Муҳиддин Кабирӣ: ДАР МОВАРОИ ТУНДРАВОНИ МАЗҲАБӢ ВА РЕЖИМҲОИ ХУДКОМА

Мусоҳиба 13.11.2009 14:34

Урупо аз Тоҷикистон дар баҳси об дифоъ мекунад,

агар ...интихобот шаффоф доир шавад

Дар шумораи гузашта гуфтем, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон ахиран бо даъвати Иттиҳодияи Урупо аз Брюсел ва Страсбург дидан ва бо мақомоти ин иттиҳодия, инчунин Шӯрои Урупо ва Комисиюни урупоӣ дидору мулоқот кард. Аммо қабл аз он, мегӯяд ӯ, як сафари ба истилоҳ илмие дошта ва дар ду донишгоҳи Ландан; донишгоҳи Оксфорд ва Егзетер ва Пажӯҳишгоҳи равобити байналмилалии Бритониё сӯҳбат ва суханронӣ кардааст. Идомаи гуфтаҳо, дидаҳо ва бардоштҳои Муҳиддин Кабирӣ аз сафари Урупо дар сӯҳбате бо Раҳматкарими Давлат

ДАР СИЁСАТ НОМАРДИҲО АСТ

- Ин иқдомоти Шумо ба чӣ манзур аст, ба хотири эътимодсозии бештар миёни мухолифин ва ҳукумат? Зеро пӯшида нест, ки фарҳанги муборизаи сиёсӣ дар мо расм нашудааст ва мақомот ҳар гуна ҳизб ва ё маҳфил ва ё ҳатто расонаи хабарии ғайридавлатиро ҳадди ақал "душман" медонанд, на рақиб. Чун фарҳанги рақобат расм нашудааст. Ва тавассути ин гузаштҳо мехоҳед аз як сӯ таъкид кунед, ки ин ҷо масъалаи душманӣ нест, балки рақобат аст ва аз сӯи дигар ҳамин тавр фарҳанги муборизаи сиёсиро расм кунед. Як муборизаи бидуни нафратро, он чиро ки дар шахси худатон буруз додаед ва бо вуҷуди интиқоди бархе ба истилоҳ хайрхоҳонатон ва ё ҳам ҳамроҳонатон идома медиҳед?

- …Албатта ман розӣ нестам, ки мегӯянд сиёсат палид аст. Дар сиёсат баъзе номардиҳо аст. Вақте ки ҳамеша нигоҳ ба сӯи Шумо ҳамчун рақиб аст, ин боиси он мегардад, ки дигар дастовардҳои мусбати шуморо набинанд. Ин ҷасоратро надоранд, ки дар ҷое бигӯянд, ки Ҳизби Наҳзати Ислом ва масъулини ин ҳизб дар самти дифоъ аз манфиатҳои давлат, миллат ва амнияту субот корҳои бузургеро анҷом дода истодааст. Инро дигарон мебинанд, қайд мекунанд ва ҳатто баъзеҳо бисёр нороҳатанд, ки мо аз ҳад зиёд сабру таҳаммул нишон медиҳем. Вале мутаассифона баъзе дӯстони худамон низ, ки дар масъалаи сулҳу амният бо мо шарик буданд, баъзан нодида мегиранд, вале боз ҳам такрор мекунам, ин барои мо чандон аҳамият надорад.

ДАР БАЙНИ ОБУ ОТАШ

- Аммо ба ҳар ҳол эҳсос мекунед, ки бархеҳо ба ин далел аз каноратон дур мешаванд?

- Бале, мо як миқдор аз ҷонибдорони худро аз даст хоҳем дод, зеро онҳо интизор доранд, ки мо як андоза мавқеи шадидтарро бигирем, садоямон баландтар бошад. Мо ҳоло дар байни обу оташ мондаем. Аз як тараф мардум аз мо талаб мекунад, ки мо каме шадидтар сӯҳбат кунем, мавқеъгириҳоямон нисбати ҳукумат, баъзе амалҳои ҳукумат бояд, ки сахттар бошад. Аз тарафи дигар масъулияти ватандорию миллатдорӣ ва он масъулияте, ки дар пеши сулҳу созишномаи сулҳ доштем, моро водор мекунад, ки мо каме аз мавқеъгириҳои худ, ки бояд бигирем, ақибнишинӣ кунем. Вале чаро чунин бархурд танҳо аз ҷониби мо бошад? Манзурам, чаро чунин муносибат ба масоили ватанию миллӣ танҳо аз ҷониби мо бошад ва ҷониби муҳтарам тарзе рафтор кунад, ки бояд мо гузашт кунем. Эшон ҳеҷ гоҳ дар баробари ниёзҳои мо, хостаҳои мо ва масъалагузориҳои мо вокуниши сазоворе нишон надиҳад?! Албатта мо намегӯем, ки комилан ин раванд раванди хуб нест. Инсофан бигӯем агарчӣ гуфтугӯи мустақим вуҷуд надорад, вале як гуна ҳамкориҳои ғайримустақим вуҷуд дорад, ки мо ҳарду ҷониб инро дарк мекунем.

ДАВЛАТ БОЯД МАШВАРАТ КУНАД

- Шумо мехоҳед, ки давлат ҳамроҳи шумо машварат кунад?

- Бубинед, мо мехоҳем, ки дар масъалаҳои куллии давлат, миллат ҳадди аққал бо қишрҳо машварат шавад. Шумо оё то имрӯз баъд аз мусолиҳаи миллӣ фаъолиятеро дидаед, ки мақомоти давлатӣ ба ҳизби мо ва ба ҳар як ҳизби дигар барои машварат кардан муроҷиат карда бошад ва гуфта бошад, ки мо ин масъаларо дорем, чи бояд кард? Фақат як чиз пешниҳод мекунанд, шумо барномаи худро матраҳ кунед, пешниҳод кунед, мо меомӯзем, мебинем, ки онро қабул кунем ё не. Ман узр мехоҳам, ҳизби сиёсӣ аз буҷаи ҳукумат кор намекунад. Ин институти татқиқотии назди ин ё он вазорате нест, ки мо барнома пешниҳод кунем. Барои ин кор даҳҳо муассисаҳои давлатӣ ва маошхӯрон ҳастанд, ки ин корро ба анҷом расонанд. Бояд муносибат бо мо дигар бошад, бигӯянд, ки эй бародарҳо, мо ин масъалаи миллиро дорем, ин масъала барои кишвар зарур аст, биёед бо ҳам биншинем ва машварат бикунем. Ҳамон тавре ки дар тамоми кишварҳои дигар аст. Вале дар мо мутаассифона машварат кардан бо як ҳизби дигарро барои худ заъф медонанд. Ин вобаста аст ба фарҳанги сиёсӣ, ба диди ин ё он шахс ё масъул. Вале агар машварат нашавад, мо чи кор кунем? Мо набояд канор биравем ва бигӯем, ки аз мо машварат намепурсанд, пас худашон чизе мехоҳанд, ҳамонро бикунанд, ин бар зарари ҷомеа ва бар зарари худи мо ҳам ҳаст, бар зарари насли оянда ҳам. Агар онҳо машварат намекунанд, ҳадди аққал мо масъулияти худамонро, онҳо инро мехоҳанд ё намехоҳанд бояд, ки анҷом диҳем. Илова бар ин кумакамонро болояшон таҳмил кунем. Агар нахоҳанд ҳам бояд маҷбурашон кунем, ин кӯмакро қабул кунанд, зеро ин кумак ба онҳо нест, кумак ба давлат, ба миллат аст. Хуб мебуд, ки мо эҳсос мекардем, ки онҳо ҳам ин кумакҳоро хостгор ҳастанд. Як каме аз болои он зини мансаб ва қудрат поин биёянд ва тасаввур кунанд, ки метавонанд фардо ё пас фардо табдил шаванд ба як ҳизби опозитсионӣ. Ҳизбе, ки ба сари қудрат омад оё ҳуқуқ дорад, ки мисли ҳамонҳо рафтор кунад ва аслан бигӯянд, ки шумо як ҳизби заиф ҳастед ва тамоми мансабдорон аз ҳизби худаш бошанду дигар бо онҳо сӯҳбат накунанд. Ҳар кас, ки мехоҳад дар қудрат дуруст рафтор кунад як маротиба худашонро ҳамчун ҳизби опозитсионӣ тасаввур кунад, дар ҷои як сиёсатмадори опозитсионӣ бигзорад ва баъд тасмим бигирад, он вақт тасмимаш ба воқеъият рост мегирад.

ФИРИСТОДА БОЯД, КИ ДОНО БУВАД

- Ва муносибати намояндагон ва сафорати Тоҷикистон дар Брусел бо шумо ва суханрониҳову мулоқотҳое доштед чӣ гуна буд, чун дар гузашта шоҳиди бархурди номуносибе аз сӯи сафорати Тоҷикистон ва мулоқотҳоятон дар Масквав будед?

- Хеле хуб ва болотар аз интизор буд. Дар ҳамаи мулоқот ва дидорҳо бо мақомоти урупоӣ ё худи шахси сафир ва ё намояндаи сафорат ширкат дошт. Ин на танҳо барои шахси банда, балки барои худи сафорат, имиҷи Тоҷикистон хуб буд. Барои мақомоти урупоӣ ҳам қобили пазириш буд, ин ҳамкорӣ. Ман воқеъан ташаккур мекунам. Аммо ин гуна ҳарфро нисбати сафорати Тоҷикистон дар Ландан гуфта наметавонам.

-Ташаккур барои як сӯҳбати пур муҳтаво.

-Саломат бошед.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97