Мубориз Субҳонов: «Сомонаи Наврӯзро дар зарфи 24 соат сохтам»

Мусоҳиба 14.04.2011 10:34

Muboriz_Subhonov_03Мубориз Субҳонов, зодаи шаҳри Душанбе дар соли 1990 дар хонаводаи духтурон ба дунё омадааст. ҳоло донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар курси 4 - уми гурӯҳи чоруми факултаи дандонпизишкӣ таҳсилро идома медиҳад. Ӯ дар озмуни бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ барои сомонаи беҳтаринаш миёни ширкатдорони дигар барандаи Шоҳҷойизаи "Сомонаи беҳтарин Наврӯзӣ" гардид. Пас аз хондани хабаре оид ба баранда шудани Мубориз ӯро пайдо кардам то дар бораи фатҳи қуллаҳои муваффақияташ ба ту хонандаи азиз бигӯяд.

-Барандаи шоҳҷоийзаи беҳтарин сомонаи Наврӯзӣ гардиданатонро табрик мегӯям ва саволи нахустин ин аст, ки чи гунна шумо ба ғолибият даст ёфтед?

- Ташаккур. Сомонаи сохтаи ман дизайни нав, зебо ва пероҳани наврӯзӣ дошт, яъне идона буд. Дар он "логотип"-и махсус барои Наврӯз сохта шуда буд. Дар рӯйи он "логотип"-и аз сабза сохта шуда, Наврӯз навишта шудааст. Инчунин маълумот доир ба Наврӯз ба се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ вуҷуд дошт, ки ҳар шахсе вориди ин сомона шавад, метавонист маълумот оид ба Наврӯз ва тарзи тайёр кардани суманак ва дигар маълумотҳои мавҷуда оид ба Наврӯз тааллуқ дошта, маълумот ба даст биорад.

- Сомонаи сохтаи Шумо аз дигар сомонаҳои пешниҳодшуда ба озмун чӣ фарқ дошт?

- Аксари дизайнҳо такрор аз Интернет буданд ва як қисматеашро ба ҳамин мавзӯи Наврӯз дуруст карда, ба озмун пешниҳод карда буданд. Кори сохтаи ман муаллифӣ ҳисоб мешуд, яъне сомонаро худи ман сохтаам. Фарқи дигар ҳамин аст, ки на ҳама дар сомонаҳояшон доир ба Наврӯз бо се забон маълумот дарҷ карда буданд.

- Шумо чӣ гунна аз озмун огоҳӣ пайдо карде два дар он ширкат варзидед?

- Рафиқонам медонистанд, ки банда ба ҳамин гуна сомонасозӣ завқ дорам ва ба ҳамин хотир пас аз огаҳ шудан ба ман дар бораи ин озмун хабар доданд. Онҳо дар даст ҳамин эълони озмунро доштанд ва ба воситаи почтаи электронӣ эълонро равон карданд. Гуфтанд, ки Мубориз ҳамин эълонро бубин ва яке шояд ба ягон ҷойиза мушарраф хоҳӣ шуд. Орзуи дӯстони ман бароварда шуд.

Вақте ки ман ҳамин эълонро мутолиа кардам ва дидам, ки дар бораи Наврӯз, яъне иди миллии мо Наврӯз мебошад, барои сохтани он дар замон камар бубастам. Омили дигаре, ки шавқи маро барои сохтани ин сомона бештар мекард, ширкати бо шавқу шӯри донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ барои ҷашнгирии Наврӯзи ҷаҳонӣ дар "Наврӯзгоҳ" -и пойтахт тайи ду моҳ буд. Аз ин рӯ ҳамчун як тоҷик ба худ қарор додам, ки бояд дар ин озмун ширкат кунам ва махсусан барои он ки ин ид иди миллӣ ва аҷдодии мост ва ифтихор дорам, ки он ҷаҳонӣ шудааст.

Muboriz_Subhonov_01- Барои сохтани ин сомона чӣ қадар вақт сарф кардед?

- Шояд бовар накунед. Вале се рӯз қабл аз баста шудани озмун ҳамин эълон дастраси ман шуд, хеле дер бохабар шудам. Рӯзи 25 март эълонро аз дӯстонам тариқи пусти электронӣ дастрас кардам ва танҳо соати 10-и субҳи рӯзи 26 март ба сохтани сайт шӯрӯъ кардам. Ман ба масъулони ҳамин озмун телефонӣ сӯҳбат кардам, ки оё ман фурсат дорам, сомонаи сохтаи худро ба онҳо пешниҳод кунам. Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки то нисфирӯзии 27 - уми март вақт доред. Аз соати 10-и рӯзи 26 оғоз карда, то субҳи 27 март сомонаро омода намудам ва ба озмун пешниҳод кардам. Як чизи дигар ин аст, ки дар ҳамин шабу рӯз дар баъзе ҷойҳо аллакай хомӯш кардани қувваи барқ оғоз шуда буд ва ман тарс аз он доштам, ки шояд барқи моро ҳам ҳамин шаб хомӯш кунанд. Аммо бахти ман омад карду ҳамон шаб барқро хомӯш накарданд ва ман то субҳ корро анҷом додам.

- Касе Шуморо дар ин кор ҳамроҳӣ кард?

- Дӯстон эълонро ба ман расониданд, ки аз онҳо сипосгузорам. Дигар дар 24 соати шабонарӯзӣ худам дар танҳоӣ сомонаро омода сохтам. Ишқ ба ин шуғл маро раҳнамун буд, чун тайи се чор сол аст, ки банда ба ҳамин кор шавқ пайдо кардаам ва вақтҳои холигиамро сарфи он мекунам.

- Дар вақти омода кардани сомона аз кадом барномаҳо истифода мебаред?

- Сомонаи ман аз сӯйи ҳакамони озмун сомонаи муаллифӣ ҳисобида шуд, банда дар сохтани он аз чунин барномаҳои компютерӣ ба мисли блокнот, ки дар он ҳамаи кодҳоро менавиштам ва боз тарҳашро дар Photoshop тайёр кардаам. Ва ин чунин дар вақти коркард боз аз барномаҳои PHP, MysQl, CSS ва HTML истифода бурдаам.

- Сомонаатон аз кадом суроға пайдо кардан мумкин аст? 

-Номи сомона www. navruz.shedevr.tj буд. Чаро "шедевр"? Барои он ки барои мо як суроғаи муайян надоданд ва гуфтанд, ки куҷое хоҳед ҳамон ҷо сохта, ҷойгир кунед. Ва ҳамин www.shedevr.tj буд, ки ман дар дохили ҳамин сохтам. Дар ҳоли ҳозир барои сомонаи ман суроғаи нав ҳадя кардаанд, ки www.navruz.tj мебошад.

- Аз миёни ширкатдоро кадомеро рақиби аслӣ меҳисобидед?

- Ба назари ман дар ҳамин озмун як духтар бисёр фаъол буд. Номи сайташон ТҶ "Хома" ном дошт, ки бештар хабарӣ буд. Ростӣ, ҳамин духтар барои ман дар ин озмун рақиби пурқувват ҳисобида мешуд. Аз дигарон дида, ҳамин шахсро ман пурзуртар мешуморидам.

Muboriz_Subhonov_02- Яъне дар муқобили худ ӯро пурқувваттарин рақиб ҳисоб мекардед?

- Бале, дар ҳамон ҷо бояд ҳар иштирокчӣ сомонаашро муаррифӣ мекард ва ман дар бораи ин шарт хабар надоштам. Ва фақат бо ҳамроҳи рафиқонам рафтему нишастем. Баъдан дидам, ки маро барои муаррифӣ кардани сомонаам даъват карданд. Аввалан ҳамин духтарро ба он ҷо даъват карданд ва пас аз ӯ ман бояд ба минбар мебаромадам. Вақте ки ҳамин духтар барои муаррифии сомонааш баромад, ман дар дасташ се чор варақ дидам ва бо қатъият дар бораи сомонааш пурра маълумот дод. Пас аз ӯ, дар фурсати хеле кам ҳарчӣ бар зеҳнам омад, ҷамъбаст карда, ба муаррифии сомонаам шурӯъ кардам. Ба худ мегуфтам, ки аз ду сар ҳамин духтар бо ин қадар тайёрӣ ҷои аввалро мегирад.

- Яъне Шумо умеди аввал буданро аз даст додед?

- Бале, сараввал барандагони дизайни беҳтарин, коркарди техникӣ, маълумотнокӣ ва ғайраро эълон карданд. Ва ман интизор надоштам, ки маро даъват мекунанд, зеро дар баробари ман исми чанд нафари дигар ҳам гирифта нашуда буд. Дар лаҳзаҳои охирин барандаи Шоҳҷойизаро эълон карданд. Вақте ки Субҳонов Мубориз гуфтанд, ман ростӣ хурсанд шудам, ки дар миёни ширкатдорони ин озмун, ки онҳо низ баҳри соҳиби ҷойи аввал шудан талош кардаанд, ширкат карда, барандаи он шудам. Барои созмондиҳандагони ҳамчунин озмун бисёр ташаккур мегӯям.

-Ҳамчун ҷавоне, ки вориди ҳамин корзор ҳастед ва барои ҷавонон ё ин ки шахсоне, ки феълан ба ин корзор ворид шудаанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

- Маслиҳати ман ба ҳамон ҷавононе, ки ба ҳамин соҳа, яъне сохтани сомона ворид шудаанд, ин аст, аксарияташон ба худ боварӣ надоранд ва ё шарм медоранду ҷуръат намекунанд. Масалан, барои ҷавононе, ки ба касе корҳои аввалини худро дар ин бахш нишон додан, истиҳола мекунанд, ҳаминро гуфтаниам, ки бештар ҷуръат кунанд ва ба худ бовар дошта бошанд. Ва саъю талош барои амалӣ кардани корҳои оғозкардаашон бикунанд

P.S. Вақте ки бо Мубориз Субҳонов ҳамсӯҳбат шудам, ӯ эътироз дошт, ки ному насабаш дар хабарҳои нашршуда нодуруст истифода шудааст. Ва ҳамчунин маълумот дар бораи ӯ носаҳеҳ аст, ҳатто бархе хабаргузориҳо навиштаанд, ки ӯ дар донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мехонад. Дар ҳоле ки ӯ муҳассили Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст. Хостем, ки акси Шоҳҷойизаи ӯро нашр бикунем, аммо ӯ гуфт, ки аз сабаби аз сӯйи Вазорати маориф тайёр набудани ҷойизаҳо то ҳол онро дар даст надорад ва бояд дар рӯзҳои наздик он ба дасташ бирасад.

Хуб мебуд, ки чунин озмунҳои ихтироъкорӣ ва зеҳнӣ бо тайёрии бештар ва дар сатҳи олитар баргузор бишаванд, то ҷавонони мо бештар ташвиқ бишаванд, ки корҳои эҷодӣ ва ихтироъии бештар бикунанд.

Мусоҳиб Фирдавси Рустам

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97