Мавлавӣ Қосими Раҳим: «Бо устод Нурӣ «Братья по крови» не, бародари имонӣ будем»

Мусоҳиба 12.08.2011 10:46

MavLavi Qosim 09Муҳаммадқосим Раҳимов, маъруф ба Мавлавӣ Қосим яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шоҳиди зиндаи тамоми таърихи сивуҳаштсолаи ин ҳизб, наҳзатии баландмақоми зиндонӣ, ки ҳафт моҳ қабл баъди ҳашт соли маҳбусӣ аз зиндон берун шудааст, соли 1943 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ғозималики собиқ (Хуросони имрӯза) аз хонадони Муҳаммадраҳим ном муллои тоҷик ба дунё омадааст. Аз соли 1973 узви ҷунбиши ғайрирасмии наҳзати исломӣ (аз соли 1991 ба таври расмӣ ҲНИТ) аст. Беш аз сӣ сол масъулияти умури молиявии ин ҳизбро бар дӯш доштааст. Аз соли 1990 узви раёсати олии ҲНИТ буда, ҳатто замони дар зиндон буданаш дар ин симмат боқӣ мондааст.
Босмачиҳо моро мубориз карданд

- Ҳазрат, Шумо дар ҷомеъаи Тоҷикистон, миёни афроди огоҳ аз таърихи сиёсии кишвар дар радифи марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамчун яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати ислом маҳсуб меёбед. Хоҳиш мекунам, таърихчаи таъсиси Ҳизби наҳзати исломиро барои мо муфассал ва мушаххас мегуфтед? Ошноии Шумо бо устод Нурӣ чӣ гуна сурат гирифт ва аввалин ёрони шодравон киҳо буданд?
- Бисмиллоҳир- раҳмонир- раҳим.
Аз Шумо муташаккирам, ки ба кулбаи мо ташриф овардед ва маро хеле хушҳол сохтед. Аз дастандаркорони "Миллат" ҳам шодам. Ва "Миллат"  як нашрияест, ки воқеъан дар хидмати миллат аст. Умед мебандам, ки оянда ҳам "Миллат" дар хидмати миллат боқӣ ва сазовори номаш мемонад. Ба саволи Шумо, ки чи гуна банда дар канори устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ қарор гирифтам, бояд ҳаминро бигӯям, ки як сабаби дар овони шӯри ҷавонӣ мо як гурӯҳ ҷавононро дар як маҳфил гирди ҳам овардан ин шунидани таърихи ба истилоҳ босмачигарӣ ва рӯзгори он мардони муборизу шӯҷоъ, ки босмачиашон ном мебарем, мебошад. Мо аз рӯзгори талхи он мардон, аз ҳаводиси ногуворе, ки ба сари миллати мусалмони тоҷик баъди ҳамлаи лашкари Сурхҳо ба сарзамини мо, болои миллати мусалмони мо омад, аз падару бобоҳои хеш мешунидем ва аз ҳама он ҷабру ситамҳо, китобсӯзиву куштори аҳли илму савод, аз "тройка", ба Сибир бадарға шудани муллоҳо ва афроди огоҳу босаводи миллатамон қиссаҳо мешунидем. Ва ҳама ҳамин ноҳаққиҳо ва беадолатиҳо моро, ки ҷавонони хунгарм ва навомӯз будем, ба андеша водор мекард. Ва чун дар маҳфилҳои динӣ ва омӯзишӣ гирди ҳам меомадем, аз ин ҳама сӯҳбатҳо мешуд. Ва ҷавонони огоҳу дигарандеше амсоли Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Эшони Сайид Қиёмуддин, мулло Муҳаммадрасули Салом, Қорӣ Муҳаммадҷони Ғуфрон алайҳираҳма, мулло Қаландари Садриддинзодаро маҳз ташнаи омӯзиши улуми динӣ будан, ҳамин афкори озодипарастӣ ва адолатхоҳӣ гирди ҳам овард ва мо дар ҳамон маҳфилҳои омӯзишӣ ва зеризаминии хеш ба натиҷае расидем, ки як созмонеро бо номи Ҳизби наҳзати ислом таъсис намоем. Оғози марҳалаи таъсиси ин ҳизб, яъне давраи сӯҳбату гуфтугӯҳо ва омӯзиши бовару эътимод ба ҳамдигар, таъини мақсаду барнома ва итминону садоқат ба муборизаҳо аз соли 1973 шурӯъ гардида, то соли 1975 давом ёфт. Ва мо ҳамин соли 1973- ро чун санаи таъсиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қабул кардем.

Ман муассиси ҲНИТ не, як узви аввалин ва содиқи он ҳастам

- Ин ҳама с
ӯҳбату гуфтугузори аҳли он маҳфил, яъне таҳсилоти зеризаминии гурӯҳи Шумо ва идеяи таъсиси як ҳизбе бо номи наҳзати исломӣ дар куҷо сурат гирифт?
- Дар мафҳилҳои омӯзишии худ дар вилояти собиқи Қӯрғонтеппа аз ин мавзӯъ гуфтугӯву сӯҳбатро оғоз кардем ва баъдан дар Душанбе ва дар ҳар куҷое, ки гирди ҳам меомадем, онро идома ва такмил медодем. Ва Қӯрғонтеппа дар замони Шӯравӣ, сарчашмаи бедориҳои миллӣ ва динӣ дар Тоҷикистон буд. Наҳзати динӣ ва бедории миллат аз Қӯрғонтеппа фаввора зад. Дар ин водӣ уламо ва рӯҳониёни огоҳу донишманд ва бедоре мезистанд, ки барои тарбияи динии мардум хидматҳои беминнате кардаанд. Акнун биёем ба сари он гуфтаи Шумо, ки бандаро яке аз муассисини Ҳизби наҳзати исломӣ ном бурдед, ман ба ин розӣ нестам. Ман ҳамчун як фарди оддӣ, аввалин хизматгори  ин ҳизби милли ва дини ҳастам ва содиқона ва холисона тайи солҳои зиёд аст, ки дар хидмати Ислом ва мардуми азиз қарор дорам, ки аз ин ифтихор мекунам. Тақдири Илоҳӣ ҳамин гуна будааст, ки ман дар таъсиси ин ташаккули сиёсӣ ширкат доштаам. Дар замоне, ки Ҳизби коммунисти собиқ пурқудрату яккатоз ва ҷаррор буд, давлати Шӯроҳо ҷаҳонро ба ларза андохта буд, сӯҳбат кардан сари беадолатиҳои ҷомеъа, таҳсили динӣ кардан, бигузор зеризаминӣ ҳам бошад ва болои ин ҳама таъсиси як гурӯҳе ҷадид, як ҳизби дигарандеше воқеъан кори хеле нодир ва шуҷоату корномаи бемисл буд. Ин ҳама имрӯз шояд як кори саҳлу сода ба назар менамояд, вале дар он замон тасмим гирифтан ва анҷоми чунин кор қаҳрамонӣ буд.

- Шумо он вақт чандсола будед?

- Ман он вақт сӣ сола будам. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 26 сола буданд.
Устод Нурӣ мехост, вале ман мухолиф будам

- Замони ҳи
ҷрат дар Афғонистон Шумо масъули умури молии Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон, яъне ба истилоҳ вазири мол ва дороии Иттиҳоди мухолифини тоҷик будед. Чаро маҳз Шумо ба ин вазифаи масъул ва рӯғанӣ таъин шудед?
- Хеле саволи мушкил ва ҷолиб додед, беҳтар мебуд ин саволро интихобкунандагони банда ҷавоб медоданд ва дарку фаҳми ин пурсишро ҳамчунин ба хонанда ҳавола мекунем.  Ҳоло ҷиҳати тафсири ин вазифаи муҳим, ки бар уҳдаи банда буд, фикрамро хеле кӯтоҳ баён мекунам. Аҷдод ва падарам сарватманд буданд ва дар соли 1975, ки айёми нахустини таъсиси наҳзати исломӣ буд, банда дар баробари омӯзишҳои динӣ ва фаъолиятҳо гоҳ-гоҳ ба тиҷорату савдо дар хоки ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ва ҳамчунин ба кори деҳқонӣ дар замини назди ҳавлӣ машғул мешудам, доранда ва худкифо будам, яъне  то ҷое таҷриба ва дониши иқтисодӣ доштам ва ин масъулиятро бо пешниҳоди Ҳазрати Устод Нурӣ алайҳираҳма, бародарон бар уҳдаи банда гузоштанд. Ва баъдан ҳам бо раъйи сад дар сади аъзои Шӯрои Ҳизби наҳзати исломӣ ба ин вазифа таъин гардидам, агарчӣ инро намехостам. Дар замони ҳиҷрат ҳам, дар Ҳукумати ба истилоҳ интиқолии Ҳаракати наҳзат боз ҳам бо пешниҳоди Устод Нурӣ ба тариқи овоздиҳӣ ба мухолифати ман нигоҳ накарда, бандаро ба симмати масъули умури молиявӣ интихоб намуданд. Яке аз муҳиммоти ин вазифа амонатдорӣ, назорати шадид ва таъмини даромад ва пӯшондани тамоми харҷу масрафҳои фаъолиятҳои ин ҳаракат буд. Чун ин харакат мардумӣ ва исломӣ ва худҷӯш буд, мардуми азизу мӯъмину иззатманду сарафрози тоҷик ҳама тарафа аз он дастгирӣ мекарданд.  Ман он замон ва баъди бозгашт ба Ватан ҳам дар соли 1997 борҳо ба Устоди гиромӣ хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат намудам, ки маро аз вазифа барканор кунанд, вале  ин корро накарданд. Ин ифтихорро доштам, ки Устоди азиз маро чун яке аз ёрони содиқаш медонист ва бародарони ҳамсафам эътимоду бовар доштанд ва мехостанд, ки ҳамин вазифаи масъулро ман ба зимма дошта бошам.

- Шумо имр
ӯз гуфта метавонед, ки молу маблағи Ҳаракати наҳзати ислом дар замони ҳиҷрат чӣ қадар буд ва он ҳама дороӣ аз куҷо ворид мешуд?
- Ҳар он молу маблағ ва кӯмаке, ки аз афроди алоҳидаи саховатманду хайрхоҳ ва созмонҳои байнулмилалу кишварҳои мухталиф барои муҳоҷирони дар Афғонистон будаи тоҷик меомад, дар Байтулмол ё Хазинаи Ҳаракати наҳзати исломи Тоҷикистон қайд ва нигоҳдорӣ мешуд ва бо тавсияи раҳбарияти Иттиҳоди мухолифин ва махсусан бо ҳидояту пешниҳоди Устоди арҷманд Нурӣ барои муҳоҷирон масраф мешуд. Ман имрӯз аниқ гуфтан наметавонам, ки чӣ қадар маблағ ворид мешуд, чун маблағе меомад, ҳамон замон миёни мардуми муҳоҷир тақсим мешуд.

- Мавлав
ӣ- соҳиб, чаро афроде чун мулло Ҳақназар, мулло Ҳамдуддин, мулло Навид, Шайх Сарабек ва амсоли инҳо дар асоси саҳмияи сифоиза соҳиби мансаб шуданд, вале Шумо як чеҳраи калидӣ ва шинохтаи Ҳизби наҳзати ислом на узви Комиссияи оштии миллӣ будед, чуноне Эшони Қиёмуддин ва мулло Мансури Ҷалилзода буданд ва на ба Шумо мансабе доданд?
- Бояд воқеъиятро бигӯям, ки Устод Нурӣ борҳо пешниҳод карданд, ки ягон вазифае бигирам, вале табиати ман ҳамин гуна аст, ки мансабдӯстдор нестам. Зиндагӣ, мубориза ва фаъолияти банда фақат барои Худо будааст. Ҳеч гоҳ муҳаббати вазифа ва мансаб надоштам ва ҳамеша вазифа гирифтанро рад мекардам. Фарқ надорад онҳо бародарони беҳтарин буданд ва интихоби ман ҳам ҳаст.
ОЁ НУРӢ ВА ЁРОНАШ "БРАТЬЯ ПО КРОВИ" БУДАНД?

- Оё ҳамин гап рост аст, ки Шумо бо шодравон Сайид Абдуллоҳи Нур
ӣ ба истилоҳи русӣ "братья по крови" будед? Гӯё дар ҳамон замони таъсисёбии Ҳизби наҳзати исломӣ, яъне дар соли 1973 миёни Нурӣ ва ёронаш як навъ муоҳада ё протоколе ба имзо расида будааст, ки то охирин нафас дар роҳи пешгирифта устувор ва ба ҳам содиқ мемонанд.
- Ман наметавонам бигӯям, ки ҳеч қавлу қарору паймону муоҳадае  набуд, чун Ислом дар болои аҳду паймону созишу сулҳ поягузорӣ шудааст. Дар миёни Паёмбари акрам (с) ва асҳобаш борҳо чунин ҳолу воқеъот рух додаву аҳду паймонҳое сурат гирифта. Ба ёд биёред таърихи Исломро, ки ҷамъе аз мардуми Ясриб (Мадинаи имрӯзӣ) ба Макка омаданд ва бо Паёмбари азиз ҷиҳати ёриву пуштибонӣ аз Ислом ва шахси Расули гиромӣ бо он Ҳазрат (с) паймон бастанд, ки ин ҳодиса дар таърих бо номи Паймони Ақабаи аввал ёд мешавад. Баъдан миёни Расули акрам ва ёрони гиромиаш Байъаталризвон сурат гирифт. Ду мусалмон вақте ба як амри муҳим ва кори хайре шарик мешаванд, бояд ин шарикӣ хунӣ бошад, ин бародарӣ ҷонӣ бошад. Вале дар Ислом ангушт буридану хуни ҳамдигарро лесидану ба истилоҳи русӣ "братья по крови" шудан нест. Моҳи июли соли 1986 (Худо беҳтар медонад) буд. Бо супориши ҳукумати вақти Шӯравӣ ниҳодҳои амниятӣ пайи як амалиёти вижа беш аз 45 тан олимони Ислом, толибилмони доираҳои диниро, ки пинҳонӣ дарсу таълим мегирифтанд, дастгир намуданд. Ва дар пайи ҳамин амалиёт Устод Нурӣ боздошт гардид. Ва манзили бандаро ҳам ба муҳосира гирифта, маро чандин руз мавриди пурсуҷӯ ва истинтоқ қарор доданд. Ва як тан прокурор дар манзили ман чолоку саросема ҳама чизро такурӯ карда, чизеро меҷӯст ва ин ҳолатро дида аз ӯ пурсидам:
- Чӣ меҷӯӣ, агар пулу тилло мехоҳӣ, ман надорам.
- Чизе, ки ман меҷӯям боарзиштар аз тиллост, - гуфт он прокурор.
Ҳайратзада  пурсидамаш:
- Чист он?
Гуфт:
- Қарордоди Шуморо бо мулло Абдулло (манзураш Устод Нурӣ буд) меҷӯям. Мегӯянд, он қарордод дар ҳаҷми даҳ саҳифа аст. Он варақаро бароям диҳед?!
Аз шунидани ин ҳарфи прокурор хандаам омад ва посухаш додам:
- Он қарордодро ба шумо додан наметавонам ва шумо ҳам онро аз ман гирифта наметавонед.
Прокурор аз ғазаб меларзид ва гуфт:
- Чаро?
Гуфтам:
- Он қарордод дар қалби ман аст. Он имон, ихлос ва исломи ман аст
Албатта ин як амри табиӣ аст, ки вақте маҳфиле меороем ва сари як коре ба хусус кори муҳимме тасмим мегирем, қароре, аҳде, созише ҳатман мешавад.

(идома дорад)

Сӯҳбати
Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97