Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Ҳокимияти тафаккури кӯҳна заъфи дипломатияи тоҷик дар Русия аст

Мусоҳиба 22.08.2011 10:46

HoJiMuhammad UmarovҲоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшинос ва аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар, чанде қабл аз Маскав баргашт. Чун ҳадафи сафари ӯ омӯзиши вазъи муҳоҷирони тоҷик будааст. Сӯҳбати ихтисосие бо ӯ анҷом додем, ки пешкаши хонандаи гиромӣ мегардад.

Русия бояд фазои муҳоҷиронро соф кунад

- Имрӯз дар интернет наворе сайругашт дорад, ки дар он чанд ҷавонаке бо намояндагӣ аз созмони сотсиал-националистҳои рус дар симои ҷавони муҳоҷири тоҷик миллати тоҷикро таҳқир мекунад, вокунишҳо дар атрофи ин навор мухталиф будаанд. Яке сафорати Тоҷикистонро ба бемасъулиятӣ муттаҳам мекунад, дигаре диаспораҳои муҳоҷиронро. Шумо, ки чанде дар Русия ба сар бурдед ва бегумон тоҷиконро мулоқот кардаед, дар ин маврид чӣ назард доред?

- Мутаассифона, дар Русия имрӯз ҳаракатҳои сиёсие пайдо шудаанд, ки хусусияти фашистӣ доранд ва оташи бадбиниро нисбати миллатҳои ғайрирус аланга медиҳанд. Пештар онҳоро "скинхед" мегуфтанд, ҳоло онҳо шамоили худро тағйир дода, таҳти шиорҳои сиёсӣ баромад мекунанд. Аз ҷумла, онҳо талаб мекунанд, ки шумораи муҳоҷирон маҳдуд карда шавад ва ашхоси ғайриқонунӣ дар Русия иқомат дошта ба ватанашон баргардонида шаванд. Чунин талабро, мутаассифона Хадамоти Федералии Муҳоҷират (ФМС) ва баъзе ашхоси мансабдор аз Ҳукумати Русия низ дастгирӣ мекунанд. Азбаски беш аз 80 фоизи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ғайрилегалӣ дар Русия кор мекунанд, амалӣ гардонидани ин талабот ба манфиати ҳам муҳоҷирон ва ҳам ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. На сафорати Тоҷикистон дар ФР (Федератсияи Русия), на диаспораҳои муҳоҷирони тоҷик барои пешгирӣ кардани депортатсия ягон амали муфидеро пеш гузошта наметавонанд. Ба ақидаи ман, бояд ҳукумати Тоҷикистон аз ҳукумати Русия тақозо кунад, ки якум, пеши роҳи ҳаракатҳои сиёсии экстремистии зидди муҳоҷирон қатъиян баста гардад; дуюм, фазои маънавие, ки нисбати муҳоҷирон дар Русия вуҷуд дорад, тағйир диҳад, ин хусусан ба расонаҳои электронии Русия дахл дорад, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро ҳамчун ҳадафи таҳқиру масхараю маломат қарор додаанд.

Беэътибории Кремл ва муҳоҷирони тоҷик

- Ба назари Шумо, он чӣ дар ин навор ба намоиш гузошта шудааст як амали авбошист ё "сигнал" ё чароғи сурхи навабтӣ нишон додани Кремл ба давлати Тоҷикистон аст?

- Эҳтимол чунин авбошӣ тобиши сиёсӣҳам дошта бошад, зеро 4 - 5 соли охир чунин ҳаводис хеле зиёд мушоҳида мегардад, аммо дар Русия ба таври ҷиддӣ барои пешгирӣ чораҷӯӣ намекунанд ва ё ба огоҳиҳои сафорату ҳукумати Тоҷикистон Кремл чандон эътибор намедиҳад. Дар ин ҷо масъалаи ҳаллу фасл нагардидаи сиёсати байни Русияву Тоҷикистон низ нақши муайянеро мебозад. Ман ба муносибатҳои сиёсии байни ду кишвар сарукор надорам ва ба онҳо баҳо додан ҳам намехоҳам, зеро тахассуси ман иқтисодшинос аст ва сиёсатшиносони тоҷик бояд ба ин баҳои беғараз бидиҳанд. Фақат ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки ҳукуматдорони мо дар назар бояд доранд, ки беш аз 1,5 млн. нафар мардикор аз Русия ба Тоҷикистон наомадаанд, балки аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд, барои ҷустуҷӯи кор ва ризқу рӯзӣ барои худу хонаводаашон. Баъдан ободию пешрафти зиндагии мардуми Тоҷикистон аз он 2,5 - 3,0 млрд. доллар, маблағест, ки ҳар сол муҳоҷирон аз Русия ба ватани худ мефиристанд. Ин маблағҳо беш аз 70 фоизи фонди ҳаётии тоҷикро ташкил медиҳад. Агар онҳо намешуданд, дар Тоҷикистон вазъи сиёсию иҷтимоӣ чунон муташанниҷ мегардид, ки оқибати онро тасаввур кардан душвор аст.

Суду зиёни муҳоҷират

- Шумо, чун иқтисодшинос ҳастед, соле ин муҳоҷирони беҳаққи тоҷик чӣ миқдор суд ба иқтисоди Русия меоваранд? Ва чӣқадар суд ба буҷаи кишвар?

- Сардори Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия Кристин Рамадановский борҳо қайд кардааст, ки рушди имрӯза ва минбаъдаи Русия ба таври назаррас аз муҳоҷирони меҳнатии бурунмарзӣ вобаста мебошад. Мувофиқи гуфтаи ӯ, ҳар як муҳоҷири корӣ бо ин ки 1 рубл ба ватан роҳӣ мекунад, ба андозаи 6 рубл барои рушди иқтисоди Русия равона мекунанд. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки соле муҳоҷирони тоҷик барои иқтисоди Русия беш аз 30 млрд. доллар саҳмгузорӣ мекунад. Агар сухан дар бораи саҳмгузорӣ ба буҷаи кишвар равад, пас бояд дар назар дошт,ки чунин саҳмгузорӣ тавассути андоз аз фаъолияти бонкӣ, тиҷорат, хидматрасонӣ, сохтмон, мухобирот, боркашонию мусофиркашонӣ амалӣ хоҳад шуд, зеро қисмати калони даромади умумии ин соҳаҳо аз пардохтҳои муҳоҷирин пайдо мешаванд. Тақрибан, гуфтан мумкин аст, ки манбаи 450-500 млн. даромади буҷаи Тоҷикистон ин пардохтҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Имиҷи давлатӣ ва поккории ҳоҷатхонаҳо

- Дар ҳамин росто ҳатман муҳоҷирати мудавом тарафи манфӣҳам дорад. Зиёни ин муҳоҷират барои ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон кадомҳоянд?

- Албатта, ба ғайр аз манофеъ, ки пештар дар бораи он ҳарф задем, муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ натоиҷи гуногуни манфии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад. Аз ҷиҳати сиёсӣҷиҳати манфии муҳоҷиратро дар паст шудани имиҷи давлат ва роҳбарияти сиёсии он дидан бомаврид аст. Давлате, ки иқтисоди пурсамар дорад, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо роҳи рушди босуръати сектори реалии иқтисод шумораи рӯзафзуни захираҳои меҳнатиро бо кори пурсамар таъмин намояд ва миқёси бекориро рӯз аз рӯз маҳдуд гардонад. Имиҷи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ бо он сабаб низ коста мешавад, ки беш аз 90 фоизи муҳоҷирони навомад ягон касбу кори аниқ ва ихтисоси мушаххас надоранд, забони давлате, ки онҳоро қабул мекунад, намедонанд, чаласаводанд ва ҷаҳонбинии хеле танг доранд. Бо ин сабаб кулли корҳои паст, ифлос, вазнин ва беихтисоси Русияро тоҷикҳо иҷро мекунанд. Худам, вақте чанд моҳи пеш дар Русия будам, ба гӯшам шунидам, ки мансабдораке ба шахси тобеаш фармон дод, ки бираву ду-се тоҷикро биёр, то оби ҳоҷатхонаро тоза кунанд. Агар давлатҳои дигар ба бозори ҷаҳонии меҳнат барномасозу дизайнер, челонгару барқчӣ содир намоянд, Тоҷикистон ба ин бозор кӯчарӯбу посбон ва поккори ҳоҷатхонаҳо содир менамояд. Бояд бигуфт, ки дар чорабиниҳои ҷаҳонӣ ва вохӯриҳои байнидавлатӣ ба намояндагони Тоҷикистон низ аз назари чунин имиҷ муносибат мекунанд.

Артиши муҳоҷирон - қартаи дасти бозингарон

- Ҳадс зада мешавад, ки артиши бузурги муҳоҷират қартае бозингар дар дасти ҳар нируе, ки бихоҳад Тоҷикистонро контрол кунад, метавонад бошад, шумо дар ин маврид чӣ назар доред?

- Бале, чунин хатар вуҷуд дорад ва он дар кӯшишҳои ҷорӣ намудани виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон, депортатсияи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ғайра акси худро меёбад. Хавотирӣ аз он афзун мегардад, ки ҳоло дар тамоми Аврупо ҳиссаи ашхоси ақоиди зиддиисломӣ зиёд шудааст, ва ҳодисаҳои Норвегия ин равандро тезониданд. Бидуни шубҳа, чунин вазъро баъзе нирӯҳои сиёсӣ мехоҳанд барои амалӣ гардонидани манфиатҳои худ истифода бубаранд. Онҳо медонанд, ки агар дар давоми як моҳ ба Тоҷикистон 400 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ депортатсия карда шавад, он вазъи сиёсиро чунон шадид хоҳад кард, ки оқибати онро тасаввур кардан даҳшатнок аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки муносибатҳои сиёсии он ба Русия аз ҳисоби беҳбуди муносибат бо кишварҳои дигар коста ва беранг нагардад ва хеле хуб мешуд, агар дар ин бобат номашон аз даҳони "Weekileaks"-ҳо садо намедод.

Сафорат ва диаспора: Тафриқа андозу ҳукумат намо?

- Ба андешаи Шумо ҳамин диаспораҳои тоҷик, ки зиёд интиқод мешаванд, чӣ кора ҳастанд? Чаро тӯли ин ҳама сол натавонистанд ҳамчун нирӯи тавонманд аз худ дарак бидиҳанд? Ҳатто ба ҳангоми ба таври асримиёнагӣ сар буридани Салоҳиддин, як муҳоҷири нокоми тоҷик садои эътирози ин созмонҳо дар баробари сиёсати ғалати Кремл шунида намешавад, агарчӣ чанд бор ба ҳангоми ноҷур омадани муносибати ин диаспораҳо бо ҳукумат, дақиқтараш бо сафорати Тоҷикистон дар Русия ва зери суол мондани манфиатҳошон ин сару садо баландтар шунида мешавад. Фикр мекунед, оё зарурати доштани ин гуна диаспораҳо лозим аст?

- Диаспораҳои тоҷик муташаккил нестанд, агарчанде, ки солҳои охир ҷиҳати ягонагӣ ва иттиҳод пешравии назаррасро мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳоло диаспораи калонтарине, ки нияти тамоми муҳоҷирони тоҷикро дар Руссия муттаҳид кардан дорад, дар Маскав амал мекунад, ва он "Иттиҳоди тоҷикони Русия" ном дорад. Роҳбари ин иттиҳод Абдулло Давлатов аст, ки худ пизишки бомаҳоратест ва дар байни тоҷикони Маскаву Санкт-Петербург ва шаҳрҳои дигари Русия обрӯю эътибори баланд дорад. Ба ин Иттиҳод намояндагони муҳоҷирини тоҷик, ки дар беш аз 30 вилояти кишвар кор мекунанд, ворид шудаанд. Иттиҳоди мазкур қариб ҳар сол анҷуманҳои худро мегузаронад, барои ҳаллу фасли масоили сангинтарини муҳоҷирин кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо Хадамоти федеролии муҳоҷирон доимо дар робита мебошад ва дар ҳаёти ҷамъиятии Маскав ва шаҳрҳои бузурги Русия ширкат меварзад ва аз тарафи ниҳодҳои гуногуни давлатию ҷамъиятии Русия эътироф гардидааст.

Аммо ба фаъолияти пурсамари ин Иттиҳод якчанд омилҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Дар худи шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург диаспораҳои гуногун вуҷуд доранд ва дар байни онҳо ягонагӣ комилан вуҷуд надорад. Бештар вақти онҳо ба танқиду ғайбати ҳамдигар мегузарад. Ашхосе вуҷуд дорад, ки умуман мехоҳанд, ки фаъолияти ин Иттиҳоди номбаршударо қатъ намоянд. Ба ғайр аз ин, баъзе диаспораҳо дар вилоятҳо ва шаҳрҳои Русия фаъолият доранд, ки ба онҳо ашхоси рафтору афкори ҷиноӣ дошта роҳбарӣ мекунанд. Онҳо асосан, ҷайбҳои худро аз ҳисоби додани иҷозатномаҳо барои кор, ва ба қайдгирии муҳоҷирон, ки аслан бардурӯғ мебошанд, пур карда мегарданд.

Вазъият бо он душвор мегардад, ки дар байни Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Иттиҳоди тоҷикони Русия ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад, агарчанде, ки 2 сол қабл анҷумани ҳамин Иттиҳод бо ташаббуси Сафорат гузаронида шуда буд. Ҳоло дар назди Сафорат як Шӯрое амал мекунад, ки ба он асосан ашхосе дохил шудаанд, ки нисбат ба Иттиҳоди тоҷикони Русия мавқеи мухолиф, яъне оппозитсиюнӣ доранд. Чунин муносибати Сафорат ба муттаҳидшавии маҷмӯи диаспораҳои тоҷикон дар Русия мусоидат намекунад.

- Фикр мекунед, дар ин ҳолат Сафорат чӣ кор бояд кунад?

- Вазифаи сафорат идора кардани танзими фаъолияти ҷамъиятӣ нест. Ҳокимияти тафаккури кӯҳна боис шуда, ки кори сафорат заъиф арзёбӣ мешавад. Ин тарзи тафаккур бозмонда аз фаъолияти намояндагии РСС Тоҷикистон дар Русияи шӯравист, ки вазифааш назорат аз болои ҷамъиятҳои фарҳангӣ, ҷавонон, донишҷӯён ва ғайра буд. Ҳоло ба ҳеч ваҷҳ бояд сафорат аз болои диаспораҳо назорат набарад, сафорат танҳо ҳаққи ҳамкорӣ бо ин ҷамъиятҳоро дорад. Риояти ҳаққи баробар аз унсурҳои аслии ин ҳамкорӣ бояд дониста шавад. Аммо Сафорат баръакс ба он мутақоид аст, ки вазифааш назорат аз болои Шӯрои диаспораҳост. Ин аст, ки ҳам кори сафорат ва ҳам фаъолияти диаспораҳо халал расонидан ба кори ҳамдигарист ва ин боис шуда, ки ҳар ду ниҳод ба ду по меланганд ва муҳоҷири тоҷик бечоратар мешавад.

- Ин ҷо, ки ҳаққи муҳоҷир нақз мешавад, ӯ латукӯб ва кушта мешавад, шумо вазифаи сафоратхонаи Тоҷикистонро дар чӣ медонед?

- Сафорати Тоҷикистон бо роҳи дипломатӣ аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба Ҳукумати Русия ва мақомоти алоҳидаи он бояд муроҷиат кунад ва ҳалли проблемаву мушкилоти мавҷударо ба миён гузорад. Вале ман фикр мекунам, ки зӯру тавони Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои ҳалли ин мушкилот намерасад.

- Сабаби заъфи Сафоратхона дар чист?

- Сабаби заъифии сафорат пеш аз ҳама кам будани шумораи кормандони он аст. Ба андешаи ман кормандони сафоратро барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории мо тамоман намерасад. Қариб як миллион муҳоҷир аст ва як миллион мушкилоту проблема аст. Ҳатто барои ҳамин ҷамъиятҳои миллии тоҷикон кору фаъолият намудан имкон надоранд, нирӯяшон намерасад. Алоқаву робитаҳои хабариашон хеле суст аст. Баъзан сафорат аз баъзе воқеъоту ҳаводисе, ки рӯй медиҳад, бехабар мемонанд, ё баъди чанд рӯз огоҳ мешавад. Камтар иттилоот доранд.

Соҳибдарак кист?!

- Соҳиби аслии муҳоҷири тоҷик кӣ бояд бошад?

- Ин тавр масъалагузорӣ кардан ба ақидаи ман хато мебошад. Муҳоҷирон маводе нестанд, ки соҳиб дошта бошанд. Ҳар як муҳоҷир шахсияти мустақил аст ва фаъолияти меҳнатӣ, тарзи зиндагӣ, рафторашро худаш идора мекунад. Сухан дар барои мураттаб сохтани як ҳамоҳангие меравад, ки дар доираи он муҳоҷирони меҳнатии Русия бударо ягон кас фиреб ва истисмор накунад, ин муҳоҷирон дорои коре мебошанд, ки музди кори сазовори инсони имрӯза бошад, ҳуқуқҳои демократии онҳоро касе поймол карда натавонад. Чунин ҳамоҳангӣ боиси торафт бештар такмил ёфтани шахсияти муҳоҷир гардад, яъне вай моҳ ба моҳ санъати касбию тахассусии худро такмил диҳад. Сатҳи саводнокии муҳоҷирон, ҷаҳонбинии онҳо, забондонияшон, муошираташон ба беҳбудӣ муҳтоҷ аст ва ҳамоҳангии байни диаспораҳо, инчунин такмили алоқаи байни онҳову Сафорат ва хадамоти федералию ниҳодҳои дигари давлатии Русия барои ҳаллу фасл душвориҳои дар боло зикр гардида, мусоидат мекунанд. Хадамоти оид ба муҳоҷирин, ки нав дар Тоҷикистон ташкил шудааст, бояд барои мустаҳкам гардидани диаспораҳои тоҷик дар Русия чораҳои зарурӣ андешад. Пеш аз ҳама, бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки диаспораҳо дар асоси меъёри маҳал; яъне шимолию ҷанубӣ, кӯлобию ғармӣ, помирию ҳисорӣ ва ғайра аз ҳам ҷудо намешаванд. Мутаассифона, дар баъзе аз минтақаҳои Русия чунин вазъият ҷой дорад.          

Аҳзоби сиёсӣ ва муҳоҷират

- Муносибати аҳзоби сиёсиро дар баробари мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Азҳоби сиёсии Тоҷикистон нисбат ба муҳоҷирини меҳнатии бурунмарзӣ тақрибан як хел муносибат доранд ва дар барномаҳои ҳизбӣ як қатор талаботе сабт шудааст, ки хусусияти умумӣ дорад. Бисёре аз масоили душворро ҳизбҳо дарк накардаанд. Масалан, яке аз чунин масъалаҳо, оптималӣ гардонидани ҷараёни муҳоҷират мебошад, яъне ин ҷараён аз тарафи давлат чунон танзим карда шавад, ки иқтисоди кишвар, маориф, фарҳанг, солимии миллат аз афзоиши шумораи муҳоҷирин осебе набинанд, сатҳи ахлоқию маънавии миллат паст нашавад, ва дар баробари ин даромади пули муҳоҷирони меҳнатӣ торафт афзудан гирад.

Даромади андак, талафоти бузург

- Ин муҳоҷирон дар баробари бохтани ҷон ва сиҳатии худ сармояе, ки ба даст меоваранд, чӣ аз лиҳози маънавӣ ва чӣ моддӣ кадом аст?

- Бурду бохти муҳоҷирин ва ҷомеаи Тоҷикистон аз раванди зикр гардида хеле гуногун мебошад. Ҷиҳатҳои мусбат - ин афзоиши даромадҳои пулии аксари хонаводаҳои ҷумҳурӣ, такмили касбу кори муҳоҷирин, болоравии сатҳи шаҳрияти (урбонизатсияи) фаъолият, рафтор ва афкори ин гурӯҳи аҳолӣ, ки боиси болоравии сатҳи фарҳангии умум мегардад, кушодашавии ҷаҳонбинии онҳо, хусусан ҷаҳонбинии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Аммо оқибати ҷиддии манфии чунин муҳоҷират низ вуҷуд дорад. Масалан, дар соли 2010 дар Русия мувофиқи иттилооти расмӣ 845 нафар муҳоҷири меҳнатӣ фавтидаанд, ки аз он 213 нафар бо сабаби риоя накардани меъёрҳои техникӣҷон бохтаанд. Дар соли 2009 шумораи фавтидагон тақрибан 200 нафар камтар будаанд. Мутаассифона, мувофиқи баъзе пешгӯиҳо имсол шумораи фавтидагон зиёд мешаванд. Ин нуқсони хеле ҷиддии муҳоҷирати меҳнатист ва сабаби асосии он ғайриқонунӣ (ғайрилегалӣ) будани аксари муҳоҷирон аст, ки ба онҳо имконияти ройгон аз хидмати тиббӣ истифода бурданро намедиҳанд. Сатҳи маризии муҳоҷирини тоҷик бо ин сабаб аз диаспораҳои дигари миллии дар Русия амалкунанда, зиёдтар мебошад.

Оқибати дигари манфии муҳоҷирати меҳнатӣ - ин суст шудани таълиму тарбия дар макотиб, коста гардидани нирӯи парваришии оила ва умуман рахна шудани устувории оила мебошад. Қисмати зиёди муҳоҷирин дар Русия хонумҳои ҳамхоба доранд ва масъулияташон нисбат ба тарбияи зану фарзандонашон коста шудааст, баъзеҳо ҳатто завҷаҳои дар ватан мондаи худро талоқ мекунанд ва ғайра.

 "Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ бояд"

- Дурнамое барои ҷилавгирӣ аз сарозер шудани анбӯҳи муҳоҷирони корӣ кадом аст?

- Ҳамчун иқтисодшинос ман ақида дорам, ки шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз меъёр зиёд мебошад. Дар натиҷа ҳамон соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон имрӯз ба қувваи кории баландихтисос муҳтоҷ мебошанд. Яке аз сабабҳои коста шудани маҳсулоти кишоварзӣ-ин нарасидани қувваи коргарӣ мебошад. Занони кӯдаки хурд дошта ва солхурдагон аз ӯҳдаи гирифтани ҳосили баланди зироат ва маҳсулнокии баланди чорпо намебароянд. Дар мактабҳои деҳот норасоии ҷиддии муаллимони маълумоти олӣ дошта, эҳсос мешавад, кадрҳои соҳибихтисос дар чунин соҳаҳо, аз қабили металлургия, энергетика, саноати кӯҳӣ намерасанд. Аз ин рӯ, бояд дар миқёси ҷомеа чораҳоеро амалӣ гардонд, ки он таносуби илман асосноки байни шумораи муҳоҷирин ва қувваи кории иқтисоди ватаниро пойдор гардонад. Дар айни замон, бояд Ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, диаспораҳои миллии дар Русия амалкунанда бо як ҳамоҳангии ба худ хос чораҳое бубинанд, ки пеши роҳи бо миқдори зиёд дар як муддати кӯтоҳ ба ватан баргардонидани муҳоҷиринро бигиранд, ки ин оқибатҳои беандоза манфӣ дорад. Баъзе ақидаҳо вуҷуд доранд, ки баъди ҳодисаҳои Норвегия дар Аврупо ва инчунин дар Русия муносибати расмӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тағйир меёбад ва ин ба манфиати муҳоҷирон ва ватани онҳо нахоҳад буд. Худо накунад, ки чунин шавад!

Мусоҳиб Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97