Устод Атомуҳаммади Нур: Ё худам президент мешавам ва ё касе, ки ман ӯро ҷонибдорӣ кунам

Мусоҳиба 12.07.2012 11:39

Сӯҳбати Раҳматкарими Давлат бо устод Атомуҳаммади Нур, раиси вилояти Балх ва яке аз пешвоёни  тоҷикони Афғонистон

"Дунё Афғонистонро танҳо намемонад, ман тоҷиконро"

Ustod- Ба номи Худо, ташаккур аз Шумо Устоди диловари ҷиҳоду пайкор, Ато Муҳаммади Нур, ки фурсати худро барои анҷоми ин мусоҳиба дар ихтиёри мо қарор додед. Қабл аз ҳама мехостам, таъкид кунам, ки баъди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, Шумо ба унвони як шахсияти муҳимми ҳаммиллати мо дар Тоҷикистон низ эътибор пайдо кардед ва ҳамеша бояд дар ёд дошта бошед, ки ин мардум низ аз шумо таваққуъ ва интизор доранд ва омодаи посух гуфтан ба ин таваққуъот бояд, ки бошед. Аҳмадшоҳи Масъудро асилзодагони тоҷик чун куҳи устувор дар пушти худ медиданд, ҳоло ҳамин куҳи пойдор Шумо ҳастед, хоса баъди он ки пас аз шаҳодати Устод Раббонӣ эълон намудед, ки интиқоми хуни шаҳидони худро мегиред ва худро ба унвони муҳимтарин муҳра дар миёни тоҷикони Афғонистон ва ба ҳамин минвол ба унвони як тоҷики қудратманд дар дунё муаррифӣ кардед. Суоли аввали мо ин аст, ки баъди соли 2014, ки қарор аст, нируҳои НАТО ва Амрико аз Афғонистон хориҷ шаванд, чӣ сарнавиште он кишвар ва ҳамин тавр минтақаи моро интизор аст. Ҳоло дунё ва кишварҳои минтақаи мо аз ин вазъият нигарон аст, ки бо хуруҷи НАТО дар соли 2013 авзоъ ба ҳам хоҳад рехт. Оё дар воқеъ имкони дубора ба қудрат расидани Толибон вуҷуд дорад ва Шумо нигарон ҳастед?

  - Бисмиллоҳи раҳмону раҳим. Ташаккур. Бисёр хуш шудам. Мо шуморо хеле интизор ҳам шудем он ҷо, бисёр хушҳол шудам, ки ҳоло шуморо мебинам. Бори дигар аз он қадрдоние, ки рӯзи гузашта аз мо кардед, арзи сипос мекунам.

Musohiba1Дар посухи суолатон бояд бигӯям, ки аз чанд дидгоҳ метавонем ин масъаларо ба баррасӣ бигирем. Яке тааҳҳуди ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст, ки ҳадди аққал то соли 2025 бояд нируҳои давлати Афғонистон кумак ва ҳимоят бикунад. Ин ҳамкориҳо дар ду бахш, яке бахши сиёсӣ ва низомӣ ва дигаре бахши иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва бозсозӣ аст, ки дар ин арсаҳо бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ Афғонистонро ҳимоят кунад. Қарор аст, чанд рӯз баъд дар Токиё нишасте дар ин робита доир шавад. Қабл аз ин ҳам дар Кобул ҷаласаи "Кишварҳои қалби Осиё" доир шуд, ки давлатҳо боз ҳам ваъда супурданд, ки Афғонистонро танҳо намемонанд ва баъди хуруҷи нируҳои НАТО ҳам ба ҳузур ва кумаки худ идома медиҳанд. Дар ҷаласаи Токиё ҳам интизор аст, мисле ки дар ҷаласаи Чикаго 50 кишвар тааҳҳуд супурданд, ки дар бахши дифоъ ва амният Афғонистонро ҳимоят мекунанд, аз ҷаласаи Токиё ҳам умедворем, ки ба ҳамин масоба аҳд шавад барои бахши иқтисод ва бозсозии Афғонистон.

Ба ҳамин минвол мо умедворем, ки дунё Афғонистонро танҳо раҳо намекунад ва ноамнӣ ва бесуботӣ густариш пайдо намекунад ва кишварҳои минтақа ва ин сӯи Омуро таҳдид намекунад. Яъне агар кишварҳо ба паймонҳои худ ва хоса ба паймонҳои истротежики худ бо Афғонистон содиқ бимонанд, ноамнӣ густариш намеёбад. Мо феълан бо Австралиё, Фаронса, Олмон ва Амрико чунин паймонҳои роҳбурдӣ ё истротежик дорем. Ин як тарафи масъала аст.

Musohiba0Аз диди дигар, агар Афғонистон тавонмандии инро надошта бошад, ки як сиёсати дурустеро дар ҷиҳати ҷалби ҳамсояҳо роҳандозӣ кунад, дар таъмини субот боз ҳам ноком мемонад. Агар хусусан ҳамкорӣ ва ҳимояти Покистон ва Ирон дар ин росто ҷалб нашавад, бо ҳамон қисме, ки мо ва шумо шоҳиди он ҳастем, ки 150 ҳазор нируи НАТО дохили Афғонистон буд ва ҳузури 50 кишвари олам, вале вақте, ки бархе кишваҳои ҳамсоя дар барномаи таъмини амният ҳамкорӣ накард, амният дар Афғонистон таъмин нашуд, мисли ҳамин агар ҳоло ҳам кишварҳои ҳамсоя ҷалб нашаванд, амният дар Афғонистон таъмин намешавад. Яъне дар сурати набуди ҳамкории кишварҳои ҳамсоя амният дар Афғонистон дуруст таъмин намешавад. Вақте ман дар ин маврид кишварҳои ҳамсоя мегӯям, манзурам Тоҷикистон нест, зеро мо робитаи дӯстона ва самимона дорем ва ҳич мушкиле дар миёни мо нест. Манзури ман ин ҷо аслан Покистон аст ва то ҷое ҳам Ирон.

Нуқтаи дигаре, ки муҳим аст, ман зикр кунам, ин зарфият, мудирият ва тавонмандии худи мо аст. Агар мо дар пайи фузунхоҳӣ, худхоҳӣ ва кашмакашҳои ҳизбӣ биравем, табъан душманони Афғонистон метавонанд, ки дубора рахна кунанд ва вазъиятро ба чолиш бикашонанд. Вале агар ин тавонмандӣ дар мудирият эҷод шавад, ки муттаҳид бошем ва ояндаи худро бисанҷем, ба арзишҳои демократӣ пойбанд боқӣ бимонем ва ба фаъолиятҳои маданӣ рӯ биорем, аз он ду рӯйкарди дигаре, ки ман гуфтам, ин муҳимтар аст, яъне муттаҳид будан ва пойбанд будан ба усули озодӣ ва демократия аз ҳамаи омилҳои дигар барои таъмини субот муҳимтар аст.

Musohiba2Тавсиъаҳои иқтисодӣ ва таъмини молӣ ҳам барои таъмини субот ва густариш наёфтани ноамниҳо муҳим аст. Барномаҳои дар ҷиҳати истихроҷ маъодин рӯи даст аст, пружаҳое ифтитоҳ шуда, қарордодҳои дигар ҳам дар ҳоли таҳия шудан аст ва агар иҷро шавад, дар амри ҷалби мардум ба кор ва коҳиш додани эҳтимоли бесуботиҳо мусоидат мекунад. Ин бовар, ки Толибон дубора ба қудрат бар бигарданд, иншоаллоҳ дигар имкон надорад. 

Бубахшед, ки посухи дароз додам, ба хотири он ки маҷбур будам, ҳамаи роҳҳои мумкинро хидмати шумо арз кунам.

"Барои шаҳидонамон аз чӯҷаҳои шайтон интиқом гирифтем ва мегирем"

- Ташаккур, аз посухи воқеъан возеҳ ва муфассали Шумо. Шумо баъди шаҳодати Устод Раббонӣ як суханронии бисёр мунҳасир ба фард доштед, ки рӯзномаи "Миллат" ҳам дар  Тоҷикистон онро нашр карда буд, ва он ҷо гуфтед, "интиқоми хуни шаҳиди худро мегиред". Ин интиқомро гирифтед то кунун, ё не?

- Мо дар муборизаи худ матин ва устувор ҳастем. Мо дар баробари терроризм ҳамеша ҷангидаем, чӣ дар замони ҳаёти Устоди азиз ва чӣ дар замони ҳаёти қаҳрамони шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва чӣ имрӯз. Ва вақте Устоди моро шаҳид карданд, мавзеъи мо қаблан ҳам ҳамин буд, ки инҳо душман ҳастанд, инҳо ба ҳич арзише эҳтиром қоил нестанд, инҳо касеро тараҳҳум намекунанд. Инҳо фақат фарҳанги сар буридан ва инфиҷорро доранд. Инҳо аз ислом ваҳшат ва даҳшатро ироъа карданд. Инҳо исломро бадном карданд, инҳо тӯдаҳои одамкуш ҳастанд.

Musohiba4Вақте, ки Шӯрои олии сулҳ эълон шуд ва раҳбари шаҳид раҳбари он интихоб шуд, ҳамон вақт ҳам ман эътирози худро кардам. Гуфтам, ки бо дастаҳо ва тӯдаҳои ҷоҳил ва одамкуш набояд музокира шавад ва вақту замону пул бояд дар музокира бо одамкушҳо масраф нашавад. Балки бояд таваҷҷуҳ ба мошини ҷангии Толибон шавад. Зеро вақте мошини ҷангии Толибон аз кор биуфтад, табиист, ки 5, 10 ва 20  ҳазор Толиб дигар коре карда наметавонанд. Ҳамон замон ҳам мавзеъи ман ҳамин буд ва вақте ки пайиҳам бародарони моро шаҳид карданд, боз ҳам ба Устоди шаҳид гуфтам, ки Устоди бузургвор, инҳо душмананд, инҳо тараҳҳум надоранд, инҳо сулҳро намедонанд. Аммо Устод, ки ба он бузургворӣ ва илме, ки дошт, 50 соли умри худро дар мубориза пушти сар карда буд, наҳзатро бунёд гузошта буд, дар ҷиҳод хидмат карда буд ва раҳбари ҷиҳод буд, дар муқовимат хидмат карда буд ва раҳбари муқовимат буд ва дар бозсозии Афғонистон ҳам хидмат карда буд. Ҳадафаш ин буд, ки мехост дар охири умри худ ба сулҳ хидмат кунад ва унвони марди сулҳ лақаб бигирад. Билохира, шаҳиди сулҳ ҳам шуд.

Бале, вақте Устодро шаҳид карданд, мо чунин мусоҳибаро додем, хотираатон қавӣ аст. Дар ҳамон ҳарфе, ки ман гуфтам ва шумо шунидед, дар ҳамон ҳарфи худ ман матин ва устувор ҳастам. Мо дар ҳар ҷое, ки ин чӯҷаҳои шайтонро ёфтем, тавонистем, ки аз саҳнаи зиндагӣ берунашон кунем. Ё аз он ҷуғрофиё берунашон бикашем. Мо интиқомро гирифтем ва то ки зинда ҳастем, ин интиқомро идома медиҳем, то дигар ин чӯҷаҳои шайтон истода натавонанд.

Баъди Устод чаро, касе Устод нашуд?

- Баъди даргузашти Устод Раббонӣ масъали дигаре, ки матраҳ аст, ин буҳрони раҳбарӣ дар Ҷамъияти исломӣ аст. То кунун Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар воқеъ бузургтарин ташкилоти сиёсии Афғонистон ва шояд ҳамаи минтақа аст, натавонистааст, ки ҷойгузини Устод Раббонӣ, яъне раиси ин ҳизбро интихоб кунад. Шумо, ки  яке аз раҳбарони эҳтимолӣ барои ин симат унвон мешавед, далели онро дар чӣ мегӯед?

Musohiba5- Бале, дуруст аст. Ҳар системае, ки садама мебинад, ҳар созмоне ва ҷабҳаи бузурге, ки сараш садама мебинад ва раҳбараш аз миён меравад, бетаъсир намемонад. Устод Раббонӣ аз назари ҷисмӣ кӯчак буданд, аммо аз назари маънавӣ, илмӣ, мудирият, раҳбарӣ ва дониш як шахсияти ҷаҳонӣ буд. Тасаввур кунед, ки чунин як бузургмарде ба якборагӣ аз ин Ҷамъият гирифта шуд, табъан ин бетаъсир намебошад. Агар қаҳрамони миллӣ (Аҳмадшоҳи Масъуд) мебуд, ҷои шак вуҷуд надорад, ки ба таври автоматик ҷои Устодро мегирифт. Агар аз назари илму дониш ба сатҳи Устоди шаҳид намебуд, аммо аз назари раҳбарӣ ва таъсиргузорӣ метавонист, биломунозиа ба ҳайси раҳбар тайин мешуд ва дигарон ба таври систематик аз ӯ итоъат мекарданд. Аммо ӯ ҳам қаблан шаҳид шуда буд. Ҳоло чанд нафаре, ки аз ҷамъият мо боқӣ мондем, бисёр зиёд фарқ миёни мо нест. Яъне касе аз мо бартарии зиёде надорем, ки Устод, ки шаҳид шуданд ва мисли Омир соҳиб барин ба таври автоматик мо ҷонишинаш бошем. Ҳоло дар як марҳилаи бисёр ҳассос қарор гирифтаем ва зарурати ин вуҷуд дорад, ки калонҳои Ҷамъият як ҷо бинишинанд ва як нафарро калон бигӯянд. Ин имкон дорад, ки Ҷамъиятро наҷот диҳем. Дар ғайри он Ҷамъият тарафи пошидагӣ меравад.

Атомуҳаммад ва Салоҳиддинхон, кадоме ҷойгузини Устод Раббонӣ?

Musohiba6- Шумо омода ҳастед, ки ин масъулиятро бар дӯш бигиред, яъне ҷойгузинии Устод Раббониро?

- Гарчи аз назари пойгоҳи иҷтимоӣ, аз назари ҳимояти қумандонҳо ва мутанафизин, бештарин ҳимоятро дорем (албата намехоҳам худамро тавсиф кунам) ва ҳамаи инҳо мегӯянд, ки худат дар муборизаҳо будӣ, собитқадам будӣ, ин вазифаро бояд ба дӯш бигирӣ. Аммо ба хотири он ки Ҷамъият аз ҳам напошад, мо қасд дорем, ки оромтар пеш биравем ва амиқтар фикр бикунем ва бо хираду тадбир гом бардорем. Ҷамъият дар дуртарин вилоёти Афғонистон реша ва нуфуз дорад. Дар умқи ҷомеъаи Афғонистон реша дорад. Ҷамъият мисли он ҳизбҳое нест, ки даҳ понздаҳ то аз онҳо ҷамъ мешавад, Эътилоф ҷур мекунад, касе хабар намешавад, вақте ҳам ки ин Эътилоф аз ҳам мепошад, касе хабар намешавад. Ҷамъият як сармояи бузург аст, муташаккил аз тӯдаҳо ва шахсиятҳои бузург. Ва ҳар мӯҳрае, ки аз ин Ҷамъият халос шавад, онро дучори пошхурдагӣ мекунад. Ба ин хотир мо талош мекунем, ором пеш биравем. Дар ҳамин шабу рӯз, доктор соҳиб Абдуллоҳ, аз ман ҳимоят мекунад, Қонунӣ соҳиб аз ман ҳимоят мекунад, Аҳмадзиё Масъуд аз ман ҳимоят мекунад, вақтҳои охир Маршал соҳиб (Фаҳим) ҳам ҳимоят мекунад, ки ман бояд масъулияти ҳизбро бигирам. Аммо чизе, ки боқӣ монда ва барои мо муҳим аст, тафоҳум миёни мо ва Салоҳиддинхон, фарзанди аршади Устоди шаҳид аст. Мо ин гуфтугӯҳоро миёни худ дорем. Дар ҳамин рӯзҳои наздик, Шумо шоҳиди як тавофуқ ва тафоҳум миёни мо ва Салоҳиддини Раббонӣ хоҳед буд, ки кадоми мо, чӣ вазифаро мегирем. Мо бо тафоҳум вазифа ва масъулиятҳоро тақсим хоҳем кард, миёни раис ва ҳайати нави раҳбарии Ҷамъият. Ҷамъият иншоаллоҳ соҳиби як раиси нав ва ҳамчунин як раиси Шӯрои иҷроия хоҳад шуд. Ва Ҷамъият бо як равиши навин, аммо бо риояти асли демократик ва исломӣ ҳаракатҳои нави худро шуруъ хоҳад кард.

- Аммо феълан оқои Аҳмадзиё дар як Эътилоф бо номи Ҷабҳаи миллӣ бо оқои Дустум ва Муҳаққиқ ҳузур доранд, оё ӯ дар ин Эътилоф ба намояндагӣ аз Ҷамъият ҳузур надорад?

- На хайр, не. Оқои Аҳмадзиё наметавонад, ба ҷои раҳбарии Ҷамъият худашон ба танҳоӣ тасмим бигиранд. Ба ин далел, ба ҳайси шахси худашон дар ин эътилоф ҳастанд, на ба намояндагӣ аз ҷамъият.

"Мо омодагии қавии иштирок дар як бозии бузургро дорем"

Ustod1- Шумо ҳоло яке аз шахсиятҳои муҳимми Афғонистон ҳастед. Тавре гуфтед, тақрибан масъалаи раҳбарии Шумо ҳам дар Ҷамъият яксара шудааст. Аммо то як соли дигар корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ оғоз мешавад. Оё омодаи номзад ё тавре мегӯед, кондид шудан ҳастед?

- Аз назари нуфуз дар ин шакке нест, ки мо тавонмандии хубе дорем, алҳамдулиллоҳ дар ин шакке нест. Аммо барои мо муҳим ин аст, то тасмиме бигирем, ки манфиъаташ бештар буда бошад. Оё роҳкушои мушкилоти мо ҳамин шуда метавонад, ки ман худро номзад бикунам ё на, ин суоли аслӣ аст. Мо чанд вариантро кор мекунем. Яке ин ки ҳисоб мекунем, ки номзад шудани мо муассир ҳаст ё не? Дуввум, ин масъаларо баррасӣ мекунем, ки бо номзади дигаре, ки мавриди пазириши ҳамаи мардуми Афғонистон буда бошад ва мо бо қувва муовинати аввали ӯро бигирем. Яъне Ҷамъият муовинатро бигирад. Албатта бо салоҳиятҳои мушаххас ва бо имтиёзоти мушаххас. Сари ҳамин масъалаҳо кор мекунем, ки чӣ ба хайри Ҷамъият аст ва чӣ ба хайри мардуми Афғонистон аст.

Дар як ҷумлаи мухтасар агар бигӯям, яъне мо омодагии қавии иштирок дар бозиҳои калони интихоботи раёсати ҷумҳуриро дорем. Ва бе иштироки мо ва гуруҳи мо ҳич касе дар интихобот баранда намешавад. Ва аз ҳар ҷиноҳе, ки ҳимоят бикунем, ҳамон ҷиноҳ дар интихобот баранда мешавад.

Иштибоҳи сиёсии доктор Абдуллоҳ ва эътирофи интихобот

- Дар интихоботи гузашта ҳам ба муҷарраде, ки Шумо интихоботро эътироф кардед, ҷанҷоли интихобот хатм шуд ва оқои Карзай раиси ҷумҳур эълон шуд. Аммо пеш сафири Амрико дар Кобул меҳмони Шумо шуд ва ба думболи он ҳам Ричард Ҳолбрук фиристодаи Амрико дар умури Покистон ва Афғонистон, ва Шумо ба думболи мулоқот бо онҳо натоиҷи интихоботро пазируфтед. Дар ҳоле, ки Карзай пирӯз нашуда буд. Ин ҷо чӣ муомила буд, чӣ гирифтед; пул, имтиёз, вазифа, чӣ?

- Ташаккур. Он замон манофеъи миллии кишвар матраҳ буд. Агар ман ин корро намекардам, бидуни шак Афғонистон дучори буҳрон мешуд. Ҳазрати Усмон сиёсатро як тавзеҳ дода, ки мисли як тори нозук аст, ки агар як касе сари онро мекашад, ту бояд тоб бидиҳӣ, зеро агар ҳар ду тарафи худ бикашад, ин тор гусаста мешавад. Ба ҳамин хотир зарурат буд, Афғонистоне, ки тоза интихоботи озодро таҷриба мекард ва тоза сари пои худ рост меистод, онро наҷот диҳем. Як масъала ин буд. Дувум ҳам, доктор соҳиб Абдуллоҳ бо вуҷуде, ки аз пуштибонии густарда бархурдор буд, бидуни машвара эълон кард, ки дар даври дуввум иштирок намекунад. Ин ҷо ҳам дигар зарурат набуд, ки ман дар мавқеъ истод шавам ва интихоботро эътироф накунам. Мо, бидуни шак дар даври дуввум бо дасти пур мерафтем, барои он ки сандуқҳои тарафи дигар аз тақаллуб пур шуда буданд. Яъне мо баранда мешудем, аммо доктор соҳиб ин корро бидуни машвара бо мо карданд. Ин иштибоҳи сиёсӣ буд. Намояндаи хоси Амрико омад ва мустақим дар дафтари ман суҳбат доштанд. Ва мушаххас аз ман тақозо кард, ки раиси ҷумҳур шудани оқои Карзайро бипазирам. Ва ба ҳамин забон гуфт, ки ман эътироф мекунам, ки тақаллуби густарда шуда, адолат риоят нашудааст, аммо хоҳиши мо ин аст, ки баранда шудани Карзайро бипазиред. Гарчи ман барояш сад дар сад итминон надодам, аммо як миқдор ваъда супурдам. Баъди он сафири Амрико омад, ӯ низ хоҳишаш ҳамин буд. Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо омад, айни хоҳишро кард. Намояндагони кишварҳои дигар ҳам ҳамин гуна. Ва мо дидем, ки маслиҳат ва манфиати миллии мо дар ҳамин аст, инро пазируфтем, ки ба хайри кишвар буда бошад. Вале агар намепазируфтем, вуқӯъи як ҷанг ногузир буд.

- Бубахшед, аммо то кай мехоҳед танҳо гузашт бикунед ва қурбонӣ бидиҳед?

- Хуб…, ҳамеша гузашт ҳам набудааст. Билохира, мо ба ҳаққи худамон мерасем, иншоаллоҳ.

Замони султаи силоҳ гузашт, замони Дустум ҳам поён ёфт

- Дар соли 2001 нируҳои Шумо Балх ва ҳамин тавр, Мазори шарифро, ки қаблан пойгоҳи Дустум дониста мешуд, аз тасарруфи Толибон озод намуданд ва Шумо фармонравои минтақа шудед. Дустум талош кард, ки нуфузи худро дар ин ҷо ҳифз кунад ва чанд бор бо Шумо даргир шуд. Шумо дар воқеъ як тасаввури ғалатеро, ки бо ҳукумати Дустум дар Мазори шариф шакл гирифта буд ва он ин буд, ки Мазори шариф ва Балх як сарзамин ва шаҳри узбакнишин бошад, шикастед. Ҳоло муносибати Шумо бо Дустум чӣ гуна аст?

- Ман ҳич гуна робитаи корӣ, робитаи сиёсӣ, робита дар арсаи тасмимгириҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, робита дар тасмимгириҳои интихоботӣ бо оқои Дустум надорам. Ҷузъ ин ки, агар кадом ҷое бо ӯ рӯ ба рӯ шавем, "салом алейкум, салом алейкум", вассалом.

- Ҷумбиши миллии Дустум дар Бахл чӣ нуфуз дорад?

- Ҷумбиши миллӣ дар гузаштаҳо бо мили силоҳ ва зӯри танк ҳукумат мекард, он замонҳо дигар гузашта, он қудрати Ҷумбиш ҳам дигар вуҷуд надорад, ҳоло бояд бо дониш ва хирад ва ақл ҳукумат кард. Ҳоло бубинед, дар ҳар ҷое аз шимол, ки Дустум қаблан бо зӯри силоҳ ҳукумат мекард, дар интихоботи озод мо пирӯз шудем. Ҳоло дар Балх, Самангон, Бағлон, Сарипул, ҳамчунин дар соир вилоёти дигар мисли Қундуз, Тахор, Бадахшон, Ғур, Кописо, Парвон, Ҳирот ва дигар манотиқ намояндагони мо баранда шуданд ва раисони Шӯроҳои ин вилоятҳо аз аъзои мост. Ҷумбиши Дустум ҳам намоянда дар шӯроҳо дорад, аммо дигар тасмимгиранда нест. Он саҳифае, ки бо зӯри силоҳ ҳукумат мекард, он саҳифа дигар такрор намешавад.

Толиб моли таърих шуд, таърих ба ақиб барнамегардад

- Ба ҳар ҳол дар як масъала ман қаноъат пайдо накардам. Ба сари Толибон бар бигардем, ки оё ба ҳар ҳол, мушаххастар агар суҳбат кунем, баъди хуруҷи хориҷиҳо имкони дубора ба қудрат расиданашон вуҷуд дорад? Оё Толибон имкон дорад, ки дубора то марзҳои Тоҷикистон пеш биоянд?

- Дар ҳич сурат ин кор дигар намешавад, иншоаллоҳ. Ба сурати гуруҳҳои кӯчак шояд дар шимол пайдо шаванд, аммо дар ин сарзаминҳои шимоли Афғонистон, ки тоҷикон бештар зиндагӣ доранд, пойгоҳ нахоҳанд дошт ва коре аз дасташон сохта нест. Ин тавонмандиро дигар онҳо надоранд. Толиб дигар моли таърих аст, ин кор дигар намешавад, зеро таърих ба ақиб бар намегардад.

Сиёсат мушкилтар аз ҷанг аст

- Нуҳ сол бо Шӯравӣ ҷангидед, панҷ сол бо Толибон ва акнун 11 сол боз дар бистари сиёсӣ фаъол ҳастед ва волии пешрафтатарин вилояти минтақа ва фахри таърихи Балх мебошед. Ҷангидан осон буд, ё волӣ будан?

- Ростӣ, ҳардуяш ҳам дар буъдҳои мухталиф ҳам заъф ва қуввати худро дорад, аммо сиёсат мушкилтар аз ҷанг аст.

Нишасти Бонн  ҳаракати маданӣ буд: он синаи фаррохи тоҷиконро ба намоиш гузошт

- Устод Ато, ахиран тоҷикон 15 солагии Истиқрори сулҳро дар кишвар таҷлил карданд, ки Шумо дар ин ҷо шоҳид будед. Аммо бархе аз шахсиятҳои мухолифини пешин ва бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ин сулҳ баъди 15 сол ба таслим табдил шуда. Суоли мо ин аст, ки оё Конфронси Бонн ҳам барои Шумо як маҷлиси таслим набуд?

- Нишасти Бонн?

- Бале

- На хайр. Он вақте шуда буд, ки дигар Алқоида ва Толиб шикаст хурда буд ва тараф вуҷуд надошт, мо онҳоро шикаст дода будем. Ман фикр мекунам, ки нишасти Бонн як ҳаракати маданӣ буд.

- Аммо ба думболи он Шумо, гуруҳи шумо, Устод Раббонӣ қудрати сиёсиро таслим кард.

- Бале, аммо бахшҳои муҳимми ин ҳукумат дар дасти мо буд. Муовинати аввали раиси давлат, вазорати; амният, дохила, хориҷа ва мисли инҳо. Аммо Афғонистон дар ҳолати гузариш буд ва маҷбур будем, ки чунин як аз худгузаштагиро ҳам мепазируфтем. Устод ҳам аз қудрат канор гирифтанд ва ин ҳам як синаи фаррохи тоҷиконро нишон дод. Ҳич касе, ки қудратро ба даст гирифтааст, онро то кушта нашуда буд, ё то кудато нашуда буд, таслим намекард. Аввалин шахсе, ки раиси ҷумҳур буд ва то шикасти Толибон муқовимат кард ва дар як фазои боз ва самимона қудратро худаш интиқол дод, Устод Раббонӣ буд. Ин иззати тоҷикон аст, дар таърих сабт мешавад, ки фарҳанги баланд доранд ва боз ҳам ин фахри дигаре буд, ки Устод Раббонӣ офарид.       

- Ташаккур аз сӯҳбати самимонаи Шумо, муваффақ ва пирӯз бошед, албатта дар интихобот, ва дигар қудратро таслим накунед.

- Худо нигаҳдори Шумо!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97