Дорис Хертрампф: Озодии баён ҷавҳари кишвари демократист

Мусоҳиба 06.09.2011 12:16

Safir_02Олмон яке аз кишварҳои пешрафта ва мутамаддини дунё ба шумор меравад, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои хуби дипломтиро ба роҳ монда, дар ин давра, тариқи лоиҳаҳои мухталифи молиявӣ ба соҳаҳои гуногуни кишвар ба маблағи беш аз 130 миллион евро кӯмак расонидааст. Инчунин тариқи лоиҳаҳои хурд ба соҳаҳои маориф, тиб ва кишоварзии Тоҷикистон кӯмакҳои молии билоиваз намудааст. Чун дар остонаи 20 –умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон қарор дорем, бо ангушт задан ба рӯи исми ошноҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол Олмонро дарёфтем.

Шаҳноз Комилзода бо бону Дорис Хертрампф, сафири Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон мусоҳибаи ихтисосие анҷом додааст, ки пешкаши хонандагони азиз мекунем.

Олмон пас аз Амрико дувумин донор аст

- Шумо сатҳи равобити Тоҷикистон ва Олмонро чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Ҳамкориҳоямон бо Тоҷикистон хуб, самимӣ ва бидуни мушкилот аст. Чанде пеш ҳинни сафари гурӯҳи Осиёи Марказии порлумони Олмон ба Тоҷикистон бори дигар боварӣ ҳосил кардем, ки муносиботи миёни ду кишвар хеле хуб аст. Олмону Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар СММ дар масоили тағйири иқлим ва ҳуқуқи истифодабарии об ҳамкории густурда дорад. Тоҷикистон дар лоиҳаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаҳои миёнмарзӣ бо Афғонистон барои Олмон шарики хуб ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳо шарики Олмон буда ва Олмон низ мисли пештара пас аз ИМА дуввумин кишвари донори дутарафа дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Сармоягузорӣ беҳ шавад, мушкили муҳоҷират ҳал мешавад

- Тибқи омор дар ҳоли ҳозир дар кишвари Шумо ҳудуди 3 миллион муҳоҷири меҳнатӣ аз Туркия ба сар мебаранд. Оё аз шумули мардуми Тоҷикистон ҳам муҳоҷири меҳнатӣ дар Олмон мавҷуд ҳаст? Ва оё имкон дорад, ки барои як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Олмон имкони кору фаъолият фароҳам сохта шавад, ҳади ақал барои муҳоҷирони мавсимӣ? Чун бекорӣ, ба хусус миёни ҷавонони тоҷик яке аз мушкилоти муҳимми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

- Агар иҷозат бошад, каме шуморо ислоҳ мекунам, шумораи муҳоҷирони корӣ ва шаҳрвандони Олмонии турктабор аллакай ба беш аз 4 миллион расидааст. То он ҷое ки ман огоҳ ҳастам, дар он ҷо муҳоҷирони кории тоҷик мавҷуд нестанд ва дар мавриди даъвати муҳоҷирони кории тоҷик ба Олмон низ иттилооте надорам. Тавре шумо хабар доред, шурӯъ аз соли 2011 барои шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо рафту омад дар қаламрави кишварҳои аъзои он комилан озод аст. Бино бар он мо гумон дорем, ки чунин рафту омади озод тавозуни талабот ва ё барзиёдии қувваи кориро танзим мекунад. Барои рафъи бекорӣ дар Тоҷикистон бояд фазои сармоягузориро хуб кард, то ки ҳар чи бештар сармоягузорони хориҷӣ ҷалб карда шаванд. Бар замми ин беҳтар мебуд, агар тадбирҳои пешрафти ислоҳот ҳар чи зудтар амалӣ мешуд.

Тарбияи фарзанд вазифаи волидон, вазифаи давлат таъмини онон

- Шунидаем, ки дар кишвари Шумо Вазорати оила вуҷуд дорад. Барои мо донистани фаъолияти чунин вазорат ҷолиб аст.

- Вазорати Федеролӣ оид ба оила, бознишастагон, занон ва ҷавонон соли 1953, яъне пас аз таъсиси Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар соли 1949 таъсис ёфтааст ва то имрӯз дар ҷомеа ва хонаводаҳо тағйиру дигаргуниҳои зиёде ворид шудааст. Ҳамчунин дар тӯли 60 сол вазифа ва ӯҳдадориҳои ин ниҳод такмил ёфта, онҳо ба пешрафти ҷомеаи олмонӣ мутобиқ шудаанд. Бештарин пешрафту тағйирот бо ташаббуси фаъолияти густурдаи вазорат рӯйи кор омадааст. Бештарин пешрафтҳо ба таъмини низоми баробарии мақоми зану мард дар оила ва касбу кор иртибот дорад: Агар дар соли 1960 ба зани олмонӣ барои ба кор баромадан иҷозаи шавҳар лозим буд, пас расидан ба меъёри болотари баробарии зану мард дар тӯли ин солҳо, ин арса ба дастовардҳои назаррасе ноил шудааст. Дар шароити имрӯза яке вазифаҳои муҳими вазорат инҳоянд: - Дастгирии оилаҳо тариқи маҳфилҳо ва кумаки молиявӣ; тадқиқотҳои илмӣ оид ба нақши оила дар давлат ва ҷомеа; ташкили шароити хуби қонунгузорӣ барои фаъолияти мутобиқи корӣ ва оила; дастгирии одамони солманд ва нақши онҳо дар ҷомеа; тадқиқоти илмӣ оид ба вазъияти одамони солманд дар давлат ва ҷомеа; дастгирии ҷамъиятҳои мутобиқи дидгоҳҳои одамони солманд; коркарди қонунҳои федералӣ оид ба баробарҳуқуқии марду зан ва рушди барномаҳо ва ибтикорот; чорабиниҳо оид ба паст кардани хушунат алайҳи занон; дастгирии созмонҳои занон; вазорат дар ташкили ворисон сарпарастии кӯдакон дар муассисаҳои тарбиявӣ масъул буда ва ҳамзамон то соли 2013 ҷомеа ва ташкилотҳои ин соҳаро аз ҳисоби буҷаи федеролӣ, ки 4 миллиард евро аст, ёрӣ мекунад; вазорат яке аз муассисаи муҳим оид ба риояи дидгоҳҳои кӯдакон ва ҷавонон дар ҳама бахшҳои сиёсат, пеш аз ҳама дар бахши таълим, тандурустӣ, бозори кор ва ғайра мебошад.

Ин танҳо баъзе аз вазифаҳои муҳими вазорат аст, ки барояшон дар соли 2010 аз буҷа 6,54 миллиард евро ҷудо шуда буд. Ин маблағ барои чанд бахш равона шудааст; аз ҷумла; маблағи кӯдакон (дар як моҳ 180-190 евро ба сари ҳар кӯдак), маблағи волидон 4,48 миллиард евро (дар зарфи 1 сол ба падар ва ё модаре пардохта мешавад, ки дар ин муддат аз кӯдаки навзод нигаҳубин мекунад), барномаи мубориза бар зидди ифротгароии рост ва чап: 24 миллион евро, ҳамчунин як миқдор маблағи дигар барои мубориза зидди ифротгароии рост ва ифротгароии исломӣ.

Тавре аз тарҳи ин нақшаҳо бармеояд, ҳукумати федеролӣ намехоҳад ба хонаводаҳо тавсеа бидиҳад, ки чи тавр фарзандонро тарбия кунанд. Тарбияи кӯдак – вазифаи танҳо волидон аст. Аммо ҳукумати федеролӣ намехоҳад оилаҳои кӯдакдор дар ҳолати бади иқтисодиву молӣ қарор дошта бошанд. Он оилаҳое, ки дар тарбияи фарзандашон мушкил доранд, барномаҳову, созмонҳое мавҷуд ҳастанд, ки ба чунин волидон кӯмак мерасонанд ва дар ҳалли мушкилоташон онҳоро дастгирӣ мекунанд. Ҳамчунин созмонҳое ҳастанд, ки ба кӯдакону ҷавононе, ки дар хонаи волидон таҳти фишори хушунати хонаводагӣ ва лату кӯб қарор мегиранд, кӯмак мекунанд. Вазири ин муассиса аз соли 2009 бону Кристина Шрёдер мебошад.

Самари 10 соли ҳамкорӣ

- Дар бораи ҳамкориҳои иқтисодии Олмон ба Тоҷикистон, дақиқтараш дар 10 соли охир чи мисолҳоеро овардан мумкин аст.

Safir_va_Shahnoza_01- Тоҷикистон аз соли 2001 кишвари шарик оид ба ҳамкорӣ оид ба рушд ва дорои дараҷае мебошад, ки танҳо 49 кишвари ҷаҳон дорои он мебошад. Олмон аз соли 2001 ба Тоҷикистон лоиҳаҳои кӯмаки башардӯстона ва корҳои оид ба рушдро анҷом медод, аз соли 2001 лоиҳаҳои вазорати федеролии ҳамкориҳоии иқтисодӣ ба маблағи беш аз 130 миллион евро дар кишвари шумо амалӣ гаштанд. Ғайр аз ин дар Тоҷикистон лоиҳаҳое фаъолият доштанд, ки аз тарафи Вазорати федеролии муҳити зист, Вазорати корҳои хориҷа ва Вазорати корҳои дохилаи Олмон пешбинӣ шуда буд. Масъалан, Олмон тайи чандин сол аст, ки аз ҷумлаи донорони бузурги барчидани минаҳои зидди пиёданизом дар Тоҷикистон мебошад. Аз буҷаи фарҳанги Вазорати корҳои хориҷи ДААД барои стипендия ва дигар чорабиниҳо оид ба дастгирии маълумоти олӣ маблағ ҷудо шудааст. Институти ба номи Гёте барои ҳамкориҳои фарҳангӣ маблағ ҷудо мекунад.

- Бахшҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодии мо ин дастгирии рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Дар банди асосии кӯмак ба тиҷорати хурду миёна ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ; дастгирии ташкилотҳои сармоягузории хурд ва дастгирӣ дар соҳаи тандурустӣ, асосан дастгирии модару кӯдак, мубориза бар зидди сил ва ВИЧ/СПИД мебошад. Дар бахши таълим, ба хусус сохтмони 33 мактаби ибтидоӣ дар Хатлон идома дорад. Маблағҳои Олмон тариқи созмонҳои олмонии Ҷамъияти байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ (ГИЦ), Бонки рушди Олмон КФВ, ДААД ва Агроаксияи Олмон мутобиқ ба ризояти ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои муштараки Тоҷикистон ба масраф мерасанд.

Лоиҳаҳои хурд зиёд дорем, ки фикр мекунам, зарурати номбар кардани ҳамаи онҳо нест. Ман бароятон тавсеа медиҳам, ки шумо дар мавриди он лоиҳаҳо бо ГИЦ ва ё КФВ сӯҳбат кунед ва шояд аз як чандтои он лоиҳаҳо боздид ҳам бикунед.

Мо ҳангоми кор ҳангомаҷӯӣ намекунем

- Аз ин ҳама корҳои номбурда, кадом кӯмакҳо ба давраи фаъолияти Шумо рост меояд?

- Аз оғози фаъолияти худ аз сентябри соли 2008 чаҳор маротиба машваратҳои ҳукуматии ҳамкориву рушди Олмону Тоҷикистон баргузор шуд. Ман намехоҳам таъкид бикунам, ки афзоиши ҳар як кӯмак маҳз бино бар ҳисоботи сафорат боло рафтааст, аммо фикр мекунам, ки ҳамкоронам дар Олмон пешниҳодоти моро ба инобат мегиранд.

Ман дар мавриди чорабиниҳои хеле калон сӯҳбат намекунам, аммо соли гузашта мо бо иштироки ҳунармандони маъруфи Олмон гурӯҳи «Ди тотен хозен» рок-консерт баргузор кардем. Мо ҳангоми фаъолиятамон ҳангомаҷӯйӣ намекунем ва аз таблиғ ҳам кам истифода мебарем, аммо корамон мукаррар ва давомдор аст. Ҳузурамон дар Тоҷикистон тӯлонист – шаҳодати ин гуфтаҳо бинои нави сафорат аст, ки соли 2008 мавриди истифода қарор гирифтааст ва Резиденсияи сафир, ки соли 2010 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, мебошад.

Мафтуни осори таърихи 2500 солаи тоҷик

- Маъмулан эҳсоси зебоипарастӣ дар занҳо бештар мушоҳида мешавад. Шумо ба унвони зан Тоҷикистони сабзпушро чи тавр дарёфтаед?

- Ростӣ, ман дар мавриди ҳамин стереотипҳо мехоҳам чанд каломе бигӯям. Чаро эҳсосоти зебоипарастӣ бештар дар занҳо зоҳир шавад, на дар мардҳо? Дар дунё чи қадар рассом, ҳайкалтарош, тарроҳ ва моделерони мард дорем? Дар ҳоле ки мутаассифона, занҳо дар ин ҷода бо мушкил муваффақ мешаванд.

Ҳамчунин посух гуфтан ба суол оид ба фарҳанги миллӣ низ бароям мушкил аст. Фарҳанги миллӣ, ба хусус фарҳанги тоҷикӣ – ин чист? Ин хонаҳо дар хиёбони Рудакӣ бо сабки Шӯравӣ, ки намунаашон қасрҳои Гретсияи қадимро ба хотир меоранд? Ва ё биноҳои наве, ки бо кушкҳову гумбазҳояшон меъмории асри 15-16-ро ба хотир меоранд? Ва ё он одатҳои ҳифзшудаи хӯрдану нӯшидани замони шӯравӣ омехта бо меҳмоннавозии зебои тоҷикона бо анвои хоси хӯроки тоҷикона? Шояд ба ҳамаи ин суолҳо ман як посух дошта бошам: Ман мафтуни осори гуногуни таърихи 2500 солаи Тоҷикистон ҳастам, ки мебинам ва мушоҳида мекунам, ки чи тавр ҳамдигарро муттаҳид ва дастгирӣ мекунанд. Бештарини он тариқи роҳи абрешими қадим ба Аврупо гузаштаву ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд. Ва маҳз ҳамин омезиши наву куҳна ба чизҳои махсусан ҷолиб дар Осиёи Марказӣ ва ба хусус Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Омиле барои таҷлили ҷашни ориёӣ дар Олмон нест

- Мардуми тоҷику форс олмониҳоро аз табори худ – аз нажоди Ориёӣ медонанд. Аз ин нигоҳ дар соли ҷашни тамаддуни ориёӣ, ки Тоҷикистон онро таҷлил кард, чи гуна ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Олмону кишвари мо сурат гирифт?

- Мафҳуми «Ориёӣ» ҳеҷ умумияте бо гузаштаи этникӣ надорад, балки бо таҳқиқоти забонӣ вобаста аст, то ки маҳдудаи «оилаи забонҳо»-ро муайян кунанд. Сараввал дар асри 19 фанатҳои нажодӣ ва дертар дар асри 20 нажодпарастон ин мафҳумро ба таври ваҳшатнок ва ғайриқонунӣ истифода бурданд. Хушбахтона, имрӯз ба асоси дастовардҳои тадқиқоти генетикӣ, мо медонем, ки мо ҳама аз як реша ҳастем ва баъзе тафовутҳо миёни мардум аҳамияти зиёде надорад. Бино бар ин мо ҳеҷ омилеро барои таҷлили тамаддуни Ориёӣ дар Олмон намебинем ва ба ин муносибат ҳеҷ гуна ҷашну тантанае баргузор нашудааст.

Сафирхонум кист?

- Хуб аст, дар бораи худ ва таҷрибаи кориатон каме итиллоъ бидиҳед?

- Шурӯъ аз соли 1981 ман дар хадамоти дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Олмон фаъолият дорам. То ин вақт ман дар паи омӯзиши иқтисод будаму дар лоиҳаи таҳқиқотии Институти кооператсияи донишгоҳи шаҳри Мюнстер фаъолият доштам. Дар тӯли фаъолиятам дар ВКХ ман дар Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва Русия кор кардаам. Дертар роҳбари миссияи САҲА-ро бар уҳда доштам ва баъдан дар Кореяи Шимолӣ ба ҳайси сафир кор кардаам. Дар худи вазорат дар шӯъбаи СММ дар вазифаҳои мухталиф кор кардаам. Аз сентябри соли 2008 дар Тоҷикистон кору фаъолият дорам ва ин ҷо бароям хеле хуб аст.

Озодии баён ҷавҳари кишвари демократист

- Баҳои Шумо ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ва дар ин самт Шумо чи ҳамкориҳое бо Тоҷикистон доред?

- Вазъияти озодии баён дар ин кишвар метавонист аз ин ҳам хубтар бошад. Ман ҳоло ба гузориши «Хабарнигорони бидуни марз» такя намекунам, аммо мехоҳам ёдовар шавам, ки ман ҳамроҳи ҳамтоёнам – сафирони Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар баъзе ҳолатҳо расман эълон доштем, ки озодии баён яке аз афзалиятҳои болотарини давлати демократӣ ба ҳисоб рафта ва давлат вазифадор аст, ки ин афзалиятро ҳимоя кунад.

Ба ақидаи ман, хуб аст, ки дар Тоҷикистон як қатор рӯзномаҳои мустақил ва танқидӣ мавҷуд аст ва журналистони тоҷик дар иттиҳодияҳое муттаҳид шудаанд, ки мушкилоти худро озоду рушан баён медоранд. Олмон барои рушди ояндаи журналистон бо лоиҳаҳои Академияи «Мавҷи Олмон» ва бахши ҳамкорӣ бо журналистони САҲА, ки аз ҷониби Олмон дастгирӣ мешавад, ҳамкории зич дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97