САМАРИДДИН АСОЗОДА: МО БАРОИ ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН КӮШИШ МЕКУНЕМ

Мусоҳиба 14.04.2010 13:33

Ҷавонони Тоҷикистон аз маъруфтарин нашрияҳои ду даҳаи охири Тоҷикистони Шӯравӣ, ки 5-уми апрели соли 1930 ташкил шуда буд, дар ин рӯзҳо ҳаштодсола мешавад. Ин пайроҳаи "Ҷавонони Тоҷикистон" як роҳи содаву муқараррӣ набуда, балки роҳи талош барои бозгӯйии мушкилии мардум ва саодати он буд. Феълан, низ нашрия аз маслаки аслӣ ва рисолати худ дур нагашта талоши инъикоси проблемаҳои ҷавононро мекунад. Дар ин рӯзҳои ҷашн мо дафтари кори сармуҳаррири нашрия, Самаридди Асозода рафтем ва чанд суолеро раду бадал кардем.

- Сароғоз Шуморо ба ҷашни ҳаштодсолагии нашрия, ки роҳи пурсаодатеро тай зайдааст, табрик мегӯем.

- Сипосгузорам. Ба Шумо ва дар шахсиятатон ин ҷашни фархундаро ба ҳамаи хонандагони рӯзномаи "Миллат" низ табрику таҳният мегӯям.

- Замоне "Ҷавонони Тоҷикистон" аз маъруфтарин нашрияҳои Тоҷикистон буд. Аксарият ақида доранд, ки озодии сухан дар "Ҷавонони Тоҷикистон" ҳанӯз замони Шӯравӣ оғоз шуда буд ва дар бедории фикрии насли нави ҳамондаврии кишвар таъсири зиёд дошт. Имрӯз мавқейи онро чӣ гунна арзёбӣ мекунед?

- Бале, солҳои ҳаштодуми асри гузашта давраи тиллоии рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" буд. Замоне буд, ки мардуми кишвар, бахусус, равшанфикрон кушиши давлатӣ шудани забони тоҷикиро мекарданд. Ва ба ин восита истиқлолият низ ба даст оварданӣ буданд. Албатта, дар чунин шароит барои ин мардум воситае лозим буд, ки фикрашонро баён кунанд ва он то сатҳи ҳукумат расад.

Ҳамин тариқ, чунин имконро "Ҷавонони Тоҷикистон" ба онҳо фароҳам овард. Андешаҳояшонро ба дасти чоп дод ва дар ин росто корҳои зиёде кард. Дар мавриди сохтани Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ва аҳамияти он барои мардуми кишвар низ ҳамон замон "Ҷавонони Тоҷикистон" талош карда буд.

Имрӯз низ "Ҷавонони Тоҷикистон" бори масъулияти худро вобаста ба имконоти ҷойдошта пеш мебарад. Шоёни зикр ҳам ҳаст, ки дар миёни ҷавонони насли солҳои ҳаштодуми асри гузашта низ хонандагони худро дорад.

Дар кадом сатҳ фаъолият доштани моро бошад, бигзор худи хонандагон баҳогузорӣ намоянд. Нозукбин ва доварони ҳақгӯй низ худи онҳоянд.

- Сабаб аслӣ дар чист, ки "Ҷавонони Тоҷикистон" мисли собиқ хонандаашро ҳанӯз пайдо накардааст, ин ҳам дар ҳолест, ки Шумо имтиёзоте нисбат ба нашритяҳои мустақил барои паҳн кардани нашриятонро доред, аз ҷумла сохторҳои Кумита дар маҳаллҳо метавонанд мусоидат кунанд.

- "Ҷавонони Тоҷикистон" имрӯз бо теъдоди зиёда аз 5000 нусха ба нашр мерасад. Худ қазоват кунед, ки мо наздик ба чор сол пеш рӯзномаро дар ҳоле ба даст гирифтем, ки он дар ҳаҷми 8 саҳифа ва бо теъдоди 1400 нусха нашр мешуд. Ҳоло бошад, 16 саҳифа ва бо ду ранг. Яъне, то ҳадде тавонистем хонандаҳои рӯзномаро барқарор кунем. Ва ҳам кӯшиш мекунем оянда теъдоди рӯзнома боз ҳам бештар гардад ва дар тарбияи насли ҷавони кишвар саҳми бештар гузорем.

Ногуфта намонад, ки ба ин 5000 нусха рӯзномаи мо идораву муассисаҳо ва шахсони алоҳида худашон бо хоҳиши худашон обуна шудаанд. Мо ҳаргиз ҳеҷ касро маҷбур ва хоҳиш ҳам накардаем, ки ба рӯзномаамон обуна шаванду онро хонанд. Ба ягон ниҳоди давлатӣ ва ё хайр то ҳол мактуб ҳам нафиристодаем. Фикр мекунам, ин ҳам як муваффақияти аҳли эҷоди рӯзнома аст. Аммо баъзан хонандагони моро аз мо дур кардаву маҷбур онҳоро ба дигар рӯзномаҳо обуна мекунанд. Ҳатто факту рақамҳое низ дар даст дорем, ки бо сабабҳои барои мо то ба ҳол номаълум маблағҳои ба рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" обунашударо ба дигар рӯзномаҳо ҳам номнавис кардаанд. То ҳозир ба мо бисёриҳо занг задаву мегӯянд, ки масалан, чаро онҳо ба 500 нусха обуна шудаанду 200 нусха мегиранд. Ва мо, албатта, дар паи ҳалли ин мушкилот ҳастем ва ин рақобати ноҷавонмардонаро фошу ташаббускоронашонро маълум хоҳем кард.

Дар мавриди қисмати дуюми суолатон ҳаминро гуфтаниам, ки мо ягон имтиёзе нисбат ба нашрияҳои мустақил барои паҳн кардани нашрия надоштему надорем ва сохторҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маҳалҳо низ барои ин кор вазифадор карда нашудаанд. Шояд метавонанд кӯмаке карда бошанд, ки инро мо ба виҷдони ҳар яке аз онҳо ҳавола мекунем. Танҳо аз онҳо хоҳиш карданием, ки дар ин кор ба мо монеаҳои сунъӣ ба вуҷуд наоранд шуд. Инро ман аз таҷриба мегӯям, на аз рӯи ҳавою ҳавас.

- Фикр намекунед, ки ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯз тағйир кардааст ва ба таври классикӣ нашр шудани нашрияҳо миёни мо ва онҳо фосила эҷод мекунад?

- Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҷаҳонбинии ҷавонони мо тағйир ёфтааст. Мо ҳам дар пешниҳоди матолиб ва ҳам дар тарзи саҳифабандию ҷобаҷогузорӣ на ин ки нисбат ба солҳои собиқ шӯравӣ, балки нисбат ба чанд соли пеш тағйирот ворид кардаем. Бинед, ки хонандаи мо, агар ҷавонон ҳастанд, пас муаллифон низ бештар ҷавононанд. Имрӯз донишҷӯёни зиёде аз донишгоҳҳои кишвар бо мо ҳамкорӣ доранд, хусусан, донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ. Ва табиист, ки ҳар чӣ онҳо мебинанд ва ҳамон гунае, ки дар донишгоҳ онҳоро меомӯзонанд, ҳамон тавр менависанд. Яъне, мо имрӯз аз замона қафо нестем ва баробари нашрияҳои мустақил гом мебардорем. "Ҷавонони Тоҷикистон"-ро ба маҷоз як бахши факултаҳои рӯзноманигорӣ метавон ном бурд. Ба рӯзноманигорони оянда мо хайрхоҳ ҳастем.

- Аксарияти ҷавонони тоҷик имрӯз дар муҳоҷиратанд оё робитае миёни шумо ва онҳо маваҷуд аст?

- Мо аз ҳаёти муҳоҷирони ҷавони мамлакат, ки дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, матолиби зиёде нашр кардаем. Чанд рӯз пеш ман дар шаҳрҳои Маскав, Твер, Ярославл дар сафари хизматӣ будам ва бо ҷавонони тоҷик сӯҳбату вохӯриҳо низ доир кардем. Бо Сафорати Тоҷикистон дар Русия низ робитаҳои хуби ҳамкорӣ дорем ва пайваста аз аҳволи муҳоҷирон ва тоҷикистониёни муқими Русия бохабарем.

- Оё ҷавонони кишвари мо ба назари Шумо, дар навъи одамони хушбахт дохил мешаванд ё бараъкс?

- Ҷавонони мо, албатта, хушбахтанд. Онҳо дар замони истиқлолият зиндагӣ доранд. Ин барои ҳар инсон беҳтарин неъмат аст. Тавре дар боло гуфтем, солҳои ҳаштодум ҷавонон барои истиқлолият мубориза мебурданд. Ва ҳам ҷавонони мо имрӯз дар интихоби касб, ҷои таҳсил, ҳамсар ва ғайраҳо озоданд. Қисмате бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд.

- Барои ба сатҳи "Ҷавонони Тоҷикистон"-и солҳои 80-ум баргардондани "Ҷавонони Тоҷикистон"-и имрӯз чӣ намерасад: сармоя, аудитория, шахсият ё чизи дигар?

- Дар маҷмӯъ, корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Пӯшида нест, ки хонандаи соли 1980 аз хонандаи имрӯз ба куллӣ фарқ дорад. Ҷавонони имрӯз бинобар вазъи иҷтимоиву иқтисодиашон камтар мутолиа мекунанд ва ҳам саводи сиёсиашон дар сатҳи зарурӣ нест. Вақте саводи сиёсӣ набошад, хондани рӯзнома ҳам шавқовар намешавад. Сабаби ин ҳам маълум: воқеаҳои солҳои 90-и асри гузашта. Мо барои тарбияи худшиносии ҷавонон, албатта, кӯшиш дорем. Ва умед аст, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯза оянда дар ҳамаи самтҳо муваффақ хоҳанд буд.

Вале муҳим дигар ҳолат аст. Дар замири ҷавонони Тоҷикистони офтобрӯяи мо чун синаи кӯҳҳои осмонбӯсаш ба сони ганҷҳои фаровон, хоҳиши бекароне ба илму маърифат нуҳуфтааст. Ҷавонони тоҷик чашмаҳои зулоли кӯҳиеро мемонанд, ки роҳи баромадани онҳо ба фазои кушоду равшан осон нест. Дигар ин ки "Ҷавонони Тоҷикистон" танҳо мансуби ҷавонон набуда, минбари писандидаи солмандони ботаҷрибаву рӯзгордида низ мебошад.

- Барои сӯҳбати самимӣ аз Шумо ташаккур мекунем ва 80-солагиҳои бешуморро барои нашрияи воқеан дӯстдоштанӣ-"Ҷавонони Тоҷикистон" таманно мекунем.

- Ташаккур бародари азиз. Ман бори дигар тамоми ҳаводорону мухлисон ва онҳое, ки дар нашрияи мо тайи солиёни дароз хизмати амалӣ кардаанд табрик мегӯям.


Сӯҳбати Иршод СУЛАЙМОНӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97