Ойниҳол Бобоназарова:Шӯрои муҳоҷират қарсакзанӣ кунад, мо ҷудо мешавем

Мусоҳиба 10.06.2012 17:35

Jamshed_musohibaОйниҳол Бобоназарова аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии кишвар ахиран муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии муҳоҷират дар назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таъин шуд. Таъсиси як ниҳоди нав дар бахши муҳоҷират аз сӯйи ақшори мухталифи кишвар ҳар гунна баҳогузорӣ мешавад, бархе фаъолияти онро нодида мегиранд ва қисмате ҳам аз он интиқод мекунанд, ки як Шӯрои нозиру сарборӣ ва дарди сар барои муҳоҷирон таъсис шудааст. Пайвастани ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ба Шӯрои наздидавлатӣ сару садоҳоеро дар бораи "бесоҳиб" мондани муҳоҷирон ва "фурӯхта" шудани ӯ ба хотири мансаб дар ҷомеа ба бор овардааст. Ба хотири посух ёфтан ба ин нигарониҳо, ки оё воқеан Шӯрои мазкур дардисарсоз хоҳад буд ё хайр ва оё воқеан пазируфтани масъулияте дар ин Шӯро аз сӯи бону Бобоназарова муҳоҷирони   тоҷикро аз як нафаре, ки зиёд аз ҳуқуқи онҳо ҳарф мезад, аз ин ба баъд аз марҳамати ӯ бенасиб хоҳад карl, бо ин бонуи ҳуқуқшинос дар пойи суҳбат нишастем:

- Ҳадаф аз ташкили Шӯрои ҷамъиятии муҳоҷират дар назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон чист? Суд ба даст овардан аз ҳисоби бадбахтии дигарон, яъне муҳоҷирон, ё осон кардани мушкили онҳо?

- Қонуни асосӣ ва бисёр қонунҳо пешбинӣ мекунанд, ки ҷомеъаи шаҳрвандӣ бояд аз болои ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ назорат кунад ва ҳамкорӣ кунад, ба ғайр аз ин дар давлатҳои демократӣ, ҳатто аз болои ниҳодҳои бехатарӣ назорат мебаранд. Аммо азбаски ҳоло ҷомеъаи шаҳрвадии мо хело хароб аст, хуб тараққӣ накардааст, фикр мекунам, барои ҳамин арзи вуҷуд кардани чунин Шӯроҳо дар дохили ниҳодҳои давлатӣ муҳим аст. Аммо ин чи Шӯро аст ва чи фоида ва нафъе дорад? Агар бо таври мушаххас гӯем, он Шӯрои ҷамъиятие, ки дар назди идораи наве, ки ташкил шуд, оид ба хидмати муҳоҷират дар назди дастгоҳи президент, ин барои кумак дар сиёсати давлатии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, он барномаҳое, ки онҳо қабул карданд, як барномаи миллии муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин он лоиҳаи қонуне, ки  ҳоло тайёр намуда истодаанд, дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайраҳо, бар ин андешаам, ки ин Шӯро метавонад дар ин раванд кумак кунад ва таъсире низ дошта бошад. Дар кадом ҳолат, ин мумкин хоҳад буд? Аввалан, танҳо ташкил кардани ҳамчунин ниҳод басанда нест. Тасаввур кунед, ки мегӯянд, (тибқи омори ғайри расмӣ) аз яку ним миллион шумораи муҳоҷирон зиёд аст, яъне агар се миллиард ба буҷаи давлат аз ҳисоби муҳоҷирон ворид шавад, тасаввур кунед, ки ин ҳама аз буҷа зиёд аст, яъне, ки маҳз ҳамин пули муҳоҷирон аст, ки ба ҳар ҳол тоҷик нони хӯрдан ёфта истодааст. Бинобар ин мо бояд коре бикунем, ки ба онҳо кумак расонида тавонем.

- Агар мехоҳед мушкилотро рафъ созед, пас барномаҳои мушаххасе, ки рӯи даст доред кадомҳоянд?

- Пеш аз ҳама ман бояд бигӯям, ки ин Шӯро шӯрои нав аст, он Низомномае, ки қабул карда шуд, рости гап мо онро алъон дигар намуда истодаем, яъне ки он низомномаи қаблӣ ба низомномаҳои сохтори давлатӣ монанд аст ва аз ин рӯ ин низомнома бояд, ки дигар карда шавад. Дар он ҷо мешавад бештар фикру мулоҳизаҳои сохторҳои ҷамъиятие, ки оид ба муҳоҷират сару кор доранд, масалан дар Тоҷикистон чандин ташкилотҳое ҳастанд, ки ба масъалаи муҳоҷират сару кор доранд, ворид намуд ва мо дархост кардем, ки инҳо фаъолона дар он ширкат биварзанд. Ман Шӯроҳои ҷамъиятии бисёреро мебинам, ки ба ғайр аз таърифкунию қарсакзанӣ кори дигареро ба анҷом расонида наметавонанд ва ман гуфтам, ки агар ин Шӯро низ ҳамин тавр рисолаташ қарсакзанӣ бишавад, ман дар он дигар ширкат нахоҳам кард. Яъне мақсад чӣ аст? Вақте ки сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷират қонун дар бораи муҳоҷират ва он низомномаҳоеро, ки ташкил мекунанд, мо ташкилотҳои ҷамъиятӣ инро таҳлил мекунем, якум аз нуқтаи назари чи манфиат доштани он ба муҳоҷир ва барои муҳоҷир то куҷо сабукӣ эҷод менамояд. Дуюм то чи дараҷа ҳамин қонуну қарорҳое, ки дар Тоҷикистон оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ қабул карда мешавад, ба он қарорҳои конвенсияҳои байналмиллалӣ мувофиқат мекунанд(?), зеро дар он қарорҳои байналмиллалӣ дар мадди аввал манфиъати муҳоҷират меистад. Ва ҳатто бубинед, ки дар тамоми он қонунҳое, ки мо дорем, баъзан менависанд, ки "незаконная миграция", яъне муҳоҷирати ғайриқонунӣ, Умуман ин калимаро истифода бурдан мумкин нест, зеро мо вақте ки мегӯем, муҳоҷират ғайриқонунӣ аст, мо ҳамаи муҳоҷиронро ҷинояткор эълон менамоем, ҳол он ки агар муҳоҷир меравад, масалан дар ҳуҷҷатҳояш ягон ноқисӣ аст, он ҷо моддаи дигар аст, яъне убур кардани ғайриқонунии сарҳад, на ин ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ. Ба наздикӣ вақте ки ман дар Женева будам, давлати Тоҷикистон дар назди Кумитаи оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳисобот дод, ин ҷо чанд вазир ширкат доштанд, мушовирони президент буданд, ҳамон ҷо ҳам ҳамин гапҳо буданд, ки дар ҳуҷҷатгузориҳои Тоҷикистон оид ба муҳоҷират ҳамин ибора вуҷуд дорад. Боз як ҳуҷҷат тайёр намудаанд дар бораи диаспораҳо ва ба мо пешкаш намуданд, ки фикри шумо дар ин бора чи аст(?). Инро акнун қабул менамоянд ва қабул, ки карданд, акнун иҷрои он ҳатмӣ мешавад, барои Тоҷикистон ҳам, барои Қирғизистон ва Узбакистон ҳам. Ва ман гуфтам, ки ман дар мавриди истифода кардани ин ибора зид ҳастам, ин ҷо бояд ибораи "не регулирований миграции" бояд истифода шавад.

Ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналхалқӣ набояд аъзо бошанд, балки ҳамчун мушоҳидачӣ бошанд. Аъзо бояд ҳамон ташкилотҳои ғайридавлатӣ бошанд. Бисёр мехостам, ки як бахши муҳимме барои журналистон ҷудо намуда бошанд, чунки вақте ки масъалаи халабонҳои рус ба вуҷуд омад, ҳамин журналистон буданд, ки садо баланд намуданд ва Маскав рафтем, баъд овози ҳукумат баромад, баъди як ҳафта. Мо дидем, ки дар бисёр мавридҳо ҳамин ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва хусусан журналистон таъсири бештаре доранд. Ҳоло лоиҳа омода намуда истодаанд, "Лоиҳаи қонун дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ" инро бо роҳбарии мо омода карда истодаанд. Қариб ки дар се сол омода намуда буданд ва вақте ки ба мо пешкаш намуданд, мо дидем, ки аз 30 модда 29 тои он ба кор намеравад. Ҷойи таъкид аст, ки таъсири ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, хусусан боз журналистон басо назаррас аст. Мо агар сад бор гӯем ва овози мо ба гӯши соҳибмансабон нарасад , ҳеч чиз тағйир намеёбад.

- Ҳоло ин Шӯро, агаmusohibai_jamhedр иштибоҳ накунам, як нашрияе таъсис дода бо номи "Муҳоҷир". Вале роҳҳои дастрас шудани ин рӯзномаро ба муҳоҷирон чи гуна пайрезӣ намудед? Зеро омори дақиқи муҳоҷирон дастрас нест ва ҳамчунин ба таври пароканда ин муҳоҷирон фаъолият мекунанд.

- Масъала ин аст, ки Шӯро ҳанӯз пул надорад ва ҳаракат намуда истодаанд, ки ҳаминро оғоз намоянду ёбанд нафароне ва ташкилотҳоеро, ки дастгирӣ намоянд. Ин ҷо бартарии рӯзнома дар он аст, ки мо имрӯз варақаҳои бисёр мебинем, ки ташкилотҳои ғайридавлатӣ чоп менамоянд, вале ҳама якранг. Мо дар нашрия метавонем фикрҳои мухталифро чоп намоем. Инҳо бо ходимони фурудгоҳ мувофиқа намудаанд, онҳо ин газетҳоро бепул ба воситаи тайёра ва қаторҳо ба диаспораҳо мефиристанд ва диаспораҳо онро тақсим менамоянд. Инчунин ба воситаи почтаҳои давлатӣ ба тамоми нуқоти ҷумҳурӣ расонида мешавад.

- Накунад, ки обунаи иҷборӣ чун ҳама дигар нашрияҳои давлатӣ барои ин нашрия ҷорӣ шавад ва боиси обрӯрезӣ гардад.  Чун расонаҳо навиштаанд ,ки қиммати ин нашрия ҳоло 63 дирам, яъне пойинтарин қиммат дар бозори нашрияҳо дар ҷумҳурист. Аммо бархе аз муҳоҷирони мусофири қатору ҳавопаймо шикоят аз сарборӣ шудани ин нашрия ба ҳангоми гузаштан аз гумрук кардаанд. Шумо хабар доред?

- Оре нархи он ба 65 дирам муқаррар шудааст, ки аз нархи дигар рӯзномаҳо дида ба маротиб поёнтар аст. Дар мавриди он ки дар вокзалҳо ва ҳангоми саворшавӣ ба қатораҳо ба таври иҷборӣ ба мусофирон онро ба фурӯш мегузоранд, ҳанӯз иттилоъи аниқу дақиқе дар даст надорем. То ҷое ман иттилоъ дорам ин гуна супориш аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дода нашудааст ва фурӯши матбуот бояд, ки озод бошад, на ба таври иҷборӣ.

- Аммо чаро ин иқдомро на ҷомеъаи шаҳрвандӣ, балки давлат ба дӯш гирифт?

- Албатта ман фикр мекунам, ки бартарии дар назди Хадамоти муҳоҷират будани ин Шӯрои ҷамъиятӣ дар он аст, ки пештар бисёр корҳоеро анҷом медоданд, ки мо бехабар будем, вақте ки ҷомеъаи шаҳрвандӣ як чизро мефаҳмид, аллакай онро қабул карда буданд ва мо берун мемондем, акнун онҳо ягон чизро бе ширкати мо қабул намекунанд. Мо иштирок менамоем ва он ҷо овоздиҳӣ аст ва мо андешаамонро иброз менамоем ва онҳо қабул менамоянд.

Мо мефаҳмем, ки инҳо чи  кор карда истодаанд, чунки бе мо ҳеч коре карда наметавонанд. Агар суханамонро гӯш надиҳанд, ба воситаи рӯзномаҳо таъсир мерасонем, ҳатто роҳҳои дигар ҳам аст, агар нашуд аз ҳайъат берун мешавем. Мо бо онҳо баҳс мекунем, мунозира менамоем, андешаҳоямонро мегӯем, кумак менамоем. Асосан ҳамин Шӯро бояд кумак намояд ва ҷое, ки хато мешавад, ислоҳ намояд.

- Мутмаинед, ки Шӯрои муҳоҷират ва "Муҳоҷир" барои муҳоҷири бечора дарди сар эҷод намекунад?

- Ҳар як нашрия сиёсати худро дорад. Ин нашрия бояд ба он масоиле, ки барои муҳоҷирон муҳим ҳастанд, такия намояд.

Ман намегӯям, ки то чи андоза фоида мерасонда бошад, вале зарар намерасонад. Вале мо кушиш менамоем, ки ин ба манфиъати мардум бошад, агар ба манфиъати мардум набошад, сарф намудани вақт ва баъзе чизҳои дигар чӣ фоида. Лекин дар бисёр мавридҳо ман фикр мекунам, гурехтани мо аз сохторҳои давлатӣ, гурехтан аз ҳамкориҳо баръакс зарар дорад.

Мусоҳиб Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97