САДБАРГИ ИНҚИЛОБИ ЛОЛАИИ ҚИРҒИЗ

Мусоҳиба 28.04.2010 15:28

Чаро Отунбоева пеши роҳи ҷангро гирифта тавонист, тоҷикон не?!

Мусоҳиба бо Ойниҳол Бобоназарова яке аз чеҳраҳои сиёсии нахустин таҳаввулоти пасошӯравӣ дар минтақа, ки вазъи Қирғизистон ва сари қудрат омадани Роза Отунбоеваро матраҳ мекунад

ОТУНБОЕВАРО МЕШИНОСАМ!

- Отунбоева кист?

- Бо Роза як чанд бор мулоқот доштам, аввалин бор соли 1996 дар Шветсария, баъдан дар Маскав. Дар мавриди гурезаҳои тоҷик бо дард сӯҳбат мекард. Роза мегуфт, ки чаро тоҷикон мисли Гулрухсор, Гавҳар, Соҷида ва Шумо барин занҳои фаъол доштеду пеши роҳи хунрезӣ дар Тоҷикистонро гирифта натавонистед?! Кореро, ки имрӯз худи ӯ бар ӯҳда гирифтааст. Ва ӯ як шахсияти тасодуфӣ нест, балки воқеан аз дилсӯзӣ ва барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ сина сипар кардааст. Ӯ воқеан як зани одил аст ва агарчӣ мақомҳои баландеро ҳам дар ҳукумати Акаев ва ҳам Боқиев бар ӯҳда дошт, аммо беадолатиҳои иҷтимоиро таҳаммул надорад. Ин буд, ки ҳарчанд дар замони Акаев вазири умури хориҷа буд, аммо бо мухолифин пайваст ва дар овардани ҳукумати нав саҳм гузошт. Аммо Боқиев ҳам иштибоҳоти ҳукумати Акаевро такрор кард ва иштибоҳи аз ҳама бузургаш он шуд, ки афроди боҳуше ҳамчун Отунбоеваро аз ҳукуматаш берун андохт. Вагарна ӯ метавонист бо эътилофи нируҳо, дарвоқеъ як ҳукумати қобили шоистаро дар минтақа рӯйи кор биоварад. Мутаассифона, таърихи начандон ҳукуматдории кишвараш барои Боқиев сабақ нашуд, ва шояд фаромӯшхотирӣ ӯро ба ин ҳол афканд, шиорҳои аз тахт барандохтани Акаевро, ки худаш медод аз ёд бурд.

ҚИРҒИЗИСТОН ТОҶИКИСТОНИ СОЛИ 1990 НЕСТ

-Ҳодисаҳои Қирғизистон хеле шабеҳи ҳаводиси солҳои 1990 аст. Аммо чаро дар Тоҷикистон пеши роҳи ҷанг ба зудӣ гирифта нашуд, коре, ки дар Қирғизистон сурат гирифт? Ва посухи Шумо ба суоли хонум Отунбоева кадом аст: Чаро заноне ҳамчун Шумо пеши роҳи ҷанги Тоҷикистонро гирифта натавонистед, суоле ки Отунбоева аз шумо карда буд?

- Дар ба эътидол овардани вазъият дар Қирғизистон нақши Русия, Амрико, Қазоқистон, ки президенти он Назарбоев, раиси САҲА ҳастанд, нақши муҳимро бозид, чунки ин давлатҳо дар Қирғизистон манфиатҳои худро доранд. Барои онҳо Афғонистони дуюм лозим нест.

Аммо дар Тоҷикистон ҳам ду давлати бузург Русия ва Амрико, инчунин ҳамсояи мо Узбакистон метавонистанд барои гирифтани пеши роҳи ҷанг нақши муҳим бибозанд. Аммо худро бетараф гирифтанд. Агарчи баъзе аз онҳо бетараф ҳам набуданд. Тоҷикон барои бастани созиш ҳамеша омода буданд, аммо дахолатҳои берунӣ нагузоштанд, ки ба зудӣ сулҳу субот ҳукумрон шавад.

Дар мавриди саволи Отунбоева ҳаминро метавон гуфт, ки ин ба гуфтан осон аст. Мо он вақт зиёд талош кардем, аммо зимоми вақт ва сарнавишти Ватан дар дасти мо набуд. Имрӯз Отунбоева посухи ин суолро дар амал худаш меҷӯяд ва бовар дорам, ки акнун ба ун суолаш посух пайдо кардааст.

ИШТИБОҲОТИ БОҚИЕВ

-Ба назари Шумо, иштибоҳи аслии Боқиев кадом буд?

-Иштибоҳи аслии ӯ он буд, ки раҳбарони мухолифин ё оппозитсиюнро зиндонӣ кард ва идораи издиҳоми норозии бесарвар барояш мушкилзо тамом шуд, ба хусус омили аслии сар задани хушунатҳо ва беназмиву сӯхторҳо маҳз ҳамин аст. Ва ҷуброни ин ҳама беназмиҳо акнун танҳо ва танҳо бар дӯши Боқиев аст, зеро ӯ дигаронро аз роҳаш дур андохта, ҳамзамон издиҳомро идора кардан натавонист.

Ҳамчунин дар Қирғизистон низ чун ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандӣ, ки рушд накарда буд, аз ин рӯ беназмиву куштор ба вуқӯъ омад, аммо ҷомеаи мадании Ирон, ки фаъол аст, агарчӣ моҳҳост, ки тазоҳурот идома дорад, аммо ин гунна ҳаводиси стихиявӣ, сӯхторҳои бемаврид, дуздию ғоратгарӣ ба таври оммавӣ дида намешавад. Сабаби дигари чунин ранг гирифтани эътирозҳо дар Қирғизистон қашшоқӣ ва хароб будани маънавиёт аст, ки аз шароити Ирон фарқ мекунад, дар ин росто Ирон пешрафта аст ва ҷомеаи мадании пешқадам дорад, ки тавонистанд, вазъиятро таҳти контрол бигиранд. Чун дар кишварҳое амсоли Қирғизистон ҷомеаи маданӣ рушд наёфта бошад, камбудиҳо бештар мешавад, зеро назорат аз болои сохторҳои давлатӣ вуҷуд надорад.

Иллати дигар, ин такрори иштибоҳоти ҳукумати қаблии сарнагуншудаи қирғиз буд, дақиқтараш идомаи анъанаҳои ҷоуфтода дар минтақа, аз қабили хешутаборчигӣ. Ин як амри маъмулӣ дар Қирғизистон ва минтақа аст ва чун Боқиев оппозитсияашро сарчин кардаву аз роҳ барандохта буд, оинаи қаднамое барои ҳукуматаш боқӣ намонд то чеҳраи аслии худро бубинад ва камбудҳояшро ислоҳ кунад. Гуфтем анъанаи хешутаборбозии хоси мо, ки ин дар тору пудамон танида шудааст, аммо дар Аврупо чунин нест, фарзанд, ки болиғ шуд, худаш худашро таъмин мекунад ва дигар сарбории на волидон ва на дигар хешу ақрабо мешавад. Албатта риояти анъана ва расму сунатҳо хуб аст, аммо сарфи назар кардани нохубиҳои он ба маврид аст.

Агар андеша озод набошад ва мардум мисли тӯда зиндагӣ кунанд, дар шароити инқилоб ва гирдиҳамоиҳо аз ҳама хатарнок ин анбӯҳ ва ё тӯда аст, ки метавонад аз зери назорат берун барояд.

Аммо иштибоҳи бузурги Боқиев он буд, ки пешниҳодоти чанде пеш эълом кардаи блоки оппозитсияро ба эътибор нагирифт. Аз ҷумла писараш Максимро аз вазифа барканор накард. Жепиш бародари хунии Боқиев ҳам, ки объектҳои муҳимми стратегиро хусусӣ карда, бо арзиши ночиз аз худ кардаву бо қимати гарон ба фурӯш гузошта буд, норозигии ҷомеаи қашшоқ ва оппозитсияи таҳқиршударо бештар кард ва таҳаввулотро дар ин кишвар шиддат бахшид.

ОМАДАНАШ РАФТАН АСТ

-Чаро маҳз Қирғизистон дар кӯтоҳмуддат дучори ду инқилоб ё табаддулоти давлатӣ шуд?

-Акаев дар баробари он ки ба мардум ваъдаи демократия ва озодиҳоро медод, натавонист аз анъанаи хотирбинӣ ва хешутаборбозӣ берун шавад. Ва маҳз бархӯрдор будани ҷомеаи қирғиз аз бартариятҳои демократӣ ин ҳаводисро дар Қирғизистон тезонид. Аммо чаро дубора ҳаводис такрор шуд, зеро ки ҷойгузини ҳукумати вақт дар миёни ҷомеаи маданӣ пухта нарасида буд. Инқилоб ваъдаҳои бисёри ғайриреалӣ медиҳад, мардуми дар он иштироккунанда интизори он мешаванд, ки Ҳукумати нав орзую ормонҳои онро ба зудӣ амалӣ мекунад.

Аммо Боқиев, ки аз баданаи ҳамин тӯда берун омада буд, натавонист он хобҳоро амалӣ кунад. Дар аввалин табаддулот биноҳои ҳукуматро дар Ҷалолобод маҳз Боқиев ғасб карда буд, кореро, ки акнун ғайриқонунӣ ва ҷиноят медонад. Ҳамон замон Акаеви олим дар яке аз мусоҳибаҳош гуфта буд, Боқиев аз хун наметарсад, аз ин рӯ ман тасмим гирифтам то биравам, ки хуни як инсон рехта нашавад. Ва чун Боқиев бархоста аз баданаи тӯда буд, дар баробари такрори иштибоҳоти Акаев аз қабили хешутаборбозӣ ва ҳатто бадтар аз ҳукумати қаблӣ даст зад ва маҳз ноогоҳии сиёсии ӯ буд, ки хуни ноҳақ домони инқилоби лолаии Қирғизистонро доғдор кард.

ОТУНБОЕВА БОҚИЕВ НЕСТ

-Акнун қирғизҳоро чӣ интизор аст?

-Отунбоева баръакси Боқиев як чеҳраи шинохта ва матраҳ дар миёни элитаи сиёсии қирғиз ва давлатҳои Аврупою Ғарб аст. Таҷрибаи ҳукуматдориро дорад. Ва ҳам омаданаш бори дигар рӯйи саҳнаи сиёсат гумон мекунам, барои пеши роҳи хунрезиро гирифтан аст ва ҳам ислоҳи иштибоҳоти қаблиаш, ки дар ҳамраҳӣ ва дастгирии ҳукумати Боқиев карда буд. Баъдан маҳз ҳузури Отунбоева буд, ки дар табадуллоти қаблӣ ҳукумати Боқиевро ҳамчун ҳукумати халқӣ шинохтанд. Аммо барои ӯ мушкилоте зиёде дар пеш аст.

ФАРҚИ ОТУНБОЕВА АЗ ТИМОШЕНКО

-Шумо гуфтед, ки ба вақти аз тахт пойин кардани Акаев ҳам Отунбоева рӯйи саҳна омад ва дар барканор кардани Боқиев боз ҳам чеҳраи ошнои ӯро мебинем. Чеҳрае ҳаммонанди ӯро мардум дар Украина ба мисли хонум Тимошенко ёд меоваранд. Отунбоева бо Тимошенко чӣ монандӣ ва аз ӯ чӣ тафовут дорад?

-Шароит ва мавқеи Отунбоева аз Тимошенко фарқ мекунад, Тимошенко аз лиҳози иқтисодӣ тавонманд буд ва нируҳои қудратманди иқтисодӣ аз ӯ пуштибонӣ мекарданд. Тимошенко соф як шахсияти сиёсист, ки дар деги сиёсат ҷӯшидааст ва пуштибонҳои қудратманде дорад ва аслан элита аз ӯ пуштибонӣ мекард.

Аммо Отунбоева бештар фаъолиятҳои сиёсӣ доштааст. Агарчӣ шароити минтақа аз Украина ба куллӣ фарқ мекунад, аммо ӯ дар ҳамин минтақаи доғ яке аз чеҳраҳои боҷуръат на танҳо дар миёни занон, балки дар миёни кулли сиёсатмадорон маҳсуб меёбад. Гуфтем, ки Отунбоева дар рӯйи кор овардани ҳукумати Боқиев даст дошт, аммо яке аз иштибоҳоти Боқиев ҳамин буд, ки ӯ ва мисли ӯ афроди қудратмандро аз сари ҳокимият дур кард. Агар Отунбоева дар сари қудрат мебуд, воқеан як давлати қудратманд метавонист дошта бошад. Маҳз будани Отунбоева дар ҳайъати ҳукумати Боқиев буд, ки ҳамчун ҳукумати халқиаш шинохтанд. Аммо Боқиев иштибоҳи бисёр кард. Ва Отунбоева ҳам маҳз ба хотири ислоҳи иштибоҳоташ, ки барои ба тахти салтанат нишастани Боқиев мусоидат карда буд, дубора барои барқарории ҳукумати қонунманд рӯйи саҳнаи сиёсат омадааст.

ГАШТҲОИ СИЁСИИ ОТУНБОЕВА

-Фикр мекунед Отунбоева интихоби дурусте барои қирғизҳо хоҳад буд ва пас аз ин эътидол дар ҳукуматдории қирғизҳо ба вуҷуд хоҳад омад?

- Ҳаводиси Қирғизистон дар баробари омилҳои дохилӣ, омилҳои беруна низ дорад. Масоили геополитикӣ дар миён аст. Ба хусус манфиати абарқудратҳо, аз ҷумла Русия ва Амрико дар минтақа. Аммо гаштҳои аввалини сиёсии Отунбоева қобили таҳсин ҳаст. Ӯ, ки дар сиёсати хориҷии Қирғизистон нақши муҳим дошт, ба хусус сареъан гуфтушунид карданаш бо В. Путин, нахуствазири Русия ва бо Хилари Клинтон, …. қобили андеша карданро дорад. Ҳамчунин дар мавриди ҳамзамон эъломи идома додани ҳамкорӣ бо Амрико аз сӯйи ҳукумати муваққати Қирғизистон бо роҳбарии Отунбоева аз он даракгӯст, ки ӯ дар имтиҳони аввалини сари ҳокимият буданаш, ҳамчун як дипломат сиёсаташро ба намоиш гузошт. Яъне ӯ намоиш дод, ки хуб медонад, дар сиёсат дӯстӣ вуҷуд надорад, танҳо манфиат вуҷуд дорад.

САДБАРГИ ЛОЛАЗОРИ ХУШКИДА

-Ба ҳар ҳол Шумо чӣ назар доред, лолаҳоро ин бор ҳукумати нави қирғиз об хоҳад дод, ё пахш хоҳад кард? Ва Отунбоева дар миёни ин лолаҳо шукуфа хоҳад зад?

- Лола гулест, ки ҳамагӣ ду ҳафта бар ҳаёт аст, Садбарг ҳам чандон умри тӯлонӣ надорад, барои Роза- Садбарги инқилоби лолаии Қирғизистон осон нахоҳад буд. Ба хусус аз нав барқарор кардани ҳокимияти сарнагуншуда дар ду инқилоби камфосила. Аммо хусусияти садбарг дар миёни хорҳо шукуфа задан аст.


Сӯҳбати Адолати Мирзо
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97