Тобиш Ҳилолӣ: Аз аскарӣ нагурезед, юзбошиҳо давлати Сомониёнро барҳам заданд

Мусоҳиба 29.10.2011 10:53

Tobish_Hiloli_0101Солҳост, ки мо шоҳиди онем, ки аксарият аз хидмати сарбозӣ гурехта ё пушти мизи донишҷӯӣ панаҳ мебаранд ва ё ба Русия мардикорӣ мераванд. Ин падида дигар дастҷамъӣ гардида ва боис шудааст, ки мавсими сарбозгирӣ масъулин дар баробари "облава" ё дар гир гирифтани сарбозони оянда чашмпӯшӣ ва ҳатто аз ин амали ғайриқонунӣ пуштибонӣ кунанд. Мавсими гузашта дар матлабе журналист Ибодуллоҳи Оқилпур шеваи даъват ба сарбозиро интиқод кардаву пешниҳодотеро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба артиш ироа кард, аммо фикр намекунем, ки ин пешниҳодот дар зудтарин фурсат пазируфта шаванд, зеро ҳатто аз сӯйи бархе аз масъулин ин матлаб нодуруст ташреҳ шуд.

Ба ҳар сурат ҳамчун як ватандор вазифаи худ медонем, ки боз ҳам ҷиҳати беҳтар шудани вазъ барои хидмати сарбозӣ матолиби бештаре мунташир кунем. Зеро амнияти марзу буми мо аз артиши ҷасуру далеру ватанхоҳ сахт вобастагӣ дорад.

Кишварҳое, ки ҳадафашон миллатсозиву қудратманд шудан аст, ин мавзуъро аввалтар аз ҳама дар мадди назар мегиранд ва онро ба ҳар тариқа таблиғ мекунанд.

Туркия, ки синамояш имрӯз дар ҳар хонае аз тоҷикон маскан гирифта, бештар ба ин масъала таваҷҷуҳ дорад ва аз се яки филмҳояш ҳатман сарбозони диловарашро таблиғ мекунад.

Таркан овозхони машҳури ин кишвар ҳатто барои адои хидмати сарбозӣ аз Амрико ба Туркия баргашт ва дар назди ватанаш хидматашро анҷом дод. Ҳатто таъхир кардани ӯ барои омадан ба Туркия аз сӯйи расонаҳои ин кишвар мавриди интиқод қарор гирифт. Ва вақте ҳам ки хидмати аскарӣ рафт, пайваста тариқи радиову телевизиони Туркия таблиғ мешуд. Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Агар мо мехоҳем ё не, ҳунарманд, ба вижа овозхон дар дунёи имрӯз ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ом қарор дорад, ба вижа ҷавонон. Ҳатто бубинед, ки марги пурфоҷиаи Сӯҳроби Сафарзод то ҳол гирди забонҳост ва шояд тоҷири беинсофе аз нашри диски ҷанозаи ӯ ҳазорҳо сомонӣ ҳам дарёфт кардааст.

Вазъи бади хидмати сарбозӣ аз он рӯ ҳамеша мавриди интиқоди мо қарор дошта, ки вазъ беҳбуд биёбад, то фарзандони ин сарзамин довталабона барои хидмат ба Ватан камари ҳиммат бубанданд. Аҳамияти хидмати сарбозиро аз Тобиши Ҳилолӣ, овозхони маҳбуб, ки ҳеч яке аз маросимҳои ҳарбӣ бидуни сурудаҳои ватанхоҳонаи ишон тасаввур намешавад, дар миён гузоштем:

Тобиш: "Қасам" корти даъвати ману Ҷаъфар

- Тобиши гиромӣ, нақши як овозхон дар ҷалби ҷавонон барои дӯст доштани меҳану ватан бисёр таъсиргузор аст ва суруди "Қасам"-и шумо аз чунин маҳбубияте бархӯрдор аст, мешавад, ки дар бораи торихчаи ин тарона ва муассиртарин лаҳзае аз вокуниши мухлисони ин тарона барои хонандаи нашрия бигӯед?

- Ин суруд, ки бо номи "Қасам" ёд мешавад, унвонаш "Савганди ватандорӣ"-ст ва соли 2006 сохта шудааст, ки ману Ҷаъфар онро омода кардаем. Оҳангсозаш ман ҳастам. Ҳамин суруд 23 феврал дар 15 солагии Қушунҳои мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи ваҳдат аввалин бор суруда шуд ва аввалин вокуниш ба он аз ҳамон ҷо шуруъ шуд. Чун Президенти кишвар пас аз ҳамон нақарот; "Қасам, эй Ватан!" аз ҷо бархостанд ва генералҳову ҳамаи афсарон низ аз ҷой бархостанд. Дигар ҳолати таъсирбахш замоне буд, ки дар соли 2008 дар рӯзҳои Ваҳдат дар Бадахшон дар варзишгоҳи Хоруғ, вақте тамоми аҳли варзишгоҳ, ки ҳудуди 10 ҳазор нафар буданд, ба по бархостанд. Сарбозони қисми сарҳадӣ бо парчам вориди майдон шуданд, ки ин боз бошукуҳтар сурудро ба намоиш гузошт. Аслан ин суруд дар ҳамон ҷо, ки Иди ваҳдат буд, як ваҳдатро ба вуҷуд овард.

- Шумо аз ҳамин ҷо тасмим гирифтед, ки бештар сурудҳое дар васфи ватану диёр бихонед, зеро сурудаҳои патриотӣ шояд дар ҳамчунин ҷашнвораҳо истиқбол бишаванд, аммо чандон манбаи даромади молӣ нестанд?

- Дуруст аст, ки даромади молӣ барои шахси худам зиёд имрӯз лозим аст. Ба хусус барои сабту клип кардани сурудаҳои навам, аммо хидмат ба ватан аввалтар аз ин хостаҳои фардист. Ба хусус вақте дидам, ки ҳазорон лабташнагони ватанхоҳ аз ин суруда ком ширин кардаву эҳсоси ватанхоҳии худро тавассути он баён медоранд ва дил холӣ мекунанд, бароям беҳтар аз ҳама моли дунёст.

-Оё ин суруд аввалин оҳанги ватанхоҳии Шумо буд?

- Не, аввал "Номуси ватандорӣ" тавлид шуд, баъдан "Савганди ватандорӣ". Ва боз "Ғурури ниёкон", "Дубора месозамат ватан" хуб, ҳаминҳо пайиҳам омадаанд. Қариб ҳар чор суруд дар як поя ва дар як маъниву ҳиссиёт ва сабки худи мо суруда шудаанд. Лекин он қадар "Савганди ватандори"-ро хурду калон дӯст медоранд, ки ман худам ҳам ҳайрон мешавам. Бубинед, баъд ман "Ғурури ниёкон"-ро омода кардам, дар он ҳисси ифтихори миллӣ, меҳри ватандӯстӣ, ё "Дубора месозамат ватан" он ҷо ҳам аз ҷиҳати мазмун суханҳои воло гуфта шудаанд, лекин ин қадаре ки "Савганди ватандорӣ" маҳбубият пайдо кардааст, ҳам дар байни сарбозону афсарон ва ҳам дар мактабҳо шояд собиқа надошта бошад.

- Писандидатарин оҳангатон кадом аст:

Tobish_Hiloli_0103- Ба фикрам "Савганди ватандорист". Медонед барои чӣ? Ман ҳанӯз вақти эҷоди он аллакай ҳис кардам, ки ин суруд сурудаи одӣ нест. Дар атрофи ин суруд ҳатто бастакорони касбӣ як баҳс оростанд, ташхис карданд, фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд. Хулосаи ҳамаи ҳамон бастакорони касбӣ ин буд, ки ҳамин суруд ягон камӣ надорад. На аз ҷиҳати касбӣ ва на аз ҷиҳати мазмун ягон камбуд надорад. Ба фикрам ҳамон корти даъвати ману Ҷаъфар, тавре мегӯянд, ҳамин "Савганди ватандорист".

Тобиши аскар

- Имрӯз мо шоҳиди онем, ки ҷавонон аз хидмати сарбозӣ, ки қарзи ватандории ҳар як ҷавони соҳибватан аст, мегурезанд. Худи Шумо хидмати аскарӣ кардаед ва дар куҷо?

- Банда дар даврони Шуравӣ дар соли 1985 - 87 хидмат кардаам. Аввал дар мактаби сержантии Запарожетси Украин муддати 6 моҳ таҳсил кардам ва баъд якуним соли дигар дар Муғулистон хидмат кардам, ки бо рутбаи сержанти калони қувваҳои зидди ҳавоӣ ба Ватан баргаштам.

- Хелеҳо мегӯянд ду соли умр бар ҳадар меравад, оё шумо аз барҳадар рафтани ин ду соли умратон дар сарбозӣ афсус намехӯред?

- Баръакс, ин ду сол дар ҳаёти ман нақши муассире гузошт. Аввал оламу одамро шинохтам. Ва он гаҳ худро як инсони ба камол расида дарёфтам. Муҳаббати азизонро бештар дар ин фосила эҳсос кардам. Ҳар сатри номаи азизон дар ёдам нақш дорад. Ҳатто ба қадри обу гили Ватан расидан, лаззати накҳати гулҳои ватанро ман ҳанӯз аз ҳамон вақт дар ёд дорам. Воқеан маросими гуселу пешвози аскарон хос буд ва дар ҳарду маврид тӯй барпо мешуд. Инро ҳамаи онҳое, ки хидмати сарбозӣ кардаанд, ёд доранд.

- Бархеро он замон хидмати аскарӣ аз "ишқи аввал" маҳрум мекард, то ду сол сипарӣ мешуд, ки маъшуқи онҳоро ба дигаре хонадор мекарданд, ин дардро ҳам шумо аз сар гузарондед, ё…

- Не, ҳамчунин иттифоқе бо ман рух надодааст. Аммо ин ишқи аввал чандон ҷиддӣ нест, дар ҳолати ҷиддӣ будан ҳам, аскарӣ рафтани ҷавони дилдода имтиҳони ҷиддие барои дарки воқеии эҳсосҳо ва устувори ин муҳаббат мебуд.

"Дизертир"-и шуравӣ

- Фикр мекунед, иллати аслии гурез аз сарбозӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол чист?

- Аслан ман намедонам, ки чаро онҳо аз сарбозӣ мегурезанд? Аз душвории хидмат мегурезанд ё аз кадом сабаби дигар. Зеро хидмати сарбозӣ дар ҳама давру замон душвор буд. Албатта, ба хидмати ҳарбӣ рафтӣ, он ҷо хонаи падару модар дигар нест, ки ҳар гуна дилат хост, хобу хуфту гашту гузору наҳорӣ бинамоӣ. Барои ҳамин хидмати сарбозӣ мегӯянд, ки он ҷо як тартиботу низоми хос дорад. Ин худ як мактаби мардонагист. Ва аз ҳамин мактаб, ки одам гузашт, ба душвориҳо тобовар мешавад. Масалан, Суворов як сухане дорад, ки дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ шиор буд: "Тяжело в учение и легко в бою". Ин суханро тамоми қисмҳои ҳарбӣ қабул кардаанд, яъне вақти омӯзиш ва мактаби мардонагиро гузаштан душвор аст. Аммо вақте аз ин мактаби мардонагӣ гузаштиву мард шудӣ, аллакай ҳимояи ватан бароят душворӣ надорад. Аслан, ман хеле ҷигархун мешавам, вақте ки ватан ба ҳимояи фарзандон ниёз дораду дар вақти аввалин даъват мегурезем. Баъзан вақт дар хиёбонҳо мебинам, ки "облава" аст, ҳамин қадар дилам фишурда мешавад, ки наход барои ҳимояи ватан касро маҷбур кунанд, ки бояд ба хидмати ҳарбӣ биравад. Бо зӯрӣ ва маҷбурӣ Ватанро дӯст доштан намешавад охир. Мутмаинам, ки ин гуна аскарҳо, к ибо маҷбурӣ ба сарбозӣ мераванд, баробари сар задани таҳдиде аслиҳаро як сӯ гузошта гурехта меравад.

Дар даврони Шуравӣ низ ҳама аз дилу ҷон ба хидмат намерафтанд. Аммо хидмат ҳатмӣ ва барои ҳама буд. Шахсан ман курси якумро дар Институти санъат тамом кардаму ба хидмати ҳарбӣ даъват шудам. Масалан, намегӯям, ки ба хоҳиши худам рафтам. Як тартиби муайян буду моро даъват карданд ва аз ин ҷойи гурез набуд. Мисли имрӯз наметавонистӣ ба мардикорӣ бигурезӣ, талабот барои хидмати аскарӣ қатъӣ буд ва сарнавишти ояндаи ҳар ҷавон аз он сахт вобаста буд. Аксарият ба хидмат ҷалб мешуданд.  

- Дар низоми шуравӣ чунин мушкилот, мисли гурези ҷавонон аз сарбозӣ вуҷуд дошт?

- Аслан дар ҳамон қисми ҳарбие хидмат мекардам, вожаи "дизертир"-ро бори аввал шунидам. "Дизертир" як ҷинояткори вазнин ҳисоб мешуд, ки аз хидмати ҳарбӣ рӯ метофт. Дар ҳамон ҷо ман вохӯрдам, ки як сарбоз қисми ҳарбиро партофта рафта буд. Ва ӯро ба пушти панҷара кашиданду ба муҳлати як сол маҳбас шуд. Як ҳодисаи дигарро ёд дорам, ки мо то соати сеи шаб як сарбози дигарро ҷустуҷӯ кардем. Дар ҳамон даврони Шуравӣ бо ҳама шаҳомату иқтидораш сарбоз гурусна низ мемонд. Ба хусус ҷавонаки 18 сола, ки тоза аз оғуши гарми хонавода ба як ҷойи ғариб ва он ҳам ба хидмати сарбозӣ меафтад ва дучори низому тартиботи нав мешавад, рӯҳан баъзе аз иродасустарон ин душвориро таҳаммул надоранд. Ба иборати дигар, "писарони модар" хеле азоб мекашанд. Вақте се моҳи аввали мактаби сержантиро пушти сар кардам ва мо, ки мактаби олӣ таҳсил мекардем, забони русиро хуб балад будам, моро интихоб карданду ба мактаби сержантӣ фиристоданд. Ҳамон ду се моҳи аввал ҳамин қадар гаронам афтид, ки ҳам рӯҳану ҷисман аз ҳисоби давидану паридан хаста мешудам. Агарчи мо 60 нафар тоҷик дар як қисми ҳарбӣ будем, зӯри касе ба мо намерасид, ҳамагӣ шаҳриву русидон будем, аз ин рӯ аз дигарон дастболо будем. Аммо хидмат мушкил буд, ба хусус нимсер гаштан. Субҳ соати 8 наҳор мекардӣ ва то соати як интизорӣ мекашидӣ, то ғизохӯрӣ. Ба сарбози нав омада бо ин меъёри ғизо тоб овардан дар моҳҳои аввал хеле душвор менамуд. Аммо аскарӣ мактаби мардонагист, бовар кунед.

-Аз наздиконатон ягон кас дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмат кардааст?

-Бале, ду сол қабл писархолаам ва се - чор сол пеш писари акаам низ хидмати ҳарбӣ рафта буданд.

-Аз фарзандони худи шумо чӣ?

- Не. Барои он ки фарзандони ман донишҷӯ мебошанд. Онҳо дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳ мехонанд.

-Шудааст ҳолате дар зиндагии шумо, ки барои кадоме аз наздикон ва ёру рафиқон барои озод кардани эшон аз хидмати сарбозӣ назди кадом дӯстҳои саршиносатон биравед. Чунки шумо гуфта будед, ки бештари дӯстҳои шумо шахсони ҳарбианд?

-На. Чунин муроҷиат ба ман нашудааст. Ва ҳечгоҳ агар раваду чунин масъала пеш ояд, хоҳиш ҳам намекунам. Бигузор дӯсти наздики банда бошад ҳам, хоҳиш намекунам.

"Дедовшина"-и Шуравӣ

- "Дедовшина" ҳангоми сарбозии шумо буд?

- Ин як падидаест, ки дар ҳамаи давру замон буд. Аз он хотир, ки ҳамин шахсе нисбатан зиёдтар хидмат кардааст, таҷрибаи бештар дорад. Аммо "дедовшина" дар вақти мо дигар буд ва имрӯз ба шунидам маънии дигар касб кардааст. Дар даврони шуравӣ ҳам буд ва имрӯз агар ба артиши Русия назар афканем, ин "дедовшина" вуҷуд дорад. Расонаҳо дар ин маврид иттилоъ медиҳанд. Русияи муқтадир ҳамин мушкилро бартараф карда наметавонад. Афсар бо ҳамроҳи сарбоз фақат ҳамин як вақти муайян ҳасту халос. Агар бигирем, пас аз назорати шомгоҳӣ дар ҳамон казарма як навбатдор мемонад. Дар он ҷо чӣ воқеаҳову гапҳо мешавад, инро танҳо Худо медонаду бас. Ба ҳар ҳол ин "дедовшина" ҳам бояд ҷавонҳоро натарсонад ва барои ҳимояи худ танҳо ҷавонмардӣ зарур аст. Ҳамчунин тарғиби фарҳанги волои инсонӣ метавонад ин падидаи номатлубро аз миён бардорад.

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар…

- Фикр мекунед, ки чаро ҷавонон ҳатман бояд ба хидмати сарбозӣ бираванд?

Tobish_Hiloli_0102- Ҳоло ҷаҳон дар як марҳилае қарор гирифтааст, ки ҳама ҷо нооромию хусумату душманӣ дида мешавад. Барои ҳамин ҳамеша омода будан лозим аст. Мо аз тариқи телевизиону интернет шоҳиди он ҳастем, ки чӣ гуна миллати Фаластину курдҳои бечора беватану дарбадару хокбасаранд ва касе ҳам ба додашон намерасад. Худ бехона будан чӣ қадар сахт аст, чӣ расад ба беватан будану дарбадар шудан. Дур намеравем, садҳо сурудаҳои ирониёну афғонҳои муҳоҷирро бишнавед, ки чӣ қадар сӯзишу дард аз ғурбат доранду ёди ватан мекунанд.

Аз ин рӯ ҳар тоҷики ба номус бояд бо дандон аз марзу буми кунунии ватан ҳифозат кунад. Барои ин бояд аввалтар аз мактаби мардонагӣ -хидмати сарбозӣ гузашт, то битавонем бо мардони асили ватанхоҳу далеру тавоно ин Ватанро ҳифз кунем.

Сомониёнро "юзбоши"-ҳо шикаст доданд

- Шумо ҳамчун як овозхоне, ки сурудҳои ватанхоҳӣ месароед, маълум аст, ки аз торихи ватан хуб огаҳ ҳастед ва шикасти давлати Сомониёнро медонед, ки бо дасти лашкариёни аҷнабияш амалӣ шуд. Имрӯз аксарияти мардум ҷилои ватан дорад ва ин артиши бузурги муҳоҷирон, ки аксарият аз ҷумлаи ҷавонони сини хидмати ҳарбӣ ҳастанд, пас аз солҳо кору иқомат дар Русияи сард иллатӣ ба Ватан бармегарданд. Фикр мекунед, барои ҷалби ҷавонон ба хидмати сарбозӣ чӣ бояд кард? Тарғиботи бештар, қоил шудани бархе аз имтиёзот дар баробари онҳое, ки хидмати сарбозӣ кардаанд, таҷдиди назар дар навҳаи даъват ба хидмати сарбозӣ ва шароити хидмат ва ё иҷборан сафарбар кардани ҷавонон?

- Аввал аз ҳамон давлати Сомониён оғоз кунем. Бубинед, ҳамин иллати пош хӯрданаш аз заъфи артиши ҳарбӣ буд. Артиш муқтадир буд, аммо бештари афсарону генералҳояш туркзабонҳо буданд. Масалан, дар давраи Амири Бухоро юзбошӣ, мингбошӣ…буданд, юзбошӣ сари 100 нафар раҳбар буд ва мингбошӣ сари 1000 нафар. Фикр мекунам, ки ҳамин мушкилиҳо шояд ҳамон давра ҳам буданд. Вақте сипар нест, империя ҳам несту давлату тамаддуну мардум ҳам.

Қаблан аз либоси афсаронро ба бар кардан фахр мекардӣ, шахсан ман хеле афроди ҳарбиро эҳтиром мекунам. Беҳтарин дӯстонам аз миёни ҳамин ҳарбиён ҳастанд. Чаро? Чунки мо ба ҳузур дар хоби нозем, вале ин афсарон ҳамеша дар ҳолати омодабош барои ҳимояти амнияти мову ватани мост. Аз ин рӯ мо бояд афсарони ба ору номусу ҷасуру тавонову миллатдӯсту ватанхоҳ тарбият кунем. Бояд сарбозони беиллат ба артиш ҷалб шаванд. Ҳатто агар мо бихоҳем ҳам, ки як артиши бо ном элита дошта бошем, шояд натавонем онро дошта бошем. Чунки мо аз лиҳози нуфуз хеле кам ҳастем. Аммо доштани ин гуна артиш дар ин замон зарур аст.  

Ин ки ҷавонон аз хидмат гурехта Русия мераванд, онҳоро мо гунаҳкор карда наметавонем. Аксар аз ноилоҷӣ мардикорӣ мераванд. Касеро маҷбур ба хидмат бурдан намешавад, зеро ватанро бо зӯр дӯст доштан намешавад. Дигар роҳҳоро бояд ҷустуҷӯ кард. Шумо низ баробари суолатон пешниҳоде кардед, шояд имтиёзе дар баробари сарбозон қоил шудан лозим. Ба ҳар ҳол ин кори Вазорати мудофиа ва Кумитаи кор бо ҷавонон аст, ки барои ҷалби ҷавонон ба артиш дар ин маврид таҷдиди назар кунанд. Масалан ба шахсе, ки хидмати сарбозӣ кардааст, барои таҳсил дар макотиби олӣ роҳхат дода шавад, то имтиёзи бештаре дошта бошанд, ё 20 дарсади харҷи таҳсилаш кам карда шавад ва ба ҳамин монанд имтиёзҳо. Ва ҳамин тариқ аз вожаҳои "дизертир"у "облава" мавсими сафарбарӣ ба сарбозиро наҷот бояд дод ва ифтихори сарбозу афсар буданро бояд баргардонид.

Асалан бигирем, ҳимояи ватан кори саҳл нест ва на танҳо барои сарбоз мушкил аст, балки барои генералу афсарон кори сахтест. Ҳамин сол, 28 май дар як қисми ҳарбии марзбонӣ, ки даъват карда буданд, меҳмон шудам. Ин қисми ҳарбӣ дар сарҳади миёни Узбакистону Эсанбои ноҳияи Рӯдакӣ аст. Дар он ҷо барои марзбонон як барномаи консертӣ ташкил кардам ва қаблан қумандони ҳамин қисми ҳарбӣ ба ман телефонӣ дар тамос шуд. Ман гуфтам, ки бе ягон маблағ меояму консерт барпо мекунам. Вақте ки ба он ҷо рафтам, бовар кунед, он артише, ки 5 -10 сол пеш доштем, он нест. Аллакай дигар шудааст, намуди аскарбачаҳо, сару либосашон дигар шудааст. Сарбозон либоси озода ба бар доштанду шароиташон беҳтар буд. Пеш баръакси инро медидӣ. Имрӯз шароит хеле беҳтар шудааст ва ҳатто бо ҳамроҳи онҳо дар ошхона хӯрок хӯрдем. Хулоса, ҳамаи шарту шароит ба куллӣ дигару беҳтар шудааст. Шояд ин ҷо ҳам камбуд бошад, аммо дар маҷмӯъ хеле беҳтар аз қабл буд. Дар назди хонаамон колеҷи сарҳадчиён аст, ки рӯз аз рӯз онҳо озодатару бо низомтар ба назар мерасанд. Аммо ҳанӯз ҳам бояд кори бештаре дар ин соҳа сурат бигирад, ба хусус қоил шудани имтиёзи бештар ба ҳарбиён, аз қабили таъминоти манзилу таҳсилу маоши беҳтар.

Амалгароӣ беҳтар аз ифтихори пуч

- Чӣ пайёме барои миллат доред?

- Меҳоҳам ҳамаи кори ин миллат аз сари сидқ бошад, дӯст доштани ватан, хидмати ватан ва ифтихор аз он. Ҳам барои мансабдор, ҳам барои сарбоз ва ҳам барои овозхон зарур аст ҳар амалашон сидқан бошад. Ҳеч коре бо зӯрӣ ва маҷбурӣ самари хуб ба бор намеорад. Имрӯз рӯзи нангу номус аст. Мо бояд аз сари нанг ин ватанро худ бисозем ва бо ҳам бисозем. Бо пойи худ истода шавем. Дар баробари шӯрбодҳои ҷаҳони муосир битавонем истодагарӣ кунем. Миллатҳои дунё аз замони худшиносӣ гузаштаанду имрӯз арзишҳояшонро ба дунё муаррифӣ доранд. Мо бояд дар дунёи муосир бо тафаккури нав ворид шавем. Миллатҳои хушбахт танҳо аз рӯи китобҳо ва гузаштагонашон намефахранду бо амал нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат инҳо ворисони сазоворанд. Лекин то ба кай моро маҷбур кунанд, ки вақти хидмат ба ватан аст ва кӯча ба кӯчаву хона ба хона сарбоз ҷамъ меоварем, то нақша иҷро шавад?! Ҳар фард бояд эҳсоси масъулият кунад. Набояд мунтазир нишаст, ки касе дигар биёяду ӯро маҷбур кунад, ки бархезу ҳамин корро бикун. Масъулиятшинос, ки шудӣ, ба қадри миллат ҳам мерасиву ба қадри ватан ҳам. Иншоаллоҳ аз он рӯзҳои мушкиле, ки буданд, гузаштем, аз ин монеаҳои кӯчак ҳам мегузарем. Аммо бояд зудтар ин марҳилаҳоро тай кунем, вагарна аз дунё ақиб мемонем.

Ба "Миллат"- и мову шумо низ комёбӣ таманно дорам!

- Ташаккури зиёд барои сӯҳбати пурмуҳтаво!

Сӯҳбати Ф. Рустам

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97