Давлат Усмон: "Сулҳ аз мусолаҳа ба таслим табдил шуд"

Мусоҳиба 21.06.2012 19:10

"Мир без Рахмонов"-ро дастгирӣ накардаму баъди 15 сол кор намеёбам

Бастани сулҳ пас аз набард бо заставаи 12-и Русия ниҳоӣ шуд

usmon- Имрӯзҳо, ки мо дар остонаи 15 солагии Сулҳ қарор дорем, баъзеҳо даъво мекунанд, ки сулҳро "ман кардам ва мо нақши бештар дорем". Ба назари Шумо, кӣ нахустин шуда иқдоми сулҳ кард, кадом ҷонибе ё кадом нафаре?

- Бубинед, қазияи Тоҷикистон ҳанӯз аз замоне, ки ҳукумати Мусоллаҳаи миллӣ сари қудрат буд, ҳамон кӯшишҳоро барои сулҳу салоҳ ва пешгирии хунрезиҳо, дар он замон шурӯъ шуда буд.  Ҳайати ҳукумати Мусоллаҳаи миллӣ дар вохӯрӣ бо ҷабҳаи горди Миллии Кӯлоб, дар фурудгоҳи Қурғонтеппа, мулоқоти Сайид Абуллоҳи Нурӣ бо Сангак Сафар дар Туркманистон, созишномаи Хоруғ ҳамаи инҳо далолат мекунанд, ки ҳанӯз аз замони қабл аз амиқтар шудани даргириҳо, вазнин шудани буҳрон, овора шудани мардум ба беруни ҷумҳурӣ ва хусусан тарафи мухолифину оппозитсиюни собиқ шахсони огоҳ, фарҳангӣ буданд, шахсиятҳое буданд, ки масъалан барои онҳо ҳам миллат ва ҳам кишвар азиз буд, ормонҳои хеле хуб доштанд ва мехостанд, ки кишварамонро мустақил бубинанд, обод бинанд, пешрафта бинанд, ин ҳанӯз дар замони ҳукмронии Мусоллаҳаи миллӣ шурӯъ шуда буд.

Аммо баъд аз ин ки ҳукумати Мусоллаҳаи миллӣ суқут кард, оворагӣ шуд ва ҷанги шаҳрвандӣ густурдатар шуд, баҳори соли 1993, тавассути яке аз бародарони бадахшонӣ, бо исми Мубориз, ки собиқ афсар дар қувваҳои марзии собиқ Шуравӣ буд, русҳо аввалин тамосро бо мо гирифтанд. Ман дар он замон қумондони умумии оппозитсиюн дар дохил будам, бо мо тамос гирифтанд ва дар вақти мулоқоти мо масъалан, ки як нафар сарҳанг аз Маскав буд, сарҳанг Нерооев, ки фармондеҳи қувваҳои марзии Бадахшон буд, русҳо бо мо ба як суол муроҷиат карданд: "- Шумо имкони ҳалли сиёсии қазияи Тоҷикистонро мебинед ё не?" Ман гуфтам, ки натанҳо мебинам, балки зарур мешуморам. Баъд ман барояш шарҳ додам, ки масъалан мо чиро аз даст медиҳему русҳо чиро аз даст медиҳанд, дар сурате ки ҷанг идома биёбад ва ин ҷанг хусусан барои Тоҷикистон чӣ фалокат дорад ва барои манфиатҳои Русия чи хатар хоҳад дошт? Онҳо гуфтанд, ки ин фикри Шумо аст ё фикри дигар роҳбарҳои мухолифин? Ман кӯтоҳ ҷавоб додам, ки фикр мекунам, ки раҳбарони мухолифин низ идома додани ҷангро намехоҳанд.

Баъд аз ин боз як мулоқоти дигари пинҳонии русҳо бо марҳум Нурӣ дар Кобул августи соли 1993 сурат гирифт, тавассути шодравон устод Раббонӣ. Оқои Примаков, ки он вақт сардори СВР (Иттилооти хориҷии Русия) буд, худаш омад ва мулоқот кард. Вақте русҳо диданд, ки роҳбарҳои мухолифин воқеан ҳам тасмим доранд, ки қазия бо роҳи сиёсӣ ҳал шавад, дар феврали соли 1994 дар Маскав аввалин вохӯрӣ бо ҳайатҳои мухолифин бо иштироки А. Адамишин, ки муовин вазири хориҷаи Русия буд ва маҳрум Ҳабиб Сангинов ва Отахон Латифӣ доир шуд.  Ҳукумат омода буд, ки дар сатҳи баргардонидани муҳоҷирин бо тарафҳои мухолифаш музокира кунад ва ҳама мегуфтанд, ки ҳукумат ҳеч гоҳ бо роҳбарҳои мухолифин ва қувваҳои низомиашон розӣ намешаванд, ки сари мизи музокирот бинишинанд. Ман фикр мекунам, ки ин тарафи сиёсиаш аст ва тарафи низомии қазия ҳам русҳо, вақте ки зарба  ба постгоҳи марзӣ, дар заставаи 12-ро эҳсос карданд, дарёфтанд, ки тарафи низомии мухолифин аллакай пурқувват шудааст. Онҳо дар таҷрибае, ки дар Афғонистон доштанд, огаҳ шуданд, ки ин ҷараёни низомӣ метавонад густурдатар шавад ва онҳо ҳам ба хулосае омаданд, ки бояд дар Тоҷикистон ба ҳар василае, ки бошад, сулҳ карда шавад.

Ҷанг бо Ҳукумати Тоҷикистон ё бо Узбакистону Русия?

- Ҳамин амалиёти заставаи 12 ва кушта шудани марзбонони рус, ки 25 нафар бар асари он кушта шуд, бештар ҳадафи низомӣ дошт ё сиёсӣ? Шумо ин амалиётро ба мақсади ҷанг роҳандозӣ кардед ва ё ба мақсади ба русҳо нишон додани қувва, то ҳукумати Тоҷикистонро барои музокира бо мухолифин маҷбур кунанд?

- Ҳамон вақт роҳбарияти мухолифин тарафи ҷанг Русияву Узбакистонро медонистанд, Ҳукумати Тоҷикистонро намедонистанд. Чунки тафаккури мо ҳамин буд, ки мо бо узбакҳову русҳо меҷангем, на бо ҳукумати Тоҷикистон, чунки ҳукумати Тоиҷикистон дар саркӯбии нируҳои ҳукмати Мусоллаҳаи миллӣ ва дар суқути Мусолиҳаи миллӣ он қадар нақш надошт, гарчанде, ки Фронти халқӣ вуҷуд дошт. Аммо бештар тамоми ҳавопаймоҳо, тамоми мутахассисини низомӣ аз Русияву Узбакистон буданд. Бомбаборони минтақаи Рашт, ки мардуми осоишта аз байн рафт, кори дасти нируҳои Русия ва Узбакистон буд. Бародари ман дар натиҷаи бомбаборони ҳавопаймоҳои Узбакистон ба шаҳодат расид, ки мо шоҳид будем. Он замон тафаккури мо чунин буд. Албатта то андозае гапи шумо ҳам дуруст аст. Фишор  бояд, ки болои ҳомиёни ҳукумати ҳамонвақта  меомад, ки то онҳо тарафи муқобили моро водор ба музокира кунанд.  Стратегияи муборизаи ҳамон вақта он буд, ки он чизе ки мо бо чашми худ дар Афғонистон дида будем, мо намехостем, ки структураи ҳукумати Тоҷикистон аз байн биравад. Вақте ки ҳукумати коммунистии Афғонистон суқут кард, структураи ҳукматӣ аз ҳам пошид, ҳатто, замоне ки Довуд суқут кард, структураи ҳукумат дар Афғонистон аз ҳам пошид. Ҳукумати коммунистӣ то андозае тавонист дар тӯли чанд соли ҳукмрониашон стурктураро бисозад. Аммо структураи сохтагии коммунистон структураи миллӣ набуд, як структураи ҳизбӣ буд, дар дохили як давлат, ки дар натиҷаи аз байн рафтани Наҷиб ҳам он структура боз аз байн рафт. Дар натиҷа баъди аз байн рафтани Наҷиб ва ба сари ҳукумат омадани муҷоҳиддин ва ихтилофоти онҳо ҳам натавонистанд стурктураро барқарор кунанд. Ҳатто то имрӯз ҳам амрикоиҳо  ҳам натавонистанд ин структураро барқарор бикунанд ва давлат бисозанд.  Барои ҳамин мо ин таҷрибаро дар Афғонистон доштем, мо мехостем, ки масъалан таҷрибаи давлатдорие, ки мо аз замони шӯравӣ мерос гирифта будем, агарчи таҷрибаи давлатсозии миллӣ набуд, давлати як ҳизб буд, ба ҳар ҳол қолабаш буд. Мо мехостем, ки ҳамон қолаб ва структураро ҳифз кунем. Зеро агар қолаби давлат вуҷуд дошта бошад, метавон дар чорчӯби он истилоҳот ворид кард.

"Нахостем дар Бадахшон ҳукуматро барҳам диҳем"

- Масъалан дар Бадахшон ки нисфи Тоҷикистонро дар бар мегирад ду ҳукумат фаъолият мекард. Яке ҳукумати расмӣ, ки аз марказ итоат менамуд ва масъалан миллисаву идораи амниятии он фаъол буд ва дигаре нируҳои шумо.  Шумо ба чи хотир ин ҳукуматро дар Бадахшон комилан дар тасарруфӣ худ қарор надодед?

- Онҳо фаъол набуданд, умуман амал надоштанд, расман вуҷуд доштанд, идораи пулӣ, амният вуҷуд доштанд, аммо онҳо ҳеч гоҳ даъват намекарданд, ки онҳо аз ҳукумати марказӣ итоат мекунанд. Онҳо ҳар чи ки мо мехостем, амалӣ мекарданд, онҳо бо мо иртиботи қавӣ доштанд, онҳо мехостанд, нишон бидиҳанд, ки ба мо ҳамфикр ҳастанд, бо мо ҳамкор ҳастанд.

- Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ҳам аз ин ки онҳо намояндаи ҳукумати марказӣ ҳастанд, инкор намекарданд. Мо шоҳиди он будем, албатта талош мекарданд, ки бо Шумо ҳамкорӣ кунанд ва ҳамин тавр худ ва идораи давлатиро ҳифз кунанд.

- Бале, чунин нуқтаи назарҳо буданд, ки мо бояд комилан структураҳоро аз байн набарем. Мо дар Бадахшон ягон бор то соли охири 1994 бо русҳо даргир нашудем, яъне бо вуҷуди ин ки  мо дар марз гузаргоҳ доштем, мерафтем, меомадем, мо бо онҳо ягон бор даргир нашудем. Мо ҳам ҳадафамон ҳамин буд, ки структураро аз байн набарем. Чунки вақте ки мо дар Бадахшон структураро аз байн мебурдем, бояд ин корро ҳатман дар марказ ҳам мекардем.

Ноошноии оппозитсиюн бо Русияву Узбакистон

Usmon_shaykh- Агар дар Тоҷикистон аз соли 1992 дар фикри сулҳ буданд, кадом омилҳо буданд, ки Мусоллиҳаи миллӣ муваффақ нашуданд?

- Муваффақ нашудани он чанд омил дошт: Омили аввал худи мудохилаи хориҷӣ буд. Тарафи муқобил, тарафи ҳукумати ҳамонвақтаи коммунистӣ ва умуман баъд дар заминаи пуштибонии эҷодшудаи Фронти халқӣ, горди миллии Кӯлоб. Онҳо бештар соҳибихтиёр набуданд. Ҳатто худи созишномаи Хоруғро бубинед, ман бо худи Сангак Сафаров ҳудудан аз як соат бештар сӯҳбат доштам. Мо ҳатто ду нафар ва дар он вақт дигар роҳбарони мухолифин нарафта буданд, ҳатто мо мувофиқа карда будем, бо ҳамдигар хеле самимӣ суҳбат кардем, ки дигар намемонем даргирӣ шурӯъ шавад, ҳатто рӯзи дигараш даргирӣ ба вуҷуд омад. Ин маънии онро дошт, ки тарафи мухолифи мо дар он вақт ихтиёраш дар дасти худаш набуд. Тасмимро худи онҳо намегирифтанд. Омили дигар ҳам ин камтаҷрибагии худи мухолифин буд. Мухолифин камтаҷриба аз он буданд, ки пуштибони хориҷӣ надошатнд. Нируҳои сиёсие, ки дар саҳна ворид шуда буданд, ҳам Растохезу ҳам ҲДТ, ҳам Наҳзати исломии Тоҷикистон онҳо як нируҳои худҷӯш буданд. Нируҳое буданд, ки масъалан дар натиҷаи густариши ҳаракатҳои миллӣ озодихоҳии охири асри ХХ дар тамоми Шӯравӣ, ки ҳам дар Қафқозу ҳам дар кишварҳои Балтику ҳам дар Осиёи Миёна эҷод шуда буд. Ва барои ҳам Узбакистон, ҳам барои Русия ношинохта буданд. Ба ҳамон хотир эътимод вуҷуд надошт, байни ин нируҳо ва байни Русияву Узбакистон. Фикр мекунам, ки ин ду омили аслӣ буд.

Кӣ сулҳро намехост?

- Пас бармегардем сари сулҳ. Оё дар байни роҳбарияти мухолифини он замон буданд нафароне, ки ба ҳамин сулҳ, яъне ба сулҳи Тоҷикистон мухолифат кунанд?

- Ман мегӯям, ки дар масъалаҳои стротегӣ набуданд, аммо дар масалаҳои тактикӣ буданд. Яке мегуфт, ки мо бояд ҳадди аксар аввал қавӣ шавем, ин манотиқро зери контрол дошта бошем, баъд дар мизи гуфтушунид биншинем. Вақте ки мо дар мизи гуфтушунид нишастем, бояд ҳадди аксар қавӣ бишавем, то ки минбаъд ба мушкилот мувоҷеҳ нашавем. Аммо як гурӯҳе дигар мегуфт, ки агар мо 5 соли дигар ё 10 соли дигар ҳам ҷанг кунем, оқибаташ сулҳ аст. Яъне агар мо қудратро ҳам бигирем, дар Тоҷикистон боз ҳам ба ҳамин ҳол гирифтор мешавем, ба таҳримҳои Русия, Узбакистон ва ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ақибгоҳи мо ҳам як Афғонистони ҷангзада аст, ки мо наметавонем давлатдорӣ кунем. Аммо дар маҷмӯъ ҳеч кас муқобили стратегияи сулҳ набуд.

- Тарафи дигар чӣ, то куҷо содиқона сулҳ мехост? Масъалан Шумо  суҳбатҳое бо Сангак доштед, ба назари Шумо оё ӯ ба сулҳ бовар дошт?

- Сангак таҳлили сиёсии қавӣ надошт. Ҳангоме бо Сангак сӯҳбат мекардем, кӯшиш мекардем, ки ӯро мутақоид созем, ки ҷанг дар минтақа ба манфиати тоҷикон нест, чаро ки мо кам ҳастем ва кӯчак ҳастем, дар Афғонистон ҳам, ки бошад, асли маҳрумиятро тоҷикон доранд ва дар Осиёи Марказӣ ҳам аз ҳама бештар маҳз ҳамин миллат зарар хоҳад дид. Аз ин рӯ, бо Сангак бештар омиёна сӯҳбат мекардем ва кӯшиши онро мекардем, ки онро мутақоид кунем, ки мо ҳам тоҷик ҳастему шумо низ. Дар ҳақиқат якдигарро мекушем, ва ҷанг боиси заъифии ҳама тоҷикон аст. Яъне бештар аз ин равзана мехостем Сангакро мутақоид кунем.

Музокира бо Русия

- Дар музокироти сулҳ ширкат доштед? Ва чи нақшеро дар ин раванд  шахсан худи Шумо бозидед?

- Худи ман кӯшиш мекардам, ки дар музокирот камтар ширкат кунам, чаро ки ман масъули корҳои низомӣ будам. Бинобар ин барои музокирот дар Шӯрои худ мо аввал ду нафарро аз масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ядрои асосии ин ҳаракат буд, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф  Ҳимматзодаро интихоб карда будем. Аммо чун зарурат пеш меомад, марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ (ёдаш ба хайр) ва ман низ дар музокирот ширкат мекардем. Масъалан ман дар аксари давраҳои музокирот ширкат доштам; дар Покистон, аввалин созишномаи оташбас дар Ирон, охирин даври имзои созишномаи сулҳ дар Маскав ва чанде дигар шахсан иштирок кардам. Ҳамчунин дар ҳайате, ки дар охири соли 1994 ва ибтидои соли 1995 вақте ки музокирот ба бунбаст расид, ҳамроҳи як ҳайати ихтисосӣ аз Теҳрон ба Маскав сафар кардем. Дар он замон Чернишов, муовини вазири хориҷаи Русия буд. Дар бинои ВКХ Русия муовини ВКХ  ва панҷ генерали нируҳои мухталифи Русия ва мақомоти амниятии Русия дар он мулоқот ширкат доштанд. Аз ҷониби мо се нафар, ман ва Худойбердиеву якеи дигар ки номаш дар ёдам нест, ширкат доштем.  Дар ин нишаст мо бо русҳо атрофи фаъолияти нируҳои оппозитсия нисбати аскарони рус дар Тоҷикистон суҳбатҳо доштем ва кушиш кардем, ки онҳоро бифаҳмонем, ки нируҳои мухолифини давлат ифротгаро ва террорист нестанд, балки ин ҷо боз нируи дигаре ҳаст, ки мехоҳад ҷанг идома биёбад. Вақте ин масъалаҳоро дубора рушан кардем, боз музокира байни ду ҷониб аз нав шурӯъ шуд.

"Ба президент даст додам", саҳми 30 дарсадӣ ҳосил шуд

- Нақши Шумо чӣ буд? 

- Акнун ки ҳама аз нақши худ мегӯянд, ки чи кор кардааст, мехоҳам як ду лаҳзаеро баён кунам. Соли 1996 ва аввали январи 1997 ман он замон баргашта будам ва вақте музокироти сулҳ ба бунбаст рафт, аз ҷониби Устод Нурӣ як шифротелеграмма (мухобираи бесадо - хаттӣ) омад, ки дар он амр шуда буд, ки амалиётро шуруъ кунем ва то Кофарниҳон пеш равем. Ман он вақт дар Ғарм будам. Чун фармони умумӣ буд, ман ҳамаи қумандонҳоро бо он шинос кардам. Танҳо Мирзо Зиёевро, ки дар Тавилдара буд ва замистон буду имконоти рафтан набуд, натавонистам огоҳ созам. Аммо ӯ бе восита аз устод Нурӣ ин амрро гирифта буд. Ман қумондонҳоро гуфтам, ки мешавад шумо каме сабр кунед, боз як кушиш кунем, агар  кор амалӣ нашавад, пас амалиёт мекунем. Фардои он рӯз дидем, ки Амирқул Азимов ба назди мо омад. Аз симояш маълум буд, ки парешонхотир аст. Ман бо шухӣ ба ӯ гуфтам, ки ман фаҳмидам, ки русҳо рамзи телеграммаи моро кушодаанд ва шумо медонед, ки чӣ гап аст. Як хандиду чизе нагуфт, аммо маълум буд ки ӯ аз чизе огаҳ аст.

Ҳангоми сӯҳбат ӯ гуфт, ки ман боварӣ дорам, агар шумо бо президент мулоқот кунед, шояд аз ин вазъияти бунбаст бароем. Ман иброз кардам, ки наметавонам аз пеши худ рафта бо ҷаноби раисҷумҳур мулоқот кунам. Мо рафта, аз идораи СММ бо устод Нурӣ тамос гирифтам ва ин ин пешниҳодро ба ӯ арза доштам. Устод Нурӣ аввал хело бо шиддат бо мо сӯҳбат карду гуфт, ки шуморо дар он ҷо каллаатонро гаранг карданду фикратонро тағйир додаанд, бояд ин дастурро иҷро кунед. Мусолиҳа пеш нарафта истодааст ва онҳо омодаи музокирот нестанд.

Ман гуфтам, ки агар мо даргириро аз нав шуруъ кунем, заҳматҳои то имрӯз кашидаи мо ва тафоҳуми пайдо шудаи байни мо ҳама аз байн мераванд ва дар он вақт наметавонам ин масъулиятро ба уҳда бигирам. Дар ин ҳолат, ҳар касеро шумо таъин мекунед, ман масъулиятро ба он месупорам ва ҳадафи мо, ки сулҳ аст, аз ин баъд хело мушкил хоҳад шуд. Ман хоҳиш кардам, ки агар шумо розӣ бошед, ман як бор бо ҷаноби президент во бихӯрам ва назарашро бубинам, ки ӯ чи мегӯяд. Устод Нурӣ гуфтанд, ки ман розӣ мешавам, вале бо Тураҷонзода худатон сӯҳбат кунед. Чанд нафар мусаллаҳ шудем ва медонистем, ки агар бо нируҳои Ризвон рӯ ба рӯ занем, ҷуз ҷанг кардан чорае дигар набуд. Қарор буд, ҳамон минтақаеро, ки нируҳои Ризвон қарор доштанд, шабона дар ҳоли ғофил будани онҳо бигузарем ва мо ҳамин тавр кардем. Вақте ба Душанбе расидем, рӯзи дигараш Амирқул Азимов назди мо омада гуфт, ки ҷаноби президент мехоҳад ин вохурӣ пинҳонӣ бошад. Изҳор кардам, ки ман ба вохурии пинҳонӣ зарурат надорам, зеро раҳбари мухолифин розӣ шуд ва ман ба Душанбе омадаам. 

Бояд зикр кард, ки Амирқул хеле исрор кард, ки шумо биёед, ҳар чизе, ки мешавад, қабул кунед ва вазъиятро аз тангно бароред. Мо бо ҷаноби Раҳмонов (Э. Раҳмон - "Миллат") дар бӯстонсарои ҳукуматӣ, ки худи ӯ ҳам дар он ҷо зиндагӣ мекард, дар як утоқи хурд во хурдем. Муносибати ҷаноби Президент бисёр сард буд, ҳолаташон хело муташанниҷ буд. Ман ба хотири он ки ӯ боварӣ кунад, ки мо воқеъан сулҳ мехоҳем, зиёда аз як соат вазъияти минтақаро ба пуррагӣ шарҳ додам. Ҳамчунин аз вазъи он вақтаи Афғонистон ва тақдири ояндаи Тоҷикистон чӣ мешавад, гуфта додам. Гуфтам, ки омадаем, ки сулҳ кунем, на ин ки ҷанг. Агар ҷанг кардан мехостем, дар берун ҳам истода метавонистем, ки чанд соли дигар биҷангем.

Баъди он ҷаноби президент кушода шуду гуфт, Давлат чи мегӯӣ, ки барои ман осон аст? Ёқуб аз як тараф, Суҳроб аз дигар тараф ва Маҳмуду дигарон низ аз ҷониби дигар фишор меоранд. Албатта ман ҳам сулҳ мехоҳам, вале барои ман низ мушкил аст. Баъд ман Раҳмоновро гуфтам, ки шумо ҳамчун раҳбари давлат, агар мехоҳед ки мардум шуморо чун лидер эътироф кунанд, бояд кӯшиш кунед, ки  мардуми тоҷикро ҷамъ биёваред. Хуб мешуд, намояндагони ду гурӯҳи мухолиф; ману Амирқулро дар ҳузури журналистон қабул мекардед, то мо ҳисоботамонро ба шумо бидиҳем, ки чи корҳоро кардем ва ин кор ҳам имидҷи шуморо боло мебарад ва ҳам мардумро ба сулҳ умедвор мекунад. Ин суханон ба ҷаноби президент хуш омад ва Зафар Саидовро ба наздаш хонда, фармон дод, ки мулоқоти моро бо иштироки Амирқул Азимов нашр кунед.

- Вагарна Азимов дар мулоқот ширкат надошт?

- Не набуданд. Ва барои тақвият ман гуфтам, ки агар бо мулоқот бо устод Нурӣ розӣ шавед, ҳамчун ҷавонмард ман қавл медиҳам, ки ёрдамчии шумо хоҳам буд. Ва даст додем. Ӯ гуфт, ки баъди баргаштан аз Суғд эълон мекунам, вале ман исрор кардам, ки дер мешавад ва агар эълон накунед, ман расонаҳои хабариро даъват карда, эълон мекунам, ки дар мулоқоте бо шумо доштам, изҳор кардед, ки омода, ҳастед бо устод Нурӣ мулоқот кунед. Ҳамин тавр, ӯ пеш аз сафаре, ки дар Хуҷанд ба ҷонаш суйиқасд шуд, дар фурудгоҳ эълон кард ва мулоқот дар Машҳад баргузор шуд. Ба Машҳад банда бо раисҷумҳур якҷоя рафтем.

Ҷолибаш ин аст, ки чун ба Машҳад рафтем, мулоқоти ду ба ду баргузор шуд. Аз тарафи мо оқои Тураҷонзода ва Нурӣ, аз тарафи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ва Талбак Назаров иштирок доштанд. Аз соати нуҳуним шуруъ шуд ва мо рафта хоб кардем. Соат тақрибан панҷи субҳ буд, ки наздам Мурод (Сардори шуъбаи муҳофизини президент) омад. Гуфт, ки ҷаноб шуморо даъват дорад.

Чун ман ба утоқи президент даромадам, аз ҷо бархосту гуфт, ки Давлат, ман нагуфтам, ки ҳеч чиз намешавад. Дар ҷавоб гуфтамаш, ки ман то ҳол устод Нурӣ ва Тураҷонзодаро надидаам ва музокирот чӣ шуд?

Гуфт, ҳеч чиз нашуд, мо масъалаи чандарсадиро гузоштем, онҳо шуруъ карданд аз 38, то ба 33 омада қарор гирифтанд. Гуфтам, шумо чӣ? Гуфт, ки мо аз 20 то ба 25 дарсад гуфтем.

Ман ба хотири оне ки ҷаноби Раҳмонро мутақоид кунам, як гапи дипломатӣ задам, ки 33 дарсадиро ман ҳам қабул надорам. Ин 33 фоиза Тоҷикистонро се тақсим кардан аст. Ин сухан ба ӯ хуш омад ва пешниҳод кардам, ки сӣ фоиз чи тур аст? Дар ҷавоб гуфт, ки фарқ надорад, 25-30 мо қабул дорем. Ман гуфтам, агар шумо розӣ бошед, ман як бори дигар кӯшиш мекунам, то он тарафро мутақоид кунам.

Соати ҳафти субҳ буд, ки дари маро боз аз сари нав кӯфтанд ва ин дафъа Рустам, раиси ҳозирбошҳои Устод Нурӣ ворид шуд ва гуфт, ки шуморо даъват доранд то субҳона бихӯрем. Чун дохили манзили Устод Нурӣ шудам, гуфт, ки дидӣ, мо амр кардем ва иҷро накардед, оқибат дидед чӣ шуд? (Манзур амри ҳамла ва пешравии нируҳои мухолифон то Кофарниҳон - "Миллат") Бе фишор намешавад. Ман гуфтам, ки хабар надорам, ки чи тавр шуд ин мулоқот. Баъди сӯҳбат атрофи вохурӣ ба онҳо низ гуфтам, ки майлаш, агар иҷоза шавад, як бор ман бо ҷаноби президент вомехурам ва шояд дар сӣ фоиза розӣ шавад. Устод Нурӣ гуфтанд, ки майлаш, ман розӣ ҳастам ва Ҳоҷӣ Акбарро бубинед, агар розӣ шавад, биравед. Ӯ низ ҳамин гуфтаҳои Устодро таъкид карда гуфт, ки агар фишор набошад, ягон кор буд намешавад. Ман гуфтам, ки агар ман гунаҳкори ин мулоқоти бе натиҷа бошам, чӣ мешавад, ки як бор рафта дар мавриди сӣ фоиза пешниҳод кунам, агар шуд хуб, нашуд, дигар фикр мекунем.  Ӯ гуфт, ки мо 9 соат баҳс кардем, ҳеч чиз нашуду ту чи кор кардан метавонӣ? Ман бозгашта назди президент рафтаму ин хабарро додам ва ӯ розӣ шуду протокол имзо шуд.

- Аввал ҷониби мухолифон чанд фоиз талаб доштанд?

- Ростӣ, дар ин бора он қадар иттилоот надоштам, фақат аз ҷараёни мулоқот ҳамин қадарро мувофиқи гуфтаи президент огаҳ гаштам, ки ҷониби мухолифин аввал 38 фоиз ва ҳукумат 20 фоиз талаб доштаанд ва ахиран то ба 33 ва 25 фисадӣ расиданду музокира ҳалли худро наёфт. Дигар нақши мо ташкил кардани мулоқоти Бишкек аст, ки дар он ҳам бо ибтикори мулоқотҳои қаблии ман буд, ки дар Душанбе бо ҷаноби Раҳмон доштам.

"Мақсад танҳо сулҳ буд, на имтиёзу чизе"

- Мегӯянд, Шумо аз иҷрои ин корҳо имтиёз гирифтед. Ба ҳар ҳол ин шоеъа вуҷуд дорад, ки чизе аз ҳукумат бар ивази мутақоид кардани раҳбарони мухолифин гирифтаед, чӣ аст, пул аст, имтиёз аст ва ё дар воқеъ содиқона ин корҳоро анҷом медодед?

- Мо ҳанӯз бист сол қабл аз пошхурии Шӯравӣ  даст ба мубориза зада будем ва ҳадафи онро доштем, ки кишварамонро озод бубинем, озод биандешем, ақидаи исломие, ки дорем, озод бошад. Аммо чун ба Афғонистон рафтем, дидем, ки як андешаи исломӣ бо ҳама он бузургие дорад, наметавонад дар натиҷаи омехта шуданаш ба қавму маҳал ва омехта шудан бо дигар қувваҳои геополитикӣ ва ҳимояи қудратҳо аз берун ҳукумат кунад. Ин буд, ки андешаҳои мо тағйир хурданд. Дарк кардем, ки давлатдорӣ кори душвор аст. Бинобар ин ба натиҷае расидем, ки танҳо бо роҳи сулҳу салоҳ метавонем ҳукумати худро ҳифз кунем. Рости гап, ҳангоме ин пешниҳодҳоро кардам, бовар надоштам, ки баъди 15 соли Сулҳ бо доштани ду дипломи олӣ ва унвони номзади илм дар кишварам кори одӣ намеёбам. Инро содиқона мегӯям. Ҳатто вақте маро вазир таъин карданд ва оқои Раҳмонов вақте фармони маро имзо мекард, гуфт, ки Давлат шумо бояд ришатонро бигиред. Гуфтам, ҷаноби президент, агар шумо бо ин шарт ба ман вазифа бидиҳед, намехоҳам. Ман аз ҷоям хеста, хостам берун биравам, ӯ аз пуштам садо карданд ва гуфтанд, ки охир шумо вазир мешавед ва ман боз гуфтам, бо шарт вазифаро қабул надорам. Қабл аз даромадан бо Амиршо Миралиев ва Сайидамир Зуҳуров низ дар масъалаи риш баҳс карда будам. Ҳатто дар зал ҳам президент ин суханонро гуфтанд. Ман ба он хотир сулҳ накардам, ки таҳқир шавам, балки омадаам бигӯям, ки андешаи ман бо андешаи шумо сулҳ кардааст. Исбот бикунам, ки исломгароён ифротгаро нестанд. Ва оне, ки гуфтам, ман ёвари шумо ҳастам, мақсад танҳо сулҳ буд, на чизе дигар. 

Сулҳ аз мусолаҳа ба таслим табдил шуд

- Ба назари шумо ин даъвоҳое, ки имрӯз мекунанд, ки мо сулҳ овардаем, то куҷо воқеият доранд ва дар он ки аз ҳама бештар нақш дорад?

- Ба назари ман ҳак касе ки даъво мекунад, ки дар сулҳ нақш дорам, ҳақ дорад. Зеро ин танҳо хидмати як нафару ду нафар набуд. Масъалан, агар ҷаноби Раҳмон ва Нурӣ ҳазор бор сулҳ мекарданд ва он аз ҷониби мардум ва ҷониби даргир дастгирӣ намешуд, амалӣ кардани он ҳеч маъние надошт. Ҳама саҳм дорад дар ин сулҳ. Ҳатто аз қумондони оддӣ сар карда, ҳама ақшори кишвар, ки бовар карданд ба якдигару дасти якдигарро фишурданд. Аммо мутаассифона, баъд аз гузаштани чанд сол, нуқтаи назарам ба стротегияи сулҳ иваз нашудааст. Ва ҳоло ҳам аз сулҳи кишвар розӣ ҳастам, аммо  Сулҳи тоҷикон аз як мусолаҳа ба як таслим иваз шуд ва дар ҷараёни минбаъдаи мусолаҳа шоҳиди аҳдшикании ҳукумат, аҳдшикании кишварҳои кафил, аҳдшикании Созмони милал буд, ки дар зери Созишномаи сулҳ имзо гузошта буданд ва бояд онҳо кушиш мекарданд, то дар Тоҷикистон як сулҳу салоҳи воқеъӣ мешуду ҳукумати босубот меомад. То ба ҳол бӯҳрони қудрат дар Тоҷикистон идома дорад.

- Назари шумо чист, ин шикаст буд ва ё сулҳ?

- Не ин шикаст набуд, вале арзиши сулҳ аз миён рафт. Бисёр даъво дорем, ки сулҳи мо бе собиқа аст. Ман ба як хабанигоре, ки гуфт, сулҳи мо нодир аст, нимшухӣ гуфтам, ки бале, сулҳи мо бисёр нодир аст, ки ҳар як боварие дигар миллатҳо ба СММ доштанд, он умедҳояшон аз даст рафт. Дигар касе ба кишварҳои кафил бовар надорад ва аз ин лиҳоз сулҳи Тоҷикистон бисёр нодир аст.

Иштибоҳи оппозитсия ва вазоратхонае бо буҷаи холӣ

- Оё ин иштибоҳ аз ҷониби раҳбарони ИНОТ набуд?

- Биёед, кушоду равшан бигӯем, ки мухолифин аз рӯзи нахустини таъсиси он агарчанде асоси қудрат дар дасти "исломгаро"-ҳо буд, дар дохил андешаҳои гуногун буданд, ҳам миллигароӣ, либерал демократӣ, исломӣ ва ғайра. Дар тӯли панҷ соли мубориза ҳар кас дар андешаи худаш монд. Чун сулҳ шуд, ин гуруҳҳо натавонистанд дар як ҳадафи умумиллӣ ба ҳам оянд. Дигар ин ки яке аз иштибоҳҳои оппозитсиюн ин буд, ки чизҳои стротегиро гузошта, даст ба ҷузъиётҳо ва амалҳои тактикӣ заданд. Талошу мубориза барои мансаб, додани вазифаҳо ба ашхоси ғайри лоиқ, ихтилофҳое, ки барои мансабҳо дар байни онҳо сар зад, ки нируҳои воқеии озодихоҳеро, ки дар гирди онҳо ҷамъ шуда буданд, пора карданд. Дар натиҷа оппозитсия заъиф шуд ва табиист, ки чун як қудрат суст шуд, қудрати дигар онро аз байн мебарад.

- Кай эҳсос кардед, ки сулҳ аз он чизе ки Шумо мехостед мунҳариф мешавад?

- Як чизро бояд зикр кунам, ки бигӯем, сулҳ он чизест, ки ҳар чиро мо ба даст овардем, ҳамон дастовардамон биистад. Дуруст аст, ки аз мансаб дур кардани тарафдоронамон он қадар аҳамият надошт. Ин муҳим нест, масъалан вақте худи маро аз мансаб дур карданд. Вақте мо дарк кардем, ки тарафи мухолифи мо, яъне ҳукумат фикраш қасосгирӣ аст, дар он вақт мо мутаваҷҷеҳ шудем, ки баъзе иштибоҳҳо сурат гирифтааст. Таъкид мекунам, ки ин ишитибоҳ иштибоҳи худи мо буд, ки натавонистем иттиҳодамонро нигаҳ дорем.

- Инро кай дарк кардед, вақте вазир шудед ё қабл аз он?

- Вақте дар вазорат будем, бисёр нозукиҳо буданд. Таври мисол вақте ман ба вазорат омадам, сарҳсиобчии вазорат як хонуми рус буданд. Аз ӯ пурсидам, ки дар хазинаи вазорат чӣ ҳаст? Ӯ бо алам посух дод, ки чор рӯз пеш аз таъини шумо дар хазинаи вазорат 90 миллион рубл (рубли тоҷикӣ) буд, ки ҳамаашро гирифтанд ва танҳо 8 ҳазор рубл мондаасту халос. Яъне ин гуна чизҳо буданд ва ҳис мекардем, ки ҳамчун вазир воқеъӣ ба мо рафтор надоранд, аммо мо умед доштем, ки бо мурури замон чун, содиқона ба давлат хидмат кунем ва дар пушти манфиатҳои миллӣ бошем, хуб хоҳад шуд.

"Намехостам вазири иқтисод бошам"

- Пас чаро шумо розӣ шудед ки вазир шавед? 

- Ман барои вазири иқтисод шудан розӣ набудам. Ман мегуфтам, ки ҳуқуқшинос ҳастам ва иқтисодчӣ нестам. Шояд гузоштани ман дар ин мансаб ҳам ин маъноро дошт, ки мо чун ҳирфаӣ нестем, метавонем ба иштибоҳҳо даст занем, то мардуми бубинад, ки оппозитсия кореро наметавонад. Масъалан, ман ба раиси гумрук шудани Абдураҳим муқобил будам. Аммо ин ба он хотире набуд, ки бо ӯ хусумате дошта бошам. Танҳо ба ин хотир буд, ки ӯ саводи ҳуқуқуқӣ надошт ва гумрук ҷоест, ки дар он ҷо бояд кас мутахассис бошад.

- С. А. Нурӣ дар мусоҳибае, ки бо "Миллат" дар декабри соли 2005 доштанд ва баъдан бисёр сару садо ба по кард, аз ҷумла гуфтанд, ки мо маҷбур будем, ки дар аввали кор ба онҳое вазифа ва мансаб бидиҳем, ки мансабталош буданд ва ба сари мо таҳдид мекарданд. Мо маҷбур шудем, то ба онҳо вазифаҳоро бидиҳем, ки ором шаванд. Шумо ҳам дар ҷамъи касоне, ки оқои Нурӣ дар назар доштанд, будед?

- Ман фикр мекунам, ки оқои Нурӣ ин суханонро ғайри ихтиёр, бидуни он ки хубу дуруст фикр кунанд, гуфта бошанд. Зеро тавре гуфтам, ман ҳатто гуфтам, ки ман мутахассиси ин соҳа нестам ва он вазифаро рад карда будам.

"Мир без Рахмонова"

- Боз ҳам аз ҷараёни сулҳ. Мулоқоти раҳбарияти мухолифин бо Ислом Каримов дар чаҳорчӯби кадом барнома буд ва бо дархости кадом тараф сурат гирифта буд?

- Ин мулоқот бо дархости ҷониби Узбакистон анҷом шуда буд. Қаблан сафири Узбакистон дар Теҳрон бо Ҳоҷӣ Акбар дидор ва пешниҳоди мулоқот бо Каримовро дода буд. Баъдан марҳум Саид Абудуллоҳи Нурӣ маро даъват кард ва ин масъаларо дар миён гузошт. Ман гуфтам, ки бояд бо ҳар тарафе, ки мехоҳад бо мо суҳбат кунад, бояд суҳбат кунем. Фақат ба шарте, ки як нафар танҳо дар он мулоқот набошад. Яъне Тураҷонзода бояд бо Ҳимматзода дар ин мулоқот ширкат кунанд. Иттифоқ тавре шуд, ки Тураҷонзода як рӯз пештар ба Тошканд рафт ва Ҳимматзода, ки аз Саудӣ бояд меомад як рӯз дертар ба Тошканд расид ва ҳамин тавр мулоқот танҳо бо ширкати Ҳоҷӣ Акбар ва Каримов доир шуду Ҳимматзода дер кард.

Ман он замон дар Баҳорак будам ва тавассути мухобира хабари мазкуро аз устод Нурӣ дарёфт кардам. Дар посух ман исрор намудам, ки ҷониби Узбакистон бояд ҷузъиёти ин мулоқотро эълон кунад. Дар  ғайри сурат ман имрӯз ба расонаҳо иттилоъ медиҳам, ки мулоқоти Тошканд дар пушти парда ва бе мувофиқаи раҳбарияти оппозитсиюн сурат гирифтааст.

Ба думболи ин ҷониби Узбакистон маҷбур шуд, мулоқоти дигареро бо ҳайати мухолифони тоҷик омода кунад. Дар ин мулоқот бояд Ҳимматзода, Тураҷонзода, Латифӣ ва ман ширкат мекардем. Вале боз парвози ман ба Тошканд як рӯз дертар сурат гирифт ва вақте расидам, мулоқот анҷом шуда буд. Дар зиёфате, ки Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи вақти Узбакистон ташкил карда буд, ӯ ба ман рӯ оварда гуфт; "мы договорились на мир без Рахмонова". Ман ба ин қатъан мухолифат кардам ва гуфтам, ки дар ин ҷанги Тоҷикистон ду тараф вуҷуд дорад. Чор панҷ ҳазор размандаи мухолифин ва ҳашт даҳ ҳазор  нируи тарафи дигар муқобили ҳам меҷанганд, ки раҳбари як тараф Эмомалӣ Раҳмонов аст ва агар қарор аст, ҳар сулҳе бишавад, як тарафи он фақат метавонад Раҳмонов бошад. Мо агар ин корро накунем, даҳ соли дигар бояд биҷангем. Вале мо дигар идомаи ҷангро намехоҳем. Аз онҳое, ки шоҳиди ин саҳна будем, ду нафар даргузаштанд ва ману Тураҷонзодаву Комилов дар ҳаётем.

- Мулоқоти ин гуруҳ бо кӣ сурат гирифта буд, бо Каримов дидор доштанд?

- Ман гуфтам, вақте ба Тошканд расидам, мулоқотҳо анҷом шуда буданд ва дигар намедонам, ки бо кӣ мулоқот шуда буд. Ман фақат вазири умури хориҷаи Узбакистонро аз мақомот дидам.

"Рафтани ман аз ҲНИТ рафтани ҳада фмандона буд"

- Ба ҳар ҳол баъди номзадиятон дар интихоботи президентӣ  Шумо аз нируҳои мухолифин ва махсусан ҲНИТ канор рафтед, оё фикр намекунед ин кори Шумо иштибоҳ буд?

- На. Баъди бозгашт ба Ватан, баъди фаъолият дар як ҷараёни сиёсӣ вақте дидем, ки ҷараёнҳои сиёсӣ чи гуна мунҳариф мешаванд ва тӯли мубориза зинаҳои хосеро дорад. Ҳар ҳаракати сиёсӣ бояд дар натиҷаи гузаштани ин зинаҳо пухта шаваду бирасад. Вақте дар ин зинаҳо таҳаввулотҳои гуногун рух медиҳад, масъалан дар Афғонистон ба ин ҷараён (ҲНИТ -"Миллат") одамҳои тасодуфӣ бисёр ворид шуданд, чӣ аз размандаҳову чи аз афроди дигар, ки боиси пайдо шудани фикру андешаҳои дигар гашт. Омили дигар ин буд, ки чун дидам, дар қолаби ислом ҳар гуна ҳаракату созмонҳое фаъолият мекунанд, ки гӯё ба чавгони қудратҳо табдил гаштаанд, ба хулосае омадам, ки дар як қолаби ҳаракати исломӣ инсоне, ки андешаҳои сиёсӣ дорад, ба ҳадаф намерасад. Ба ҳамин хотир, рафтани ман рафтани ҳадафмандона буд. Минбаъд низ агар ҳадафҳои сиёсӣ дошта бошам, бояд ба дигар роҳҳо барои расидан ба қудрат кӯшиш кунам. Агар дар қудрат ҳам шомил шавам, метавонам барои ақидаам бисёртар фоида биёрам.

Маъракаи президентӣ хеле муҳим аст, ақибмонӣ дуруст нест

- Ба ҳар ҳол то як соли дигар мо боз маъракаи интихоботи президентӣ хоҳем дошт. Шумо бо ҳама таҷрибае, ки доштед ва аксари шахсиятҳои дигари мухолифин ва ҳамчунин шахсиятҳои худи давлат, ки шинохтаанду собиқадор, аз сиёсат худро канор гирифтаед. Касе ҳам феълан нагуфтааст, ки нияти номзад шудан дар интихоботи соли ояндаро дорад. Ба ҳар ҳол омода ҳастед, то дар ин маърака номзад шавед?

- Ман фикр  мекунам, ки касони зиёде нияти номзад шудан ва орзуи номзад шудан доранд, аммо дар ибрози назар ва андешаҳои худ боэҳтиётанд. Ҳамаи онҳо аз таҷрибаи эҳтиёт кор гирифтаанд ва чун маъракаи интихобот наздик шуд, хоҳанд гуфт, ки чи ҳадаф доранд.

Бояд мо воқеъбин бошем. Ҳар касе дар саҳнаи сиёсат ворид мешавад, аввал ҳама чизро таҳлил карда барояд. Ба назари ман барои онҳое, ки мехоҳанд ҷомеаашон демократӣ бошаду ислоҳ шавад, шахсиятҳое чунин ҳадаф доранд, бояд камбудии МАНХОҲӢ-еро, ки дар ҷомеъа мавҷуд аст, аз байн бибаранд. Аҳзоби сиёсие, ки дар қудрат нестанд, бояд ҳамин чизро аз худ дур созанд. Чанд шахсияте, ки имрӯз дар ҷомеъа қудрат доранд, ҳар кадоми онҳо фикр мекунад, ки ӯ бартар аст. Хоҳ раҳбари ҲУСД ё ҲНИТ, ё каси дигар, чун бо ӯ суҳбат кунед, худро лоиқтару хубтар медонад. Ман фикр мекунам, ки агар назархоҳӣ сурат бигирад ва тамоми ин аҳзобу шахсиятҳо дар як чорчӯби сиёсӣ ҷамъ шаванд ва бисанҷанд, ки кадоме сазовортар асту ҷомеъа онро қабул дорад, барои интихоботи муҳими раисиҷумҳурӣ ин дар муҳиммтар, аз он ҷумла худи ман ҳам ки бошам.

- Яъне ки ба ҳар ҳол имкони номзад шуданатонро сарфи назар намекунед?

- Ҳар касе дар интихобот ширкат мекунад, бояд манфиати шахсияш аз манфиати миллияш поёнтар бошад. Бояд мансабхоҳ набошад ва ҳамчун ватанхоҳ ворид шаванд ва бо барномаи мушаххас.

Бо марг дасту панҷа нарм мекардем

- Шумо аз нахустин раҳбароне будед, ки ба Душанбе омадед. Оё кадом хатаре ё таҳдидеро эҳсос мекардед?

- Аз нахустин рӯзҳое, ки ба Душанбе омадам, вазъият хело вазнин буд. Баталиони нируҳои ҳукуматӣ дар Ғарм муҳосира шуда буд ва маҷруҳон низ буданд. Ҳукумат мехост, ки бо истифода аз мо маҷруҳинро биёварад ва ба он баталион озуқа бибарад. Рӯзи дигар бояд парвоз мекардем, ҳаво баста шуд ва чархболҳо натавонистанд парвоз кунанд. Маслиҳат шуд, ки мо бояд бо роҳи заминӣ равем. Аммо раҳбари нируҳои СММ Ҳасан Абозай, генерали урдунӣ буд, ки аз рӯзи аввали ошноӣ бо ӯ бо забони арабӣ суҳбат мекардем ва таваҷҷуҳе бо ман дошт. Ӯ маро он рӯз ба як гӯша бурда гуфт, ки дар кишвари шумо касоне, ки сулҳро намехоҳанд, аз онҳое ки мехоҳанд, бештаранд. Бинобар ин чанд тавтеа ҳаст ва шумо ҳеч гоҳ розӣ нашавед, ки бо роҳи заминӣ равед. Даҳ рӯз ҳам бошад, ки тоқат карда, бо чархбол равед.

Дар тӯли даҳ моҳи фаъолиятамон то омадани дигар қувваҳои оппозитсия чандин бор бо марг рӯ ба рӯ омадем, ки насибамон набудаасту зинда мондем. Яке аз онҳо ин тирборон шудани чархболи СММ дар минтақаи Лаби Ҷар буд, ки мо дар фурудгоҳи Нуробод тавонистем поён шавем. Инро ки зад то ба ҳол маълум нест, агарчӣ тахминҳо ҳастанд. Чунин мавридҳо чандин бор рух дод ва бори дигар ҳангоми мулоқот бо мулло Абдулло низ, ки нафарони ӯ аскарони гуруҳи Суҳробро лату куб карда буданд рух дод.

Мустафо ном қумондони Суҳроб гуфт, ки ман бо 18 нафар ҳамроҳи шумо меравам ва ҳарчанд гуфтамаш, ки ман бехатарии шуморо ба гардан мегирам ва танҳо чаҳор нафар гиред, бас аст, қабул накард.

Чун намози шом ба он ҷо расидем ва яке аз раҳбарони гуруҳи Мулло Абдулло чун бо Мустафо баъзе хусуматҳое дошт, бо 25 нафар мусаллаҳ пеши роҳи моро гирифт. Ман давида аз дасти яке аз муҷоҳиддин силоҳашро партофта, бо амри низомӣ онҳоро ором кардам. Мустафоро ҳам тундӣ кардаму ӯ бозпас гашт. Чун аз асли воқеа Мулло Абдуллоро хабар кардам, фардои он рӯз ӯ Мустафоро даъват карду бахшиш пурсид.

Мулло Абдулло сулҳ мехост, аммо…

- Назарҳое мавҷуданд, ки мулло Абдулло муқобили сулҳ буд, дуруст аст?

- Баъзе нуқтаи назарҳое ҳастанд, ки бадаҳдии дигар тарафро мебинем. Мулло Абдулло сулҳро мехост, вале мегуфт, сулҳ баробар нест. Мегуфт, мо дар вазъияти нобаробар қарор дорем ва шуморо фиреб медиҳанд. Азимов медонад, ки чи қадар барои мо мушкил буд. Дар Тавилдара чаҳор соат бо Мирзо Зиёев баҳс кардам, ки тавонам намояндагони ҳукуматро, ки ӯ гирифта дар як хона бандӣ карда буд, халос кунам. Ман фикр мекунам, шояд оқои Азимов инҳоро дар хотираҳояш нависад. Як чиз протоколро имзо кардан асту чизи дигар татбиқ кардани он. Ман намегӯям, аз ҳама бештар хидмат кардам, ҳамаи бародарон хидмат кардаанд. Ҳамаи инҳо саҳм доранд, вале бояд бигӯям, ки саҳми мухолифин дар овардани сулҳу салоҳ ва инро таърих низ исбот хоҳад кард, ки аз саҳми тарафи дигар зиёдтар асту камтар нест.

Сулҳ ба мо чӣ дод?

- Ба назари Шумо сулҳ бар мардуми тоҷик чӣ дод ва баъд аз 15 сол онро чӣ гуна мебинед?

- Сулҳи тоҷикон як хубӣ овард, ки кишварро ором кард, аммо як дастоварди хело муҳим- дастоварди ваҳдати воқеиро аз даст дод. Мо имрӯз як ваҳдати сохта дорем. Ҳамон нобоварӣ мавҷуд аст ва натавонистем, ки аз ду нируи ботаҷриба як нируи қавии миллӣ бисозем. Имрӯз мо дар сиёсати хориҷиямон заъифем. Ҳамсояҳои мо моро ҳисоб намекунанд. Дар сиёсати дохилӣ низ. Имрӯз на танҳо нируҳои мухолифини собиқ, балки нируи воқеие дар дохил вуҷуд надорад, ки тавозуни сиёсиро эҷод кунад то дар натиҷаи рақобати солим давлат пеш биравад. Мо кушиш дорем, ки дар кишварамон як демократияи сохтаро барпо дорем. Яъне дар қонунҳои асосӣ суханони демократӣ дарҷ шудаанд, аммо сохта, интихоботҳои ношаффоф. Охир имрӯз асри ХХ1 аст ва дигар наметавон мардумро фиреб дод. Ҳукумат бояд ба мардум такя кунад. Бубинед, дар кишварҳои арабӣ, сӣ сол Муборак бо як режими сохтаи демократӣ пеш рафт. Дар Тунис ва дигар кишварҳо.. Сурияро бубинед, ки танҳо нируҳои таҷрибадори амниятияш беш аз 200 ҳазоранд, ғайр аз артишаш, аммо натавониста истодааст дар дохили кишвар оромиро барқарор кунад. Барои чӣ? Барое оне ки эътимоди мардумашро аз даст додааст. Ҳукумат ҳамон замон қавӣ аст, ки такя ба мардум дорад. Ҳукумате, ки такя ба нируҳои қудратӣ ва низомияш кунад, хеле заъиф аст. 

Бояд бигӯям, ки бо гузаштани ин солҳо то ҳанӯз шароити мардум он қадар беҳ нагаштааст. Бекории саросарӣ, иқтисодиёти заъиф. Мо имрӯз ҳатто то ба сатҳи солҳои навадум поён рафтаем ва дар тӯли ин солҳо натавонистем, ки шароити модиву маънавии мардуми худро аз он солҳо болотар бибарем. Танҳо он чизе, ки мо аз ин сулҳ ба даст овардем, оромӣ ва аз байн рафтани ҷангу хунрезиҳост, ки бояд онро ҳифз кунем.

- Ташаккур барои суҳбат.

 - Саломат бошед! Рӯзи Ваҳдатро барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин барои ҳама кормандону хонандагони "Миллат" муборакбод мегӯям!

Мусоҳиб Аъзамшоҳ қӯқаншоҳ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97