Абдулатифи ПИДРОМ: ҶАНУБИ АФҒОНИСТОНРО БА ТОЛИБОН МЕСУПОРАМ

Мусоҳиба 31.08.2009 13:37

Абдулатифи Пидром ҷасуртарин номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон мегӯяд, агар дар интихобот пирӯз мешуд, Афғонистонро давлати федеролӣ ва ҷануби кишварро дар ихтиёри Толибон вогузор мекард.

- Чаро шумо талош мекунед, ки Афғонистонро як давлати федеролӣ бисозед?

- Зеро низоми федеролӣ барои мо чун як низоми мудерн матраҳ аст. Яъне ба таносуби низоме, ки аълон Афғонистон тибқи он идора мешавад. Аз нигоҳи дигар дар федеролизм амалӣ кардани меъёрҳои демократӣ имкони бештаре дорад. Дигар ин ки федеролизм як раванди ҷаҳонӣ ҳам мебошад.

- Вале бар хилофи шумо, бархе ақида доранд, ки низоми федеролӣ ихтилофоти қавмиро доман мезанад?

- На. Бубинед, низомҳои федеролӣ дар чанд маврид ба вуҷуд меоянд, яке замоне, ки як ҷомеъа дучори фурӯпошии иҷтимоӣ ва сиёсӣ бошад. Ё замоне, ки як кишвари истеъморӣ аз берун мудохила мекунад. Ва қатъан Афғонистон дар як вазъияти фурӯпошии сиёсӣ - иҷтимоӣ қарор дорад ва мо наметавонем ин мардумро ҷамъ бикунем ва мушкилоташонро ҳал намоем, магар ин ки сохтори қудратро тағйир бидиҳем. Таҷрибаи ду қарни гузашта нишон дод, ки он равиш равиши муассире набудааст.

- Дар айни ҳол фикр намекунед, ки низоми федеролӣ қудрати фармондеҳони собиқро, ки дар маҳалоташон нуфузи зиёд доранд, боз бештар афзоиш диҳад?

- Ман чунин фикр намекунам. Инҳо ҳама фарзандони ҳамин мардум ҳастанд ва наметавонанд болои мардуми худ фишор биоранд. Аз сӯи дигар ин ҳақи онҳо аст. Намешавад мо ҳамаи касеро, ки дар ҷанг ширкат доштааст, нафӣ кунем ё дар ҳошия қарор бидиҳем. Мо мегӯем, ки ҳаққи интихоб вуҷуд дорад. Ин фармондеҳон, агар метавонанд раъй биоранд, ҳаққи онҳост, ки дар интихобот ширкат кунанд ва баранда шаванд.

- Яъне шумо мегӯед, ҷонибдори аз тариқи демократӣ ба қудрат баргаштани ҷангсолорони пешин ҳастед?

- Мо мегӯем, ки агар аз тариқи демократӣ ва интихобот метавонанд ба қудрат бирасанд, чаро на? Магар шумо ин ҳақи онҳоро нодида мегиред? Ин ҳақро надоред. Дигар ин ки насли мазкури муҷоҳиддин рӯ ба пирист. Ин тур нест, ки онҳо агар барои панҷ сол интихоб шуданд, баъди панҷ сол боз интихоб мешаванд.

- Оё шумо мехоҳед, ки Толибон ҳам дар қудрат ҳамроҳ шаванд ва саҳм бигиранд?

- Бо Толибон бояд гуфтугӯ кард. Ва онҳо метавонанд дар манотиқи худашон дар ҷануб дар чаҳорчӯби низоми федеролӣ метавонанд интихобот баргузор кунанд. Агар мардуми ҷануби Афғонистон Толибонро ба унвони раиси вилоят, вакил ва раисони вилоёти ҷануб интихоб мекунанд, бикунанд. Ҳақ доранд, чаро на?

- Бо тамоми қонунҳои сахтгиронаашон?

- Бале, ишколе надорад. Агар он мардум чунин қонунҳоеро мепазирад ва қабул дорад, бипазирад. Баъди ду се сол ин қонунҳои сахтгиронаи Толибон оҳиста - оҳиста аз миён мераванд. Роҳи дигаре, ки боқӣ мемонад, бомбаборони комили ҷануб аст. Ва натиҷаи ин бомбаборонро мебинед, ки мунҷар ба як ҷанги дохилӣ шуда ва доманаҳои он то куҷо кашидааст. Ва натиҷаи дигари бомбаборон ин аст, ки боз Толибон ба ҳукумат биоянд. Пас роҳи ақлонӣ низоми федеролӣ ва ба Толибон вогузории ҷануби Афғонистон аст, дар натиҷаи интихобот албатта.

- Яъне шумо бахше аз Афғонистонро мехоҳед ба Толибон вогузор кунед?

- Бале, манотиқе, ки Толибон дар ҷануб ба он тасаллут доранд, беҳтар аст ба ихтиёри онҳо вогузор шавад. Агар Толибон мегӯянд, ки нируҳои хориҷӣ бояд аз Афғонистон берун шавад, ин иқдом метавонад пешшарте барои ихроҷи ин нируҳо аз ҷануб бошад.

- Аз саросари Афғонистон чӣ?

- Мо мегӯем, ки агар ин шароит пазируфта шавад ва мо бо Толибон ба тавофуқ бирасем, комилан мувофиқем, ки хориҷиҳо билкул ихроҷ шаванд.

- Аммо бисёриҳо мегӯянд, ки ихроҷи нируҳо халоро ба миён меорад ва боиси ҷанг мешавад?

- Дар шароите, ки феълан дорем, бале агар хориҷиҳо ихроҷ шаванд, ҷанг ногузир аст. Аммо вақте ба тавофуқ бирасем, ҷанге нахоҳем дошт.

- Шумо дар мавриди хати дюранд чӣ назар доред?

- Ин барои мо як баҳси тамомшуда аст. Афғонистон ҳеч мадраке дар даст надорад, ки қисмате аз Покистон қаламрави ӯст ва бояд ба Афғонистон баргардонида шавад. Чун санад дар ихтиёр надорем, дар ҳеч додгоҳи байналмилалӣ масъалаи хати дюрандро дар миён бигузорем. Бинобар ин ин мавзӯъро анҷомёфта медонем.


Мусоҳибаи
Довуди Қоризода
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97