Аммо Ғарб номзади хоси худро дорад
Мусоҳибаи ихтисосии "Миллат" бо
Қосимшоҳ Искандаров, доктори илми таърих, афғоншинос.
-Инак, то интихоботи даври дуввуми раёсати ҷумҳурии Афғонистон як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Шароитро барои баргузории интихобот дар ин кишвар то куҷо мусоид мебинед? Оё дар вазъе, ки шоҳид ҳастем, имкони як интихоботи демократӣ вуҷуд дорад?
- Авзои Афғонистон дар чанд соли охир тамоюл ба бад шудан дорад. Ҳамарӯза мо шоҳиди амалиёти бештари нирӯҳои Эътилоф алайҳи Толибон ҳастем, аммо ба ҳамон андоза бад шудани авзоъ ва афзудани хушунатҳоро низ шоҳид мебошем.
Ва ин хушунатҳо аз ҷануб ба Ғарб, Шарқ, Ҷанубу Ғарб ва ҳатто, ахиран ба Шимоли ором низ сироят кардааст. Мо чанд рӯзи пеш шоҳиди амалиёти нирӯҳои давлатӣ ва Эътилоф алайҳи толибон дар вулусволии Чордараи Қундуз будем. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки авзоъ дар остонаи интихобот дар ин кишвар бадтар мешавад.
Аммо бояд гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ дар Афғонистон ва барои интихобот сармоягузории зиёде кардаанд ва ба ҳар қиммате интихоботро доир хоҳанд кард. Ёдамон бошад, ки дар интихоботи гузашта низ мо дар Афғонистон шоҳиди ноамнӣ будем. Вале интихобот баргузор ва раиси ҷумҳур интихоб шуд. Давлат ва нерӯҳои хориҷӣ тавонистанд амнияти интихобот ва интихобкунандагонро таъмин кунанд, Гарчанде авзои имрӯз аз он рӯзҳо фарқ мекунад. Имрӯз дар аксари вилоятҳои Афғонистон Толибон фаъол ҳастанд, дар интихоботи гузашта ин гуна набуд.
Аммо масъалаи дигар ин аст, ки мешавад интизор нишаст, ки авзоъ кай хуб шавад ва интихобот баргузор гардад? Не. Замони ваколати раиси ҷумҳур ба охир расидааст ва ба таъхир уфтодани интихобот авзоъро боз ҳам муташанниҷтар хоҳад кард. Интихобот ба ҳар қимате бо васояти нируҳои эътилоф ва СММ баргузор мешавад.
Ва дар айни ҳол шоҳиди шиддат гирифтани рақобатҳои интихоботӣ миёни номзадҳо низ ҳастем.
- Бале, мо шоҳиди он ҳастем, ки дар интихоботи Афғонистон ҳудуди чил нафар худро номзад кардааст. Албатта, бархе аз ин номзадҳо ба нафъи Ҳомид Карзай ё доктор Абдуллоҳ аз идомаи рақобатҳо канор рафтанд. Вале Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, ки дар Афғонистон нирӯ доранд, аз қабл эълон карда буданд, ки аз ҳеҷ номзади бахусусе пуштибонӣ нахоҳанд кард. То куҷо онҳо ба ин тааҳҳуди худ то кунун амал кардаанд?
- Аслан, ман бовар надорам, ки Амрико ва Ғарб, ки дар Афғонистон нирӯ доранд, аз ягон номзади хос пуштибонӣ намекунанд. Ин дар зоҳир чунин аст, ки гӯё мудохила ва ҳимоят намекунанд. Аммо дар асл онҳо ба номзадӣ мавриди назари худ алоқа доранд ва аз ӯ ҳимоят мекунанд ва мехоҳанд дар сурати ба қудрат расидани ӯ барномаҳоеро, ки он кишварҳо дар Афғонистон доранд, раиси ҷумҳурӣ ба қудрат расонидаашон амалӣ кунад. Вале албатта, зоҳиран онҳо наметавонанд гуфтан, ки мо аз ин ё он номзад ҷонибдорӣ мекунем. Инҳо ба ҳама аз он номзадҳои асосӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ мулоқот кардаанд, сӯҳбатҳое доштаанд ва изҳор карданд, ки мо ба ҳама номзадҳо як назар дорем ва мардуми Афғонистон худаш интихоб мекунад. Аммо ин чиз имкон дорад, ки номзадҳо ҷонибдории гурӯҳҳои алоҳида ва ё шахсиятҳои алоҳидаро дар доираҳои сиёсӣ ва низомии ИМА ва кишварҳои Аврупо ҷалб карда бошад. Дар соли 2001 ҳам баъд аз суқути «Толибон» амрикоиҳо ҳадди аққал ду номзади асосӣ доштанд.
Дуруст аст, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ 41 нафар сабти ном шуда буданд, вале то кунун маълум шудааст, ки тақрибан се нафар шонси баранда шудан дар ин интихоботро доранд. Пеш аз ҳама Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури кунунии Афғонистон, ки аз ҳимояти ому томи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳампаймононаш бархӯрдор буд. Аслан, дар конфронси Бонн онҳо Ҳ. Карзайро ба қудрат расониданд. Шумо ба ёд биёред, ки дар он конфаронс зимни интихоботи раҳбари Идораи муваққат на Ҳомид Карзай, балки Абдусаттори Сират овози бештар гирифта буд, аммо аз он ҷо ки Карзай мавриди ҳимояти Амрико (аз ҷумла, Идораи марказии ҷосусии ин кишвар ва ширкати нафтии «Юнокал» буд, ба қудрат расид. Ва акнун низ дар ин интихобот Амрико ба яке аз кондидҳо таваҷҷӯҳи хос дорад. Кадоме аз ин номзадҳо мавриди ҳимояи Амрико мебошад табиатан эълон нашудааст.
Номзади дуввум, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аст, ки боз ҳам як тамоили ғарбӣ дорад, шаҳрванди Амрико низ ҳаст, солҳои зиёд дар ин кишвар зиндагӣ намудааст ва дар доираҳои сиёсии ИМА ҷонибдорони зиёд дорад.
Номзади саввум, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири собиқи умури хориҷаи Давлати Исломии Афғонистон ва ҳукумати муваққатӣ ба раҳбарии Ҳ. Карзай буд. Аз ин 3 номзади аслӣ ба ақидаи баъзе коршиносон Ҳомиди Карзай имконияти бештаре дорад, ки барандаи интихобот эълон шавад.
Аввал, аз он ҷиҳат, ки аз имкониятҳо ва захираҳои маъмурӣ, ҳукуматӣ, то сарҳади тақаллуб дар шумориши овозҳо ба таври васеъ истифода хоҳад кард. Тавре маълум аст, солҳои ахир дар интихоботҳо дар кишварҳои гуногун раисони ҷумҳурӣ дар сари қудрат буда, аз ин имкониятҳо хуб истифода мекунанд.
Дуввум, дар солҳои ахир Ҳ.Карзай бо сарони қабоили паштун робитаҳои наздикро барқарор кардааст ва дар ҳукумати феълии Афғонистон намояндагони толибон низ хеле зиёд ҳастанд ва онҳо низ ба нафъи Ҳомиди Карзай кор хоҳанд кард.
Саввум, бо истифода аз имкониятҳои давлат, президенти феълӣ метавонад аз тариқи додани пул ва аз тариқи ваъдаҳои дигар ба қабоил корҳои зиёде анҷом диҳад.
Аммо мушкили Ҳ. Карзай дар он аст, ки дар беш аз ҳашт соле, ки сарвари давлат аст натавонист сулҳу амниятро, ки орзуи дерини миллати Афғонистон мебошад, таъмин намояд. Дар ҳоле, ки дар соли 2001 ибтидои соли 2002 бо ёрии Амрико ва ҳампаймонони ӯ низоми «Толибон» сарнагун гардид, террористони байналмилалӣ аз Афғонистон ронда шуданд, вале тақрибан аз миёнаҳои соли 2003 толибон аз нав сафҳои худро барқарор намуда, ба амалиёт гузаштанд ва имрӯз қариб дар тамоми вилоятҳои Афғонистон фаъол мебошанд. Ҳукумати Ҳ.Карзай ва ҳомиёни ӯ як бозии дугонаро бо толибон пеш гирифтаанд ва коршиносони Афғонистон ба ин назаранд, ки бо толибон аслан, мубориза қатъӣ бурда намешавад, баъзе аз гурӯҳҳои ин ҷунбиш, ҳатто аз тарафи онҳо тақвият мешаванд ва ғайра.
Дуввум, мушкили Президенти ин кишвар дар он аст, ки ба ҳар сурат имрӯз дар Афғонистон таҳти раҳбарии Ташкилоти атлантикаи шимолӣ (НАТО) ва 26 гурӯҳи бозсозии вилоёт (ГБВ), 64 ҳазор сарбоз аз 44 кишвари ҷаҳон, ва ба замми он 40 ҳазор нерӯи амрикоӣ дар доираи анҷоми амалиёти «Озодии шикастнопазир» ҳузур доранд.
Тавре маълум аст, афғонҳо дар тӯли таърих як ҳассосияти хосе нисбат ба ҳузури нерӯҳои низомии бегонагон доштаанд. Ин нерӯҳо амалиёти худро бо давлат ва нерӯҳои давлатӣ на ҳама вақт ҳамоҳанг месозанд ва дар натиҷаи бомбаборонкунии маҳаллҳои аҳолинишин садҳо нафар мардуми бегуноҳ талаф мешаванд, сарбозони хориҷӣ барои ковтуков ба хонаҳои афғонҳо медароянд. Ин вазъият мавҷи норизоиятии мардумро нисбат ба хориҷиён ва ҳукумати мавриди ҳимояи онҳо бедор кардааст.
Мушкили сaввуми президент он аст, ки он миллиардҳо доллари кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ, ки ба Афғонистон меоянд, ба мардум намерасанд, фасоди идорӣ, бекорӣ ва дигар ноадолатиҳо дар ҷомеа ҳукмронанд. Ин вазъият ба назари мо наметавонад мардумро норозӣ ва имконияти Ҳ.Карзайро барои бори дигар соҳиб шудан ба мақоми президентӣ кам накунад.
Номзади дуввуме, ки шанси хуби пирӯз шуданро дорад, Абдуллоҳи Абдуллоҳ мебошад. Аввал, барои он, ки аксари мардум аз сиёсати президенти феълии кишвар розӣ нестанд. Дуввум, барои он ки Абдуллоҳи Абдуллоҳ мавриди ҳимояти бузургтарин ҳизби сиёсии Афғонистон «Ҷамъияти исломӣ» қарор дорад. Ҳамчунин, қудратмандтарин волии кишвар дар шимоли Афғонистон (волии Балх) Ато Муҳаммади Нур, шахсияти бисёр пурнуфуз дар ғарби Афғонистон Исмоилхон аз доктор Абдуллоҳ ҳимоят мекунанд.
Гарчанде А.Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон ҳимояти худро дар ибтидо аз Ҳ. Карзай эълон карда буд, аммо дар Ҷунбиш ҳама ба ин назар нестанд ва ҷиноҳи бузургтарини ин ҳизб ҳимояти худро аз Абдуллоҳ эълон кардааст. Худи Дӯстум ҳам вақтҳои охир ҳеҷ эъломияе дар мавриди пуштибонӣ аз Ҳ. Карзай пахш накардааст. Ҳамин гуна вазъият ё дудастагӣ дар аҳзоби шиаи Афғонистон низ мавҷуд аст, ки гарчанде баъзе аз раҳбарони онҳо ба мисли К. Халилӣ ва Муҳаққиқ аз Ҳ. Карзай ҳимоят мекунанд, вале гурӯҳҳои мӯқтадири ҷомеаи қавми ҳазора аз Абдуллоҳ ҳимоя мекунанд.
Саввум, бисёр коршиносон бар он назар ҳастанд, ки гап дар барномаи доктор Абдуллоҳ низ ҳаст, ки ҷонибдории мардуми ғайрипаштунро барангехтааст, яъне дар барнома табдили низоми президентӣ ба низоми парламонӣ, масъалаи интихобӣ шудани волиҳо пешбинӣ шудааст. Мардумони ғайрипаштун мӯътақиданд, ки низоми парламентӣ муносибтарин низом барои Афғонистон аст.
Чорум, Абдуллоҳи Абдуллоҳ тавонистааст ҷонибдорони қавие дар ҳукумати президент Барак Обама пайдо кунад. Шояд бо назардошти мавҷуд будани мухолифатҳои қавмӣ дар ҷомеаи Афғонистон ва ба хотири паст намудани шиддати онҳо, ҳамин «паштуну-тоҷик» будани Абдуллоҳи Абдуллоҳ амрикоиҳоро водор намояд, ки аз номзадии ӯ ба таври ғайрирасмӣ ҷонибдорӣ намоянд.
Ба ҳар сурат, ҷонибдорони Абдуллоҳи Абдуллоҳ мӯътақиданд, ки маҳз ӯ пирӯз мешавад ва пирӯзии каси дигар фақат дар ҳолати сурат гирифтани тақаллуб имкон дорад.
Номзади саввум, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ҳам шонси ҳадди ақал ба даври дуввум баромаданро дорад. Ӯ яке аз раҳбарони ҳизби «Сотсиал-демократи Афғонистон», ки бо номи «Афғон миллат» машҳур аст, мебошад ва табиатан ҷонибдории гурӯҳҳои миллатгарои афғонро ҷалб намудааст, ба ғайр аз ин ҷонибдорони зиёде дар доираҳои сиёсии Амрико ва Урупо дорад. Аммо мушкили ӯ ин аст, ки солҳои зиёд берун аз Афғонистон будааст, дар ҷиҳод иштирок накардааст ва ба замми ин ақидаҳо қавмгароёнаи ӯ метавонад ӯро аз ҷонибдории мардуми ғайрипаштуни ин кишвар маҳрум намояд.
Як имкони дигаре ҳам мавҷуд аст, ки дар арафаи интихобот(бо машвараи амрикоиҳо) Аҳмадзай аз идомаи мубориза ба манфиати Карзай ё Абдуллоҳи Абдуллоҳ даст кашад, ба шарте ки яке аз мақомоти болоиро ба ӯ ваъда диҳанд.
- Омили мазҳабӣ, қавмӣ ва забонӣ дар интихоботи имсол чӣ нақш хоҳад дошт, шумо дар як мусоҳибаатон дар интихоботи гузашта гуфта будед, ки ин омилҳо метавонанд сарнавишти интихобот дар Афғонистонро таъйин кунанд. Аммо имрӯз коршиносони афғон мегӯянд, дар хонаводаҳои бузурге, ба мисли хонаводаи Гелонӣ ва Қадирхон иншиъоб ё дудастагӣ ба вуҷуд омадааст, ҷамъе аз ин хонаводаҳо аз Карзай ва ҷамъе дигар аз доктор Абдуллоҳ пуштибонӣ мекунанд. Таҳлилгарони афғон ин таҳаввулро тағйире дар заминаи дидгоҳҳои қавмӣ ва забонӣ медонанд. Акнун, дар интихоботи имсол ин омилҳои номбурда чӣ нақш хоҳанд дошт?
- Омили қавмӣ, мазҳабӣ ё забонӣ ҳамеша таъсиргузор будаст ва он парешоние, ки дар ин хонаводаҳо имрӯз ба миён омада ва шояд дар хонаводаҳои дигаре ҳам ҷой дошта бошад, он як падидаи ҷузъист. Вале дар маҷмӯъ Афғонистон як ҷомеаест, ки дар он расму русуми қабилавӣ хеле мустаҳкам аст ва сухани сардори қабила барои аъзои он бисёр арзиш дорад, ба хилофи он амал кардан қабул нест.
Интихоботи гузаштаи раиси ҷумҳур (дар соли 2004) ба таври возеҳ устувории муносибатҳои қавмиро дар кишвар ба намоиш гузошт. Масалан, дар вилоятҳои паштуннишини ба мисли Хуст 96,3 %, Пактиё- 95, 9 %, Кунар- 94, 9%, Нангарҳор 95 %, Кандаҳор-91%, Ҳилманд-90,2 % овозҳо ба Ҳ. Карзай тааллуқ гирифтаанд. Ба ҳамин тартиб саҳми Юнус Қонунии панҷшерӣ дар вилояти Панҷшер- 95,1 %, дар Парвон – 57,7 % будааст. А.Р.Дӯстум тавониста буд дар вилоёти Ҷузҷон - 78 %, Форёб-72 % овозҳоро аз худ намояд. 80,2 % муҳоҷирини афғонӣ дар Покистон ба нафъи Ҳ. Карзай овоз дода буданд.Ҳамин тавр, агар нуфузи номзадҳои асосиро дар зодгоҳашон нуфузи рақибонашон муқоиса кунем, тасвири зайлро мушоҳида мекунем: Ҳ.Карзай дар Қандаҳор-91%, аммо рақибонаш Ю. Қонунӣ, М.Муҳаққиқ ва А. Р. Дӯстум дар ин вилоят мутаносибан 3%, 0,9% ва 0,1 % овоз гирифтаанд.Ю.Қонунӣ дар Панҷшер – 95,1 % рақибони ӯ бошанд: Ҳ.Карзай- 0, 8 %, Муҳаққиқ-0,3 % ва Дустум 0,0 % овоз гирифта буданд.
Дар интихоботи имсола ҳар се номзади аслӣ ҳам Карзай, ҳам Аҳмадзай ва ҳам доктор Абдуллоҳ паштун ҳастанд. Доктор Абдуллоҳ ҳарчанд модараш тоҷик, вале падараш паштуни қандаҳорист ва табиатан дар зодгоҳаш ҷонибдории қавми хешро ба даст хоҳад овард. Агарчӣ ӯ бо Ҷабҳаи муттаҳид, ки ба он мӯҳри ғайрипаштунӣ зада шуда буд, ҳамкорӣ дошт ва аз ёрони наздики фақид Аҳмадшоҳи Масъуд буд.
Дар интихоботи гузашта баъди Карзай раъйи бештарро Қонунӣ, номзади Ҷабҳаи муттаҳид, ки тоҷик аст, ба даст оварда буд ва Карзай дар даври аввали интихобот баранда шуд. Ин тур аст, ки ҳар як номзад ба мақоми президент агар ки худ паштун бошад, кӯшиш мекунад, ки муовинонашонро аз қавмҳои дигар интихоб кунанд. Масалан, Карзай паштун аст ва муовини аввали худ дар интихобот Фаҳимро пазируфтааст. Ва ба ин далел ҳам як қисми тоҷикҳо ба Карзай овоз медиҳанд ва ҳам қисме аз Ҷамъияти исломӣ, ки Фаҳим узви он аст. Дар интихоботи гузашта, агар шумо таваҷҷӯҳ карда бошед, тақсимбандии қавмӣ баръало ҳувайдо буд. Боз ҳам бештар ин тоҷикон буданд, ки камтар ба масоили қавмӣ таваҷҷӯҳ мекарданд. Зеро тоҷикон аз низоми қабилавӣ берунанд ва бо бисёре аз тоҷикон, ки сӯҳбат мекунем, мегӯянд, ки мо ба барномаи номзад раъй медиҳем. Инҳо бештар ба барнома таваҷҷӯҳ доранд, то ин ки ба шахсият. Аммо ин истисно аст, дар маҷмӯъ агар бигирем, ҳамин масоили қавмӣ, қабилавӣ, забонӣ ҳатман дар интихобот таъсир мегузорад.
- Суоли охир, оё барои Тоҷикистон фарқе мекунад, ки кӣ ва намояндаи кадом қавм ба сари қудрат биояд? Оё Тоҷикистон аз кадом номзади бахусусе ҳимоят мекунад?
- Барои Тоҷикистон аз ҳама муҳим он аст, ки касе ба сари қудрат биояд, аксарияти мардуми Афғонистон ба ӯ бовар дошта бошанд ва дар Афғонистон битавонад суботу амниятро таъмин кунад. Битавонад Афғонистонро бозсозӣ кунад ва бо нирӯҳое, ки имрӯз мухолиф ҳастанд, бо онҳо мусолиҳа кунад. Яъне барои Тоҷикистон муҳим аст, ки дар Афғонистон субботу оромӣ бошад, зеро Тоҷикистон бо ҳазор ришта бо Афғонистон пайванд аст: риштаҳои қавмӣ, забонӣ, фарҳангӣ, динӣ хунию хешу таборӣ ва ғайра. Тоҷикон бо мардуми ин сарзамин, ки имрӯз бо номи Афғонистон ёд мешавад, дар тӯли таърих сарнавишти ягона дошатаанд. Тоҷикистон бисёр ҳадафҳое дорад, ки аз тариқи Афғонистон метавонад ба онҳо ба он бирасад. Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар аст ва як роҳи халосӣ аз бунбаст аз тариқи Афғонистон аст.
Ин ки касе марбути кадом миллият бошад, фикр мекунам барои Тоҷикистони мо он қадар муҳим набошад, муҳим сиёсати ӯст. Вале табиатан раиси ҷумҳуре, ки Афғонистонро мисли давраи толибон ба як сарзамини хатарофарин барои Тоҷикистон табдил диҳад, ба манфиати Тоҷикистон нест.
Барои ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон бо раиси ҷумҳури кунунии Афғонистон ҷаноби Ҳомиди Карзай муносиботи бисёр хубе дорад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ӯ ва бо ҳукумати феълии Афғонистон ҳамкориҳои бисёр муфид ва дӯстона дорад. Албатта, баъзе камбудҳову навоқис ва маҳдудиятҳое, ки дар муносиботи Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд дорад, имрӯз аз набудани сулҳу суббот ва амнияти том дар Афғонистон, густариш ёфтани қочоқи маводи мухаддир аст, ки ба ин муносибот халал эҷод мекунанд ва ба амнияти мо таъсир мегузоранд.
Аз рӯйи инсоф бояд гуфт ва инро дар Афғонистон ҳам эътироф мекунанд, ки сиёсати давлати Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Афғонистон ҳамеша як сиёсати собит, устувор ва шаффоф будааст. Дар ҳоле ки дигар кишварҳо, ҳангоме ки толибон вилоятҳои шимоли Афғонистонро зери тасарруфи худ дароварданд дар пайи роҳ ёфтан барои музокира бо толибон кӯшиш ба харҷ медоданд, Президенти кишвари мо аз хатари ҷиддии толибон ва террористони байналмилалии дар хоки ин кишвар мустақарбуда ҳарф мезад ва ҷомеаи ҷаҳониро аз он хатар ҳушдор медод.
Имрӯз ҳам бархе аз нирӯҳои «Толибон» ва нирӯҳои ифротгарои дигар кишварҳо дар Афғонистон ҳузур доранд, ки ба амният ва субот дар кишвари мо ҳам таҳдид мекунанд. Тоҷикистон пеш аз ҳама дар фикри он аст, ки Афғонистон як кишвари амну босубот бошад, гурӯҳҳое, ки бо созмонҳои байналмилалии террористӣ ҳамкорӣ доранд аз хоки ин кишвар берун карда шаванд. Кишту қочоқи маводи мухаддир дар ин ҷо коҳиш ёбад.. Тоҷикистон аз рӯйи ягон номзадӣ, бахусус ҳисоб нагузоштааст.
Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки интихоботи қарибулвуқӯъ дар шароити озод, шаффоф ва демократӣ доир гардад, ба иродаи мардуми Афғонистон арҷ гузошта шавад.
Мутаасифона, аз рӯйи таҳлилҳои мавҷуда ва фазои пешазинтихоботии Афғонистон, дар сурати тақаллуби натиҷаҳои интихобот аз сӯйи давлат имконияти сар задани нооримоиҳо мавҷуд аст. Ҳодисаҳои Эрони баъд аз интихоботи Раиси Ҷумҳури ин кишвар метавонанд дар Афғонистон ҳам такрор шаванд.
Чуноне маълум аст, дар интихоботи соли 2004 мухолифони Ҳ.Карзай изҳор намуда буданд, ки дар шумориши овозҳо ба нафъи ӯ тақаллуб сурат гирифтааст. Он замон рақиби аслии ӯ Ю. Қонунӣ изҳор намуда буд, ки эътирофи натиҷаи интихобот ин заҳрест, ки мо маҷбурем ба хотири ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ дар Афғонистон нӯш кунем.
Аммо имрӯз баъзе коршиносон ба ин назаранд, ки агар давлат ба тақаллуби натиҷаи интихобот ва дигар қонуншиканиҳо даст занад эътирофи натиҷаи интихобот аз тарафи номзадҳои рақиби ӯ ҳам наметавонад пеши роҳи эътирозоти шадиди мардум ва нооромиҳо гардад.
Бесуботӣ ва мавҷи нави нооримоиҳо дар Афғонистон ба манфиати Тоҷикистон нест.
- Ташаккур.