Худойбердӣ Ҳолиқназарзода: Кӯчаҳо пур аз чинӣ, вале Чин хатар надорад

Мусоҳиба 12.08.2011 10:15

Kholiqnazarzoda 05Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои Тоҷикистон чӣ дод? Оё он Анти - НАТО дар муқобили Ғарб ва Амрикост? Чаро Ирон ба узвияти ин созмон пазируфта нашуд? Ва ояндаи ин сомзон чӣ хоҳад буд?
Гуфтугӯ бо вазири собиқи умури хориҷаи Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназарзода.
Шанхай ба ҳадафи аввал расид

 

- Шумо коршиноси равобити байналмилалӣ ҳастед, чанд сол дар маркази муҳим ва аслии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, дар Чин ҳам кор кардед. Бигӯед, ин созмон то куҷо дар таҳаққуқи аҳдофаш пеш рафт ва барои Тоҷикистон чӣ дод?
- Созмони Шанхай дар заминаи "Панҷгонаи Шанхай" таъсис шуд. То соли 2001 ин ҷомеаи ҳамкорӣ буд, ки баъдан ба сурати созмон шакл гирифт ва таъсис шуд. Ҳадафи аслии ин созмон дар замони таъсиси худ ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Чин ва ҳамсояҳои он буд, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ интизори ҳалли худ боқӣ монда буданд. Миёни Чин ва чор кишвари ҳамсояи он; Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки бо Чин сарҳади муштарак доранд, дар ин замина музокироти ҷиддӣ аз соли 1995 оғоз шуд. Ин музокирот дар форлмулаи 4+1 анҷом мешуд. Миёни чор ҷумҳурии шӯравии пешин ва Чин. Дар натиҷа ду созишнома имзо шуд, ки яке дар соли 1996 дар Шанхай ва дигаре соли 1997 дар Маскав буд.
Аҳамияти ин созмишномаҳо аз он иборат буд, ки аввалан масъалаи амният дар марзҳои Чин ва ин чор ҷумҳуриро ҳаллу фасл намуд. Масъалаи дуввум, итминони комили тарафҳо аз амнияти марзҳои якдигар буд. Ва тарафҳо дар ҳудуди сад километр нирӯҳои худро аз марз ба тарафи дохил кашиданд. Яъне марзи Чин бо ин чор ҷумҳурӣ дар ҳудуди 200 км дар ҳолати комилан ором ва ғайри қобили таҳдид қарор гирифт.

-Яъне аҳдофи аввалинеро, ки ин созмон дар пеши худ гузошта буд, ба он ҳадафҳо расид?

- Бале, сад дар сад расид. Ин ҳаллу фасли масъалаҳои марзӣ буд, ки ба анҷом расид. Ва тарафҳо аз ин ҳал қонеъ ва хушҳол шуданд. Дар зимн дар давоми музокирот аз соли 1995 ба ин сӯ, тарафҳо бо ҳам мулоқот ва гуфтугӯмекарданд ва масоили дигаре ҳам дар зимн худ аз худ ҳал мешуд. Ин масъалаҳои дуҷониба, масоили амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва ғайра буд. Ва билохира, тарафҳо ба ин хулоса расиданд, ки дар заминаи ҳамин "Панҷгонаи Шанхай" як созмони бузурги ҳамкориҳо таъсис дода шавад.
Аммо ин созмон барои Тоҷикистон чӣ дод? Бояд самимона гуфт, ки он пружаҳое, ки дар Тоҷикистон анҷом шуд ва барои рушди Тоҷикистон аҳамияти калон доранд, дар бистари муносибатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай амалӣ шудааст. 
Соли 2006 дар худи Шанхай миёни ин созмон ва Тоҷикистон се санади муҳим ба имзо расид. Яке додани воми пулии калон ва бо фоизи кам ба Тоҷикистон буд. Ин боиси бозсозии роҳи Душанбе - Бӯстон, хати интиқоли барқи Ҷануб - Шимол ва севвум хати интиқоли барқи Лолазор - Хатлон шуд, ки ҳаҷми умумии он кридит 680 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин кӯмак аз тариқи СҲШ ба Тоҷикистон буд ва фикр мекунам, ки замоне мерасад ва Чин шояд ин кӯмакҳоро бубахшад. 

Як ҷанги иттилоотӣ ҷараён дорад

- Ташаккур, аммо ба матбуот агар назар кунем ва ё дар маҳофил ва кӯчаву хиёбон таваҷҷуҳ кунем, ин ҳарф бештар шунида мешавад, ки Чин ин роҳҳо ва ин хатҳои барқро барои васеъ кардани роҳи тавсеъаталабии худ дар оянда месозад. Бештар манзур ва ҳадаф манофеъи худаш то рушди иқтисоди Чин. Воқеъан тавсеъаталабӣ дар дарунмояи сиёсати хориҷии Чин чӣ мавқеъ ва ҷойгоҳ дорад?
- Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки мо дар минтақаи худ ва дар кишвари худ шоҳиди рақобат ва ҳарифии қудратҳои ҷаҳонӣ ҳастем. Як ҷанги  иттилоотӣ дар ин замина дар ҷараён аст. Ҳадафҳои ин абарқудратҳо дар минтақа ба ҳам сарбасар мешавад. Як ҷанҷоли миёни ин кишварҳо ҷанҷоли иттилоотӣ аст. Он чизе, ки шумо гуфтед, дар матбуот чоп мешавад, хонда ва шунида мешавад, дар Ғарб ва Амрико чоп мешавад, дар кишвраҳои дигар шунида намешавад. Зеро кишварҳои абарқудтар дар ҳоли таззод бо ҳам қарор доранд ва ин таззод дар ихтилофи манфиатҳои геостратегӣ ва геополитикии ин қудратҳо дар минтақа нуҳуфтааст.  Ҳадафи ин таблиғот ин аст, ки дар дили мардум як тарсу ваҳму ларз нисбат ба чиниҳо пайдо шавад. Ҳоло ин ки ин бозгӯ ва пайомади таззоди иттилоотӣ миёни қудратҳо аст.

Кӯчаҳо пур аз чинӣ аст, аммо…

- Шояд ҳарфи шумо дуруст аст, аммо он чӣ ки мардум дар кӯча мебинад, бовар мекунад, ки чиниҳо Тоҷикистонро ба оҳистагӣ доранд забт мекунанд. Масъалан, аз ҳамин тирезаи шумо ба берун нигоҳ кунем, осоре аз чинӣ мебинем ва ҳамон суол ва нигаронӣ зинда мешавад. Чаро мардум нигарон аст ва ба нигаронии худ посух меҷӯяд?
- Барои он ки мардум равишҳо ва доктринаи сиёсии Чинро намедонанд, бо он ошно нестанд. Дар Чин дар соли 1978 аз сӯи Ден Сио Пин ислоҳоти бузурги сиёсӣ оғоз шуд, ки дар ҳастаи ин сиёсат муносибати ҳамагир ва хуб бо кишварҳои абарқудтар қарор дошт. Яъне Чин пеш аз ҳама бояд равобити хуб бо қудратҳо, кишварҳои дорои иқтисоди пешрафта медошт. Ин сиёсат то соли 2000 -ум  идома дошт. Вале дар ин сол Чин чун дид, ки аз лиҳози иқтисодӣ қавӣ шудааст ва амнияти марзҳо барояш хеле ва хеле муҳим мебошад, доктринаи сиёсиашро иваз кард.
Доктринаи нави Чин акнун аз барқарории муносибати хуб бо кишварҳои ҳамсоя, кӯмак ба ин кишварҳо дар ҳолати ниёзманд будани онҳо ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ин кишварҳо иборат аст. Барои он ки Чин дар ин кишварҳо булуғи ноамнӣ ва бесуботиро намехоҳад. Зеро агар дар кишварҳои ҳамсоя субот набошад ва ноамнӣ бошад, ин барои Чин хатар аст. Барои ҳамин Чин ба ҳамсояҳои худ кӯмак мекунад. Ба Русия ҳатто миллиардҳо доллар медиҳад, ин маънои онро надорад, ки ҳадафаш тасарруфи Русия мебошад. Суботи сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсоя барои Чин муҳимтарин арзишро дорад.

- Яъне мехоҳед биг
ӯед, ки як Тоҷикистони дорои иқтисоди пешрафта ва бо суботи устувор дар ростои сиёсати Чин аст?
- Бале. Сад дар сад. Пеш аз ҳама барои Чин суботи сиёсии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Бубинед, ду инқилоб дар Қирғизистон шуд, ҳама мегуфт, ки Чин Қирғизистонро забт мекунад, аммо Чин ҳеч дахолате накард, бетарафиро нигоҳ дошт. Ин нишони он аст, ки Чин ғараз ва тавсеъаталабии сиёсӣ надорад.

Созмони  Шанхай "Анти Нато" нест

-Аммо аз СҲШ ба унвони "Анти НАТО" дар расонаҳои байналмилалӣ ва ғарбӣ, ҳатто Русия ёд мешавад. Созмони Шанхай навъе бозгӯи нигаронии Русия ва Чин дар муқобили Ғарб гуфта мешавад, ки кишварҳои давру барро ҳам мехоҳанд дар мадори худ дошта бошанд. Мегӯед, ин ҳам таблиғот аст ва ҳеч манфиате Чин ва Русия дар ин замина надоранд, чун муҳимтарин бозигарон дар ин созмон ҳастанд?
- Худи чорчӯб ва хартияи СҲШ ба ин кор иҷоза намедиҳад. Ин боз ҳам таблиғот аст, ки гӯё СҲШ созмони низомӣ бошад. Ин хартия иҷозаи таъсиси воҳидҳои низомиро намедиҳад. Ҳадаф ин нест, балки таъмини амният дар минтақа аст.
Чизи дигар ин аст, ки дар СҲШ масъалаҳо ба тариқи консесиус ҳал мешаванд, агар як кишвари узв розӣ набошад, масъала ҳал намешавад. Ва ман фикр намекунам, ки ҳамаи кишварҳои узв ба барномаи тавсеъаталабӣ ва ё таъсиси воҳиди низомӣ розӣ шаванд.

Хафа шудани узвияти Ирон ба СҲШ

- Ҳоло шумо мегӯед, ки СҲШ як созмонест усулан ба хотири пешрафти иқтисодӣ ва шукуфоӣ ва ҳеч дасисаи сиёсӣ ва низомие надорад. Аммо мо дар соли гузашта шоҳид будем, ки аъзои ин созмон иқдоми сиёсӣ карданд ва хоҳиши узвияти Ирон дар ин созмонро хафа карданд. Яъне бо тағйирот дар маншури ин созмон қабули кишварҳоеро, ки таҳти таҳрими СММ қарор доранд, мамнӯъ намуданд. Ҳоло он ки Ирон як кишвари дорои потенсиали бузурги инсонӣ ва захираи беназири табиӣ мебошад ва пайвастани он ба СҲШ ба маънои густариши доманаи нуфуз ва имокни ин созмон аст. Кашидани пои СҲШ ба чунин дасисаҳои сиёсӣ дар роҳи расидан ба ҳадафи аслии ин созмон монеъ нахоҳад шуд?
- Ҳарфи шумо сад дар сад ҳақ аст. Шумо медонед, ки байни кишварҳои абарқудтар додугирифтҳои азиме вуҷуд дорад. Масъалан, миёни Чин ва Амрико солона 450 миллиард доллар табодули коло вуҷуд дорад. Акнун азамати ин муомиларо тасаввур кунед. Ва ин қудратҳо метавонанд дар муносибат ва тасмимгирӣ ба ҳамдигар таъсир расонанд. Ва ин ки Амрико дар он қазия низ даст дошт, ин ҳатмист. Амрико даст дошт ва ба кишварҳои узви СҲШ фишор овард, ки шумо Иронро қабул накунед. Маркази аслии ин фишорҳо аслан СММ аст ва ин дасисаҳо ба гуфтаи шумо дар ҳамон  ҷо сурат мегирад.
Аммо ин тасмим аз назари геополитикӣ ба нафъи Чин ва Русия набуд, инро ҳардуи ин кишварҳо медонанд. Агар худое накарда дар Ирон ноамнӣ шавад, пеш аз ҳама зарбаи иқтисодии азим ба Русия ва Чин ворид мешавад. Аммо дар натиҷаи ин тасмим ҳоло намешавад гуфт, ки Ирон аз Русия ва Чин ё баръакс ранҷида бошад. Ҳоло боз ҳамон муносибот ва доду гирифт идома дорад, инҳо бе якдигар наметавонанд.  Русия наметавонад иштибоҳоти гузаштаи худро такрор кунад. Масъалан, дар нисбати Либия иштибоҳи калон кард ва акнун намехоҳад инро дар мисоли Сурия такрор кунад.

- То даҳ соли дигар фикр мекунед, доманаи СҲШ то ку
ҷо тавсеъа хоҳад ёфт?
- Ин созмон ҳоло бештар мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён аст. Кишварҳое ҳастанд, ки наметавонанд сиёсатҳои кулли Амрикоро эътироф кунанд. Ҳамчунин бисёр кишварҳои Амрикои лотин ин сиёсатҳоро қабул надоранд. Ин аст, ки фикр мекунам, кишварҳои Амрикоӣ бисёрашон омода хоҳанд буд ба СҲШ ҳамроҳ шаванд. Фирк мекунам, қолаби ҷадиде, ки дар ҳоли шакл гирифтан ҳаст, ба номи БРИК шояд СҲШ-ро тавсеъа хоҳад дод.

Замона дигар шудаву мо ҳам…

-Ташаккур, аммо масъалаи дигаре, ки мехостам суол кунам, роҷеъ ба муносибат бо Русия аст. Ҳоло масъалаҳои ҳалнашуда вуҷуд дорад. Расонаҳо муносибатҳоро ба сурати бесобиқа сард қаламдод мекунанд. Чӣ пешомадеро метавон интизор дошт?
- Албатта ин боз ҳам кори ҳамон таблиғот аст. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия он гуна ҳам нест, ки гуё ҷанҷолҳо ба гунаи сахт рафта истодаанд. Ва байни ду кишвар гуё таззоде ба вуҷуд омадааст. Балки баъзе масъалаҳое ҳаст, ки ҳанӯз ҳал нашудаанд. Барои ҳалли ин масъалаҳо имконоти васеъ мавҷуд аст. Фирк мекунам дар ду се моҳи оянда музокироти муҳиме сурат мегирад, ки метавонад ҳам манфиатҳои Тоҷикистон ва ҳам манофеи Русияро таъмин кунад.

- Чанд масъала ҳаст, яке фурудгоҳи Айн
ӣ ва пойгоҳи низомии 201. Дар ин масъалаҳо Тоҷикистон аз кадом мавзеъ бояд пеш биояд? Бархе мегӯянд, ки таърихи соли 2004 такрор хоҳад шуд. Оё ин имкон дорад?
- Бо назардошти таҷрибаи ҳамсояҳо ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бояд гуфт, ки дигар он замоне нест, ки мо дар соли 2004 имзо кардем ва ҳама чизро ройгон барои Русия додем, аз ҷумла пойгоҳи низомиро ва пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно"-ро. Аммо акнун ин кор имкон надорад, ки як фурудгоҳе, ки масрафоти зиёде дорад, дар ихтиёри як кишвари хориҷӣ қарор бидиҳад. Дунё дунёи бозоргонӣ аст. Ягон кишвар ин корро анҷом намедиҳад. Бубинед, қирғизҳо як қисмати Манасро дар ихтиёри амрикоиҳо қарор доданд, барои он солона 160 миллион доллар дарёфт мекунанд. Тоҷикистон ҳам ҳақ дорад, ки барои истифода аз ин фурудгоҳ, барои олуда шудани муҳиташ ҳади ақал ҳақ дарёфт кунад. Муносибат имрӯзӣ ва дар чаҳорчӯби талаботи иқтисоди бозорӣ бояд бошад.

Зодр
ӯз хуҷаста бод!
- Ташаккур аз шумо, сӯҳбати мову шумо дар рӯзе сурат мегирад, ки қарор аст аз 60 солагии мавлуди худ таҷлил кунед, бо истифода аз ин фурсат шуморо табрик мекунам ва бароятон муваффақият ва барор мехоҳем.
- Ташаккур аз шумо, муваффақ бошед.
Мусоҳиб
Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97