон ҷо будам. 30 дақика мемонад, ки дар ҳамин раҳ масраф мешавад, дигар дар кадом ҷо ман фурсат меёфтам, ки ба тарабхона равам, ё дигар ҷо. Ин ба мантиқ комилан дуруст намеояд. Аз ҳамин хотир хоҳиш мекунам, ки бо назардошти ҳамон як зарра бадбинии бародарҳои журналист бошад, ё ки дар байни ҳаминҳое, ки дар олами ҷиноӣ ман аз онҳо интиқод мекардам, ягон пайвадони онҳо буд, ки ба иззати нафсашон расида бошам. Дар баробари ҳамин ақидаи пуч ва ғаразноки ВАУ мехостам, ки ҳамин пешниҳоди маро дар ҳошияи матлабатон ҷой мекардед.

Ёдам наравад, ки вақте ки ҳодиса рух дод ман дар барам ду телефони ҳамроҳ доштам, арзиши яке аз 300 доллар ҳам боло аст ва ҳудуди ҳазор сомонӣ маблағ ҳам дар ҷайбам буд. Ҳама ҳамин чизҳое, ки дар барам буд, беҷо нашудаанд. Яъне ҳамлагарон ба он даст нарасонидаанд.

-Хуб, ҳоло чӣ нақша дорӣ, масиратро иваз хоҳӣ кард ва ё роҳатро идома хоҳӣ дод?

- Медонед, мегӯянд, ҳар киро аз баҳри коре сохтанд. Агар ки худованд насиб гардонду шифо ёфтаму аз беморхона баромадам, таҳлилҳои аз ин ҳам тундтар ба муқобили ин ҳама аъмоли ҷинояткорона хоҳам таҳия кард. Зеро таъмини амнияти иқтисодӣ суботи ҷомеаро таъмин мекунад. Ба қавле, ки ба пеш, ба мубориза барои ояндаи ободи Тоҷикистон!

- Шифои комил ва орзуи муваффақият мекунем ва  Рӯзи матбуоти миллиро бароят шодбош мегӯем!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97