Мӯъмин Қаноат: Анҷумани "Пайванд" пайванди гусаста

Мусоҳиба 27.09.2010 14:09
102

Қисмати III

Дар орзуи Хуросони бузург

- Вале чаро ин шеър тарҷума нашуд?

- Ҳамин хел дар ин шеър аз ҳад зиёд Ирон - ватани таърихии мо васф мешуд, онро тарҷума накарданд. Баъд ин шеърро дар маҷаллаҳои Ирон ҳам чоп кардем, вале ин ҷо ҳам ба он таваҷҷуҳи зиёд нашуд. Гуфтанд, ки шояд бозтоби боздиди як коммунист бошад.

Баъдтар фаҳмиданд, ки ин самимӣ аст. Ҳоло мардум умед доранд, ки як даврае мешавад, ки як давлати федеролии форсизабонҳо эҷод мешавад, дар ҳоле ки дар зери фишорҳои давлатҳои дигар қарор дорем, ҳам Тоҷикистон, ҳам тоҷикҳои Афғонистон ва ҳам Ирон. Ва сари эҷоди чунин давлати ормонӣ олимҳо андеша доранд. Ҳоло сари ҳамин мав-зӯъ, ки луғати ягонаи забони форсии навро бисозем ва як забони ягонаи форсиро эҷод бикунем, ки аз он чизе ки ҳаст, навтар ва ғанитар бошад. Лекин барои амалӣ кардани ин кор кӯшиши зиёд кардан даркор, олимони ироншиноси тамоми ҷаҳонро ҷамъ кардан даркор, маблағи зиёд даркор. Аммо ин ҳамаро дар куҷо ҷамъ кардан даркор (?) суоли матраҳ аст. Дар Ирон низоми кунунӣ намегузорад. Дар Тоҷикистон мо пул надорем, ки ин корро анҷом бидиҳем. Ва ин қадар олиму донишмандро ҷамъ кардан, ин коре ҳаст, ки як институт, як академия инро карда наметавонад. Ин дастҷамъона мешавад.

Касе ҳаст, ки

телевизиони форсиро намехоҳад

- Воқеан ин кори саҳлу осон нест, чаро ки, инҳо ду сол бад- ин сӯ дар талоши таъсиси як телевизиони форсӣ ҳастанд. Ва ҳатто давлатмардҳо даст ба ин иқдом задаанд, аммо натавонистанд ҳаминро ҳам роҳандозӣ кунанд. Шумо фикр мекунед, иллаташ чист?

- Сабаб ҳамин аст, ки инҳо маблағгузориашро накарда истодаанд, ё кадом гурӯҳҳое ҳастанд, ки он қадар таваҷҷӯҳ надоранд ба ҳамин кор, ё шояд ҳукуматҳои кунунӣ метарсида бошанд, ки ҳамчун минбари исломӣ истифода набаранд онро. Лекин он шабакаи муштарак охир аз рӯи барнома фаъолият хоҳад кард. Аз он берун рафта наметавонад. Ман ин мавзӯъро намедонам, ки монеъа кист ва ё чист.

«Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ» дар Тошканд

- Дар бораи ҳамон таърихи шеъри «Форсӣ гӯйи, дарӣ гӯйи варо…» мегуфтед, яъне баҳсе, ки то ҳозир идома дорад ва доғтар шудааст?

- Ин мавзӯи солҳои 60 аст. Он солҳо як идея пайдо шуд, ки умуман забони тоҷикӣ вуҷуд надорад. Агар аз рӯи сарчашмаҳое, ки забони тоҷикӣ аз куҷо буду халқи тоҷик аз куҷо буд, аз ин ҳам онҳо маншаъ гирифтаанд, ҳамон идеяе, ки ҳамонҳо доранд. Аз 18 ҳазор сол қабл қавми тоҷик вуҷуд дошт аз рӯи сарчашмаҳо, лекин забони ҳамин қавм унвонҳои гуногун дошт, якеашон мегуфтанд, ки забони бохтарӣ буд дар як давра, якеи дигарашон мегуфтанд, ки забони суғдӣ буд, бархе дигар онро забони хоразмӣ буд, мегуфтанд. Номи забон гуногун буд. Ва фақат дар давраи ахири салтанати Сосониён забони дарӣ эҷод шуд. Забони дарӣ забони давлатии амирони Сомонӣ буд. Ҳамон забоне, ки устод Рӯдакӣ бо он шеър мегуфт. Яъне баъд аз забони паҳлавии сосонӣ дар заминаи ҳамон забон забони дарӣ пайдо шуд. Аз забонҳои суғдиву бохтариву дигар гирифтанд ва бо 5 фисад калимаҳои арабӣ шуд забони дарӣ. Баъд дар пайи густариши давлати Сомонӣ забони дарӣ ҳам густариш ёфт ва аз забони арабӣ ҳам қавитар шуд. Бунёди луғавиаш аз арабӣ зиёдтар шуд, дар ҳудуди 50 ҳазор вожа дар давраи Сомониён буд ва вақте Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро навишт, 120 ҳазор калима истифода шудааст, аз ин 3 фоиз арабӣ аст. Дигар ҳеч кас ба ғайр аз Мавлавӣ дар ҳамин доира шеър гуфта натавонист, ки дар «Маснавӣ» ва девони Шамс истифода бурда шудааст, яъне танҳо ду кас аз шоирони мо.

Дигар ин хел шуд, ки бародарони узбак идея бароварданд, ки забони тоҷикӣ ҳеч вақт вуҷуд надоштааст. Ҳамин забони фор-сӣ забони муҳоҷирони иронӣ аст, дар давраҳои ҳуҷуми араб, ки ирониён бисёр ҳиҷрат карданд ба Мовароуннаҳру Хуросон ва ба Ҳинд. Дар ҳамон давраи истилои араб, зардуштиҳое, ки омада буданд, бо забони зардуштӣ сӯҳбат мекарданд, онҳо дар инҷо муқим нашуданд, як замон истоданду ба Ҳиндустон рафтанд. Вале ин далел шуда наметавонад, ки забони муҳоҷирони иронӣ буд. Зеро муҳоҷирони иронӣ ин ҷо наистоданд, қариб ҳеч кас наистод. Ба Ҳиндустон рафтанд ва давлати нав ташкил карданд. Динашонро ривоҷ доданд. Медонистанд, ки дар инҷо қабул намешавад, зеро ин ҷо наздик буд ва арабҳо меомаданд. Яъне  он даъвие, ки онҳо мекунанд, ҳеч асос надорад. Ин забони дарие, ки дар инҷо фаъолият мекарду тоҷикӣ ном гирифту забони давлати Сомониён шуду забони ҷаҳонӣ шуд, ин забони мардуми ҳамин ҷо аст. Забони мардуми Хуросон ва Осиёи миёна, забони модарии худашон аст. Аз он ки ин забон бузург шуд, Балъамӣ онро бузург кард, Рӯдакӣ онро бузург кард. Олимон Абунасри Форобӣ, Абуалӣ Сино онро бузург карданд. Ҳеч кас аз берун омада насохтааст. Ҳамин фарзандҳои миллат сохтанд онро.

Дар майдони илмӣ олимон Бобоҷон Ғафурову ҳаминҳо даромаданд, бо ҳамин идея мубориза бурданд. Мо, ки шоир будем, ман дар худи Тошканд ҳамин шеърро эҷод кардам. Ҳамон ҷо навиштам, ҳамон ҷо дар газетаи «Ҳақиқати Узбекистон» чоп шуд. Як конфренсияи нависандагони Осиёву Африқо буд, соли 1963, ҳамон ҷо ҳамин гап баромад, ман навиштаму чоп кардам. Ин ҷо омадам, соли 1964 як сол ба баъд ин ҷо чоп кардам. Барои он ман ҳамон ҷо навиштам ва ҳамон ҷо чоп кардам, ки мардум фаҳманд, ки фикри мо ана ҳамин хел аст. Баъд аз ин идеяи мазкур авҷ пайдо карду Бозору дигарон шеър навиштанд. Баъд ман достони «Тоҷикистон исми ман»-ро навиштам, ки ман дар он Тоҷикистони шӯравӣ нагуфтам, Тоҷикистони худи ман гуфтам. Ва дар соли 1974 шӯхӣ набуд, ин гапро гуфтан.

Агар хомӯш биншинӣ, фотиҳаатро мехонанд

- Ва барои ин ҳеч вақт таъқибатон накарданд?

- Баръакс, барои ин маро ҳурмат мекарданд. Медонистанд, ки дарди ман чӣ аст, вақте ки ман инро навиштам, инро тарҷума карданд. Вале ҷойҳои тезу тундашро таҳрир карданд. Ин ҷаҳон тавре будааст, ки агар хомӯш биншинӣ, тамом мешудааст, фотиҳаатро мехониву меравӣ дигар. Муборизаву муқовимат ҳатман даркор будааст. Баъзе лаҳзаҳо дипломатияро истифода мебарӣ, ки нашуд, набарди рӯёрӯй меравӣ бо бурҳону далел. Ё кушта мешавӣ, ё ғалаба мекунӣ. Агар мубориза набарӣ, намешавад.

Халиҷи Форс,

яъне Ватан!

- Халиҷи Форс ҳам аз мавзӯъҳои ҷанҷолбарангез дар дунё маҳсуб мешавад ва шумо, ҳам, ки дар ин маврид шеър гуфтаед ва мегӯянд, ҳатто онро барои шайхҳои араб ҳам қироат кардаед. Ин воқеият дорад?

- Соли 1988 ҷанги Ирону Ироқ бисёр дуру дароз давом кард. Ва агар сулҳ намешуд, қисмати арабии Иронро гирифтанд, Хуррамшаҳру Ободону ин ҷойҳоро гирифтанд. Дар наздикии Исфаҳон омаданд. Ин хел масъала пайдо шуд, ки коре карда сулҳро эҷод кардан даркор. Бо мо як гурӯҳ; Раиси ҳукумати Русия, депутатҳои Шӯрои олии СССР, ки мо дар ҳайъати он будем, баъд ман раиси Кумитаи сулҳ будаму котиби Иттифоқи нависандагони СССР будаму муовини раиси Кумитаи дифои сулҳи шӯравӣ, аз ин рӯ манро ҳамроҳ карданд, ман забони арабиро ҳам медонистам. Рафтем мулоқот, Аморати Муттаҳида. Баъд ба Шайх Зоҳид, ки амири Аморати Муттаҳида буд ва марди донишманду инсони хуб буд, сӯҳбат гузарондему баъд пурсидем, ки сулҳи Ирону Ироқро роҳаш кадом аст. Гуфтанд, ки ин ҷанг барои мо он қадар аҳамият надорад. Мо бо Ирон ҳам муносибатамон он қадар хуб нест, бо Ироқ ҳам. Яъне бо сиёсати кунуниашон. Ба манфиатҳои тиҷоратии мо халал мерасонанд.  

Аз як сӯ канали Шветсия бастагӣ, ҳеҷ касе на тоҷиру на дигар кас намеояд. Аз ин тараф дарёи Уммон баста, дар даромадгоҳ ҷанг аст, ҳеч кас дар Халиҷ намедарояд дигар. Рафту омад нест, тиҷорат хароб шуда, иқтисод ҳам. Гуфтанд, ки агар сулҳро ба миён оред, савоби ду дунёро мегиред. Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ризоият доданд. Баъд дар ҳамон ҷо зимни сӯҳбатҳо як амири араб аз ман пурсид, (ҳамин ҷанги Ирону Ироқ манро бисёр азият медод, ба хусус ман ғами Иронро бисёр мехӯрдам, чунки Ирон қурбонии бисёр дод дар ин ҷанг-М.Қ.), ки шунидем шумо шоир ҳастеду забонатон форсӣ ҳаст ва барои мо шеър гӯед. Гуфтам, ки иншооллоҳ то субҳи дигар ва то маҷлиси дигар ман барои шумо шеър мегӯям. Баъд «Халиҷи Форс»-ро эҷод кардаму омада хондам дар ҳузураш. Вай забони форсиро мефаҳмид. Лекин хафа шуд. Аз ҳамон ҷо омадам, ин шеърро чоп кардам. Амири араб аз ман хафа шуд, ки ман Халиҷи форс гуфтам онҷоро, онҳо Халиҷи араб мегӯянд. Ман дар ин шеър ; «Аз халиҷи форс меяод насими форсӣ…» -гуфтам

Ин ҷо овардем, ки он ба мардум писанд омад. Раги иронпарастии мардум камакак ҷунбиду мардум барои ҳимояти Ирон сару садо бароварданд. Набошад, мегуфтанд, бизананд имом Хумайниро тика- тикааш кунанд. Вай Хумайнӣ як олими файласуф, як иронии боақл буд, ва айб аст, ки тарафашро нагирӣ, агар ҷонибдориаш накунӣ. Як касро наҷот дода натавонӣ агар, чи даркор аст ҳамин қадар шеъру адабиёту ахлоқ?!

Анҷумани «Пайванд» пайванди гусаста

- Ҳамеша дида мешавад, ки як нафар тоҷик ё ин ки иронӣ сина сипар мекунад дар муқобили амвоҷи пурҳаракати турктозиҳо ва ё дигар ҳаракатҳои шовинистӣ, вале оё ҳамин забон ва ҳамин фарҳанг ягон пуштвонаи қавӣ имрӯз дорад? Масалан, Чингиз Айтматов тавассути раҳнамоии забони русӣ, ки соҳиб дошт, бузург шуд. Аммо тоҷикон дар тангнои ҷуғрофиёи сиёсӣ маҳдуд шуданд ва ҳоло бо теъдоди 500 нусха китоб, ки шумориши хонандаи 7 миллион аҳолиро бозгӯ мекунад, мондаанд. Пас аз Истиқлол чи гуна ҳамгироӣ бо кишварҳои форсизабон ва ба хусус хонандаи форсизабон, ки бештар аз 100 миллион нафар ҳастанд, сурат гирифт ва оё он робитае, ки мехостем ва он ишқе, ки доштем мо висоли он ба миён омад ё наомад, чи шуд? Имрӯз оё шумо аз ҳамон ҳавзаҳои  фарҳангие, ки дар миёни кишварҳои форсизабон вуҷуд дорад, қаноат доред бо ҳамон шӯру шавқе, ки барои ин ҳамгироӣ доштед?

- Натиҷаи он ҳама талошҳо ва муҳаббат карданҳо ҳамин қадар шуд, ки анҷумани «Пайванд» эҷод шуд. Ин дар давраи Истиқлол ба вуҷуд омад. Ин ҳам идеяи пешинаи мо буд то Истиқлол. Ин ҳаракат пештар ҳам вуҷуд дошт, дар байни зиёиёну олимону шоирон вуҷуд дошт. Инро акнун мақоми давлатӣ доданд. Ва Раиси ҷумҳур раиси анҷумани «Пайванд» шуданд. Ин хуб аст, лекин афсӯс, ки ҳамон одамҳое, ки дар анҷуман кор карданд, ҳамин салоҳиятро надоштанд. Ё иронпарасти саҳеҳ набуданд, ё олим набуданд, ё нависанда набуданд, ё шахсият набуданд ҳамонҳо. То ба ҳамин рӯз ҳеч касе аз онҳо шахсият нестанд. Як навъ сиёсатмадори содалавҳ ҳастанд. Шиорзан ҳама. Он коре, ки ҳамгироӣ эҷод мекунад, он бисёр бузург аст. Онро фақат шахсиятҳои бузург метавонанд эҷод кунанд. Одами одӣ наметавонад ин корро кардан. Ин мардуми мо ҳамин гапи одиро намефаҳманд, ки одами одии хокии шиорзан ҳеч кор карда наметавонад. Ин гуна одамон бояд дар як гӯша биистанд.

Ана акнун чи кор карданд; анҷумани «Пайванд»-ро як ҷараёни сиёсӣ карданд. Он як равиши сиёсӣ аст, дигар чизе нест. Ҷавҳари он фарҳангӣ, адабӣ ин чизҳои дигараш куҷо аст? Инҳо, ки набошад, он ҳеч аҳамият надорад. Ин шиорҳоро ҳама дар кӯчаҳо зада истодаанд. Ҳамин шиорзаниҳо моро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, шиорзаниҳои бе маънӣ. Ҳозир ҳам ҳамон анъана, ҳамин қадар дар бало гирифтор шудем, аз он бало баромадем, ваҳдати миллӣ эҷод шуд. Анҷумани «Пайванд»-ро натиҷааш чист? Натиҷааш ҳамин аст, ки 4 кас дар ҳамон Анҷуман кор мекунанд, як брошюра мебароранд, ки ҳамон брошюра умуман даркор нест. Бо ҳамон дастгоҳи мавҷуда аз байн бурдан даркор онро. Натиҷааш чӣ аст ҳамон анҷумани «Пайванд»-ро?  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97