ОЙНИҲОЛ БОБОНАЗАРОВА: МУҲОҶИРАТ ЧЕҲРАИ ЗАНОНА МЕГИРАД

Мусоҳиба 09.03.2010 14:42

Дар яке аз шумораҳои гузашта "Миллат" хабари баргузории маҳфили муаррифии созмони навтаъсиси "Ассотсиатсияи байналмилалии бонувони муҳоҷир"-ро ба нашр расонда буд. Ин маҳфил пас аз сабти ном шудани созмони навтаъсис дар Вазорати адлияи Тоҷикистон дар моҳи январи имсол дар шаҳри Маскави Федеросиюни Русия, рӯзи 4-уми феврал, баргузор гашт. Гуфтем, ки яке аз дастандаркорони мизи гирд ва аз муассисони ин Ассотсиатсия бону Ойниҳол Бобоназарова сарвари Бунёди ҷамъиятии "Переспектива+" буданд ва мавзӯъро дар шумораҳои баъдӣ пайгирӣ мекунем.

Мизҳои гирд ва нишастҳои зиёде, ки тайи чанд соли ахир роҷеъ ба масоили муҳоҷирати тоҷикон дар Тоҷикистон ва Русия баргузор шудааст, бо ёрмандии молии Институти ҷомеаи бози бунёди мадади Сорос анҷом гирифтаанд. Ассотсиатсияи навташкил низ бо мусоидати молии бунёди Сорос ташкил ва баргузор гардидааст. Инак мусоҳибаи ҳамкори мо Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ бо бону Ойниҳол Бобоназарова дар атрофи мавзӯи аҳаммияти созмони нав дар расидагӣ ба мушкилоти бонувони муҳоҷир ва мавзуоти марбут ба он.

УЗБАКУ ҚИРҒИЗРО ҲАМ МУТТАҲИД МЕКУНЕМ

-Муаллимаи гиромӣ, нахуст шуморо барои ин амали хайр, яъне созмондиҳии "Ассотсиатсияи байналмилалии бонувони муҳоҷир" табрик гуфта, барои шумо дар пешбурди он барор хоҳонем.

-Ташаккури зиёд. Ман пеш аз ҳама мехоҳам, ки ба кормандони нашрияи "Миллат" арзи сипос намоям, ки пайваста оид ба масоили актуалӣ - доғи рӯз дар нашрия матлаб чоп мекунанд ва ман фикр мекунам, ки барори кори ҳамин ҳафтанома, муваффақияти тамоми Тоҷикистон аст.

-Мехостам аз шумо бипурсам, ки сабаби асосии таъсиси чунин як созмони муштараки ғайридавлатӣ махсус барои занон аз чӣ иборат буд ва то ин дам бино ба иттилои мо чандин ҷамъиятҳои дигари ҷудогонаи дифоъи муҳоҷирин дар Русия фаъолият доштанд?

-Асосан ман аввалан бояд бигӯям, ки зидди ҷудо кардани муҳоҷирин ба ҷинси зану мард мебошам. Ман солҳо боз ба ин масъала таваҷҷӯҳ доштам, зеро дар ҷойе кор мекардам, ки барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон имкониятҳои хуб дошт, аз соли 1998 инҷониб дар Маскав танҳо дар масъалаи муҳоҷират кор мекардем. Қариб ба тамоми гӯшаҳои Русия сафар намуда, бо муҳоҷирин вомехӯрдем, соле беш аз даҳ мизи гирд ва конфронсҳо ташкил менамудем, ки чандин соҳибмақомони рус ҳатто аз Думаи давлатӣ иштирок меварзиданд. Яъне ин масъала ҳамеша мавриди назари банда буд.

Ҳар кӣ таърихро медонад барояш возеҳ аст, ки баъди даргириҳо ва ҷангҳо ин раванд хеле авҷ мегирад, дар кишвари ҷангзадаи мо низ бисёре аз корхона ва сохторҳо фалаҷ гардид, маълум буд, ки мардум ночор рӯ ба ҳиҷрат меоранд. Ҳам ин як амри қонунӣ аст, ки бисёре аз халқҳои олам инро аз сар гузаронидаанд. Ҳамин эҳсос буд ва аз ин рӯ ба ин кор сахт таваҷҷӯҳ кардам. Аслан ман муқобили ҷудо кардани ҳуқуқи занон ва мардони муҳоҷир аз ҳамдигар ҳастам.

Вале баъзе сабабҳо вуҷуд доштанд, ки бо ин ном созмоне арзи вуҷуд кунад. Созмони таъсиснамудаи мо ташкилоти байналмилалӣ аст, ва иртибот доштанаш бо номи бонувон, ҳаргиз ба ин маънӣ нест, ки мо танҳо бо занони муҳоҷир кор мекунему халос. Бояд бигӯям, ки мо бо мардон низ кор мекардему аз ин ба баъд ҳам хоҳем кард, зеро он марди муҳоҷир ҳам ё фарзанд, ё шавҳар, ё бародари ин зан аст. Ягона чизе, ки маро ба ин роҳ во дошт то ба хусус ба масоили занон рӯй биоварам, таҷрибаи бисёрсолаи кориям бо муҳоҷирини шаҳрҳо ва вилоятҳои Русия аст.

Метавонам бигӯям, ки дар аксари нишастҳоямон як чизеро эҳсос менамудам, ки гӯё масъалаи занон ҳеҷ вуҷуд надорад. Дар ҳама ҳолатҳо танҳо бештар таваҷҷӯҳи тамоми коршиносони дохиливу хориҷӣ ба мардон банд буд. Чун борҳо ҳангоми сафар медидам, ки занони зиёде тавассути тайёра ба хориҷ барои кор сафар мекунанду азбаски беш аз ҳафтод дарсади онҳо дар маҳалҳо ва деҳаҳо зиндагонӣ карда, побанди шавҳар ё хонавода буданд ва на забонро хуб медонанду на аз ҳуқуқи хеш огоҳанд, на касе аз онҳо дифоъ мекунад, маро водор намуд, ки ба ин кор даст бизанам.

Ин натиҷаи андешаи чандинсола аст. Боре дар яке аз шаҳрҳои Русия воқеае рух дод, ки ман шоҳиди он будам. Якчанд муҳоҷирзани тоҷик дар он ҷо фоҳишахона кушода буданду чанде тоҷикписарон дарак ёфта, аз нангу номус сарҳои он занонро тарошиданд. Ин ҳолатро дида, ман ба ишон гуфтам, ки аз ҷинояте, ки ин занҳо кардаанд, шумо ҷинояти бадтареро анҷом додаед. Чуноне гуфтем, бештари онҳо аз надоштани аснод ва надонистани забон дар корхонаҳои хусусӣ, кафеҳо, нонпазхонаҳо ё ҷойҳое кор менамоянд, ки онҳоро берун баромадан намемонанд.

Агар берун оянд ҳам, чизеро ва ҷоеро намедонанд. Гурӯҳе низ мавҷуданд, ки ба корҳои нолоиқ аз қабили танфурӯшӣ машғуланд. Гарчанде дӯстон мегӯянд, ин проблемаро набардоред, ки боз нагӯянд зани тоҷик фоҳиша аст, аммо то чанде мо чашми худро кӯр ва гӯшамонро кар намоем ҳам, проблема зиёд шудан мегирад. Чун бо бисёре аз занҳо вохӯрдам, дарёфтам, ки онҳо бештар дар ҷойҳое кор менамоянд, ки аз он ҷо берун намебароянд, мушкилиҳои зиёде доранд, вале мутаассифона онҳо барои кӯмак хеле кам муроҷиат менамоянд. Метавон Хуршедаи нӯҳсолаи ғуррамаргро мисол овард.

Ман борҳо дар нишастҳо ва конфронсҳоямон диаспораҳоро даъват намуда, аз онҳо хоҳиш намудам, то дар ин диаспораҳо ҳатман бояд занеро ба кор гиранду он кас танҳо ба масъалаҳои занони муҳоҷир машғул шавад. Зеро дар самти кор бо занони муҳоҷир камбуду норасоиҳо зиёданд. Шояд аз ин гуфтаҳо бархе норозӣ бошанд ва эътироз кунанд, ки чаро ин проблемаҳоро ба миён мегузоред, вале фикр мекунам, агар имрӯз инро нагӯем, фардо дер хоҳад шуд.

Дар Маскав ташкилоте бо номи "Қонун ва муҳоҷират" чанд сол аст амал менамояд ва бештар мардон ба он муроҷиат менамоянд. Занони тоҷикро ин ҷо қариб наметавон дид. Ин чанд сабаб дорад. Аввалан, занони тоҷик камҷуръаттаранд ё аз ин гуна созмонҳо хабар надоранд, дуввум, дуруст набудани ҳуҷҷатҳои будубош, тарс аз милисаҳо ва омилҳои зиёди дигар ҳастанд, ки онҳо наметавонанд ба чунин ташкилотҳо муроҷиат намоянд. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки созмони ҷудогонае махсус барои занон таъсис бидиҳем.

Дар яке аз сафарҳои худ як мизи гирде барои ташкили чунин созмон баргузор кардем. Хушбахтона, ин пешниҳоди маро се ташкилоти ғайридавлатӣ аз Тоҷикистон ва ду ташкилот аз Маскав дастгирӣ намуданд ва ҳамроҳ "Ассотсиатсияи байналмилалии бонувони муҳоҷир"-ро таъсис додем. Дар рӯзҳои наздик бонувони узбаку қирғиз низ бо мо ҳамроҳ хоҳанд шуд. Умед аст, дар оянда яке аз созмонҳои тавоно ва пурқувват хоҳад гардид.

БОНУВОНИ ПИЗИШК ТАШНОБ МЕШӮЯНД

-Шумо то ин дам дар байни бонувони муҳоҷир чӣ корҳоеро анҷом додед? Оё онҳо тайёранд, ки бо шумо ҳамкорӣ намоянд?

-Ҳар боре, ки ба Русия биравам муҳоҷирзанони тоҷикро дар гӯшаҳои гуногун хабар мегирам. Масалан, ин дафъа қабл аз мизи гирд аз силсиламағозаҳои "Ашан", ки қариб дар тамоми атрофи Маскав ҷойгиранд, дидан намудем. Баъди вохӯрӣ пай бурдем, ки аксари ин занҳо соҳибмаълумотанду пеш дар соҳаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият мекарданд. Ҳатто заноне буданд, ки собиқаи беш аз даҳ понздаҳ солаи табибӣ доранд.

Ҳоло бошад, ба фаррошӣ ва ташнобшӯӣ (туалет) машғуланд. Ҳангоме мо хостем то аз онҳо ҳолпурсӣ намоем ё наворе бигирем, аз мо пинҳон мешуданд, ки мабодо хоҷагонашон инро дида онҳоро аз кор хориҷ нанамоянд. Дар куҷое медонистем, ки занон кор мекунанд, аз онҳо хабар мегирифтем. Ба чандин бозорҳои сабзавотфурӯшӣ низ рафтем, ки занони зиёде кор мекунанд. Дар он ҷойҳо бо занони зиёде вохӯрдем, ки на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз Узбакистону Қирғистон низ буданд.

Ҳангоми вохӯриҳо чеҳраҳои онҳоро дида, аз онҳо бо тоҷикӣ суол мекардем, ҷавоб медоданд, ки мо низ тоҷикему аз Самарқанду Бухороем. Онҳо низ мушкилиҳои зиёд доштанду аммо ба кӣ муроҷиъат карданашонро намедонистанд. Аз ин рӯ ин созмони байналмилалӣ метавонад, ҳам ба мушкили бонувони тоҷик дар саросари олам расидагӣ кунад ва ҳам дар ин миён дасти ёрӣ ба бонувони ҳамсоякишварҳо низ дароз мешавад, ки дар урфияти мардуми мо аз корҳои савоб дониста мешавад.

ТИФЛОНИ БЕСОҲИБИ ТОҶИК ДАР ЯТИМХОНАҲОИ РУСИЯ

-Муаллима лутфан бигӯед, ки муҳоҷирзанони тоҷик бештар ба кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ гаштаанд ва иллати асосии ин мушкилотро дар чӣ мебинед?

-Мушкилиҳои занони муҳоҷир хело зиёд аст, ки чанде аз онҳоро метавон мисол овард. Гуфтем, ки яке аз мушкили аслӣ ин надонистани забони кишваре, ки дар он мусофир шудаанд ва надонистани ҳуқуқҳои худашон аст. Нуктаи дигаре, ки бояд таъкид кунам, ин аст, ки занон бештар дар алоҳидагӣ ё ҷойҳои дур аз ҷамъи муҳоҷирон кор мекунанд ва маълумот дар бораи онҳо камтар дастрас аст. Аз ин рӯ наметавон сари вақт аз мушкилии онҳо дарак ёфт.

Соли пешин ҳангоми як сафарам ба ман дарак доданд, ки чанд зани тоҷик дар яке аз деҳаҳои дурдасте зиндагӣ доранд. Ҳангоме ба он ҷо рафтам, шароити ваҳмангезеро дидам, ки бисёр аламам омад. Деҳа аз шаҳр беш аз 200 км дур буда, ба ҷуз якчанд зану кӯдаки саргардони тоҷик дар хоначаҳои чӯбин дигар касе набуд. Онҳо аз тамоми васоити маишӣ маҳрум буда, на ягон мактаб ва дигар чизҳои зарурии зист барои як инсон вуҷуд надошт.

Ягона васоили маишиеро, ки дар он ҷо дидам, магнитофоне буд, ки аз он сурудҳои пуралами тоҷикиро мешунавиданд. Мардҳо занону кӯдакони қонунии хешро дар чунин шароит партофтаву худ ба шаҳрҳои дур ғайб зада, моҳҳо аз ҳоли хонаводаи худ хабар намегирифтанд, ки бисёр нанговар ва дардовар буд.

Дигар масъалаеро, ки мехоҳам ин ҷо матраҳ кунам, ин аҳволи тифлакони тоҷик дар ятимхонаҳои Русия аст. Тибқи иттилоъе, ки дорам ҳоло 150-нафар тифли бекаси модари тоҷик дар ятимхонаҳои шаҳри Маскав ба сар мебаранд. Дар ин бора ҳамакнун филме бо ибтикори мо ба унвони "Модар кай меойӣ" ("Мама когда ты придёшь") дар ҳоли таҳия шудан аст. Ман худ модарам ва ин амалро ғайриахлоқӣ меҳисобам. Зеро ҳатто ҳайвон фарзанди худро рӯи роҳ намегузорад.

Аммо дар ин кор айби як гурӯҳ мардони тоҷик низ ҳаст. Онҳо чунин занони ночорро зани дуюм гирифта, баъди чанде хушгузаронӣ партофта, назди занони худ бармегарданд. Иддае аз ин занон ҳомиладор мешаванд ва азбаски дигар роҳеро намедонанд, ночор фарзандони худро ба хонаи кӯдакон месупоранд. Боре зане назди ман омада хоҳиш намуд, ки ба ӯ кӯмак намоем, то исқоти ҳамл кунад. Аз нақлаш маълум гашт, ки ӯро ҷавони тоҷике зани шаръӣ кардабуду баъди ҳомиладор шуданаш партофта рафтааст ва маблағеро ҳам дар ихтиёри ӯ нагузоштааст.

Мо ба қадри тавон кӯмакаш намудем. Аммо ин масъала хело ҷиддӣ аст ва аз сарнавишти тифлаконамон дар ятимхонаҳои кишвари ғайр набояд бепарво бошем. Дар оянда хуб аст агар ҳатто ягон хонаводаи рус онҳоро ба фарзандӣ қабул кунад, вагарна мумкин аст, ки барои дигар корҳо низ тифлонро сӯъистифода бубаранд ё дар оянда онҳо дузду авбош ба камол мерасанд бо намояндагӣ аз миллияти мо.

Масъалаи дигареро, ки низ мехоҳам қайд намоям, талоқҳои пай дар пайи телефонӣ мебошад. Ман чандин бор бо ҷавонони муҳоҷир дар Русия вохӯрдам ва инчунин бо диаспораҳои тоҷик мулоқот карда, сари ин муаммо гуфтугузор намудам. Кӯшиш намудам, ки то роҳе ёфта, пеши ин амалро бигирем. Инчунин, бо чанде аз рӯҳониён сари ин мушкил гуфтугӯ доштам. Дарвоқеъ, Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода барои пешгирии ин мушкилӣ дар расонаҳои Тоҷикистон садо баланд карда буд, ки боиси дастгирист.

Нашрияҳои мо навиштанд, ки ҷасади 51-зани тоҷикро бо тайёра ба Ватан овардаанд, аз диди ман ин рақам бисёр кам нишон дода шудааст. Ман фикр мекунам, теъдоди онҳо хело зиёдтар аст. Зеро то он ҷое, ки ман иттилоъ дорам, бисёре аз ҷасади занҳоро аз надоштани шароити молӣ дар Русия дафн менамоянд ва бархеро ҳам шояд бо роҳҳои дигар ба кишвар интиқол медиҳанд. Бар замми ин воқеаҳои нохуше низ рӯй медиҳанд, ки аз марги занон хешовандонашон дарак намеёбанд ва онҳо дар сардхонаҳо (морг) моҳҳо хобидаву дар кремоторияҳо сӯзонида мешаванд.

Вақте тифлакони модар бо сад умед раҳи модар мепоянду модари бо по рафтаро ба сар меоранд, басо дардовар ва пурдаҳшат аст. Аз расонаҳое, ки дар ин мавзӯъ навишта буданд, изҳори ташаккур менамоям, зеро ин марзи номус аст ва ба ин мавзӯъ бештар бояд таваҷҷӯҳ намуд. Бино ба иттилоъи банда дар чандин шаҳрҳо қабри муҳоҷирзанони тоҷик мавҷуданд.

МУҲОҶИРАТ ЧЕҲРАИ ЗАНОНА МЕГИРАД

-Пешбурди ин амали хайрро ҷониби хадамотӣ давлатӣ чӣ гуна пазируфтанд?

-Ин ташаббусро ҷониби ҳукумати кишварамон хуш пазируфт ва дар ин кор моро дастгирӣ ҳам карданд. Ба ҳар ҳол Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ба ин раванд ҳусни таваҷҷӯҳ пайдо кард ва хело корҳоро низ ба сомон расонид. Дар моҳи декабри соли гузашта нишастеро дар мавзӯъи мушкилоти муҳоҷӣрат доир намуд, ки яке бандҳои он дар бораи нақши созмонҳои ғайридавлатӣ ба хусус дар бораи занони муҳоҷир буд.

Дар мизи мудавваре, ки мо ташкил намудем, ду нафар аз намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва инчунин намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба муҳоҷират низ ширкат варзиданд. Имрӯз ин ниҳодҳои давлатӣ низ фаъолияти хешро бештар кардаанд, ки боиси хушнудист. Аммо аз рӯи мушоҳидаҳоямон бештари онҳо бо мардон сару кор доранд, зеро мегӯянд, ки муҳоҷират чеҳраи мардона дорад.

Аммо бояд бигӯям, ки имрӯз муҳоҷират дар кишварамон чеҳраи занона пайдо намуда аст. Ҳоло мо бо тамоми сохторҳои давлатии кишварамон ҳамкории наздик дорем ва дар якҷоягӣ Шӯрое низ ташкил намудаем. Ҷониби Русия низ моро хуш пазируфтанд. Тавре гуфтам, дар нишастҳоямон шахсони воломақми рус ҳам давлатӣ ва ғайри он пайваста иштирок менамоянд. Хулоса дар ин кор моро ҳамаҷониба мақомоти Русия ва Тоҷикистон дастгирӣ намуданд. Масъалаи муҳоҷират имрӯз фарогири олам аст ва мушкилиҳои зиёдеро дар бар дорад.

Метавонем дар якҷоягӣ роҳҳои ҳалли баъзеи онро дарёбем. Аммо баъзе масъалаҳое вуҷуд дорад, ки танҳо мақомоти болоии кишварҳо ҳамроҳ метавонанд онҳоро ҳал намоянд. Кишвари мо, ки демократии ҳуқуқбунёд аст, бояд аз ҳуқуқи шаҳрвандони хеш дар ҳама ҷо дифоъ намояд. Агар ёд доред, барои як гурҷӣ тамоми порлумони он кишвар ба по бархост ва ин қазияро то додгоҳҳои байналмиллалӣ бурда расониданд.

Аммо боре ягон намояндаи порлумонамонро надидаем, ки овоз баланд кунад. Гоҳо вақте нисбати онҳо дар нашрияҳо гап мезанем, онҳо хафа мешаванд. Бояд бигӯям, беш аз навад фисади муҳоҷиринро касоне ташкил медиҳанд, ки овозҳи хешро ба ин ё он намоянда додаанд. Пешниҳоди ман ин аст, ки мо бояд ҳамроҳ бо Ҳукумат ва кормандони ВАО стратегияи муайянеро рӯи кор биорем то битавонем аз ҳуқуқи муҳоҷиронамон дифоъ намоем.

Боиси таҳсин аст, ки имрӯзҳо Хадамоти кор бо муҳоҷирини назди ВКД-и-ҶТ кӯшиши кушодани бозорҳои нави меҳнатиро дар кишварҳои арабӣ мекунад. Ба андешаи ман бояд дар мавриди муҳоҷирати занон ба ин кишварҳо масъулини ин соҳа бодиққаттар бошанд.

ШӮРАВӢ, ЭЙ ШӮРАВӢ МУШТОҚИ ДИДОРИ ТУЕМ?!

-Ба фикри Шумо шумораи занони муҳоҷир дар оянда зиёд хоҳад шуд ё хайр?

-Фикр мекунам, ки бештар шуда истодааст ва дар оянда боз ҳам зиёд хоҳад шуд. Замони Шӯравӣ, гарчанде ман яке аз аввалинҳое будам, ки зидди бисёре аз қонунҳои он будам, ба замми ин, ҷанбаҳои хуб ҳам дошт, ки бояд онҳоро сарфи назар накард. Масалан, имтёзҳои зиёде ба модарони серфарзанд дода мешуд, ба онҳо давлат хона ва кӯмакҳои пуливу молӣ мекард. Ҳоло ин гуна шароитҳо мавҷуд нест.

Пас бисёре навхонадорон ночор маҷбур мешаванд, ҳамсарони хешро гирифта ба шаҳрҳои Русия раванд, то як "бало" карда, маблағе ёбанду омада дар кишварамон соҳиби маконе гарданд. Дигар иллате, ки боиси авҷи муҳоҷирзанон мегардад, зиёд будани шумораи занон нисбат ба мардон дар кишварамон мебошад. Ба замми ин ҷавонони зиёде солҳо дар муҳоҷиратанду тавре маълум аст, қисме аз онҳо бо духтарони ақвоми гуногуни Русия ва дигар ҳамсоякишварҳо хонадор шудаанд.

Бинобар ин ҷавондухтарони тоҷик, ки синнашон боло рафтаву бешавҳаранд барои дарёфти рӯзгор рӯ ба муҳоҷират меоранд. Баъзеҳоро бахт омад намуда соҳиби шавҳар мегарданд. Ҳатто чандин духтарони тоҷикро метавон мисол овард, ки ба миллатҳои ғайримусулмонро шавҳар кардаанд, ки ҳам аз дидгоҳи милливу ҳам аз дидгоҳи динӣ барои тоҷикон номақбул мебошад. Шароити сахти зист бисёре аз занони серфарзандро ба муҳоҷират кашида истодааст.

Боре бо зане вохӯрдам, ки модари панҷ фарзанд мебошад. Ӯ гуфт, ки барои таъмини фарзандонам маҷбур шудам ба Русия биоям. Духтаронам қадрас гаштанду маҷбурам каме ранҷ бурда, рафта онҳоро таъмин намоям. Кӯтоҳи сухан мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ занони моро маҷбур месозад, ки рӯ ба муҳоҷират биоранд.

ЗАНОНИ ДАР БАНД

-Дар бобати занони тоҷике, ки имрӯз дар ҳабсхонаҳои Русия дар банданд, созмони Шумо ягон чораҷӯиеро дар назар дорад? Онҳо чанд нафаранд ва бештар бо кадом ҷурм зиндонӣ гаштаанд?

- Пештар, вақте ки дар созмонҳои байналмилалӣ кор мекардам, борҳо кӯшиш намудам то ба занони маҳбус робита пайдо намоям. Чандин бор ҳам мактуб навиштам ва аз ҷониби ин созмонҳо ҷавобе нагирифтам. Ҳоло ин Ассотсиатсияи мо тоҷикӣ ҳаст ва кӯшиш дорам то ба ин гуна занон робитае пайдо намоям. Аллакай бо якчанд нафари онҳо тавонистам, ки бо телефон гуфтугӯ намоям. Пешниҳоде низ аз ҷониби ман дар бораи овардани онҳо ба Тоҷикистон дар як нишаст шуда буд.

Аммо маблағи зиёде барои овардани онҳо зарур мебошад, ки мутаассифона ҳоло дар даст надорем. Теъдоди онҳо шояд аз ҳазор нафар ҳам беш бошад ва аксари онҳо бо ҷурми қочоқи мавводи мухаддар дар банданд. Масалан, дар шаҳри Екатеринбург ба ман хабар доданд, ки аз 18 зани тоҷик танҳо як нафар бо ҷурми авбошӣ дар банд ҳасту боқӣ ҳама бо ҷурми қочоқи мавводи мухаддар. Аксар аз нодорӣ даст ба ин кор задаанду танҳо шояд як фисади онҳо дониста даст ба ин амал задаанд.

ЗАНОНИ ДЕҲОТ БЕШТАР МУҲОҶИРАНД

-Муаллима ба назари шумо занони кадом қишри ҷомеъа бештар рӯй ба муҳоҷират меоваранд, деҳотӣ ё шаҳрӣ?

-Бештари муҳоҷиринро занони деҳот ташкил менамоянд. Алалхусус аз шимоли кишвар, шаҳрҳои Конибодом, Панҷакент ва ғайра. Солҳои ахир аз шаҳри Ваҳдату ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар атрофи деҳаҳои шаҳри Душанбе низ зиёд шуда истодаанд.

ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР!

-Мешавад дар мавриди нақшаҳои қарибулвуқӯъатон бигӯед?

-Мо кӯшиш ба он дорем, ки бонувони мо дар ватани хеш корҳои муносиб пайдо кунанд ва аз заҳмату ранҷу машаққати кӯйи ғарибиву мусофирату дарбадарӣ раҳо шаванд. Таъмини кор барои бонувон дар кишвар басо амри зарурист, зеро танҳо бо ҳамин васила занону модарони тоҷикистонӣ метавонанд, насли бедору ҳушёру тавоноеро парвариш диҳанд. Аз соҳибкорони ватанӣ хоҳиши онро дорем, ки ҳар чи зудтар корхонаву коргоҳҳои навро барои бонувон ташкил кунанд ва бо ин дар дастгирии занон ва рушди ҷомиъаи кишвар саҳми босазое бигузоранд.

-Сипоси бепоён барои заҳматҳо ва ҳам сӯҳбати пурмӯҳтавоатон.

-Ташакккур аз шумо ва муваффақият барои "Миллат" ва ҳам миллат.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97