ОЙНИҲОЛ БОБОНАЗАРОВА: ИШТИБОҲИ МО ДАР ОН БУД, КИ РОМАНТИК БУДЕМ

Мусоҳиба 10.09.2009 16:25

Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори "Миллат" бо Ойниҳол Бобоназарова, яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳаракати истиқлолхоҳӣ.

ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛРО НАЧАШИДАЕМ

- Муаллима, мо дар остонаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистони азиз қарор дорем ва ба нигоҳи шумо Истиқлол, яъне чӣ?

- Истиқлол ин танҳо як шиор нест. Истиқлол чун обу ҳаво барои зинда мондани миллати мо зарур буд ва ҳаст. Вале ҳанӯз ҳам бо гузашти 18 сол аз рӯзи шарафёб шудан ба ин рӯз, ки баробари ба камол расидани як тифли навзод аст, меваи он комҳои моро ширин накардааст.

Ҳанӯз самари истиқлоли мо, ин ҳамон ғурраи норасидаи дарахтро мемонад, ки талхмазза аст, аммо хӯрданаш ҳаловате дорад ва он моро ба худ мекашад.

Аммо меваи ширини он ба даст наомадааст ва шаҳди онро мо алҳол начашидаем. Барои ба даст овардани самари он ва ширин кардани комҳо мо ниёз ба боғбоне дорем, ки ҳарчӣ зудтар ин истиқлолро шодоб кунад то кишвар шаҳдбор шавад. Танҳо дар ин ҳол мафҳуми истиқлол аз шиор ба воқеият табдил мешавад ва мардум аз сидқи дил истиқлолро ҷашн хоҳанд гирифт. Вагарна барои мардуми нимгуруснаву нимбараҳна ва кишваре фасодзадаву фақир истиқлол ҳеч маъние нахоҳад дошт. Барои расидан ба истиқлоли воқеӣ як кишвари қонунманд лозим аст ва расидан ба ҳамчунин кишвар танҳо бо роҳи идоракунии солим даст медиҳад.

ИСТИҚЛОЛ МУФТ

НАСИБИ МО НАШУД

- Назари шумо ба ин андеша, ки истиқлол ба ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ муфт дода шуд, чӣ аст?

- Барои дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ, ки ин истиқлол чӣ гуна ба даст омад, намехоҳам ҳадс бизанам. Аммо барои Тоҷикистон он хеле гарон тамом шуд, ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳанӯз суробаш аз пушти хонаҳои вайрони тоҷик нарафтааст, хунбаҳои ин истиқлол буд. Хунбаҳои ин истиқлол хеле ва хеле гарон буд, даҳҳо фарзандони озодихоҳ, ки чашидани шаҳди истиқлол ормонашон буд ва комҳояшон аз шаҳди он бенасиб монд, дар роҳи расидан ба он сар бохтанд. Аксарияти онҳое, ки Тоҷикистонро як кишвари мустақил ва вораста дидан мехостанд, ба мисли Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҷумъабой Ниёзов ва даҳҳо тани дигар, зиндагиашонро дар ин роҳ қурбон карданд. Дар баробари ин, дигар роҳи расидан ба истиқлол чӣ ҷуброне метавонад дошта бошад?!

ХУНБАҲОИ ДЕМОКРАТИЯ

- Шумо, ки дар замони расидани насими тозаи истиқлол дар сафи пеши нируҳои демократӣ қарор доштед, манзуратон аз демократия чӣ буд ва оё ба он ҳадаф расидед?

- Манзури мо аз демократия гирифтани ҳақи табииамон буд, яъне доштани як давлати воқеан қонунманду демократӣ ва мустақил. Вагарна ба хусус барои банда, ки дар он вақт мансаб ҳам доштам, яъне декани факултаи ҳуқуқшиносӣ будам, пайроҳаҳо барои ишғоли вазифаҳои баландтар боз буд. Аммо мо чун бештар романтик будем, ба он чӣ фикр мекардем, мутақоид будем ва дарвоқеъ фикр мекардем, замони ошкоргӯӣ ва демократия фаро расидааст ва андешаҳои демократӣ дастгирӣ меёбад. Ҳамзамон воқеиятҳо нодида гирифта шуданд, бештар гирифтори романтика шуда, Ҳизби коммунистро заъифшуда мепиндоштем. Аслан ҳеч таваҷҷуҳе нашуд, ки Ҳизби коммунист ҳанӯз иқтидор ва пуштибон дорад. Дар баробари ин нируҳои демократӣ ҷуз шиор ҳеч чизе дар даст надоштанд, на пуштибонӣ сиёсӣ ва на пуштибонӣ иқтисодӣ, на аз кишварҳои демократӣ ва на аз ҷои дигар. Бо вуҷуди ин ба таври худҷӯш мо дар аввалин интихоботи президентӣ раъйи зиёде ба даст овардем. Дар ҳоле ки Ҳизби коммунист ҳам қудратро дар даст дошт ва ҳам пуштибонҳое қавӣ аз кишварҳои дуру наздики ҳамҷавор ва ҳатто кишварҳои демократӣ. Чун қудрат дар дасти онҳо буд, тавонистанд як чеҳраи манфур ва экстремистӣ аз нируҳои демократии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ба намоиш бигузоранд ва муваффақ ҳам шуданд. Ҳатто Амрико ба ин нируҳо, ҳамчун ба як нируҳои экстремистӣ нигоҳ мекард.

Ин буд, ки агарчӣ роҳи интихобкардаи мо дуруст буд, аммо расидан ба он бе монеъа ба мо даст надод, балки хунбаҳо гирифт.

ЯК БОНУИ ЗИНДОНӢ

МАН БУДАМ!

- Шумо як бонуи муборизи зиндоние ҳастед, ки дар рӯзҳои аввали истиқлол барои ақидаи сиёсиатон таъқиб шудед, фикр мекунед, роҳе, ки интихоб кардед, дуруст буд ё иштибоҳ?

- Роҳи ман якест, роҳ ба сӯйи демократия. Ва интихоби ман он вақт ҳам дуруст буд ва боз ҳам агар дубора ақрабаки соати замон ақиб баргардад, ман танҳо ҳамин роҳро медонам ва интихоби ман ҳамин як роҳ аст.

Қаблан ҳам гуфтам, ки ин муборизаҳо барои мо бисёр гарон тамом шуд ва дар ин роҳ мо қурбонӣ додем, банда зиндонӣ шудам, аммо роҳи мо ба сӯйи ҳақиқат буд. Агарчӣ барои наздикони ман бисёр сахт буд, таҳаммули кардани ин ҳама ҳодисаҳо, аммо ман аз ин гузашта худ ифтихор дорам, ки нанг не.

ҚУРБОНИ РОМАНТИКА ШУДЕМ

- Ба иқрори бархе аз муборизони сиёсии солҳои 90-уми қарни гузашта, иштибоҳ аслан дар "митингбози"-ҳои беҳаду ҳудуди ҳамон солҳо рух додааст, шумо чӣ мегӯед?

- Ман фикр мекунам, иштибоҳ танҳо ба романтика дода шудани ҳамаи нируҳои мубориз буд, ки бештар побанди он шуда, дар амал ҳеч коре накарданд.

ҚАРЗИ ДАВЛАТ АЗ ИСТИҚЛОЛ

- Фикр мекунед, он фурсат фаро расидааст, ки ба воқеаҳои расидан ба истиқлол имрӯз баҳо дода шавад?

- Барои баҳои воқеӣ додан ба ҳодисаҳои солҳои аввали истиқлол стратегияи давлатӣ лозим аст ва ин вазифаи давлат аст, ки ин корро анҷом бидиҳад. Агар давлат воқеан аз истиқлол ифтихор дорад ва мехоҳад, ки сиёсати мустақилияташ пуштибонаи мардумӣ дошта бошад, бояд ин корро бикунад. Ин танҳо тавассути расонаҳои давлатӣ, радио ва телевизион, нашрияҳои ҳукуматӣ, ки имконияти бештаре дар ихтиёр доранд, метавонад амалӣ шавад. Аммо барои он ки ифтихороти шифоҳӣ ба воқеият табдил шавад ва ҷомеа аз шиор ба амал бигузарад ва воқеан ба дарки истиқлол бирасад, бояд давлат ин корро бо назардошти воқеиятҳо ва эътирофоти бисёр барояшон мушкил, аммо ба хотири ояндаи давлатдорӣ анҷом бидиҳад.

Мутаассифона, имрӯз ба хотири истиқлол онҳое базм меороянд ва шиор медиҳанд, ки дирӯз мехостанд ин истиқлолро дубора побанд кунанд. Эътироф кори мардон аст, таърих тамоми ин санаҳо ва воқеиятҳоро дар китобаш сабт кардааст, имрӯз не, фардо ин фурсат фаро мерасад ва тамоми иштибоҳоту хатоҳо ифшо мешаванд. Аммо он вақт дер хоҳад шуд.

МУБОРАК БОД!

- Муаллимаи азиз, ташаккур барои сӯҳбат ва ҷашни Истиқлол бар шумо муборак бод!

- Ин рӯзи фархундаро барои миллати азиз ва хонандаи гиромии "Миллат" табрик мегӯям. Умедворам, шаҳди он комҳои шуморо низ ширин кунад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97