Низорамоҳ Зарифова: Шаҳбонуи Ирон зани хоксоре буд

Мусоҳиба 18.12.2010 10:06

nizoramoh_1Ба кунҷи сандалӣ биншаста дидам…

Мӯъмин Қаноат шоири маҳбуб ва андешаманди тоҷик зимни мусоҳибае, ки бо "Миллат" дошт, дар мавриди аввалин сафари Шаҳбонуи Ирон ба Тоҷикистон ёдовар шуд, ки роҳбаладии онро бонуи минбарнишини тоҷик Низорамоҳ Зарифова бар ӯҳда доштааст.

Низорамоҳ Зарифоваро суроғ гирифтем, то аз ӯ дар мавриди чӣ гуна бардоштани симхорҳо миёни Шӯравӣ ва Ирон ва нахустину охирин сафари Шаҳбону ба Тоҷикистон бипурсем.

Рақами телефони бону Низорамоҳро барчидаму садои бовиқорашро шунидам, ки аз он суйи гӯши "Лаббай" мегуфт. Пас аз ҳолпурсӣ аз ӯ хостам то барои анҷоми як мусоҳиба фурсати муносиберо дар ихтиёри мо бигузорад. Ғайриинтизор бонуи муҳтарамро пешниҳодам хуш наомад, ки бо овози хаста баҳонаи канораҷӯйи аз мулоқотро кард. Аммо ӯро дарк кардам, аз мусоҳибаҳои беинтиҳо дар радиову телевизиону матбуот хаста шудааст…

Билохира пас аз ду ҳафтаи думболагирӣ ӯро розӣ кардем, ки моро пазироӣ кунад.

Пас аз зуҳри ҷумъаи муборак роҳ сӯи манзили бонуи арҷмандро гирифтам. Ӯ низ дар маҳаллаи нухбагони сиёсии имрӯзу дирӯз хона дорад. Бо умеди дидани кушки боҳашамату замонавӣ хонаашро суроғ гирифтам. Ҷойи мавқеияти манзилашро бо кӯмаки милисаҳои нигаҳбон аз кӯчаи калон пайдо кардам, аммо ёфтани хонааш осон даст надод. Аз пеши хонаи хоксоронааш як бор гузашта давр хӯрдам, чун пайдояш накардам, дубора зангаш задам. Арӯси хонадонашро ба истиқболам фиристод. Дари кулбае, ки дар девораш овезае бо навиштаи "ИШТИРОКЧИИ ҶБВ " насб гардида буд, боз шуд ва арӯси хонадон маро ба хона даъват кард. Бону Низорамоҳ ҳам ба пешвозам баромад. Бо ҳамдигар расмӣ мулоқот кардем. (Ба ҳар ҳол ҳанӯз ҳам хислатҳои раҳбарӣ ӯро тарк накардааст-шарҳи муаллиф.) Маро таклифи ба хонаи гарм гузаштан кард. Вориди ҳуҷраи на он қадар бузурге шудем, ки дар аввалин нигоҳ сандалии бобоӣ ба чашм ме¬хӯрд. Аз дидани сандалӣ хурсанд ҳам шудам, зеро дер боз зери сандалӣ нанишаста будам...

Бар пояи сӯҳбат нишастем, чойи гарму нону қанд ҳам рӯи хон гузошта шуд. Аз ӯ пурсидам:

Шаҳбону меояд!

-Бонуи арҷманд, омадам, ки аз забони шумо дар мавриди аввалин сафари ҳайъати иронӣ ба Тоҷикистон, ки садри он ҳайъат Шаҳбонуи Ирон буда, бишнавам. Шумо ҳам, ки роҳбаладии онро бар ӯҳда доштед, чӣ хотироте аз пазироии ин меҳмонон доред? Ва дар мавриди чӣ гуна бардоштани симхорҳо миёни Шӯравӣ ва Ирон мегуфтед, ки он замон чӣ иттифоқоте уфтод?

-Онҳо аслан меҳмонони Маскав буданд, Шаҳбону Волоҳазрат Фараҳбону мегуфтанд, ҳамсари Ризошоҳи Паҳлавӣ буд, ки меҳмони маршал Климент Ефремович Ворошилов, вазири мудофиаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуда омаданду ҳамонҷо барояшон дар бораи Тоҷикистон гуфтаанд. Пеш аз ин як ду бор дигар ҳайъати бонувони иронӣ омада буданд. Қаблан хоҳари шоҳ Шараф Паҳлавӣ омада буд. Онҳо ба Шӯравӣ омада мерафтанд ва бо ҳамдигар дар мавриди кишварҳои Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон шояд нақл мекарданд. Ин бор ҳайати олии ҳизби ҳукуматӣ, ки сарвариашро Фараҳ Паҳлавӣ зани хеле ҷавони шоҳ бар ӯҳда дошт Маскав меоянд ва хостаанд, ки Тоҷикистонро бубинанд. Аз Маскав телефон карданд, ки меҳмонҳои олирутба меоянд ва омодаи пазироии онҳо бошед. Баъд ҳамин ҳайати олии ҳизбӣ бо тайёраи махсуси "ИЛ-18" ва бо генерали муҳофиз, ки дар он вақт ҳам подшоҳро ҳимоят мекарду ҳам вазир буд, омаданд. Ҳамроҳи Шаҳбону модараш низ омада буд, ки як бонуи шинохта буд, ки дар Париж хоса "Кошонаҳои ҳусн" доштааст.

Комитети марказӣ қарор қа¬бул кард, ки ҳайъатро бояд зан роҳбаладӣ кунад ва Зарифова роҳбаладии онҳоро бар ӯҳда гирад. Ва унҳо омаданд, ҳамагӣ бо либосҳои урупоӣ, бо мӯйҳои буридаву мӯдшуда бархе сари лучу бархе аз онҳо кӯлоҳҳои махсуси гулдор ба сар доштанд. Ва мо низ як гурӯҳи иборат аз занону мардон онҳоро дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтем.

Сӯҳбати авваламон дар Шӯ¬рои Олӣ буд, ки дар он ҷо вазирон, олимон, аъзои президиум ва нафарони намоёни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Ман дар бораи ҷумҳурӣ маълумот додам. Шаҳбону ҳам сухан кард; "ба мо дар бораи ин сарзамин дар Маскав гуфтанд, ки яке аз мулкҳои нозанин, сарзамини зебоест, ки агар набинед ҳеҷ имкон надорад. Моро ҳавас афтод, ки то биёем ва бубинем чи гуна одамони заҳматкашанд, мардумони зебоанд ва дар бораи вижагиҳои мардуматон гап занем ва мо бо ҳамин ҳадаф омадаем".

Ман дар бораи ҷумҳурии худамон ба онҳо нақл кардам, дар бораи бунёди ниругоҳи Норак, ки он вақт акнун онро месохтем гуфтам, боз дар бораи сохти колхозҳо ва бештар дар бораи занон, мактабу маориф ва соҳибмаълумот шудани мардум гуфтам. Шаҳбону масъулияти соҳаи маориф, маданият ва варзиши кишварашро ҳам бар уҳда дошту дар ин самт бисёр фаъол буд ва бештар дар ин маврид суол мекард.

Лаҳзаи ба ёд монданӣ он буд, ки ҳамон вақт мисли афсонаҳо ба мо таърихи издивоҷи подшоҳро нақл карда буданд. Зани аввали подшоҳ Малика Ҳумайро бисёр як зани зебое будааст, ки дар ҳама ҷо аз ӯ таъриф мекарданд ва ҳамчун зеботарин зан дар расонаҳо аксашро нашр мекарданду дар борааш менавиштанду мегуфтанд. Аммо писар надоштааст. Маслиҳат мекунанду ба хулосае меоянд, ки подшоҳ бояд фарзанддор шавад, то ворисе дошта бошад, ки ҷойнишини ӯ шавад ва бар тахти салтанат нишинад.

Зан кофтан барои шоҳ шурӯъ мешавад ва тамоми мамлакат барои шоҳ зан мекобанд, теъдоди зиёди номаҳо бо акси духтарон ба дарбор мерасад, ки ҳар кадом дар васфи хубии худ менавиштаанду пешниҳоди издивоҷ медодаанд.

Духтари шоҳ дар Фаронса таҳсил мекардаасту дар таътил ҳамроҳи дугонааш ба Ирон меояд. Дугонааш он қадар зебо набудааст, вале духтари хеле фаъол, сухандон, ҳушёру дилёб будааст. Духтараш ба шоҳ мегӯяд: Бобо, тамоми Иронро ба по хезонда чи ин қадар номзад меҷӯӣ, номзад дар хона нишастаасту… Агар бихоҳӣ ман ӯро бароят ошно мекунам. Вақте Фараҳбонуро меоранд бо қомати баланди ӯ шоҳ каме нигоҳ кардаву мегӯяд, ки ҷустуҷӯи номзад бас аст. Ҳамин духтари хуштолеъро ба занӣ мегирад. Шарти аввали шоҳ ҳамин буд, ки "ту барои ман бояд ворис-писар таваллуд кунӣ, то давлат аз даст наравад". Ва ана ҳамин қаҳрамони "афсонавӣ" меҳмони мо буд.

Вақте бо забони аҳли биҳишт сӯҳбат шуд

-Вақте ки онҳо омаданду Шумо бо забони аҳли биҳишт ва ё бо забони форсӣ сӯҳбат кардед, чи таассуороте барояшон гузошт?

-Хеле хушҳол буданд. Қаблан вақте бори аввал хоҳари подшоҳ Шараф Паҳлавӣ омаду ӯро дар меҳмонхона ҷо кардем, сафири Ирон гулҳоеро ки ба Шарафбону тақдим шуда буданд, оварду гуфт; "ин чи мега". Ман гуфтам, ки "ин об мега". Сафир фаврӣ тарҷумонро ишораи рафтан карду гуфт, "бирав, бирав, барои мо тарҷумон даркор нест ва сӯҳбатро шурӯъ кардем. Аслан лаҳҷаамонро бо шеваи гуфтори онҳо мутобиқ месохтем, яъне бархе калимаҳое, ки фарқ мекарданд, кӯшиш мекардем бо шеваи онҳо баён кунем. Барои бо чунин одамон сӯҳбат кардан хеле омодагӣ дида будем, то меҳмононе дар сатҳи олӣ овозаи моро ба некӣ бубаранд. Онҳо хеле хурсанд буданд, ки дар як кишвари аз Ирон фарсахҳо дур омадаанд, ки забони онҳоро медонанд, урфу одати онҳоро мешиносанд, рафтори онҳоро медонанд ва ҳатто хӯрокҳои болаззате мепазанд, ки бо хӯрокҳои онҳо монандӣ дорад. Зимни сӯҳбатҳое, ки дуру дароз тӯл кашид, онҳо ба ин нуктаҳо ишора мекарданд.

Бештар дар бораи занон, дар бораи кӯдакон, дар бораи мактаббачагон, то ҳатто дар бораи маош, ки занон чанд сӯм мегиранд ва мардон чанд сӯм, духтарон дар кадом сину сол шавҳар мекунанд, дар бораи конститутсия суол мекарданд ва мо барояшон посух мегуфтем. Ба фикрам аз ин сафари худ ба ҷумҳурии мо розӣ шуданд.

Ёд дорам, чун зиёд дар бораи тифлон сӯҳбат шуд, Қаҳҳор Маҳкамов, ки он вақт раиси Кумитаи Госплан буд, гуфт: Низорамоҳ Зарифовна ин қадар "тилфакон, тилфакон гуфтед, тилфакон чӣ маъно дорад?" Хандидаму гуфтам, ки "мо бачаҳо мегӯем, онҳо тифлон. Дар бораи тифлакони ятимхонаву бачаҳои бепадару модар сӯҳбат мекардем".

Шодравон Носирҷон Маъсумӣ, ки олими забардаст ва ҳам нависанда буду он вақт директори институти забон ва адабиёт буд, моро ҳамраҳӣ мекард, пас аз он ки сӯҳбати тӯлониеро анҷом додем; "уффе…ин чӣ бало буд?" гуфт. Гуфтам; "чӣ кор кардед, домулло Маъсумӣ, ки ин қадар "уф"-и бодард гуфтед?" Гуфт: "Ин қадар сӯҳбати вазнин буд, шумо бигӯед, ки ин қадар калимаҳоро аз куҷо ёфтаву чи қадар тоза гап задед?!" Гуфтам: Мо ки он қадар ба сухан гуфтан аҳамият намедиҳем, аҳамият, ки бидиҳем, дуруст гап мезанем, аммо мутаассифона мо он қадар аҳамият намедиҳем, ҳарчи пеш омаду хуш омад, мегӯем. Вале аҳамият бидиҳем метавонем тоза гап бизанем"... Пазироӣ, ки дар сатҳи хеле олӣ буд, ҳатто мардҳо, ки моро ҳамроҳӣ доштанд, зиёд эҳсоси хастагӣ карданд.

Баъд тибқи хоҳиши меҳмонон барномае тартиб додем, ки аз як боғчаи бачагон, аз як мактаб, НБО- и Норак ва аз ягон хоҷагӣ ё колхоз боздид кунанд, мактаби Малика Собироваро диданд, шаҳрро барояшон тамошо додем, онҳоро ба театр бурдем. Бисёр хушашон омад, ки Норак рафтем ва дар бораи бунёди он барояшон нақл кардем, ки чӣ қадар мардум дар сохтмони он бо шавқу шӯр кор мекард. Бахусус лаҳзае, ки Сафаргул, як бонуи фаъол, ки гесувони дарози зебандае дошт, болои экскаватор баромада, коргаронро ба кор раҳнамоӣ мекард ва даст пеши бар ба меҳмонон "салом" гуфт, бисёр писандашон омад. Мардуми зиёде ба истиқболаш берун баромаданду меҳмононро "хуш омадед" мегуфтанду ҳамроҳашон сӯҳбат мекарданд, кӯчаҳо лабрези мардум буд, ки шояд аз ин Шаҳбону хеле ҳаловат бурд ва ҳар лаҳза "чӣ аҷаб, чӣ аҷаб…" мегуфт.

Истиқболи мардум аз Шаҳбону

-Мардум худ ба истиқболи Шаҳбону баромаданд ё Шумо инро ташкил карда будед?

-Худи одамон ба истиқбол баромаданд, мехостанд, зани шоҳро бубинанд, ки чӣ гуна аст. Мардум худ довталабона аз Ӯ истиқбол мекарданд. Баъди дидани Норак он мавзеъ бисёр мақбулашон афтид, ки Шаҳбону гуфт: "Аҷаб манзараи хубу чӣ гуна обҳои мусаффову мардумони хуб дорад, ин чӣ қадар бойигарӣ барои Тоҷикистон меорад. Ҳатман агар Худо хоста бошад, Шоҳ ҳам ин ҷо бояд биёяд ва бубинад". Бештар Шаҳбону сухан мегуфт, модараш ва хидматгоронаш, ҳудуди 50 нафар аз ақиб Ӯро ҳамраҳӣ доштанд.

Баъд аз он ҷо ба колхози "Коммунизм"-и Орҷонкидзеобод омадем. Дар хоҷагии "Коммунизм" як ҳамоми бухороӣ буд, мағозаву мактаби намунавӣ бо майдончаи варзишӣ дошт, хулоса дар шароити ҳамонрӯза хоҷагии намунавӣ буд, ки ҳама вақт меҳмононро барои ошноӣ ба ҳамин ҷо мебурдем. Дар девори мактаб аксҳои роҳбарони Кумитаи марказии ҲК насб шуда буд, ки аз миёнашон акси Ворошиловро, ҳам ки дар онҷо буд, тамошо карду шинохт. Аз мактаб берун шудем, ки дар майдончаи варзишӣ бачаҳо тӯббозӣ доштанд, Шаҳбону давида рафту ҳамроҳи бачаҳо тӯббозӣ кард. Мо бошем ҳаросон чор тарафро назорат мекардем, ки боз тарафаш ягон санг напартоянд. Ӯ аслан бо ин ки зани шоҳ аст, ҳавобаландӣ намекард.

Баъд ба мағоза молу матоъ овардем, он вақт мол камчин буд, матоъву чойнику пиёлаву хрусталу тилловорӣ… Мардуми зиёде ҷамъ шуд. Халқ бохабар шудааст, ки дар мағоза мол омадаву омадаанд, ки молҳои рӯзгор харидорӣ кунанд. Меҳмонон аз дидани ин қадар мардум саргарму хушҳол шудаву бо онҳо сӯҳбат мекунанд. Ҳайъати иронӣ бисёр бо низом аввал Волоҳазрат, баъд модараш ва баъд дигарон роҳ мерафтанд. Барояшон гуфтам, ки мо барои шумо дӯкон кушодем, агар майл дошта бошед, марҳамат, барои наздиконатон ягон чиз харидорӣ кунед. Аввал ману Шаҳбону даромадем, ғайриинтизори мо чизи бисёре харид. Баъд комиссаре, ки онҳоро ҳамраҳ буд омаду гуфт, ки "барои хонумам як шол (рӯмол) харидан натавонистам".

Чойнику пиёла гирифтанду куртаҳои гулдӯзиву атласу тилловорӣ, хулоса дар ҳамон ҷо ҳар чизе буд, гирифтанд. Баъди аз он ҷо баромадан зиёфат додем, зиёфатро хеле таъриф карданд, меҳнати халқро дида, бо ҳамроҳи занон сӯҳбат кард. Ӯ занонро аҳволпурсӣ мекард, аҳволи хонаводаашонро мепурсид.

«Намояндаи Парвардигор ва дандони духтари шоҳ

-Занони маҳал суханони ӯро ба осонӣ мефаҳмиданд?

-Бале, хуб мефаҳмиданд. Ӯро "хушомадед" мегуфтанд, бархе хеле хурсанд шуда буданд ва шукр мегуфтанд, ки "намояндаи Парвардигори карим" ба мамлакати мо сафар карданд. Сафираш оҳиста баромаду Тоҷинисо Азизовна, муовини раиси суди олиро, ки дар ҳайъати мо ёрдамчӣ буд, даъват карданду гуфтанд, ки ба инҳо барои миннатдорӣ пул бидиҳем ё тилло. Тоҷинисо давида пешам омаду гуфт, ки мегӯянд, ки ҳамин хидматгорҳоро тилло медиҳем. Чӣ бояд бигӯеям? Гуфтам, ки "биравед, ҳамаи онҳоро аз номи мо миннатдорӣ кунед, ва бигӯед, ки мо барои хидмат ба меҳмонон тилло намегирем, пул ҳам намегирем. Ин ҳадяи мардуми ҳамин маҳалла аст, ки ҷамъ шудаанду онҳоро меҳмондорӣ мекунанд. Мо барои ҳимматашон хеле миннатдорем". Хеле хурсанд шуданд. Дар бозгашт ин масъаларо дар Комитети марказӣ муҳокима карданд, бароямон ташаккури зиёд гуфтанд. Аз уҳдаи пазироӣ ва гусели меҳмонон бо сарбаландӣ баромадем.

Дар ҳама ҷо, ки мерафтем, меҳмононро хуш истиқбол мекарданд ва аз рӯи одати тоҷикӣ барояшон сару либос мекарданд. Аз чанд мактаб - интернат ва дараи Варзоб дидан кардем. Мактаби мусиқии Малика Собирова рафтем, бо духтарҳо сӯҳбат кард, мусиқиро ҳам медонистаст, якчанд мусиқӣ ҳам навохт. Барои пазироӣ изҳори миннатдорӣ карду ба талабагон тавсия дод, ки дониши худро сайқал бидиҳанд то оянда мутахассисони хуб барои Тоҷикистон бишаванд ва ба Ирон ҳам бираванду онҷо ҳунарнамоӣ кунанд.

Баъд дар бӯстонсарои ҳукумат зиёфати шоҳона оростем, ки боз сарвариашро ман ба ӯҳда доштам ва ровии базм ҳам худам будам.

Дар базм ҳама нишаставу сӯҳбат доштем, ки як нафар аз ҳайъаташон давида омаду хабар овард, ки Шоҳ аз сайёҳати мамлакат баргаштаву Шаҳбонуро хостааст то тариқи телефон бо ӯ сӯҳбат кунад. Шаҳбону аз ҷо бархост, ки ба думболаш аввал модараш ва тамоми ҳайъаташ низ аз ҷо бархостанд, мо низ ба хотири иззати меҳмон аз ҷо бархостем. Шаҳбону рафт, ки бо Шоҳ сӯҳбат кунад ва мо низ бо ҳам машғули сӯҳбат шудем. Ӯ баргашту боз ҳама аҳли маҷлис ба по бархостанд, ҳатто модари ӯ низ ба хотири эҳтироми малика аз ҷо бархост. Комиссарҳои паҳлӯи ӯ аввал ӯро шинондан, баъд маро, баъд модарашро шинонданд, чунин қоида доштаанд. Чун ҳама нишастанд, Шаҳбону рӯ ба модараш овард ва гуфт: "Волоҳазрат маро барои он хостааст, ки хушхабареро, ки барои мо ва мамлакат аст, расонад. Лайло (тифли саввуми шоҳ) дандони шашумашро кафондааст, ҳайъати иронӣ ҳама изҳори хушҳолӣ доштанд ва мо ҳам ки аз ин хабар мутаҳайир шудем, ноилоҷ ба шодии онҳо пайвастем ва дандони шашумро барои тифли Шаҳбону муборакбод гуфтем.

Майи ноб ва пиёзи анзур

-Шумо аз ин хабар ҳайрон шудед ё аз рафтори онҳо?

-Аз ҳар ду. Баъди ин муборакбодӣ базму зиёфатро давом додем. Баъди ба анҷом расидани зиёфат, нишасти хабарӣ баргузор шуд ва ӯ Тоҷикистонро, мардумашро, занонашро, меҳмоннавозиашонро таъриф кард. Баъд гуфт, ки дар ҳамин Душанбе аҷаб майи ширини ноёфте ҳаст, ба Волоҳазрат рафта ман инро таъриф мекунам, ки дар ҳамон ҷо бисёр шароби ноёбе аст. Пиёзи анзур ҳам диққати онҳоро ҷалб карда буд, ки дар мавриди он мепурсиданд. Гуфтем, пиёзи анзур дар кӯҳистон мерӯяд. Чун дидем, ки зиёд аз ин майю анзур хушашон омадааст, тасмим гирифтам, ки барояшон аз ҳар дуи ин савғот бидиҳем. Ман ба масъулон телефон кардам ва фармудам, ки аз ин савғоҳо як ду қуттӣ ба ҳавопаймои онҳо бигузоранд. Қабл аз зиёфат мағозаеро дар кушодем, дар он мағоза ҳама чизро фаровон кардем, молҳои камчин, либосҳои хубу шинам дар он ҷо буд. Боз ҳарду вориди мағоза шудем ва аз он ҷо ҳам "ҳадя барои ёру дӯстон" гуфта, ӯ ҳашт рӯймол харид…

Калонҳо хандида мегуфтанд, ки агар як меҳмони дигар биёяду ҳамин Зарифова роҳбалад бошад, ҳамаи захираи ҷумҳуриро тақсим мекунад. Фардои он рӯз меҳмононро ба ҳавопаймо савор кардему онҳо рафтанд. Зиёд аз меҳмоннавозии мо хушашон омада буд. Ҳатто дар мусоҳибаи телевизиониашон низ ин чизро қайд карданд.

Телевизион ва забони муштарак

-Дар телевизиони тоҷик мусоҳиба дод?

-Бале, дар телевизион мусоҳиба дод. Он вақт Ирон тинҷ набуд ва дар он мусоҳиба хеле ҳам таъриф карду баъд гуфт, ки меравам ҳатман ба Волоҳазрат мегӯям, ки дар як кунҷи дунё як мамлакате ҳаст, ки дар даруни кӯҳи бисёр сарсабзу мевазору гулзор аст, ин қадар чашмаҳои соф дораду ин қадар зебое аст, ки онро ҳатман дидан даркор.

-Дар бораи забони муштарак ҳарфе намегуфт?

-Дар бораи забон ҳаминро мегуфт, ки мо ҳамзабонем, якдигарро мефаҳмем, ба ватани худамон омадаем, ҳамин чизҳоро мегуфт. Таассуроти зиёде аз ин сафар мо ҳам бардоштем ва фикр мекунам ҳайъати иронӣ ҳам. Ҷаҳони наверо барои худ кашф кардем, дар бораи занони Ирон, ки он вақт фаранҷипӯш набуданд, бисёр маълумот гирифтем. Қаблан ҳам маълумот доштам, чун Шараф Паҳлавӣ, ду маротиба омада буд. Ҳамроҳи шавҳараш меомаданд як ду шаб меистоданду тамошо карда, бозпас мерафтанд. Он касро ман ду маротиба роҳбаладӣ кардам. Аммо сафари ин ҳайат ҷолибтар буд.

Таваҷҷӯҳи Зоҳиршоҳ бар занон

-Боз ҳайъати дигаре аз кишварҳои ҳамзабонро, ки дар вақти сари мансаб будани шумо дар замони Шӯравӣ ба Тоҷикистон омаданд, ёд доред?

- Бале, ташрифи Муҳаммад Зоҳиршоҳ подшоҳи Афғонистонро хуб дар хотир дорам. Дар вақти пешвозгирии ӯ мо шаш нафар бонувон дар қатори мардҳо ба истиқболаш омадем. Кумитаи Марказӣ гуфт, ки Низорамоҳ Зарифовна ташвиш накашед, шоҳи Афғонистон занонеро бо чунин либоси замонавӣ он қадар хуш надорад. Садқаи подшоҳ шавам, ки чун аз тайёра пойин шуд, худ дар тан пероҳани сафеди остинкӯтоҳе дошт, аввал назди мо занон омад ва аҳволпурсӣ кард. Баъд пеши мардҳои мансабдор рафт. Ана ҳамон замон Амонови раҳматиро гуфтам, бузургии занро бубин, ки подшоҳ наздаш меояд ва аҳволашро мепурсад.

-Шумо он вақт дар бораи Ирон чӣ қадар иттилоъ доштед?

- Ман дар бораи Ирон аз китобҳои таърих хонда будам, ҷуғрофияи Иронро медонистам, аммо Ирон нарафта будам. Сафорати Ирон ҳам дар Маскав буд. Он вақтҳо мардум кам мерафтанд, баъзан олимҳо мерафтанд, калонҳо мерафтанду ҳунармандон мерафтанд. Олимони Ирон ва баъзе намояндагони шоҳ меомаданд, ки ман чун узви баландпояи давлат будам, онҳо нақл мекарданд ва аз суханҳои онҳо медонистам, ки Ирон чӣ гуна кишвар аст. Аммо бо Ирон вақте аз наздик ошно шудам, ман раиси Кумитаи занон будам, ҳамон вақтҳо, солҳои 1993-1994 буд, ба фикрам, ки Ирон рафтам.

-Ин аввалину охирин сафари Шаҳбону ба Тоҷикистон буд?

-Бале, аввалину охирон сафарашон буд, дигар наомаданд, лекин дигар меҳмонҳояшон меомаданд. Ҳамон давра дар Ирон ошӯбҳо сар зада буд.

Ирониҳои норозӣ

-Ӯ ирониҳоро надид, ҳамин тавр?

-Не, ӯ онҳоро надид.

Баъд касони аз Ирон омада нақл карданд, ки он ҷо шӯру ноамнӣ шудаву мардум ба майдонҳо баромада талаб доранд, ки подшоҳ аз давлат биравад. Чун Шаҳбону аз ин ҷо меравад, дар ҳама ҷойи Теҳрон расмҳои бо ҳам гирифтаамонро меовезад, ҳатто дар дарахтону деворҳо.

- Аксҳои Шуморо?

- Бале, ҳамон расмҳои ҳайати меҳмонони ба Тоҷикистон омадаро, ки мо ҳам бо онҳо расм гирифта будем. Саҳар мехезад, ки ҳамааш даррондаву пора- пора шуда, дар замин рехтаву пареш шуда. Баъд ҳамкорон бо шӯхӣ мегуфтанд, расми Шаҳбонуи худатонро бидаронед, чаро расми мову Зарифоваро медарронед? Шаҳбону дар ҳамон сӯҳбаташ дар Душанбе таъкид кард, ки ман ҳатман шуморо даъват мекунам ба Ирон. Вале насиб набудаст.

-Чаро Шумо Ирон нарафтед?

-Охир он ҷо нотинҷӣ шуд. Мӯъмин Қаноат рафт, баъзе аз адибон ва касоне ҳам дигар мерафтанд. Маро ҳамсари шоҳ таклиф мекард, аммо инҳо бо роҳи ҷамъиятӣ мерафтанд. Муносибатамон бо онҳо нағз буд, аввалин маротиба занони Ирон инҷо омада буданд 7-10 нафар ва аз Комитети занон телефон карданд, ки чунин занон меоянд ва мо онҳоро пешвоз гирифтем. Аз ҳавопаймо мефуроянд ҳама мӯйҳо бурида, лабу рухсораҳо ранг зада, куртаҳои кӯтоҳ дар бар.

-Шумо онҳоро чи гуна тасаввур мекардед?

- Фикр мекардем, ки монанди духтарҳои худамон ҳастанд. Аммо бо онҳо тез дӯсту ҳамгап шудем. Дар зиёфати оростаи Кумитаи занҳо ба ифтихори ташрифи занони иронӣ Деҳотӣ, Боқӣ, Мирзо Турсунзодаву Мӯъминшоҳ ҳам буданд. Бисёр сӯҳ¬бати самимӣ буд ва ҳазлу шӯхиҳои зиёд шуд.

Ӯ одами хокӣ буд

- Агар ҳукумати Шоҳ боқӣ мемонд, дӯстӣ давом мекард?

- Бале.

- Инқилобгарони Ирон даъво доранд, ки ҳукуматашон фасодзада шуда буд, ноадолатӣ мекарданд. Шумо бо онҳо мулоқот кардед, онҳоро чи гуна дарёфтед?

- Як одами хокӣ буд. Ҳамон зане, ки сардорашон аст модари вай, ки ӯ ҳам сардори давлат ҳисоб мешавад. Сафирҳояш, хулоса ҳамаи мардумаш аз думболи онҳо медавиданд, аммо назарбаланд набуданд. Суханҳояшон хушу мулоим буд, ягон гапи пасту баланд намегуфтанд.

 (идома дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97