АЛАМХОН РАҲМАТОВ: ПОДШОҲИ МО, ДИГАР ПОДШОҲИ ШУМО НЕСТ!

Мусоҳиба 13.08.2009 15:12

Зимни як амалиёти муштараки нирӯҳои ҳукуматӣ сию панҷ ҳазор гектор замини назди сарҳадӣ дар ноҳияи Шӯрообод аз тассарруфи қочоқчиёни афғон пурра озод шуд. Ва инчунин барои нахустин бор дар ин мавзеъ дидбонгоҳи марзбонӣ гузошта шуд. Солҳои қабл низ дар ин мавзеъ амалиёт гузаронида мешуд, аммо ин амалиётҳо номуваффақ анҷом меёфтанд. Коре, ки ҳамакнун сарҳадбонони тоҷик анҷом додаанд, ҳатто замони шӯравӣ ва пас аз он марзбонони Русия анҷом дода натавониста буданд.

Марзбонони Русия барои осонии кор ин минтақаро пурра минкорӣ карда, бо ҳамин масъулияти хешро анҷомшуда меҳисобиданд. Дар робита ба ҳамин мавзӯъ бо полковник Аламхон Раҳматов, сардори қисми ҳарбии 29 31, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод сӯҳбате оростем.

ОЗОДСОЗИИ ПОРАИ ХОКИ ВАТАН

-Озод кардани минтақаи душворназорати марзӣ аз тассарруфи қочоқчиёни афғон чӣ гуна ба шумо даст дод?

- Банда, ки худ зодаи ин диёр ҳастам, сарҳадшиканиро дар солҳои тӯлонӣ дар ин минтақа зиёд мушоҳида мекардам. Мавриди зикр аст, ки дар ин минтақаи марзӣ бузҳои нодири пармашохе, ки ҳатто дар ҷаҳон нодир ҳастанд, аз ҷониби қочоқчиён бераҳмона, қариб ба нестӣ расонида шуда буд. Замоне як фарди афғонро дар ин мавзеъ боздошт намудем, ки изҳор дошт, худаш ба танҳоӣ 400 адад чунин бузҳоро шикор кардааст. Амалиёт, маҳз ба хотири ҳифзи сарҳад, бо супориши сарвари давлат сурат гирифт. Дар ин амалиёт ҳам сарҳадбонон ва ҳам нируҳои амниятӣ ва ҳам кормандони милиса иштирок доштанд. Кашидани нақшаи амалиёт низ муштарак буд. Бояд бигӯям, ки то замони амалиёт 35 ҳазор гектор замин дар тассарруфи қочоқчиёни афғон қарор дошт. Онҳо дар ин замин худро озод ҳис карда, ҳатто хонаи истиқоматӣ бунёд намуда, зиёда аз 5 ҳазор бех дарахти бангдона ҳам кишт карда буданд. Хулоса, кӯҳу камари ҳамин минтақа пурра зери назорати онҳо буд. Дар амалиёти нахустин беш аз дусад нафари онҳоро аз ин минтақаи сарҳадӣ берун кардем. Ҳоло, аз дарё ин тараф пурра зери дасти сарҳадбонони мо ҳаст. Бачаҳо ҷасурона сарҳадро муҳофизат доранд.

ПОКСОЗИИ ХАТИ МАРЗ

- Метавон гуфт, ки ҳамакнун амалиёти муштараки нируҳои қудратӣ дар ин минтақаи марзӣ пурра анҷом ёфтааст?

- На. Амалиёти муштарак аз моҳи июн сар шуда, ҳоло ҳам идома дорад. Ҳоло даври сеюми амалиёт бар зидди қочоқчиён сар шудааст. Шумо ҳам бояд хуб бидонед, ки кӯҳистони Шӯрообод кӯҳҳову ҷангалҳои касногузар дорад. Аз ин рӯ то имрӯз шояд мо сад фисад даруни шахҳову ҷангалҳоро аз қочоқчиён пок накарда бошем ҳам, аммо бо боварӣ метавон гуфт, ки 80 дар сад ин минтақа тоза карда шудааст. Бо боварӣ метавонам бигӯям, ки то соли дигар пурра ҳудуди ноҳия аз қочоқчиён пок карда шуда, сарҳад зери муҳофизати ҷиддии мо қарор мегирад.

ЛЕНИНИ ШУМО, ЛЕНИНИ МОСТ...

- Оё дуруст аст, ки ҳатто замони шӯравӣ ин минтақа назорат намешуд ва дар ин мавзеъ ҳатто дидбонгоҳ вуҷуд надошт?

- Аз солҳои 80-уми асри гузашта медонам, ки вақте қувваҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон меҷангид, афғонҳо тариқи ҳамин минтақае, ки дар боло гуфтем, вориди хоки Тоҷикистон мешуданд. Мо борҳо дар ҳамон давр онҳоро боздошт намудаем. Онҳо озодона дар замони шӯравӣ вақте боздошташон менамудем, мегуфтанд, ки подшоҳи шумо, подшоҳи мост, Ленини шумо, Ленини мост. Дар ҳамон давр онҳо аз ҳеҷ чиз наметарсиданд. Аз ин гуфтор маълум буд, ки ҷаҳонбинии васеъ надоранд ва намедонанд, ки марзу давлат чист.

Ин минтақа захираи ғании тилло дорад. Дар он давра онҳо барои коркарди тилло сарҳадро убур менамуданд ва ҳайвоноти нодирро шикор мекарданд. Ҳазорон сар бузҳои нодир дар ин минтақа ба сар мебурд, аммо мувофиқи гуфтаи ҷангалбонҳо ҳоло шумораи бузҳои пармашох ҳамагӣ ба 200-250 адад мерасад. Тасаввур кунед, ки агар мо сари роҳи ин амалро намегирифтем, кор бо чӣ меанҷомид.

МУШКИЛОСОН¬КУНКАСОНРО ГУМ МАКУН

-Албатта, бо мушкилот ин минтақаро зери назорат қарор додед. Хуб, бигӯед, ки ҳоло марзбонон дар ин мавзеъ чӣ мушкилот доранд?

- Шумо хуб медонед, ки қабл аз мо то солҳои наздик дар марз русҳо қарор доштанд. Ва ин минтақа аз сабабе, ки назорат намешуд, қариб, пурра мингузорӣ шуда буд. Баъзан минаҳо аз тарафи душманони миллати мо низ гузошта шуда буд. Ин минаҳо аксаран тоза нашудаанд. Барои ҳамин мушкили мо ҳамин минаҳо мебошад. Дар ҷанг вақте бо душман рӯ ба рӯ меҷангӣ, он қадар хавф надорад. Вале мина душмани пинҳонест, зери по, ки ҳар лаҳза бо марг рӯ ба рӯят мекунад.

Бо мадади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ фикр мекунам, ки ин мушкилот ҳалли худро меёбад. Орзуи мо ҳамин аст, ки ҳар чи зудтар минтақаи сарҳадӣ аз минаҳо тоза карда шавад ва сарҳадбонони мо озодона марзро ҳифз намоянд. Мушкилоти дигар кӯҳу шахҳои касногузари ноҳия мебошад, аммо ин ҳоло сади ҳифзи марз шуда наметавонад. Тоҷик пуртоқат ва ҷасур аст. Фикр мекунам, мо бо тоҷикбачаҳои сарҳадбон ин мушкилотро рафъ мекунем.

РУСҲО НАТАВОНИСТАНД, ШУМО МЕТАВОНЕД?!

- Бубинед, ки ҳатто русҳо ҳамин минтақаи марзиро наметавонистанд муҳофизат намоянд, вале шумо ин корро анҷом додед. Асрори муваффақияти шумо дар чист?

- Замини Тоҷикистон барои мо муқаддас аст. Тоҷикистон барои мо Ватан аст. Чӣ тавр мо барои муҳофизати ин марз талош намекунем?! Мо талош мекунем, ки сарҳад ҳифз шавад, зеро дар инҷо модари мо зиндагӣ мекунад, фарзанди мо зиндагӣ мекунад, пас чӣ тавр мо дар ҳифзи он ҷоннисорӣ накунем. Ҳар ваҷаб хоки Ватанро бо дандон ҳам бошад, ҳифз хоҳем кард.

Шукри худо, рӯз то рӯз афсарони мо касбитар мешаванд. Барои сохтмони дидбонгоҳҳои нав созмонҳои байналмилалӣ 700 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак карданд. Ҳоло афсарони мо дар сарҳад ҳамроҳи хонаводаҳои худ зиндагӣ мекунанд.

МАРДУМ АЗ МАВОДИ

МУХАДДИР БЕЗОР АСТ

- Оё бо марзбонони давлати исломии Афғонистон ҷи¬ҳати ҳифзи марзи дуҷониба ҳамкорие доред?

- Бале. Мо бо марзбонони афғон сӯҳбат доштем, ки онҳо низ марзи худро аз он тараф муҳофизат кунанд. Аз онҳо хоҳиш кардем, ки миёни мардум сӯҳбатҳо гузаронанд, то маводи мухаддир истеҳсол накунанд ва ғалла бикоранд. Мо ҳам бо мардуми худ бо раҳбарии раиси ноҳия мӯҳтарам Иброҳим Азизов сӯҳбатҳо мегузаронем. Ҳоло ба назар мерасад, ки мардум ин масъаларо хеле хуб фаҳмиданд. Халқи мо аз ин мавод безор аст. Барои он ки аксарият маҳз аз пушти ин мавод хонавайрону дарбадар шуд.

Ҳамин минтақае, ки озод шуд, хеле минтақаи сарватманд аст. Тилло дорад, зирра дорад ва дигар навъи меваҳо. Пас, аз ором шудан сокинони ноҳия худ метавонанд, ин неъматҳоро истифода кунанд. Дар он сӯйи марзи Шӯрообод чор вулусволӣ, аз ҷумла, вулусволии Хоун, Роғ, шаҳри Бузург, Чайёб ҷойгиранд. Марзбонҳои афғон низ дар масҷидҳо сӯҳбат мегузаронанд, то мардум дигар сарҳадшиканӣ накунанд. Фикр мекунам, ки ҳамсояҳо низ фаҳмиданд, ки қочоқи маводи мухаддир оқибат надорад. Онҳо изҳор доштанд, ки ба мардуми худ мерасонем, то гандум ва дигар зироатҳои манфиатовар корида, аз кишти маводи мухаддир парҳез кунанд.

ДӮСТ ОЯД, ГАРМ БАР ОҒӮШ ГИР...

-Дар он тарафи марз низ тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Аксарият дар ноҳияи Шӯрообод ва дигар навоҳии минтақа хешу табор доранд ва оё...

- Дуруст аст, ки марзи моро дар охири асри Х1Х ҳокимони вақти русу англис ҷудо намуданд. Хуб медонам, ки дар он тарафи марз низ тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Бигзор, онҳо ба Тоҷикистон биёянд, аммо танҳо бо роҳи қонунӣ. Дар ин сурат касе сади роҳи онҳо намегардад. Дар сурати дигар касе, ки марзи моро ғайриқонунӣ убур мекунад, ҳатман ҷазо мегирад.

- Ташаккур барои сӯҳбат!


Мусоҳиб
Мӯъмин А. Шерхонд
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97