Ойниҳол Бобоназарова: Тоҷикистон барои бекоркардани ҳукми қатл гоми бузурге гузоштааст

Мусоҳиба 30.12.2010 10:37

oynihol-bobonazarova_45- Шумо яке аз фаъолони тарафдори бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон мебошед, шояд ин самари солҳои зиёд фаъолият кардани шумо дар созмонҳои байналмилалӣ ба мисли САҲА ва Фонди Сорос аст?!

- Шояд фаъолияти тӯлонии ман дар ин созмонҳо ҳам ба ин раванд таъсиргузор бошад, зеро фаъолияти ин ташкилотҳо асосан дастгирӣ намудани равандҳои демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аст. Аммо ман ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ ва баъдтар дар фаъолияти кориам дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба равандҳои демократӣ ҳамроҳ шуда ва онро дастгирӣ мекардам. Солҳои зиёде дар факултаи ҳуқуқшиносӣ кор кардам ва фикр мекунам, ки маҳз факултаи ҳуқуқшиносӣ дар тафаккури ман таъсири ҷиддӣ расонид. Яъне ман ҳуқуқи худро шинохтам ва мувофиқи имкониятам кушиш намудам, ки ҳуқуқи дигаронро низ ҳимоя намоям. Пайвастани ман ба Ҳизби Демократии Тоҷикистон ин тасдиқи андешаҳои банда аст. Ва замоне ки ман ба нируҳои демократӣ пайвастам, ҳеч гуна робитае бо ташкилотҳои байналмилалӣ надоштам.

- Бубинед, ҷазои қатлро, ба хусус дар мавриди қотил аксарияти мардум дастгирӣ менамояд. Магар иродаи мардумро сарфи назар кардан дуруст аст?

- Ман чунин ақидаро, ки мардум ҳанӯз барои бекор кардани ҳукми қатл тайёр нест, бисёр шунидаам, хусусан аз тарафи намояндагони сохторҳои давлатӣ. Албатта давлатҳои демократӣ бояд иродаи мардумро ба назар бигиранд. Аммо Шумо магар ёд доред, ки кай, дар кадом масъала иродаи халқ ба назар гирифта шуда буд? Дуруст аст, ки баъзан дар телевизион ва радио ин ё он ташаббуси ҳукуматро чунон сохтакорона таърифу тавсиф мекарданд, ки баъдтар он оқибатҳои манфӣ медод. Агарчи баъзан он ташаббусҳои нек ҳам буданд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки асосан иқдоми бекор кардани ҳукми қатл аз тарафи Раиси ҷумҳур ё Порлумон пешниҳод мешавад. Тавре соли 2004 маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳукми қатл моратория эълон шуда буд. Танҳо дар якчанд давлат ташаббуси бекор кардани ҳукми қатл аз поён, яъне аз тарафи мардум пешниҳод шуда буд. Дар Тоҷикистон мардум асосан побанди мушкилоти худ ҳастанд, ба монанди камбизоатӣ, муҳоҷират ва бисёр проблемаҳои дигар, ки ин ба онҳо имконият намедиҳад, ки дар раванди демократисозии ҷомеа фаъолона ширкат биварзанд. Маълум аст, ки 70% - аҳолӣ дар ноҳияҳои дур аз марказ зиндагӣ мекунанд,   магар онҳо имконияти дастрасӣ ба ВАУ-ро доранд, оё онҳо медонанд, ки аз ҳар 100 ҳукми қатл 7 нафар бегуноҳ қатл шудаанд?! Тадқиқотҳо собит кардаанд, ки ҷазои қатл пеши роҳи ҷиноятҳои вазнинро намегирад, ҳукми қатл хусусияти қасосгириро дорад, ки ин амали зиддиахлоқист. Бекор кардани ҳукми қатл иштибоҳи судиро ислоҳ мекунад. Азбаски Тоҷикистон узви ҷо¬меаи ҷаҳонӣ буда, аъзои созмонҳои байналмилалист ва ба зиммаи худ уҳдадорӣ гирифтааст, ки ҳуқуқ ба ҳаётро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

- Аммо дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин масъала чӣ гуна ҳал шуд?

- Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Тоҷикистон, ҳукми қатлро бекор кардаанд. Ман боварӣ дорам, ки агар дар Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон дар ин масъала референдум гузаронида мешуд, мардум бекор кардани ҷазои қатлро дастгирӣ намекарданд. Ва ин иқдом бо пешниҳоди раисони ҷумҳур ё порлумонҳо ҳал карда шудааст.

- Чаро Шумо ҳалли ин масъаларо ба Раиси ҷумҳур вобаста мекунед, на ба Порлумони кишвар?

- Зеро ман боварӣ надорам, ки чунин иқдом аз тарафи Порлумон пешниҳод шавад.

- Шумо вақте дар мавриди ҳуқуқи инсон ҳарф мезанед, оё дар бораи ҷабрдидагони ҷиноят, ба хусус онҳое, ки ҳаққи зиндагӣ аз онҳо гирифта шудааст, фикр кардаед?

- Албатта фикр кардаам. Ба онҳо таҳаммули ин дард хеле мушкил аст. Давлат ва ҷомеа бояд дар қиболи ҷабрдидагон ғамхорӣ намоянд. Фарзона, шоири маҳбуб ва дӯстдоштанӣ дар як сӯҳбаташ гуфт, вақте ки як нафар нафареро қатл мекунад, ӯ аллакай барои худ ҷазои олиро интихоб намуд. Замину осмон аз ӯ рӯй мегардонанд. Ҷинояткорро вақте ба ҳабси тӯлонӣ ҳукм мекунанд, бояд боқимондаи умрашро ба тавба кардан ва узр хостан аз ҷабрдида, аз табиат, аз мардум, аз ҳама гузаронад. Яъне ӯ дигар худро қатл намуд ва чӣ зарурият аст, ки ӯро дубора қатл кунанд.

- Дар Амрико, ки падари демократия унвон мешавад, ҳукми қатл вуҷуд дорад, назари Шумо дар ин маврид чун аст?

- ИМА низ давлати идеалӣ нест. Аммо дар муқоиса бо дигар давлатҳои дунё хеле тараққикарда мебошад ва ҳимояи ҳуқуқи инсон яке аз фаъолияти имтиёзноки давлат ба ҳисоб меравад. Дар масъалаи ҳукми қатл дар баъзе аз иёлотҳои он ҳукми қатл бекор карда шудааст, аммо дар дигар иёлотҳои он ҳанӯз ҳукми қатл мавҷуд аст. Солҳои охир ҷомеаи мадании Амрико ташаббуси зиёде барои бекор кардани ҳукми қатл нишон дода истодааст. Созмонҳои байналмилалӣ низ Амрикоро оид ба ин масъала шадидан зери тозиёнаи танқид гирифтаанд. Ман низ моҳи октябри соли 2010 дар Варшава, дар Кофронси САҲА "Оиди арзишҳои инсонӣ" суханронӣ карда, ба ҳайъати ИМА муроҷиат карда, аз ҷумла таъкид кардам, ки ; "модоме Амрико худро рупори демократия эълон намудааст, набояд дар давлати шумо ҳукми қатл вуҷуд дошта бошад".

- Оё Шумо боварӣ доред, ки ҳукми қатл дар Тоҷикистон бекор карда мешавад ва ин боварии Шумо ба чӣ асос меёбад?

- 50 давлати аъзои САҲА ҳукми қатлро бекор кардаанд. 3 давлат ҳукми қатлро моратория эълон кардааст; Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, 2 давлати дигар; ИМА ва Белорусия ҷазои қатлро истифода мебаранд, Латвия ҷазои қатлро қисман бекор кардааст. Яъне аксарияти давлатҳои узви САҲА ҳукми қатлро бекор кардаанд. Конгресси 4-уми ҷаҳонӣ оид ба бекор кардани ҳукми қатл Эъломия қабул кардааст, ки дар он оварда шудааст: "Ҳамаи давлатҳое, ки ҳукми қатлро "defacto" (дефакто) - бекор кардаанд, онро аз қонунгузории худ хориҷ намоянд". Дар он Конгресси ҷаҳонӣ намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва банда ҳам иштирок карда будем. Баъди Конгресси ҷаҳонӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзиши масъалаи мазкур комиссияи махсус таъсис дод. Ва ин комиссия ҳамроҳ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мизҳои муддавар ва мулоқотҳои зиёде баргузор дорад. Ва ин худ гувоҳи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин роҳ гоми баланде бардошта ва дар андешаи бекор кардани ҳукми қатл аст. Бубинед, ки 30 апрели соли 2004 бо пешниҳоди   Раиси ҷумҳур ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҷазои қатл мораторий эълон шуда буд, ки он давра давраи ниҳоят мушкил барои Ҳукумати Тоҷикистон буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми таркибии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, мавҷудияти ҷазои қатл ба стандартҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар бахши ҳуқуқи инсон, ҳуқуқ ба ҳаёт ҳамчун ҳуқуқи фитрӣ мухолиф аст.

Кишвари мо чун давлати тозаистиқлол кӯшиш дорад, ки уҳдадориҳои худро оид ба ҳимояи олитарин арзиш-ҳуқуқи инсон ба ҳаёт эътироф ва таъмин намояд.

-Барои сӯҳбат ташаккур.

-Сарбаланд бошед!

Мусоҳиб: Фирдавси РУСТАМ донишҷӯи ДМТ

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97