Хилватшоҳи Маҳмуд: Пули бисёр давлати Инсон нест

Мусоҳиба 19.01.2012 10:28

KhiLVATshooo"Миллат" дар ҷамъбасти соли гузаштаи милодӣ назархоҳиеро дар ин маврид анҷом дод, ки  кадоме аз мавзӯъот аз назари расонаҳо дар соли гузашта афтода буд ва ба он таваҷҷуҳ нашуд. Яке аз посухҳо ин буд, ки Инсон аз назари расонаҳо дар соле, ки дур монд.
Воқеан асри кунунӣ асри бегонагӣ шудааст, ин қадар инсонҳо бо вуҷуди ин ҳама имконот аз ҳамдигар фосила гирифтаанд, ки Инсон фаромӯш шудааст. Ин ки як роҳрӯб, як ронанда, як муаллим, як духтур, як рӯзноманигор, як нобино чӣ рӯзу рӯзгоре дорад, дигар барои матбуот бегона шуда буд, то даме ки мусибати азиме ба сараш наояд ба боди фаромӯшӣ афтодааст. Дар сар ҳавои ҳамин мавзӯъ, хостем ба суроғи сарнавишти Инсонҳо аз дар берун шавем, ки яке аз дари коргоҳ Хилватшоҳи Маҳмуд, аз рӯзноманигорони пуркори тоҷик, касе ки ҳамеша аз мо аҳвол мепурсад, дохил шуд. 

 

Чаро Хилватшоҳ қаҳрамони мо набошад? Хилватшоҳе, ки мудовим аз дигарон суол мекунад, ин бор дар "дом"-и мо уфтода буду ногузир бояд ба суолоти мо посух мегуфт.

- Хилватшоҳ, чанд сол доред?

- Чаро?! Ҳоло ман хеле ҷавон ҳастам, акнун 40 сола мешавам.  

- Чӣ аҷаб, дар синне ба "дом"-и мо афтодед, ки мешавад ҳисоботи зиндагии пушти сари хешро бидиҳед. Мегӯянд 40 солагӣ камоли умри инсон аст. Нахуст муборак шавад, ки ба сини камол расидӣ ва баъдан бигӯед, ки ин санаро чӣ гуна дарёфтед?
-Ташаккур! Инсон аз рӯзе, ки худро мешиносад бояд мардгуна рафтор кунад, андешааш мардона бошад, созандагиаш мардона бошад ва ҳар иқдоме мекунад; мавқеаш, пешааш мардона бошад. Ба назари ман, 40 солагӣ на миёнсолӣ, балки нишеби умр аст. Гоҳе мегӯянд, ки шахс баъди 40 солагӣ давлат меёбад, гоҳҳо мегӯянд то 40 солагӣ давлат меёбад ва гоҳҳо мегӯянд, ки бози давлат ба сари мардон баъд аз 40 солагӣ менишинад. Аммо ман фикр мекунам, ки дар як ҷомеаи муосир, ки мо зиндагӣ дорем, ҳамарӯза ва ҳамасоата мард мебояд буд, то кору пайкор, амал ва номардиҳои замонаро таҳаммул карда тавонем. Яъне то 40 солагиву баъди 40 солагӣ ва ҳамин тавр дар ҳар сурат дар камол бояд буд. Худо кунад, ки ҳамаи бандагон ба камоли умр бирасанд.
- Танҳо бо маоши рӯзноманигорӣ чи гуна зиндагиатонро таъмин мекунед?
Ман дар гузашта тиҷорат ҳам мекардам, ба корҳои менеҷерӣ ё миёнаравӣ дар ширкате, ки ба коркарди сангҳои ороишӣ машғул буд фаъолият ҳам доштам. Дар муҳоҷират ҳам будам. Ҳоло 3 бародарам дар муҳоҷират ҳастанд, гоҳ-гоҳе кумакашон ба ман мерасад. 
Аммо ҳоло маоше, ки мегирам маро қаноатманд мекунад, ҳарчанд ки хеле зиёд нест. То ҷое барои рӯзгузаронӣ аз ин моҳ то ба моҳи дигар мерасонад.
- Шумо қаблан дар чанд расонаи дигар фаъолият доштед: дар родиё ҳам будед, дар телевизион ҳам, ҳатто дар Иттифоқи рӯзноманигорон низ. Чӣ сабабҳо буд, ки ин ҳама вақт тағйири ҷойи кор кадед?   
Ҳеч гоҳ тағйири ҷойи кор накардаам. Бояд ин нуктаро зикр кунам, ки вақте дар соли 1989 ба факултаи филолигияи ДМТ дохил шудам, мебоист соли 1994 донишгоҳро хатм мекардам. Аз баски соли 1992 дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд, гурӯҳи мо пароканда шуду мо рафтем сӯйи деҳаҳоямон. Ман 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар деҳа ба ҳайси омӯзгори забону адабиёти тоҷик фаъолият кардам.
Баъдан вақте ба Душанбе баргаштаму дубора дар донишгоҳ барқарор шудам, барои идомаи таҳсил, дар Душанбе ба ҷуз як ҳафтаномаи "Чархи гардун" нашрияи дигари тоҷикӣ набуд. Ин авохири соли 1996 ва авоили соли 1997 буд. Он вақт ман оиладор шудам. Ва мебоист дар як вақт ҳам таҳсил ва ҳам кор мекардам. Ҳамон замон ба Иттифоқи журналистон ба кор омадам, ба ҳайси котиби Иттифоқ. Пас аз он ки сохтори Иттифоқ ба мушкилии молӣ рӯ ба рӯ шуду ман донишгоҳро хатм карда диплом дар даст доштам. Вақте ки "Русское радио Ориёно" - ро таъсис медоданд, аз ман хоҳиш карданд, ки дар бахши хабарии ин родиё фаъолият дошта бошам. Дар ин родиё ба ҳайси раҳбари бахши хабарӣ кор кардам то ҳангоме, ки заминаи таъсиси як родиёи сирф тоҷикӣ дар базаи моддии "Русское радио" ба вуҷуд омад. Вақте ки ин родиё (родиёи "Имрӯз") ба фаъолият шурӯъ кард, аз рӯзҳои аввали таъсисаш то моҳи октябри соли 2007 дар он ҷо кор кардам. Аз баски фаъолиятам тӯли 5 сол бидуни мураххасӣ буд, аз музди меҳнат шикоят надоштам, аммо хеле монда шуда будам. Мехостам ба истироҳат бароям ва худам аризаи рафтанамро навиштам. Ҳадди ақал баъди 15 рӯзи аз он ҷо рафтан даъват шудам ба Телевизиони "СМТ". Ба ҳайси сармуҳарири ин ТВ тӯли 4 соли ахир кор кардам. Ва аз ин ТВ ҳам нарафтам. Ҳоло ТВ "СМТ" ба мушкилоти техникӣ рӯ ба рӯ аст. Шоҳидем, ки ин ТВ бо иқтидори пешинааш фаъолият надорад. Табиист, ки тими асосӣ дар ҳар куҷои дигар фаъолият доранд. Ман ҳам даъват шудам ба Хабаргузории "Озодагон".
- Оё дар оянда ягон барнома ё тарҳҳои вижае доред?
Инсон агар барнома надошта бошад, табиист ки ба "роборт" мубаддал мешавад. Яъне, ӯро дигарон идора мекунанд. Аммо на ҳамеша барномаву орзуҳое, ки инсон дар андешааш дорад амалӣ мешаванд. Ҳар коре, ки кардаам бидуни барнома набудаст, бо хости Худо будааст ва Худо хоста, ки ба ҳадаф расидаам. Ва ҳар кореро, ки шурӯъ кардаам таваккал бар Худо кардаам. Барномаҳои ояндаам хеле зиёданд. Аввалан омода кардани як мактаби махсуси омӯзиши онлайн журанилистика дар Тоҷикистон аст ва як мақсади ниҳоии дигар ҳам дорам, ки Худо бихоҳад ба он рӯз бирасам, ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи онлайн журналистика, мушкилот ва роҳҳои фароҳамсозӣ барои як мактаби иттилоотӣ дар Тоҷикистон аст.
- Хуб, ҳарфе дигар барои гуфтан дар ин фурсат доред?
- Сари ҷамъи дӯстон, пешравии матубот, комгорӣ дар пешаву саодатмандӣ дар рӯзгор ва суботи кишвар орзуи ҳамешагии ман аст. Беҳтарин орзуҳо ҳамин аст, ки дар як кишвари воқеан миллӣ, дар як ҷомеаи мардумсолор зиндагӣ кунем. Мехоҳам халқи шарифамон дар ҷомеае зиндагӣ кунад, ки ба ИНСОН арҷ гузошта шавад. Хоса аз ҷониби мақомоти гуногуни кишвар.
Хилватшоҳи Маҳмуд - 21 январи соли 1972 дар ноҳияи Ванҷ, дар хонаводаи кишоварз таваллуд ёфтааст. Фарзанди 5-уми хонавода. Мактаби миёнаро дар соли 1989 бо баҳои аъло хатм кардааст. Хатмкардаи Факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд: 2 писар ва 1 духтар. 24 сол инҷониб сокини пойтахт аст. Барнадаи ҷоизаи Лоҳутии Иттифоқи рӯзноманигорон, Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон аст.

Мусоҳиб Ёқуби Саид

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97