Ноҳид Зайналпур: Ҳамватанони мо дар Олмон муштоқи Тоҷикистонанд

Мусоҳиба 19.04.2011 09:39

Nohid_01Чанде пеш ҳамкорамон Шаҳноз Комилзода бо яке аз ҳунармандони хуби кишварамон, навозандаи мумтоз Ноҳиди Зайналпур, ки ҳоло барои иҷрои барномаҳои консертӣ дар Русия аст, мусоҳибаи интернетӣ анҷом додаст, ки фишурдаи онро бароятон пешкаш мекунем.

- Хонум Нохид шунидам, ки чанд вақт аст дар кишвари Русия бо ҳунару маҳорататон дили ҳаводорони ҳунарро дар ин кишвар тасхир мекунед ва Наврӯзи имсоларо дур аз меҳан, дар Олмон ҷашн гирифтаед?

- Бале, сипосгузорам, ки ба ҳунари ман таваҷҷуҳ зоҳир кардаед. Чун ҳоло тамоми кору заҳмати ман барои муаррифии фарҳангу тамаддуни бостонии миллати азизам дар берун аз кишвар аст, ки мутаассифона дар хориҷ дар бораи мо маълумоти хеле кам доранд. Ман хеле вақт аст, ки барои баргузории консертҳо дар Русия ҳастам ва бо ифтихор аз номи ватани азизам Тоҷикистон дар консертҳои байналмилалӣ иштирок мекунам.

Бори дуввум аст, ки ман ба Олмон сафар кардам. Бори нахуст маро ба бузургдошти ҷашни Истиқлоли кишварамон ба ин ҷо даъват карда буданд. Ва имсол, бо даъвати сафири Тоҷикистон дар Олмон, Имомуддин Сатторов ва мусоидати дӯсти хубам, Муҳаммади Эгамзод муҳаррири маҷаллаи "Тоҷикистон", ки дар Маскав нашр мешавад, бори дуввум бо барномаи консертӣ ба Берлин сафар кардам.

- Пас маълум мешавад, ҳарчанд аз Ватан дур будед, аммо Наврӯзро дар ҳалқаи ҳамвататнону ҳамзабонон истиқбол гирифтаед?

- Воқеан ҳам дар ин сафарам аслан эҳсоси ғурбат накардам. Ҳам ин ки сафари кӯтоҳмуддат буд. Дар Олмон ҷашни Наврӯз дар сафорати Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он намояндагони ҳашт кишваре, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, ҷамъ омада буданд. Қобили тазаккур аст, ки бо ҳам ҷашн гирифтани ҳашт кишвар ибтикори сафири Тоҷикистон буд. Нахуст бо иштироки сарояндагони кишварҳои иштирокчӣ барномаи консертӣ намоиш дода шуд. Сипас намоиши суфраи миллӣ баргузор шуд, ки кишварҳои иштироккунанда ба меҳмонон хӯрокҳои миллии худро пешниҳод мекарданд. Ногуфта намонад, ки оши палави мо хуш истиқбол шуд. Ин хӯроки миллӣ одамони зиёдеро гирди хон ҷамъ оварда буд ва аз чеҳраи истеъмолкунандагон маълум буд, ки оши палави тоҷикӣ барояшон хуш омадааст. Ба хусус ҳамватанонамон хеле бо шавқ онро нӯши ҷон мекарданд, маълум буд ки дар ғарибӣ пазмони хӯроки миллӣ шудаанд. Умуман Наврӯзи имсола бароям хеле хуш гузашт.

- Шунидам, ки дар Олмон шаҳрвандони Тоикистон кам нестанд, ҳатто собиқ шаҳрвандоне, ки аз миллатҳои дигар буданд ва то ҳол бо тоҷикон дӯстиву равобити хуб доранд. Оё Шумо аз ин хабар доред? Оё онҳо дар ин ҷашн ҳузур доштанд?

- Бале, воқеан ҳам тоҷикон дар ин кишвар кам нестанд, ба хусус донишҷӯён ва дидани ин қадар ҳамватан дар хориҷ аз кишвар маро хеле хушҳол кард. Мутаассифона, ман фурсати зиёди ошноӣ бо ҳар кадоми онҳоро надоштам, аммо дар ин сафарам тавонистам бо оҳангсози маҳбубамон Фирӯзи Баҳром, ки беш аз 15 сол аст, дар Олмон ба сар мебарад, ошно шавам. Коргардони мумтозамон Бахтиёри Худоназар ва инчунин бо чанд тани дигар аз ҳамватанони гиромиамон вохӯрдам. Диққати маро ҳамчунин як гурӯҳ шахсиятҳои олмонитабор ва ё рустаборе, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардаанду баъд ба Олмон кӯч бастаанд, ҷалб кард. Онҳо ҳанӯз ҳам Тоҷикистонро ватани худ медонанд ва онро хеле дӯст медоранд. Яке аз онҳо Ҷорҷ Дел аст, ки аз табори олмониҳост ва дар Тоҷикистон ба дунё омадааст, ба гуфтаи худаш, беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиашро дар кишвари мо сипарӣ кардааст. Ҷорҷ ҷамъияти тоҷикистониёни Олмонро ташкил кардааст ва инак чаҳор сол аст, ки ҳамасола маҳфили "Мулоқоти ҳамватанон"-ро баргузор мекунад ва дар он кӯшиш мекунад тамоми тоҷиконро аз саросари Аврупо ҷамъ оварад. Тавре дар сӯҳбат бо ӯ огаҳ шудам, ӯ сароянда будааст ва ба забони тоҷикӣ низ тарона иҷро мекунад.

- Аз сӯҳбатҳое, ки бо онҳо доштед, эҳсос кардед, ки онҳо мехоҳанд ба кишвари мо биёянд ва имрӯзи онро бубинанд?

- Албатта. Чун мефаҳманд як нафар тоза аз Тоҷикистон омадааст, он қадар ӯро савол мекунанд, ки ба посухаш фурсат намеёбӣ. Чун бо ман вохӯрданд, маро низ 100 савол карданд. Барояшон ҳама чиз, шунидани хурдарин ҷузъиёт дар бораи Тоҷикистон ҷолиб аст; обу ҳаво, зиндагӣ, ҷашну маросим, бурду бохт, пешрафту тараққиёт - ҳама чиз. Ҳатто мепурсиданд, ки оё алафҳо рустаанд ё не? Теппаҳо сабзпӯш шудаанд ё не? Маълум аст, ки хеле пазмони диёри зебоманзари Тоҷикистон шудаанд.

- Дар ҳамин ҳол мегуфтед, ки мардуми Олмон бо ҳамватанони мо чӣ муносибате доранд?

Nohid_02- Фикр мекунам, ки олмониҳо яке аз мардумони бофарҳанги дунё ҳастанд. Хеле мардуми хоксору меҳрубонанд. Фарҳангу инсонияташон хеле болост. Ман аз гуфтугӯ ва мулоқот бо чанд нафари онҳо хеле ҳаловат бурдам. Албатта на ҳамаи онҳо бо мардум ва кишвари мо ошноянд, аммо онҳое, ки ҳатто заррае аз кишвари мо, аз фарҳангу торихи мо огаҳанд, ба мо эҳтиром қоиланд. Дар ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон чанд тан аз мақомоти баландпояи ин кишвар иштирок доштанд. Онҳо гузашта аз мақому мартаба дар ин ҷашн то охир моро ҳамроҳӣ карданд ва бо мо хушҳоливу хурсандӣ карданд.

- Ҳар як муваффақият барои ҳунарманд ҳиссае аз хушбахтии ӯст. Шумо хушбахтии худро дар чӣ мебинед?

- Ман худамро инсони комилан хушбахт эҳсос мекунам, чун имкон дорам ба одамон хушӣ биофарам ва таъби онҳоро болида гардонам. Хушбахт аз онам, ки дар канорам шавҳари меҳрубону ҳалим, ҳунарманди мардумӣ Ҳасан Ҳайдар, ки ҳамеша маро дастгирӣ ва рӯҳбаланд мекунад, қарор дорад ва бароям имкон медиҳад, то ҳунару маҳоратамро такмил бидиҳам. Хушбахт аз онам, ки ду писари дустрӯю модари ғамхоре дорам ва ҳар он чизи доштаам дар ин дунё ва ҳама пешрафти кору ҳунарам маҳз аз ранҷу заҳмати ӯст. Хушбахт аз онам, ки ватани зебову шукуфон дорам…

- Аз суҳбати самимонаатон сипосгузорем ва бароятон бурдбориву пешрафтҳои беш-тарро таманно мекунем.

Мусоҳиб Шаҳноз Комилзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97