ҲНИТ баста мешавад ё бозсозӣ?

Мусоҳиба 21.03.2011 16:40

HNIT_08Пас аз нашри мусоҳибаи охирин ва видоъии шоири саршиноси тоҷик, устод Бозор Собир дар Ватанаш Тоҷикистон бо хабарнигорони нашрияи "Миллат" ба он қисмати ин мусоҳиба, ки шоир назари шахсии хешро дар мавриди мавҷудияти ҳизби динӣ дар ҷомеъаи демократӣ ва дунявӣ баён доштаву изҳор намуд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бояд баста шавад, сару садоҳои зиёде баланд шуд.

Аз чӣ хотир буд, ки маҳз ҳамин пораи мусоҳибаи Бозор Собир дар нашрияҳои расмии шаҳру навоҳии мухталифи кишвар ба нашр расид. Ва дар мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо ҷавонони кишвар низ дар бастагӣ ба ин мавзӯъ чанд суъоле ба эшон ирсол гардид, ки аз ҷониби ҷаноби Кабирӣ хеле посухи мусбату воқеъӣ ироъа гардид. Ҷиҳати он ки хонандаи гиромӣ ва ҷонибдорону масъулони ин ҳизб гумони онро накунанд, ки "Миллат" бо ғаразе ё ҳадафмандона, ё тибқи супорише аз шоир Бозор Собир посух ба суъоли "Назари Шумо дар мавриди мавҷудияти ҳизби динӣ"- ро матраҳ карда бошанд, идораи нашрия тасмим гирифт, ки бо ширкати коршиносони маҳаллӣ, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ маҳфили мубоҳиса баргузор намуда, масъалаи мазкурро мавриди баҳсу баррасӣ қарор бидиҳад. Масъалаи дигаре, ки матраҳ аст, ин аст, ки дар воқеъ тайи як соли охир ҲНИТ дар маркази таваҷҷӯҳи маҳофили мухталиф чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар қарор гирифтааст. Гоҳо сухан сари бастани ин ҳизб меравад, гоҳо аз баргузории интихоботи ду соли баъд бидуни ширкати ин ҳизб ва гоҳе ҳам аз ин ки рисолати ҲНИТ поён ёфтааст. Бархе ҳам ба ин назаранд, ки ҲНИТ ба бозсозии сиёсати худ ва инчунин таҷдиди симо ва чеҳраву номи худ ниёз дорад. Ин масъала дар миёни аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб низ матраҳ аст. Ва суолҳои ҷонибдорони ин ҳизб аз М. Кабирӣ дар ин маврид бозгӯи ин воқеъият аст, ки чунин андешаҳое вуҷуд дорад. Нуктаи бебаҳс ин аст, ки ин андеша ва сару садо ҳаққи вуҷуд доштан ҳам доранд ва имрӯз дар баҳси мизи гирди «Миллат» матраҳ мешаванд. Дар мизи баҳси имрӯзи мо вакили Маҷлиси намояндагон Сайидумар Ҳусайнӣ ва муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит, Давлат Усмон аз бунёдгузорони ҲНИТ, ки феълан дар сафи ин ҳизб қарор надорад ва Шӯҳрат Қудратов, узви раёсати ҲСДТ ширкат доранд. Инчунин ба унвони коршиносони умури сиёсӣ ва фаъолияти аҳзоб дар ин сӯҳбат Марат Мамадшоев ва Раҳматкарими Давлат ширкат доранд.

Бояд гуфт, ки мо ба унвони Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон, Вазорати адлия ва Ҳизби халқии демократӣ номаи расмӣ ирсол намуда, хоҳиш карда будем,  ширкати як нафари масъул ва соҳибназарро дар ин маҳфил таъмин намоянд. Мутаассифона бо сабабҳои барои мо номаълум афроде аз ниҳодҳои номбурда дар кори ин маҳфил ширкат накард, ки барои мо мояи таассуф ва тааҷҷуб аст. Инак, фишурдаи сӯҳбати ширкатдорони маҳфилро ба хонандаи азиз пешниҳод менамоем.

HNIT_06Толибшоҳи САЙИДЗОДА: (Минбаъд Т.С.) -Ҷанобони мӯҳтарам, ҳузури якояки Шуморо ба ин маҳфил хайрамақдам мегӯям. Мавзӯъе, ки инак мавриди баҳсу баррасии мо қарор мегирад, барои ҳар кадоми шумо шинос аст. Мехоҳем назару андешаҳои хешро дар мавриди гуфтаҳои шоир Бозор Собир, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон баста шавад ва умуман дар бораи он ки чаро назари як суханвари муҳоҷир ин қадар сару садоҳоро боло кард ва аз ҷониби аксари мардум ҷиддӣ пазируфта шуд, иброз намоед. Ва ҳам биёед баҳс кунем, ки оё имрӯз вақти он нарасидааст то ҲНИТ роҳу стратегияи муборизаи сиёсии хеш ва ҳатто номашро иваз кунад. Мехостам, нахуст риштаи суханро ба бародар Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон бидиҳам. Бифармоед, оқои Ҳусайнӣ!

Сайидумар ҲУСАЙНӢ: (минбаъд С. Ҳ.) - Дуруду салом бар ҳама аҳли нишаст. Ин ҷо бародар HNIT_04Толибшоҳ зикр карданд, ки мухбирҳо аз оқои Бозор Собир пурсиданд, ки дар бораи мусалмон будан ё набуданатон мавқеъатон маълум аст, аммо дар бораи ҲНИТ мавқеъатонро маълум кунед ва Бозор Собир изҳор доштааст, ки агар аз ман вобаста мебуд, ҳамин ҳизби наҳзатро комилан мебастам. Ҳамагон медонем, ки устод Бозор Собир мавқеъи худашро дар мавриди мусалмон будан ва набуданаш ошкор ва ҳувайдо гуфтааст, ки дигар барои фаҳмидан зарурат боқӣ намемонад. Танҳо ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки касе ошкоро аз ин дин берун будани худашро қабул дорад ва ягон суннату меъёрҳои ин динро қабул надорад, ҳатман ӯ ҳизберо, ки дар асоси ин дин поягузорӣ шудааст, онро ҳам қабул надорад. Ин амри табиие аст, ки ҷои тааҷҷуб надорад, аз ин ки чун ҲНИТ дар асоси ақидаи исломӣ поягузорӣ шудааст, Бозор Собир мехоҳад, ки он баста шавад. Аз ҷониби дигар устод Бозор Собир, воқеъан як шоири шинохтаи тоҷик аст ва ҳамагон дар тӯли таърих медонанд, ки шуъаро касоне ҳастанд, ки аслан ба умури сиёсӣ зиёд дахолат надоранд ва аз умури сиёсӣ гурезон ҳастанд. Бинобар ҳамин, мавқеъи шахсии Бозор Собир, дар умури сиёсӣ мавқеъи ниҳоӣ ва мустаҳкаме ба шумор намеравад. Аз ҷониби дигар Бозор Собир касе аст, ки дар тӯли солҳои ахире, ки ҳамагон шиносоӣ доред, мавқеъи худро хеле ва хеле тағйир додааст. Ман ёд дорам, замоне пеш аз ин ҳаводисе, ки дар кишвар ба вуҷуд омада буд, ӯ бори аввал дар нахустин сафаре, ки ба Ирон дошт, баъди бозгашт аз он ҷо бо тамоми вуҷуд Ҷумҳурии исломии Иронро васф кард ва ҳамаи Тоҷикистонро даъват карда буд, ки ягона наҷоти шумо дар Ислом аст. Ва як замоне шунидем, ки он кас бисёр мухолифати шадид ба сиёсати Ирон кард. Баъдан ба Амрико рафт, як вақт бар зидди Амрико ҳам гап зад. Ҳамин тавр, имрӯз бар зидди ҲНИТ ва бастани он овоз баланд мекунад. Ҳама тааҷҷуб аз он карданд, ки мавқеъи устод Бозор Собирро ҳукумат барои худ як меъёр қарор дода ва дар пушти шонаҳои устод Бозор пинҳон шуданду он ҳадаферо, ки дар дохили худ доранд, ҷуръати ошкор гуфтанашро надоранд ва аз номи устод Бозор онро дар нашрияҳои ноҳиявӣ чоп карданд. Тааҷҷуб дар ҳамин аст. Вале аз мо рӯзи аввале, ки ин ҳодиса рух дода буд, пурсиданд, мо гуфтем, ки аввалан хурсанд аз он ҳастем, ки ҳамин газетаҳои ноҳиявӣ, ки дар як сол як бор ё чанд боре чоп мешаванд, ба хотири ҲНИТ ва ҳамин мақола як бор рӯи чопро бубинад, барои кормандҳояш ҳам як музди меҳнат мешавад. Ва ин ҳам як шарафест ва як хидматест аз сӯйи ҳизби наҳзат ва "Миллат".

Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи "Азия- плюс": (минбаъд М.М.)

HNIT_03Устод Бозор Собир бо чунин ақидаҳои аҷибу ғарибаш маъруф аст, масалан ӯ аз тариқи нашрияи мо хостори баста шудани расонаҳои мустақил шуд. Ӯ ҳатто пурсид: "Шумо рӯзномаи шахсӣ ҳастед? Шумо ҳам бояд баста шавед!" Мо инро нашр кардем, зеро чунин назарҳо дар ҷомеа вуҷуд доранд. Масалан ӯ боз ҳам гуфт, ки аз Тоҷикистони соҳибистиқлол дида, Союз беҳтар буд ва бояд ба он баргашт. Ин мавзӯъ низ қобили баҳс аст ва биёед сари ин мавзӯъ ҳам баҳс кунем. Ман ҳам мехоҳам бидонам, ки чаро нашрияҳои ҳукуматӣ маҳз ба ин пораи сӯҳбати шоир таваҷҷӯҳ кардаанд. Ва ман ҳам дар мавзӯъи Мизи гирди мазкур сӯҳбат мекунам. Ман мутмаин ҳастам, ки Ҳизби исломӣ яке  аз омили босуботист. Мисли ҳамин расонаҳои мустақил, ки хелеҳо мехоҳанд ё баста шаванд, ё аз байн бурда шаванд ва ё онҳо аз иншои воқеиятҳое, ки дар кишвар шуда мегузаранд, худдорӣ биварзанд. Мо агар инро мехоҳем ва ё намехоҳем, дар ҳоли ҳозир хеле аз мардум ба ин ҳизб эътиқод доранд ва агар он воқеан баста шавад, ин мардум бисёр ноумед хоҳанд шуд ва баъид нест, ки хеле аз онҳо ба ҷараёнҳои ифротгаро ё экстремистӣ ва ё радикаливу тундгаро бипайванданд. Аз ин рӯ мутмаинам, он чи ки атрофи ҲНИТ, аз ҷумла бознашри порае аз мусоҳиба дар нашрияҳои ҳукуматӣ сурат гирифтааст, як ҳуҷуми равоние беш нест. Ин ҳамон филми машҳури Чапаевро ба ёд меорад, ки гоҳе гвардиячиёни сафед ба ҳуҷум мегузаранду гоҳи дигар лашкари Чапаев. Ин як шабоҳатест, ки ман мушоҳида кардам ва мисол задам. Ва ҳеч кадом аз сиёсатмадорони ҷиддии давлат фикр намекунам, дар мавриди бастани ин ҳизб исрор кунанд.

Аз сӯйи дигар назари ман ин аст, ки вақтҳои ахир ин ҳизб фаъолияти муассир ва чашмгир надорад. Мо мебинем, ки иддае аз афроди шинохтаи ин ҳизб сӯҳбатҳо мекунанд, мусоҳиба меороянд ва ҳаводису рӯйдодҳои кишвар ва ҷаҳонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд. Вале садои аҳлона ё дастҷамъонаи ин ҳизбро мо камтар мешунавем. Танҳо замоне, ки ба ҷони ҳампешаи гиромии мо, сардабири "Наҷот" Ҳикматулло Сайфуллозода сӯйиқасд сурат гирифт, изҳороте аз ҷониби ин ҳизб садо дод. Бубинед, дар ҷомеаи мо манзилҳои мардум тахриб мешаванд, нақшаҳое қабул мешавад, ки тибқи амалӣ сохтани онҳо собиту барҷо мондани бисёр бинову манзилҳои шаҳрвандон зери суъол мемонад. Зиёд ҳаводису воқеъот ин ҷо рух медиҳад, дар шимоли кишвар низ ҳодисаҳое сар заданд, масалан дар Исфара, ки дар қиболи ин ҳама Ҳизби наҳзати исломӣ хомӯш аст. Шояд вуқӯъи чунин ҳаводис бойиси ноором гардидани вазъи сиёсии ҷомеъа гардад. Ва ман кайҳо боз назари дастаҷамъонаи ин ҳизбро оид ба он рӯйдоду ҳаводисе, ки дар кишвар ба амал омаданд, ёд надорам. Ба ҳамин хотир ман ба ин андеша ҳастам, ки ҲНИТ- ро зарур аст то бештар фаъол бошад. Ва фаъол будани ин ҳизб ҳам ба нафъи ҷомеъа ва ҳам ба фойидаи худи ҳизб аст. Агар ҷиддитар сари бастани ин ҳизб ҳарф занем, маълум аст, ки ин кор бо қарори додгоҳ амалӣ мешавад. Ва ҳам оё асосе барои манъи фаъолияти ин ҳизб мавҷуд аст? Ман ҳеч асосеро намебинам. Ба андешаи ман будани ин ҳизб зарур аст ва он бояд бештар фаъол бошад. Агар фаъолияти ин ҳизб муассир нест, ин барои бастани он наметавонад асос бошад. Мо ҳизбҳои сиёсие дорем, ки қариб тамоми сол хомӯшанд ва дар бораи фаъолияти онҳо касе чизе намедонад.

Т.С: - Назари Марат Мамадшоев, ҳамчун як коршинос шунида шуд, ин ҷо назари ҷониби мақомоти назоратӣ зарур буд, ки мутаассифона ҳузур надоранд ва аз ин рӯ назари Маҳмадалӣ Ҳайитро мешунавем. Умедворам ҳукумат ва ҷонибҳои даъвогар дар ин масъала аз вазорати адлия, Кумитаи дин ва Маркази исломӣ домангир хоҳанд буд, ки чаро ширкати намояндагони ҷониби худро таъмин накарданд. Тавре гуфтем, мо ба адреси инҳо номаи расмӣ ирсол кардаем.

 

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ: (минбаъд М. Ҳ.)

- HNIT_02Қабл аз ҳама бо арзи ташаккур аз ҳафтаномаи "Миллат", ки бо устод Бозор сӯҳбате анҷом доданду аз дохили матни сӯҳбат, як чунин унвонро хуб кашф карданд ва номгузорӣ карданду имрӯз бо дастури баъзе мақомот, ба хусус рақибони сиёсии ҲНИТ, ҳафтаномаҳову моҳномаҳои вилоятиву ноҳиявии Тоҷикистон аз ин қазия бохабар шуданд. Изҳори ташаккур ба хотири он аст, ки ҳамчуноне бародар Сӯҳроб Шарипов гуфта буд, ки воситаҳои ахбори омма аст, ки ҲНИТ-ро эрка месозанд. "Миллат" ҳам ба хотири аз ин бештар эркасозии ҲНИТ саҳм гузошт. Ман Толибшоҳи Сайидзодаро ҳамчун яке аз мубаллиғони ҳизби рақиб, ҳизби халқии демократӣ медонам. Мо ҳамроҳ дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият доштем, ин кас аз тарафи ҲХДТ ва банда аз ҲНИТ. Бинобар ин фикр мекунам, ки агар дастур иҷро карда бошаду ин маҳфилро ба хотири сафедсозии худ анҷом дода бошад, нобахшиданист. Агар сирф ба хотири як назари коршиносиву дар робита ба ин ки ин мавзӯъ ислоҳи худро пайдо кунаду дар оянда ба хотири нооромии кишвар заминаи дигаре фароҳам наёрад, мо инро қабул дорем. Аввал ин ки ба хотири чӣ имрӯз намояндагони сатҳи гуногуни мақомоти ҳокимияти марказиву маҳаллӣ пушти шонаҳои Бозор Собиру Толибшоҳи Сайидзодаву "Миллат"-у дигар ҳафтаномаҳо пинҳон шудаанд ва алайҳи ҲНИТ фазосозӣ мекунанд ва аз он душман метарошанд. Ҳадаф ба ҳама маълум аст, ки мақомот аз ҲНИТ хавфу ҳарос дорад, аз ин ки ҲНИТ дар интихобот хеле ҳам худро нишон дод, мардум раъйи зиёде ба ин ҳизб дод. Ва баъд аз интихобот муборизаи ошкору ниҳон алайҳи ҲНИТ шурӯъ шуд. Ман ин ҷо мехоҳам аз як сарчашма истифода бубарам ва он сарчашмаро ба таври асл бароятон қироат кунам. Ин сарчашма, номаи расмии раиси Кумитаи дини назди Ҳукумати ҶТ, Абдураҳим Холиқов ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Нома 16.08.2010 иншо шуда ва рӯзи 21.08.2010 ба дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур ворид шудааст. Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор барои тоза кардани фазои тафакури динии кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар доираи талаботҳои қонун истифода намуда истодааст, - омадааст дар сархати ин нома. Дар ин нома навишта шудааст, ки дигар масъалаи муҳим ин аст, ки мақомоти давлатӣ ва масъулин бо ҳизби сиёсии хусусияти динӣ дошта сару кор гирифта ҳеч гоҳ ҳизбро чун дин қабул нанамоянд. Зеро наҳзатиҳо ошкоро ба дин такя намуда, худро хайрхоҳу ҳимоятгари дин нишон доданӣ мешаванд. Мубориза бо ин гурӯҳ ҳеч гоҳ бояд ба мубориза бо Ислом табдил наёбад. Чунин ҷараёнҳо дар баъзе масъалаҳо эҳсос мешавад, ки он хатарзост, зеро ҷавҳари дин эътиқоди мардум аст. Кӯшиш намудан лозим, ки ҳама мақомоти давлатӣ, масъулин ва ҷомеъа донанд, ки дин моли мардум аст, на ифодаи фикри ғаразноки ин гурӯҳ. Дар давомаш омадааст, ки гирифтани сади роҳи сиёсишавии ислом, муҳимтарин вазифаи мост. Зеро то он лаҳзае, ки як ҳизб ва ё ҳаракати диние, ки дар сохтори сиёсӣ вуҷуд дорад, вай ҳар амали ҳукуматро агар чанде, ки дар доираи қонун ҳам бошад ба манфиати худ истифода менамояд. Дар инҷо зарур аст, ки ҳар қонуншикании онҳо, ба маърази мардум равшан, возеҳ ва оммафаҳмона расонида шуда, қатъӣ бо меъёри қонун чораандешӣ карда шавад. Ин номаест, ки аз тарафи Кумитаи дин навишта шудааст ва дар ин ҷо калимаи мубориза алайҳи ҳизби наҳзат истифода шудааст, ки ин ғайри конститутсионӣ аст. Аслан моддаи 28- и Сарқонуни ҷумҳурӣ иҷозат додааст, ки дар Тоҷикистон аҳзоби гуногун, ба шумули ҳатто атеистӣ ва характери динӣ дошта фаъолият дошта бошанд.

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам зикр кунам, дар тамоми мақолаҳое, ки дар ҳафтаномаҳо ба нашр мерасанд, зимни кадом ҷурму ҷинояте танҳо узвияти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ эълон мешавад. Вале аз аҳзоби дигар ҳеч ёде намекунанд. Мувофиқи маълумоте, ки мо дар даст дорем ва ин маълумот пӯшида нест, дар яке аз ҳафтаномаҳо нашр шуд, замоне, ки Давлаталӣ Давлатзода, муовини аввали раиси ҲХДТ буд, изҳор дошт, ки тайи солҳои ахир аз ҲХДТ 20 ҳазор нафар ронда шуданд. Аз ҷумлаи ин 20 ҳазор нафар теъдоди зиёде бо айбу ҷурмҳои гуногун ба маҳбас кашида шудаанд.

Ин ҷо Марат Мамадшоев масъалаи вайрон кардани хонаҳои мардуми Қӯштеппаро бардошт ва гуфт, ки ҲНИТ ба масъалаҳои доғи рӯз аҳамияте намедиҳад. Мо ба ҳар як масъалае, ки дар ҷумҳурӣ мегузарад, вокуниш мекунем. Ба ҳар лоиҳаи қонуне, ки ҳаст, вокуниш нишон медиҳем. Дар мавриди вайрон кардани хонаҳо ба хусус дар ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, мавзӯъи баҳси раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро дар Порлумон ҳама ёд дорад, ки дар он ҷо мавзӯъ бардоштанд, ки бояд комиссияи вакилӣ ё ки ҳайати депутатҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон ташкил карда шавад ва ба доди мардум бирасанд. Вале он ҷо бархӯрдҳои ҷиддӣ аз тарафи раиси Маҷлиси намояндагон, муовини раис ва дигар вакилон сурат гирифт ва бо исрори вакил Муҳиддин Кабирӣ ин пешниҳод ба овоз монда шуд, ҳамаи аъзои порлумон алайҳи ин пешниҳод овоз доданд. Ин ҷо як нуктае нуҳуфта аст. Моҳияти масъала чунин аст, ки онҳое ба мардуми Қӯштеппа замин додаанд, узви ҲХДТ мебошанд. Собиқ раиси ин ҷамоат Абдулҳаев узви ҲХДТ буд ва имрӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад. Муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, он ҳам узви ҲХДТ буд. Бинобар ин фраксияи ҲХДТ нахост, ки ин масъала дубора матраҳ шавад, ҳайати депутатӣ ба маҳал равад ва ба ин кор расидагӣ кунад.

Ман як мавзӯъро ин ҷо мехоҳам матраҳ кунам, аслан доираҳои муайяни ҳукумат, аслу моҳияти давлати дунявиро дуруст дарк накардаанд. Ва то ба имрӯз ҳеч мақомдоре ба мардум ба таври ошкор нафаҳмонидааст, ки мо кадом шакли дунявиятро қабул дорем. Дунявияти шарқӣ ва ё дунявияти ғарбиро. Вале дунявиятро аксари мақомоти намояндагӣ ҳамчун  мубориза бар зидди дин мефаҳманд. Аз ҳамон доираи мафкураи зиддидинии даврони шӯравӣ ҳоло берун наомадаанд. ҲНИТ-ро ба осонӣ наметавон баст. Дар муддати 11 соли фаъолият ҲНИТ 11 нафар зиндонӣ дорад. Бояд бигӯям, ки роҳи ҳал душмансозӣ нест, роҳи ҳал фазосозӣ атрофи ҲНИТ нест. Ба хотири оромиву суботи ҷомеъа мо бояд гузашт ба якдигар кунем ва ҳамкории судманд дошта бошем. Ҳукумат бояд вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардумро хуб кунад, корхонаҳоро ба кор дарорад, мардумро бо кор таъмин кунад, 1 миллион муҳоҷири меҳнатиро баргардонад, Роғунро созад, ба матбуот озодӣ диҳад, ҳуқуқу озодиҳои диниву шаҳрвандии мардумро таъмин кунад, онгоҳ мардум рӯй ба ҳукумат меорад, ҳоҷат ба рӯй овардан ба ҲНИТ намемонад. Агар як чунин корро накунад, сафи ҲНИТ рӯзафзун мешавад.

Раҳматкарими Давлат, рӯзноманигор: (минбаъд Р. Д.)

- HNIT_05Ҳама он чӣ ки шумо гуфтед, андешаи шумост ва ҳадафи ин маҳфил ҳам фикр мекунам ҳамин аст, ки назару андешаҳо ироъа шаванду табодули назар шавад, Албатта чун муборизаи сиёсӣ аст, фишор ҳаст, аз тарафи дигар фазосозӣ ҳаст ва он чи ки мисол овардед, ки муовини вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, ки дар Тоҷикистон гурӯҳҳои динӣ бояд ба ҳошия ронда нашаванд, ҳаст. Аммо тавре мегӯянд, мо дар баробари як воқеъияти инкорнопазир дар вобастагӣ ба ҲНИТ қарор гирифтаем. Он ин аст, фазои як соли охир ба нафъи ин ҳизб чарх намезанад, фазосозӣ ҳаст, иродаи мубориза бо ҲНИТ ҳаст. Барои бастани ҲНИТ ҷонибдорон ҳам дар дохил ҳастанд ва ҳам дар хориҷ. Худи  ҳамон  Ғарб, худи ҳамон Амрико, вақте ин чизро тавассути матбуот баён медоранд, аз тарафи дигар дар амал ҳамин қудратҳо ё режимҳои Шарқро дар маҷмӯъ ҳамеша таблиғ мекунанд, ташвиқ мекунанд, такмил мекунанд, муҷаҳҳаз мекунанд, дар муқобили гурӯҳҳои исломӣ ва исломи сиёсӣ. Аз сӯи дигар шумо - гурӯҳҳои исломиро таблиғ мекунад, ки бояд фаъол бошед ва бо шумо музокира мекунад ва ҳаракатҳои исломӣ- сиёсиро дар муқобили ҳукуматҳо таҳрик мекунад, ҳатто Толибонро барои даст ёфтан ба умқи стратегӣ дар Осиёи марказӣ пуштибонӣ мекунад. Ин чизҳо ҳам ҳаст ва инро ҳам бояд фаромӯш накунем. Яъне фазо ба вуҷуд омадааст, фазое, ки хоста ё нахоста расонаҳо ба ӯ доман задаанд. Яъне ҲНИТ дар баробари чолиши бузург қарор дорад, ки раҳбарияти он бояд ба ин чолишҳо посух бигӯяд. Ҳадаф ин аст, ки дар шароите, ки ба вуҷуд омадааст,  ҲНИТ чӣ бояд бикунад? Оё ниёз ба як таҷдид ва бозсозии зоҳиру ботини ҲНИТ пеш наомадааст? Шумо ҷанобон Ҳусайнӣ ва Ҳайит, ки роҳбарҳои феълии ҲНИТ ҳастед, ва оқои Давлат Усмон аз муассисон ва роҳбарҳои қаблияш, бигӯед оё ҲНИТ ба реформа, ба як бозсозии сиёсаташ ва бозсозии чеҳрааш ниёз дорад? Бисёр мехостем баҳс дар ин замина бошад. Дигар дар рӯ ба рӯи факт қарор дорем мо, ки ҳам фазосозӣ аст, ҳам фишор аст, аммо чӣ бояд кард?

Давлат Усмон, номзади улуми сиёсатшиносӣ: (минбаъд Д. У.)

- HNIT_07Воқеъан дар ин ҷо шумо таъкид кардед, ки мо аз муассисинаш ҳастем ва албатта зиёда аз 10 сол аст, ки ман дар ин ҳизб фаъолият надорам. Аммо мехоҳам, ҳамчун як шахси мустақил, беғараз ҳам нисбати ҲНИТ ва ҳам нисбати ҷомеъаи тоҷик, ҳам нисбати ҳукумати Тоҷикистон андешаамро равшан кунам. Аввал ин ки чизе, ки имрӯз мутахассисини ҳукумати Тоҷикистон доранд, ба Сардори давлат тавсия медиҳанд, ин ба лиҳози воқеъият аст, сатҳи пасти тафаккури ҳамин мутахасисон, коршиносони давлати имрӯзаи Тоҷикистонро нишон медиҳад, ки Сардори давлати Тоҷикистонро ба иштибоҳ мебаранд. Шумо бубинед, ин чизе, ки имрӯз мутахасисони ҳукумати Тоҷикистон, тавсия медиҳанд, ин як усули бисёр кӯҳнашуда аст. Ин методи сад соли пеш аст. Вақте ҷараёни исломи сиёсӣ дар дунё пайдо шуд, яъне аввалин ҷараёнҳои исломи сиёсӣ дар ибтидои асри гузашта дар Миср ва дар миёнаи асри гузашта тақрибан дар ҳама дунё паҳн шуд, ҳамин воситаи муборизаро ҳамчуноне, ки шумо дуруст қайд кардед, бо тавсияи ҳамон ҷаҳони Ғарб, дар ҳамон кишварҳо шурӯъ карданд. Намояндаҳои онҳоро бурданд ба зиндон, террор, ҳатто террори давлатӣ шурӯъ шуд, аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ хелеҳеро зиндон карданд, куштанд ва дар натиҷа дар он кишварҳо ҳамчуноне имрӯз дар мо мушоҳида мешавад, як ифротгароии дунявиро эҷод карданд. Як натсионализми миллиро ба муқобили ин ҷараёнҳо эҷод карданд. Лекин аввал дар Ирон ин муборизаро бохтанд, баъд омаданд дар ибтидои қарни 21 ҳатто дар он кишварҳои арабӣ ҳам бохта истодаанд. Лекин имрӯз бояд вақте мо як бор иштибоҳ кардем, кишварро бо номи мубориза ба муқобили ҳизби динӣ ё ки исломи сиёсӣ ба хоку хун як бор кашидем. Дар Сарқонун Тоҷикистонро давлати демократӣ ва дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эълом кардем. Вақте як кишвар дар Сарқонун худашро кишвари демократӣ эълон мекунад, маънии демократия чист? Ин гуногунандешии сиёсӣ аст. Яъне дар чавкоти муборизаи сиёсӣ ҳар гуна аҳзоб, хоҳ радикали сиёсӣ бошад, динӣ бошад, аммо хушунат накунад, ӯ ҳуқуқи мавҷудият дорад. Ҳол он ки чӣ расад ба ин ки як ҳизби диние, ки худашро созишкор, мусолиҳакор медонад ва мегӯяд, ки тамоми қавонини ҷумҳуриро омода ҳастам риоя кунам ва мехезанду бар алайҳи ӯ чунин сару садоҳо боло мекунанд. Ин чанд қадами ҷиддӣ ба қафо аст. Ман ба он нафароне, ки имрӯз ба унвони раиси ҷумҳур чунин як номаҳо менависанд, худашонро мутахасисони варзида ҳисоб мекунанд ва роҳҳои муборизаро барои раиси ҷумҳур дар сатҳи ҳукуматдорӣ тавсия мекунанд, ман ба онҳо тавсия медиҳам, ки онҳо ба ин миллат дубора хидмати хирсона накунанд. Ин андешаҳои дунявӣ экстремистияшонро камтарак поён бубаранд, реалистона, воқеъбинона имрӯз ба ҳаёт ба ҷомеъа, ба дунё нигоҳ кунанд. Инсоният аз аввали пайдоишаш барои адолати иҷтимоӣ талошу мубориза кардааст ва ин муборизаашро то рӯзе, ки инсон вуҷуд дорад ин гуна муборизаҳо дар дохили ҳар гуна қудратҳое, ки бошад хомӯш намешаванд. Хоҳ дар либоси дин бошад, хоҳ дар либоси чавкоти дигар. Имрӯз инсоният ҳамон қадар пешрафта аст, ки ин усулҳои муборизае, ки мову шумо имрӯз мебинему мехонем, дар назари баъзеҳо як чизи масхараомез, шухӣ менамоянд. Имрӯз рафта узви як ҳизбро оварда зиндон кардан ин чӣ маънӣ дорад? Ин маънои онро дорад,  ки бо дасти худат як ҳизбро ба қудрат меорӣ. Имрӯз миллионҳо проблема дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Мардум ҳам ҳалли проблемаҳоро аз як сарчашма фикр мекунад. Аз қудрат, аз ҳукумат. Вақте мебинад, ки он проблемаҳо натанҳо ҳал намешаванд, балки рӯз то рӯз зиёд мешаванд ва вақте давлат меравад рақибҳояшро зери фишор қарор медиҳад, ин маънои онро дорад, ки яъне давлат нотавонии худашро заъфи худашро нишон медиҳад. Ва рақиби худашро дар домани худаш бузург мекунад. Ман фикр мекунам, ки агар ҳукумат бо сабақ аз гузаштаи начандон дуре, ки болои миллати мо омад ва бо он тағйироту таҳаввулоте, ки имрӯз дар дунё мегузарад, андеша кунад, бояд майдонро барои ҳама гуна ҳаракатҳову ҳизбҳое, ки ҳастанд, оҳиста- оҳиста боз кунад. Мардум гуногунадешиашонро дар чавкоти аҳзобу ҳаракатҳо изҳор кунанд, ин аз як ҷиҳат як кӯмаке мешавад барои ҷомеъаро ҳама вақт дар як ҳолати тавозун нигоҳ доштан. Яъне аз як таркиши бисёр бузург ҷомеъаро пешгирӣ  метавон кард. Чуночӣ русҳо мегӯянд, "Агар сарпӯши дегро нагирӣ, то бӯғаш барояд, дег мекафад".

Р. Д.: - Дуруст аст, агар ба масъала мушаххас баргардем, ҳукумат бояд назараш ва бархӯрдашро дигар кунад. Аммо худи ҲНИТ чӣ? Шумо мехоҳед бигӯед, ки дар фазое, ки пеш омада ҳукумат муқассир аст, аммо худи ҲНИТ иштибоҳе надорад, ки онро ислоҳ кунад? Ба назари ман имрӯз аксари ҷонибдорони ҲНИТ ба ин ҳизб чун ба масҷид мераванд, то ба як ташаккул ва созмони сиёсӣ ва ҳизб. Ҳизб ҷои ибодат не, ҷои андеша ва муборизаи сиёсӣ бояд бошад. Мегӯед ин тафаккур дар сафи ҷонибдорони ҲНИТ бояд ислоҳ нашавад? Роҷеъ ба исломи сиёсӣ гуфтед, ман мехоҳам бигӯям, ки бардоштҳо аз ин таъбир мухталиф аст. Масалан, дар Туркия ва бархе кишварҳои арабӣ ин бардошт фарқ мекунад, дар мо бардошт аз исломи сиёсӣ дар сатҳи сад соли пеши Мисру Туркия қарор дорад. Фарзан, Тоҷикистон дар як соли гузашта гирифтори ҳазорон мушкил буд, ки яке аз онҳо ба амнияти саросарӣ ва ҳатто тамомияти арзии кишвар таҳдид мекард, масъалаи роҳи пулакӣ, оянда агар фазо тағйир кунад заминаи ихтилофи ҷиддӣ хоҳад шуд, масъалаи қимматҳо, муомила бо Чин дар бораи замин ва садҳо мушкилоти дигар, аммо ҲНИТ дар ҳамаи ин заминаҳо ба андозаи он ки дар мавриди русарии як донишҷӯ сару садо кард, аҳамият қоил нашуд. Ин нишонгари сатҳи бардошт аз исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст.

Д.У.: - Баъди рафтани устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва замони соли 1992, агар шумо наҳзати имрӯзаро ба наҳзати соли 92 қиёс кунед, тамоман фарқ мекунад. Аз наҳзат бисёр одамоне, ки ба вазъияти имрӯзаи наҳзат мувофиқ набуданд баромаданд.Имрӯз дар раёсати ҲНИТ шахсоне омаданд, ки масалан Маҳмадалӣ Ҳайит соли 1992 наҳзатро чашми дидан надошт. Андешаҳояш дигар буданд. Имрӯз ин ҳизбро қабул кардааст, барои воқеъияти имрӯза. Яъне тағйиротҳо зиёданд. Чизе, ки наҳзат бозсозӣ кардааст, фикр мекунам, ин ҳам воқеъият аст.

(поёни қисми аввал)

Гардонандаи Мизи гирд

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97