Амирқул Азимов: Фронти халқиро ман таъсис додам

Мусоҳиба 02.07.2012 10:29

Ҷанги қумандонҳои оппозитсиюн бо Мулло Абдулло

zimov_01- Хуб, суҳбати мо роҷеъ ба Мулло Абдулло буд, ки оё воқеан ӯ сулҳро намехост?

- Хулоса, ӯ дар соли 2003 дар Чорсада пост ташкил карда, даст ба ғорати  мардум зад ва ба касе итоат накард. Аз ин рӯ ба сарвари давлат дар ин бора гузориш додам ва изҳор намудам, ки дигар бо ӯ имкони гуфтугӯ нест. Пас аз ин ба хотири пешгирӣ кардани ғоратгарию бедодиҳои Мулло Абдулло ва ҷангиёнаш дар мавзеъҳои Чорсадаю Ҳакимӣ бо амри роҳбари давлат тасмим гирифта шуд, ки барои аз байн бурдани постгоҳи мазкур иқдоми қотеъ шавад.

Ҷиҳати амалӣ сохтани ин тасмим аз нируҳои ҳукуматӣ ва қувваҳои мухолифин, ки ба сохторҳои низомии ҳукумат шомил шуда буданд, истифода шуданд. Дар амалиёти зидди Мулло Абдулло ва дастаи ӯ Муҳаммадшоҳ Искандаров, Мирзохӯҷа Низомов, Маҳмадрӯзи Искандаров ва отряд (гуруҳ)-и таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти фармондеҳии вазири корҳои дохилӣ Ҳумдин Ҳасанович Шарифов ва муовини аввали ӯ Сангинов Ҳабиб ширкати фаъол варзиданд. Мо дар ибтидо мехостем, ки Мулло Абдулло бо ҷангиёнаш роҳро озод бикунад ва даст аз ғоратгарӣ бикашад, аммо ӯ ва қувваҳояш ба пешниҳод розӣ нашуд ва ба муқобили нируҳои ҳукуматӣ ба задухӯрд пардохт. Аз ин рӯ қувваҳои ҳукуматӣ  маҷбур шуданд, ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаранд. Дар натиҷа Мулло Абдулло ва ҷангиёнаш талафоти калон дода, баъд аз кушта шудани теъдоди зиёде аз размандагонашон бо чанд тане аз ҷанговарони зиндамондаи худ по ба фирор гузоштанд. Пас аз муддате, рӯзи оғози амалиёти мазкур иттилоъ пайдо кардем, ки Мулло Абдулло изҳор доштааст, ки агар ҳукумат гуноҳҳои ӯро бубахшад ва амнияташро замонат диҳад, дар он сурат бо қувваҳои мавҷудааш таслими ҳукумат мешавад. Баъд аз ин изҳороти Мулло Абдулло сарвари давлат ба Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиа ва муовини аввалаш Ғайратшоҳ Адҳамов ва ман супориш дод, ки ба хотири сулҳу салоҳ ва оромии ҷомеъа, дар ҳолати дуруст будани изҳороти Мулло Абдулло бори дигар гуноҳи ӯро бубахшанд, ва барои таъмини амнияти ӯ ва ҷангиёнаш замонат дода шавад. Ҳангоми мулоқот дар яке аз мавзеҳои деҳаи Рашт, чун ман ӯро хуб мешинохтам ва борҳо дар мулоқотҳоям бо ӯ дар бораи таъмини сулҳу субот сӯҳбат доштам, ба ӯ гуфтам, ки Мулло ҳамин ҳам аҳвол шуд, охир то ба кай зидди мардум рафторҳои ношоямро раво мебинӣ ва даст ба ғорату куштор мезанӣ? Ӯ дар ҷавоб, даст баланд карду гуфт, ки ман акнун таслим мешавам, дигар даст ба силоҳ намебарам ва ягона орзуям ин аст, ки дар зодгоҳам осуда умр ба сар бубарам, бинобар ин аз ҳукумат хоҳиш дорам, ки гуноҳҳои маро бахшад ва амниятамро таъмин кунад. Бо назардошти хоҳиши Мулло Абдулло мо аҳдномае таҳия намудем, ки ба он Мулло Абдулло ва Шералӣ Хайруллоеву ман имзо кардем. Сипас Мулло Абдулло ва 28 нафар ҷангиёнаш силоҳҳояшонро таслими мо намуданд ва бо хоҳиши Мулло Абдулло аз миёни ҷангиёнаш чор нафарро муҳофизи ӯ таъин кардем ва онҳоро ба ҳайси кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат сабти ном намудем. Зимнан, сарвари давлат ҳам ӯро афв кард. Вале сарфи назар аз иҷрои ҳамаи хоҳишҳои ӯ, баъд аз даҳ рӯз ба мо хабар расид, ки Мулло Абдулло аҳдшиканӣ намуда, қаламрави Тоҷикистонро тарк кардаву ба Афғонистон гурехтааст.

Боварӣ ба Мулло Абдулло

- Магар ӯ зери назорат қарор надошт?

- Чунон ки зикраш рафт, Мулло Абдулло уҳдадор шуда буд, ки дигар даст ба ҷиноят намезанад ва ягона орзуяш ин аст, ки дар зодгоҳаш умр ба сар барад ва баъд аз вафот дар он ҷо хок шавад. Мо ба ин гуфтаҳои ӯ бовар кардем. Дигар ин ки дар он рӯзгор Ҳукумат он қадар нируе надошт, ки ҳамаро таҳти назорат бигирад.

Мулло Абдуллоро бо супориши Нурӣ аз Тоҷикистон берун карданд

- Шояд аз беназоратии мақомот кадом як қуввае ӯро таҳриқ дод? Ва ё беадолатие нисбати ӯ сар зад, ки даст ба чунин коре бизанад?

- Ӯ бо бисёре аз қувваҳои берунӣ робита дошт. Замоне бар зидди ақидаҳои сулҳхоҳонаи домулло Нурӣ ҳам бархоста буд. Вақте ки Комиссияи оштии миллӣ дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ карду иқдомот барои сулҳ густурдатар гардид, нафаре бо номи Мулло Амриддин дар назди Мулло Абдулло пайдо шуд. Ӯ сулҳи тоҷиконро напазируфт ва дар масҷидҳо тарғиб мебурд ва тамоми роҳбарони оппозитсияро мунофиқ ва хиёнаткор меномид ва иддао мекард, ки онҳо гӯё тамоми манфиатҳои мухолифинро фурӯхтаанд ва сулҳи онҳо арзише надорад ва қобили қабул нест. Ман дар бораи рафторҳои ношоистаи Мулло Амриддин бо Давлати Усмон гуфтугӯ кардам ва дар натиҷа ба амри домулло Нурӣ ӯро аз қаламрави Тоҷикистон берун карданд ва маълум буд, ки вай бо супориши кадоме аз хадамоти давлатҳои хориҷӣ барои амалӣ намудани сулҳу субот ва оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамуд. Ҳоло мо дақиқан медонем, ки Мулло Амриддин роҳбари кули нируҳои зидди давлати Тоҷикистон дар Афғонистон аст ва яке аз шахсони бонуфуз дар назди роҳбарияти ҳаракатҳои Алқоида ва Толибон ба шумор меравад. Аз ҷониби ман шаҳодат медиҳам, ки дар нисбати Мулло Абдулло аз ҷониби сохторҳои Ҳукуматӣ ягон беадолатӣ сурат нагирифтааст. Зеро аз рӯзи ба имзо расидани Протоколи оташбаси Ғарм то ҳангоми аз қаламрави ҷумҳурӣ берун кардани ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ ман дар ин минтақа мутасаддии назорати иҷрои санадҳои сулҳу субот будам.

Намангонӣ қирғизҳоро гаравгон гирифт

IMG_6772- Шумо, чун аз Ҷумъаи Намангонӣ ёдовар шудед ва пӯшида ҳам нест, ки ӯ яке аз чеҳраҳои маъруф дар ҷанги Тоҷикистон буд. Оё бо ӯ ҳам мулоқот доштед? Дигар ин, ки бо кадом сабаб ӯро ба Афғонистон бозпас гардонидед, зеро ин то кунун барои аксари мардуми тоҷик норавшан аст? 

- Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумъаи Намангонӣ яке аз муовинони Мирзо Зиё буд. Ӯ узбактабор буда, дар зери итоаташ гурӯҳҳои мусаллаҳи узбак буданд. Ҳадафи асосии ӯ барпо кардани Ҳукумати исломӣ дар қаламрави Фарғона буд. Бояд мутазаккир шуд, ки гурӯҳи Намангонӣ аз ҷиҳати омодагии ҷангӣ бисёр  ҳам қавӣ буд. Ба ҳама маълум аст, ки яке аз нуқтаҳои асосии дар Созишномаи сулҳ ворид шуда, идғоми қувваҳои асосии мухолифин тоҷик бо ҳайати сохторҳои низомии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Барои амалӣ шудани он бояд онҳо аз ташхиси тиббӣ ва дигар шартҳои ба қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил шудан мегузаштанд. Шахсоне, ки ба ин шартҳо мутобиқ набуданд, бо ҳаёти мулкӣ мерафтанд. 7-уми июли соли 1999 байни сарвари ҷумҳурӣ ва роҳбари Комиссияи оштии миллӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ протоколе ба имзо расид, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин буданд, бояд то рӯзи 20-уми августи соли фавқузикр силоҳашонро ба Ҳукумат месупориданд, ё ин, ки қаламрави Тоҷикистонро тарк мегуфтанд. Дар сурати иҷро накардани он ҳар ду тараф ин гурӯҳҳоро маҷбуран халъи силоҳ менамуданд. Мазмуни ин Протокол ба ҳама расонида шуда буд, аз он ҷумла ба гурӯҳҳои Ҷумъаи Намангонӣ. 10 август ман иттилоъ пайдо кардам, ки Ҷумъаи Намангонӣ бо хидматчиёнаш гӯё ба ҷониби Афғонистон равона шудаанд. Аз ин рӯ ман хушҳол шудам, ки бидуни амалиёти ҷангӣ гурӯҳи Намангонӣ Тоҷикистонро тарк кард. Лекин пас аз чанд рӯз хабар ёфтам, ки Намангонӣ бо размандагонаш  аз тариқи Миёнаду ба Ҷиргатол ва аз он ҷо озими Қирғизистон шудааст ва сохторҳои қудратии  Қирғизистонро  дар ин бора огоҳ кардам. Аммо  тарафи Қирғизистон дар зарфи як моҳ чорае наандешид, ва ин вазъ то лаҳзае идома ёфт, ки онҳо ҳангоми убурашон аз як пост бо маъмурони милитсияи Қирғизистон бархурданд ва дар натиҷаи задухӯрд милисаҳоро тирборон карданд. Баъд аз ин ҳодиса як бригадаи махсуси муштараки ВКД ва Вазорати мудофиаи Қирғизистон ба онҳо ҳамла оварданд ва дар натиҷа ҳайати бригадаи махсус бо тамоми роҳбаронаш асир афтоданд. Давлати Қирғизистон асиронро харид, ки дар натиҷаи он вазъи молии гурӯҳи Намангонӣ беҳтар шуд. Баъдан онҳо амалиёти дуюмро роҳандозӣ намуданд, ки падару модарони аскарони багарав афтода бо пардохти пул фарзандонашонро аз гурӯҳӣ Ҷумъаи Намангонӣ озод намуданд. Аммо генерал ва ду полковники Хадамоти бехатарии давлати (СНБ)-и Қирғизистон роҳбаладу сайёҳони японӣ дар гарави онҳо монданд ва ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд.

Бинобар ин бо супориши сарвари давлат боз як гурӯҳро барои озод намудани гаравгонон ва берун кардани Ҷумъаи Намангонӣ ва размандагонаш аз хоки Тоҷикистон равона намудаанд. Дар ин гурӯҳ боз ҳам ман роҳбар будам ва дар гуфтугӯ бо Ҷумъаи Намангонӣ қумандонҳои мо; Мирзо Зиё, Шоҳ ва чанд тани дигар ширкат варзиданд. Япониҳо ва афсарони қирғизро мо тавонистем бо роҳи мусолиматомез озод бикунем ва онҳоро ба ҷониби Қирғизистон супурдем, ки аз тарафи мо озод кардани онҳоро қирғизҳо пинҳон карданд. Сипас амалиёт барои хориҷ кардани Ҷумъаи Намангонӣ ва ҷангиёнаш аз қаламрави Ҷумҳурии мо шурӯъ шуд. Мо ибтидо онҳоро аз Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Нуробод ва Тавилдара овардем, ки тақрибан ду ҳазор нафар буданд. Дар миёни гурӯҳи Намангонӣ гурезаҳои Узбакистон низ буданд. Ман пеш аз он ки онҳо бо Ҷумъа пайванданд, бо онҳо сӯҳбат намудам ва баъд аз гуфтугӯҳо билохира тавонистем онҳоро аз хоки кишварамон хориҷ кунем.

Занҳои ниқобпӯшу тирандози Узбакистон

- Ин гурезаҳо фирориёни сиёсӣ буданд?

- Не. Онҳо фирориёни минтақаҳои Узбакистон буданд. Дар миёнашон занҳову ҷавонон буданд. Як задухӯрд ҳам миёнашон сурат гирифт, ки дар натиҷа 28 нафарашон кушта шуданд. Ин задухӯрд миёни қарақалпоқҳою узбакҳо дар гирифт. Ва мо ба ташвиш афтодем, чунки онҳо машқҳои низомиро шурӯъ намуданд, ҳатто занҳо бо ниқоб тирандозӣ ва дигар тамринҳои тактикӣ мекарданд. Аҳволи мардуми мо, ҳам он қадар хуб набуд, ба ҷуз ин онҳо бо қувваҳои хориҷӣ робита барқарор намуда буданд ва ҳатто Шӯрои гурезагонро таъсис доданд. Ҳамчунин мошинҳои сиёҳшиша ва маводи ғизоӣ аз Қирғизистон барояшон меомад, ки бисёр хавфи калон буд. Бинобар ин барои аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ кардани гурезаҳо роҳбарияти мо ба ҷониби Узбакистон муроҷиат намуд.

Фикри гузоштани Ҷумъабой дар муқобили Маҳмуд хатост

- Бубинед, Маҳмуд Худойбердиев дар Узбакистон аст ва ӯро ҳамчун як фишанги фишор дар муқобили Тоҷикистон истифода мекунанд. Бархе чунин мегӯянд, ки хуб мешуд, Ҷумъабойро дар Тоҷикистон нигаҳ медоштанд. Шумо чи назар доред?

- Ин фикри тамоман хатост. Агар тарафе бадӣ кунад, ба бадии ӯ ҷавоби бад додан хуб нест. Бояд бигӯям, ки амалиёти аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ кардани Ҷумъаи Намангонӣ 19 рӯз тӯл кашид. Мо бо Намангонӣ дар бораи аз хоки Тоҷикистон хориҷ шудани ӯ ва гурӯҳаш гуфтугӯ мекардем. Вай ваъдаи тарк гуфтани хоки Тоҷикистонро медод, лекин рӯзи дигар боз аз иҷрои ваъдааш сарпечӣ мекард. Сабаби ин саркашӣ таъсири манфии мушовирони арабу покистонии ӯ буданд. Баъд бо дахолати хоси домулло Нурӣ, ки ба Тавилдара рафта буданд, муттафиқан бо қумандонони ин минтақа Мирзо Зиё, Ғайратшоҳ Адҳамов, Ҳаким Қаландаров (танҳо Мулло Абдуллоҳ ва Шайх, ки аз Тоҷикобод буд,  зид буданд)  ӯро маҷбур сохтанд, ки Тоҷикистонро тарк гӯяд. Пас аз ин мо гурӯҳи Намангониро ба мошинҳо савор карда, то соҳили дарёи Панҷ бурда, дар давоми ду рӯз онҳоро ба Афғонистог гусел намудем.

Намангонӣ мехост дар муқобили Маҳмуд биистад, президент нахост

- Намангонӣ бо кадом шарт розӣ шуд, ки ба Афғонистон баргардад?

- Бе ягон шарт. Ҳама қумандонҳо гуфтаанд, ки мо дигар туро дар инҷо нигоҳ дошта наметавонем. Ман дар ин гуфтугӯҳо нақши камтар доштам. Нақши муҳим дар хусуси иҷрои масъалаи асосӣ домулло Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Мирзо Зиё, Ғайратшоҳ Адҳамов, Ҳаким Қаландаров  ва дигарон бозиданд. Дар охир пеш аз тарк кардани қаламрави Тоҷикистон Ҷумъаи Намангонӣ ба ман муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки дар як гӯшаи минтақаи Вахё ба ӯ ҷой диҳем ва ӯ ҳаргиз хилофи қонунҳои Тоҷикистон амал намекунад. Азбаски Маҳмуд Худойбердиев имрӯз бо ниятҳои бадаш нисбат ба Тоҷикистон дар Узбакистон маскун аст, бигзор ба ӯ Ҳукумати Тоҷикистон иҷозат диҳад, ки дар ин минтақа бимонад. Вақте ки ман роҷеъ ба ин масъала фикрамро ба роҳбари давлат изҳор намудам, ӯ маро сахт сарзаниш кард ва таъкид намуд, ки набояд ҳаргиз ин корро кард. Мо ҳаргиз набояд  муносибатамонро ба Узбакистони ҳамсоя тезу тунд ва тира кунем ва дар ин зимн қотеона талаб карданд, ки дар бораи аз Тоҷикистон берун кардани гурӯҳи Намангонӣ тамоми чораҳоро аз сар бигирем ва амал намоем. Пас аз ин дар давоми 2 шабонарӯз мо тамоми имконотро ба харҷ додем, то ки қувваҳои гурӯҳи Намангониро ба он тарафи рӯдхонаи Панҷ гуселонем.

Намангонӣ ҷиҳод мекард ва мехост ба Фарғона баргардад

- Бархе ба ин назаранд, ки Намангонӣ нафари хадамоти Узбакистон буд, аз назари шумо ин то куҷо воқеият дорад?

- Ман бо ӯ зиёда аз ду ҳафта гуфтугӯ доштам, аз ин ҳам пеш дар баъзе мавридҳо роҷеъ ба озод кардани асирони ҳарбӣ гуфтугӯ мекардем. Бо боварии тамом метавонам бигӯям, ки ӯ ба хадамоти ҷосусии Узбакистон робитае надошт ва мақсади ягонааш ҷиҳод кардану ба водии Фарғона баргаштан буд.

- Оё ӯ кадоме аз ҷиноятҳои бузурги ҷангиро муртакиб шуда буд?

- То ҷое, ки хабар дорам, ӯ ҷинояте ба монанди куштори шахси бе силоҳе ё оилаеро ба нияти ғоратгарӣ содир накарда буд. Лекин ҷанг ҷанг аст ва ӯ яке аз фармондеҳони  варзида ва пуртаҷрибаи Мирзо Зиё буд.

Кӣ мухолифи сулҳ буд?

- Ба назари шумо кадоме аз раҳбарон ва қумондонҳои мухолифин бештар ба ҷанг моил буданд? Аз тарафи ҳукумат чӣ?

- Албатта дар байни  қумандонҳои мухолифин шахсоне буданд, ки сулҳу салоҳро чашми дидан надоштанд. Инҳо Мансур Муаккалов, Раҳмон Сангинов, аз минтақаи Роҳатӣ, чанд тане аз Кофарниҳон, мулло Абдуллоҳ аз Нуробод, Иброҳим аз Рашт, аз Тоҷикобод, ки дар амалӣ  шудани сулҳу салоҳ дар бисёр ҳолатҳо монеъа мекарданд ва хатари сар задани задухурдҳои мусаллаҳро боис мешуданд. Ин гурӯҳҳо вазъияти ба вуҷудомадаро истифода намуда, мардумро ғорат мекарданд, гаравгон мегирифтанду ба қатл мерасониданд. Маълум буд, ки ин гуруҳҳо танҳо ғаразҳои хоси худро доранд ва ба ҳеч ақидаву тарафе моил нестанд.

- Қумандонҳои ақидавӣ ба назари Шумо киҳо буданд?

- Қумандонҳои ҳақиқӣ, ки рӯи ақидаи худ устувор буданд; Мулло Қосим (аз дараи Ромит), Мирзо Раҳим, (Нуробод), Мирзохӯҷа Низомов (Рашт), Маҳмадрӯзӣ Искандаров (Тоҷикобод), Маҳмадшоҳ Искандаров (Ҷиргатол), Мирзо Зиё, Ғайратшоҳ Адҳамов, Ҳаким Қаландаров (Тавилдара), Саламшоҳ Муҳаббатов, Холбаш ва боз чанд тане дар Бадахшон, ки дар амалӣ намудани Созишномаи сулҳ нақши муассир гузоштанд. Дар ин ҷо ман аз фаъолияти хуби Комиссияи оташбас, ки ба он Давлат Усмон сарварӣ мекарду дар ҳайати он Неъматулло Билолов, Султони Ҳамид, Маҳмадалӣ Ҳайитов, Муҳаммадалии Навид, Ҷалолиддин Маҳмудов, Муҳаммадюсуф Ҳакимов ва фармондеҳи баталёни 25 Ҳоҷӣ Ҳалим ёдовар мешавам. Зимнан, аз ҳар ду ҷониб афроде низ буданд, ки аз вазъияти мавҷуда истифода карда, даст ба ғорату куштори мардуми бегуноҳ мезаданд ва эътимоди тарафҳоро дар  амри амалӣ сохтани  сулҳу салоҳ дар ҷомеа коҳиш медоданд. Агар онҳоро пеши назар биёрем, мебинем, ки аксарияташон имрӯз дар миёни ҷомеа нестанд.

Ҳимматзодаву Тураҷонзода мехостанд худ саҳми бештаре дар сулҳ дошта бошанд

- Аз раҳбарони сиёсӣ чӣ, ки сулҳро намехост?

- Аз роҳбарони сиёсии мухолифин наметавонам бигӯям, ки кадоме аз эшон зидди истиқрори сулҳ буданд. Зеро ман бештар бо низомиён сару кор доштам. Аз роҳбарони баландпояи  мухолифини вақт танҳо чанд дафъа бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамсӯҳбат шудаам, перомуни ҳаллу фасли ин ё он масъала ва он кас ба зудӣ супориш дода, масъаларо ҳал мекарданд. Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ёдшуда дар чаҳорчӯби ваколатҳоям бо Ҳимматзодаю  Тураҷонзода  борҳо сӯҳбатҳо доштам ва эҳсос менамудам, ки эшон низ хоҳони сулҳанд. Танҳо ҳар кас мехост, ки дар он саҳми намоёнтар дошта бошад. Аммо чун роҳбари асосии мухолифини собиқ Саид Абдуллоҳи Нурӣ буданд ва он чи роҳбарияти Тоҷикистон  дар бораи сулҳ пешниҳод намуд, эшон дастгирӣ карданд ва ман натиҷа гирифтам, ки ин сулҳ натиҷаи заҳмати пайвастаи ҳар ду ҷониб буд ва бояд мутазаккир шуд, ки он чи мо Тоҷикистониён ба даст овардем, самари ҳамин сулҳу ваҳдат буд. Ба фикри шахсии ман, ҳамин ваҳдат аст, ки миёни Тоҷикистонро қавӣ мекунад ва агар ҳамин аз байн биравад, миёни Тоҷикистонро мешиканад.

- Пешниҳоди додани 30 фоизи ҳукумат ба оппозитсиюн дар он замон ҳукуматро қонеъ мекард ва ё дигар назарҳо ҳам буданд? Оё ба зудӣ барканор кардани намояндагони мухолифин аз вазифаҳо нақшаи пешакӣ буд ва ё ин баъдтар сурат гирифт?

- Дар ин маврид ақидаҳои гуногун буданд ва ин нуқтаи ниҳоие буд, ки ахиран ду ҷониб ба он расиданд. Дар мавриди барканории намояндагонии мухолифин ягон нақша набуд, инро ман хуб медонам.

Дар бораи барканор кардани онҳо танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки касе хост хидмат кунад, ҳанӯз ҳам дар вазифааш ҳаст. Масалан, шахсоне, ки ба сохторҳои Вазорати мудофиа шомил шуданд, то имрӯз вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд. Вале дар дигар сохторҳо бо баъзе сабабҳо онҳо аз вазифаяшон барканор шуданд. Ин аз кордонии роҳбарияти ҳар як сохтор вобаста аст. Барои чӣ мегӯям, ки нақша набуд, зеро роҳбарони уҳдабаро ҳастанд ва роҳбарони ноуҳдабаро. Роҳбарони ноуҳдабаро чун корашон омад накард ва масъаларо ҳал кардан натавонистанд, гунаҳкор меҷӯянд то камбуди худро бар гардани касе бор кунанд. Бояд мутазаккир шуд, ки агар таърихро назар кунед, ҳамин гуна вазъ дар ҷомеъа будааст. Ман баъзан фикр мекунам, ки як чизе ҳаст, ки мо онро кирми лойхӯрак меномем. Ҳамин кирм дар даруни лой мегардад ва агар онро дар ҷойи тоза гузорем, мемирад. Ҳастанд ҳамин гуна шахсиятҳо дар сохторҳои давлатӣ, ки монанди ҳамин кирм барояшон пешравӣ марг аст ва онҳо дар тӯҳмат задану сиёҳкунӣ устоданд. Онҳо дар сохторҳо ҳастанд ва мо инро медонем. Роҳбари давлат бо мурури замон ин лойхӯракҳоро мешиносаду даст ба кор мешавад. Лекин ман ошкор мегӯям , ки ягон нақшаи муайяни оҳиста-оҳиста аз саҳна баровардани онҳо нест ва набуд. Зеро ман гуфтам ва боз мегӯям, ки ваҳдати мо мустаҳкам дар якҷоягӣ аст. Агар мо ҷудо шавем… Баъзеҳо мегӯянд, ки ҷанги Тоҷикистонро аз берун тарҳрезӣ карданд, вале ман мегӯям, ки ин нодуруст аст. Ин ҳама аз беақлии худи мост. Вақте дар байнамон ҷудоӣ афтод, ҳастанд касоне, ки аз берун дахолат мекунанд ва ҳар кадоме бо пуштибонии кадом тарафе якдигарро мекушанд ва дар мо ҳамин тавр шуд. Ман садҳо далел метавонам биёрам, барои он касоне, ки мегӯянд, ҷанг аз берун шуд. Бале, буданд ва имрӯз низ ҳастанд қувваҳое, ки намехоҳанд Тоҷикистонро бо чашми  кушод бинанд. Агар каме ҷудоӣ афтад, аз ин дигарон хуб истифода мекунанд ва боз фарзанди тоҷик мемирад. Барои ҳамин ҳар кас бояд фикр кунад, ки нотинҷӣ бадбахтӣ барои хонадонаш меорад.

Лоиҳаи дигарон ва интихоби лоиҳаи ба андешаи ду тараф мувофиқ

- Яъне шумо мехоҳед бигӯед, ки ҳамон гунае, ки ҷанги тоҷикон аз дохил буд, сулҳ низ бе таъсири беруна ба даст омад, ё хайр?

- Буданд давлатҳое, ки дар ҳамин марҳала бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекарданд ва мехостанд сулҳ бо лоиҳаи онҳо амалӣ шавад, вале мо ду тараф лоиҳаеро интихоб кардем, ки бо якдигар мувофиқ омад. Бале, будандl давлатҳо ва бозиҳое сурат мегирифт, вале масъалаҳои асосиро мо худамон ҳал мекардем. Фишори ҷиддие аз берун набуд.

Ҷуброни иштибоҳ бо сулҳ

- Пас баъди ин ҳама хунрезиҳо ба хулосае расидед, ки роҳи ягонаи суботи Тоҷикистон сулҳ аст? 

- Бояд бигӯям, дар фаҳмиши масъала аз нигоҳи ҳамон шабу рӯз мо ҳам силоҳ гирифтему гурӯҳ ташкил кардем. Ба кӯҳ баромадем ва машқҳо карда, дар тамоми амалиёт иштирок намудем ва чандин бор маҷрӯҳ ҳам шудем. Аммо оқибат фаҳмидем, ки ин роҳи зист нест ва бояд сулҳ кард.

- Талафоти ҷониби ҳукумат дар давоми ҷанг чӣ қадар буд, оё оморе дар даст ҳаст?

- Не дар ин бора омори дақиқе нест, аммо талафот зиёд буд. Бахусус дар давраҳои аввал бисёр буд. Агар қувваҳои ҳукуматӣ фалаҷ намебуд, мо ба ин ҷанги дутарафа намерасидем. Аммо он қувваҳое, ки меҷангиданд, малакаи ҷангӣ надоштанд ва талафот аз ду тараф хело зиёд буд.

Мирзо Зиё қавӣ, аммо гаправ

- Дар бораи кушта шудани ду қумондони калидии мухолифин Мирзо Зиё ва Мулло Абдулло0 ҳар гуна овозаҳо бархостанд ва ҳатто наворҳое низ дар мавриди дастгир шудани Алии Бедакӣ дар сафхаи интернет пайдо шуда буд, ин то куҷо воқеият дорад? Баъзе мегӯянд, ки Мирзо Зиё бо тавтеъаи хадамоти Узбакистон аз саҳна дур андохта шуд, зеро ӯ танҳо шахсе буд, ки Маҳмуд Худойбердиев аз ӯ бим доштааст. 

- Ман дар амалиёти алайҳи Мирзо Зиё иштирок надоштам ва дар сафар будам. Як чизро бояд бигӯям, ки вақте мо пайвастем, бояд дигар ҷудо нашавем ва ҷудо шудан роҳи хатост. Мирзо Зиё дар як давраи муайян вазифаи худро ба таври мусбат иҷро кард. Як давра дар сохторҳои давлатӣ кор кард ва чанд муддате дар канор монд. Амммо ӯ тамоман аз саҳна нарафта буд ва ин як даврае буд. Вай боз ҷойи кор меёфт, аммо дар ин давра ба дасти дигарон афтид ва суҳбатҳое ҳам буданд, ки хадамотҳои махсус медонанд. Вай шахси қавӣ буд, аммо дар танҳоӣ гаправ буд. Барои ҳамин мехостем, ки дар Душанбе бошад. Дар сурати пайдо шудани ягон гумон якҷоя метавонистем ҳал кунем. Аммо нақша барои аз байн бурдани Мирзо набуд ва мо ҳама зинда ҳастем. Дар бораи кушта шуданаш низ аниқ наметавонам бигӯям, ки бо тири кӣ кушта шуд.  Зеро ман худам набудам ва тирпаронӣ аз ду тараф буд. Дар бораи Мулло Абдулло бояд бигӯям, ки барои мо зинда гирифтани ӯ беҳтар буд, то мо бидонем, ки онҳо аз куҷо дастгирӣ меёбанд. Ӯ аз масофаи дур зада шуд ва кушта гардид. Як навор дар бораи Алии Бедакӣ паҳн карда буданд. Амалиёти Алии Бедакӣ дар пеши чашми ман гузашт. Мо ӯро пайгирӣ кардем, вакте ки ба боми хона баромад, мо се ҳалқа карда, ӯро печонидем ва як нафарро фиристодем, ки Алиро бигӯянд, ки таслим шавад. Ҳамин тариқ 50 дақиқа гузашту ҷавобе нашуд. Баъди хӯрок барои онҳо дар чойҷушҳо об оварданд ва як нафаре, ки аз гуруҳи оппозитсиюни пешин буд, гуфт, ки онҳо таслим намешаванд, ҳоло онҳо таҳорат мекунанду ҷангро шурӯъ мекунанд. Ҳамин вақт фиристодаи мо омада гуфт, ки Алӣ мехоҳад, вале нафари дигар ҳаст, ки мегӯяд, мо ҷиҳод мекунем. Мо гуфтем, ки барояшон панҷ дақиқаи дигар вақт медиҳем, то атрофро тамошо кунанд, бинанд, ки ҳеч ҷойи холие барои берун рафтан ҳаст, ки бароянд. Ҳамин тариқ баъди он ҷанг шурӯъ шуду онҳо хостанд тавассути ҷарӣ роҳ кушоянд, аммо он тарафаш боз се ҳалқаи дигар буд ва аз ин тараф тир кушоданд ва хона дар гирифт. Чун Алиро гирифтанд, сахт захмӣ ва дар ҳолати пеш аз марг қарор дошт. Ӯ аз "под ствольный"   тир хурда буду ба зӯр гап мезад ва ман амр кардам, ки ӯро ба шифохона баранд. Баъд ӯро бурданду ҳамин тариқ дар роҳ навор гирифтаанд. Ҳоло онҳое, ки он наворро гирифтанд, дигар дар сохторҳо кор намекунанд. Бояд гуфт, ки дар байни онҳо гуруҳҳое низ буданд, ки аз Покистон омада буданд ва чаҳор нафари онҳоро махсус барои таркондан омода карда буданд. Онҳо дар гузаронидани амалиёт машқдида буданд ва як нафари онҳо ба бист сарбоз рост меомад. Инро мо дидем ва ягона роҳи онҳоро гирифтан ин "засада" буд…

Аз карда пушаймон нестед?

- Хуб, ҷаноби генерал, тавре шумо гуфтед ва бисёриҳо низ мегӯянд, дар сулҳи тоҷикон нақши ҷониби ҳукумат низ хело баланд аст ва яке аз масъулини гуфтушунидҳо барои расидан ба ин сулҳ худи шумо будед. Ва вақте мебинед, ки фазои кишварамон то ба ҳол суботи мустаҳкам надорад ва баъзе фишору хатарҳо онро аз хориҷу дохил таҳдид мекунанд ва дар кишвар фасоди густарда аст, ноадолатии иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ҳанӯз ҳам ҳукмфармост. Аксари мардуми мо дар як ҳолати фақр қарор доранд ва як гуруҳи дигар хело сарватманд шудаанд. Оё боз дар ҳамин ҳолат ҳам шумо аз кори кардаатон, изҳори қаноатмандӣ мекунед?

- Ин як сайъу кушиши ман набуд, балки кушиши бисёре аз шахсон буд, ки дар ин ё он вазифаи низомӣ ва давлатӣ қарор доштанд. Ҳама кушиш мекарданд. Пеш аз ҳама Сайдамир Зуҳурович. Бисёр чизҳои вазнине аз таърих ҳастанд, ки ногуфтаниянд. Хайруллоев Шералӣ ки солҳои дароз вазири дифоъ буданд ва дигар раҳбарон. Ҳама як орзу дошт, оромии кишвар. Пас аз сар шудани нооромиву бетартибӣ рӯз набуд, шумо медонед? Шабу рӯз хунрезиву ғорат кардану паронидани мардум. Барои ҳамин ҳама кушиданд ва ба ин рӯз расидем. Бубинед, куштори дастҷамъиву ғорати хонаҳои мардум дигар нест. Ҳама ҷо оромист ва гоҳо шабона аз ягон ҷо меояму мебинам, ки мардум дар боғҳо нишаставу фароғат доранд, эҳсос мекунам, ки гӯё ман ҷойи онҳо ҳастам. Бояд бигӯям, ки масъалаи асоситарин ин ваҳдати миллӣ аст ва асоси пойдории давлати мост.

Ман ба ҳама он чизҳое, ки ба сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеаи мо халал ворид месозад, зид ҳастам ва роҳбари давлат низ зид аст. Чораҳо андешида истодааст. Дар маҷмӯъ барои ин осоиштагӣ аз он корҳои кардаам, розӣ ҳастам. Вале ҳастанд омилҳое, ки ба нотинҷӣ мебаранд ва барои он вақт даркор аст. Якдигарфаҳмӣ, якҷоягӣ даркор аст. Барои аз байн бурдани коррупсия ҷанги умумихалқӣ мо эълон кардем. Корҳое ин рӯзҳо амалӣ мешаванд, магар даҳ ё панҷ сол пеш мешуд? Шахсони баланмартаба имрӯз боздошт мешаванд. Умед аст, боз назорат сахттар мешавад. Омилҳои маҳал низ ҳастанд, вале он бартарафшаванда аст ва барои он магар сулҳро шикаставу мубориза бурдан мешавад? Ҳаргиз не.

Фронти халқӣ 13 октябри 1992 дар Турсунзода ташкил шуд

- Дар ин ҷанг асосан ду нируи низомӣ бо ҳам меҷангиданд, яке нируҳои мухолифин ва дигаре ҷанговарони Фронти халқӣ. Дар ин бора хело ҳам гуфтаанду навиштанд, оё шумо низ метавонед рӯшание андозед, ки сабаби таъсиси ин Фронт аз чӣ борат буд ва дар куҷо таъсис ёфт? Зеро назарҳое низ ҳастанд, ки дар таъсиси он нақши кишварҳои хориҷӣ буданд.

- Ман ҳамаи он ҳодисаҳоро ба чашми худ дидам. Моҳи августи соли 1992 гаравгонгирӣ дар назди Шӯрои олӣ сар шуд ва нисбати гаравгонон рафторҳои ноҷо карданд. Ҳар зиддият зиддият ба вуҷуд меорад. Ду маротиба ба прокуратураи генералӣ ба ҷустуҷӯи ман омаданд.

- Шуморо чаро ҷустуҷӯ мекарданд?

- Зеро ман роҳбари як гуруҳи калони тафтишотии воқеаҳои февралӣ будам ва чун Набиев президент шуд, ҳамаи он нафароне, ки дар маҳбасҳои дигар кишварҳои пасошӯравӣ буданд, афв шуданд. Онҳо шояд дар пайи қасос буданд. Лекин мо қонунро иҷро мекардем ва ҳоло ҳам ин корро мекунем. Аз ҳеч чиз ҳавфу тарсе надорам. Одам як бор меояду як бор меравад. Ягона тарс ин ҳазар аз мурдани шармандавор аст. Ман баъди дувумбора мавриди кофтуков қарор гирифтанам, силоҳамро гирифта, бо ҳамроҳии як гуруҳ аз дӯстонам дар кӯҳҳои Зарафшон муддати як моҳ машқҳои ҳарбӣ кардем. Ин таърихро ҳеч кас намедонад.

- Чаро шумо ҳамроҳ бо қувваҳои ҳукуматӣ натавонистед бо ин муқовимат кунед ва ба кӯҳ рафтед?

- Азбаски нируҳои ҳукуматӣ фалаҷ шуда буданд ва муттаҳид набуданд. Ман ягона роҳи мубориза бо беқонуниро дар ҳамин дидам. Мо омадем ва дар яке аз дараҳои ноҳияи Турсунзода қарор гирифтем, Хидиралиев, ки баъдтар ҷонишини раиси Шӯрои олӣ шуд, раиси матбааи онҷоро назди ман овард ва ман аз онҳо хостам, ки матни муроҷиати моро бо забонҳои русӣ ва узбакӣ ба воситаи радиову газета пахш кунанд, ки мо кистем ва чӣ мехоҳем. Хидиралиев аз ман пурсид, ки аз номи кӣ мо муроҷиатномаро пахш кунем ва ман ҳамон ҷо гуфтам, ки аз номи Фронти халқии Тоҷикистон. Муроҷиатнома нашр шуду ин ном пайдо шуд. Аввалин аъзоҳоро ҳамон ҷо қабул кардем ва ҳамин тариқ 13 октябри соли 1992 Фронти халқӣ таъсис ёфт.

Кенҷаев дар рӯзи таъсиси Фронти халқӣ ширкат надошт

- Аз чеҳраҳои маъруф дар ин рӯз ҳамроҳи шумо кӣ буд?

-Дар он ҷо Хидиралиев, директори типография ва боз Муллоназар буд, ки имрӯз аташеи ҳарбии Тоҷикистон дар Қазоқистон аст, иштирок дошт, саводи хуби филологӣ дорад ва ӯ ҳамин матни муроҷиатномаро навишт. Аз ҳамин чо сар шуд.

- Сафаралӣ Кенҷаев чӣ, он ҷо ҳузур надошт, зеро таъсиси Фронти халқиро аксар бо номи ӯ рабт медиҳанд?

- Бо Кенҷаев ҳамкорӣ ва алоқа доштем, вале ӯ он ҷо иштирок надошт.

- Хуб, қиссаи ин достони дарозро ба вақти дигар вомегузорем ва ҳоло ки дар остони Рӯзи сулҳ қарор дорем, бигӯед, ки шумо кай ба ин иштибоҳ, яъне идома додани ҷанг пай бурдед ва ба ин хулоса расидед, ки силоҳро сӯе бигузоред ва дасти дӯстӣ ба чониби дигари даргир дароз кунед? 

- Вақте Тоҷикистонро афгору афсурда дидем, аз ҷангу низоъву беназмӣ хаста шудем. Рӯзро шаб дидем… Ва чун Узбакистон, ки дар замони шуравӣ дар сарнавишти кишвари мо нақши асосиро мебозид, бо пош хӯрдани ин кишвар боз мехост, ки Тоҷикистонро доим дар зери бағали худ дошта бошад, то аз он хуб истифода кунад. Ҳангоме, ки соли 1994 дар пешорӯи интихобот мо инро дарк кардем, ба натиҷае расидем, ки бо ҳар роҳе бошад, бояд сулҳ кард. Ба хотири сулҳ аз баҳри ҳама чиз гузаштем. Бахшидем. Ва барои сулҳ даст дароз кардем…

Шуморо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ин рӯзи бузург табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки доимо осмони кишвар беғубор бошаду сулҳу ваҳдат пойдор бошад.

- Мо низ ба Шумо, ба ҳамаи онҳое, ки воқеан аз самими қалб сулҳ кардаанд ва якдигарро бахшидаанд, Рӯзи сулҳро муборакбод мегӯем. Осмони соф, қалби пок ва инсофу адолатро таманно дорем.

                                                                             Мусоҳиб, Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97