Доктор Чобулов: "Дар ғам шарикем"

Мусоҳиба 16.04.2012 15:10

Чобулов кист?

Doktor_01Чобулов Алидӯст соли 1956 дар н. Темурмалик чашм ба дунё кушодааст. Пас аз хатми факултаи Педиатрии ДДТТ ба номи А.И. Сино соли 1979 дар базаи кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи ДДТТ интернатураро бо ихтисоси ҷарроҳии кӯдакона гузашт. Аз соли  1980 дар беморхонаи марказии н. Темурмалик ба ҳайси духтури ҷарроҳи кӯдакона, аз соли 1982 мудири шуъбаи ҷарроҳӣ ва аз соли 1984 ҷонишини сардухтури беморхонаи марказии ин ноҳия оид ба қисми муолиҷавӣ фаъолият кардааст.

Солҳои 1985-90 дар донишгоҳи илмии тадқиқотии ҷарроҳии асаби ба номи Н. Н. Бурденко академияи илмҳои тибби ИҶШС ш. Маскав ординатураи клиникӣ ва аспирантураро хатм намудааст.

А. Чобулов соли 1990 рисолаи номзадиро дар мавзӯи "Иллатёбии аксоналии мағзи сар" ҳимоя карда, соли 1990 дар ҳайси ассистенти кафедраи ҷарроҳии асаб ва аз соли 2000 мудири кафедраи ҷарроҳии асаби ДДТТ мебошад. Номбурда соли 2004 рисолаи доктории илми тибб дар мавзӯи "Хусусиятҳои сохтории амроз, ташхис ва табобати захмҳои косахона ва мағзи сар аз яроқи оташфишон аз материалҳои низоми маҳдуд дар Тоҷикистон" ҳимоя кард.

А. Чобулов муаллифи 163  мақола буда, аз ҷумла 24 - тоаш дар хориҷи кишвар ва 34 - то дар маҷаллаҳои ВАК Федератсияи Русия ба чоп расидаанд. А. Чобулов 4 китоби дарсӣ барои донишҷӯён ба забонҳои рӯсӣ ва тоҷикӣ ба чоп расонидааст.

Дар бораи ӯ аз забони корафтодаҳо зиёд шунидаем, аммо ин бор муяссар шуд, ки ӯро аз наздик бубинем. Анбуҳи зиёди мардум дар пушти утоқи қабули маризон боис шуд, то бо ин марди донишманд суҳбате биороем. Инак фишурдаи онро тақдими хонандаи азиз мегардонем.

- Доктор, лутфан мегуфтед, тартиби қабули ниёзмандон дар утоқи кории шумо чи гуна роҳандозӣ шудааст?

- Хуб мебуд, ниёзмандон бо тартиб додани як рӯйхати муайяне, яъне ба навбат ба мо муроҷиат менамуданд, вале барои ҷорӣ кардани чунин як низом зарурати қабули боз як корманд пайдо мешавад, ки мутаассифона аз чунин имконот бархӯрдор нестем.

- Таври маълум беморону муҳтоҷон аз минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо харҷи хеле зиёд ва мушкилоти роҳ назди шумо муроҷиат менамоянд, оё соатҳои қабуле, ки дар пушти дари утоқи кории шумо сабт гардидааст, риоя мешавад, чун дар ин маврид зиёд шикоятҳо шунида мешавад?

- Албатта, мо вазъияти имрӯзаро хуб дарк мекунем ва зиёд кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ки беморе пушти дар интизории зиёд накашад, танҳо ба истиснои ҳолатҳое, ки аз ихтиёри мо берун аст.

- Доктор, шумо, ки ҷарроҳи системаи нозуки асабед, оё пеш аз ҷарроҳӣ ба касе кафолати сиҳатӣ дода метавонед?

-Барои баланд бардоштани руҳияи бемор ба хусус бемориҳои омоси сар (саратон) танҳо ба беморон кафолати сиҳатёбӣ медиҳем, вале барои пайвандону наздиконаш чунин кафолат дода наметавонем. Зеро имкон дорад, талошҳои мо натиҷаи дилхоҳ ба даст наоранд.

-Маълум аст, ки имрӯз табобати ройгон дар кишвари мо вуҷуд надорад, пас барои табобати як бемор чӣ миқдор маблағ лозим аст?

- Тибқи қарори №600-и Вазорати тандурустии ҶТ маъюбони ҶБВ ва шахсони ба имтиёзи онҳо баробар, кӯдакони то сини яксола ройгон табобат карда мешаванд, вале барои боқии шаҳрвандон табобат бо пардохти маблағи муайян ба роҳ монда шудааст. Барои тавсия ва ё қабул аз ҷониби мо бемор ба маблағи бисту панҷ сомонӣ бояд пардохт намояд.

- Чанд фоиз аз ин маблағ барои кормандони соҳаи тибб пешбинӣ шудааст?

- 40 дарсади маблағи аз ҳисоби беморон пардохташуда барои пардохти музди меҳнат пешбинӣ гардидааст, ки мутаассифона ҳамагӣ 10-15% сарфи маоши кормандон мегардаду халос. Гузашта аз ин аз ҳамин ҳисоб барои маоши духтурони навбатдор, фаррошон миқдоре ҷудо карда шудааст. Аз буҷа кадом маблағе ҷудо нагардидааст.

- Оё шумо бидуни роҳхат имконияти қабули беморро доред?

- Не, ин салоҳиятро мо дар ихтиёр надорем, чунки дар ин бора қарори Вазорати тандурустии ҶТ содир гардидааст. Беморро мебояд аввалан аз ташхиси дармонгоҳи назди Маркази Миллии Тиббӣ гузашта, танҳо бо доштани роҳхат метавонад ба мо муроҷиат намояд.

- Шуъбаи ҷарроҳии асаб имконияти қабули чанд нафар беморро барои табобат дорад?

- Шуъбаи мазкур, ки дар Маркази Миллии Тиббӣ, воқеъ дар пойтахт мебошад, дорои си адад кати хоб аст, ки албатта ин ба талабот ҷавобгӯ нест. Бинобар ин вақте бемор худро беҳтар ҳис кунад, рухсаташ мекунем.

- Доктор, Шумо дар тарбияи кадрҳои хубу болаёқат чи нақше доред?

- Дар ҳоли ҳозир роҳбарии як рисолаи доктори илмҳои тибб ва се рисолаи номзадии илмҳои тиббро ба уҳда дорам. Инчунин бо роҳбарии банда се корҳои дисертатсионии номзади илмҳои тибб ҳимоя карда шудааст. Шогирдони зиёде низ дар ин ҷода тарбия намудаем

ӣ чиз шуморо хушҳол ва ё ғамгин месозад?

- Ба ростӣ, чун касби мо бо инсонҳо, ба хусус беморон сару кор гирифтан аст, басо нозук ва масъулиятнок мебошад. Мо худро ҳамон ҳолат хуб ҳис мекунем ва эҳсоси хушӣ мекунем, ки амалиёти мо бо муваффақият анҷом ёбад ва бемор бо чеҳраи хуш аз ин даргоҳ рухсат шавад. Дар акси ҳол, бо пайвандони бемор мо низ дар ғам шарикем.

-Ташаккур барои суҳбат!

-Муваффақ бошед.

Суҳбаторо Раҳматуллои Раҷаб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97