Дар ғаму шодӣ шарики ҳам: саргузашти ҳамсари руси муҳоҷири тоҷик

Муҳоҷират 12.09.2018 17:37

Бисёриҳо ин суолро мепурсанд - оё ишқ вуҷуд дорад ё на?

Ишқ вуҷуд дорад ва мо онро дар ҷанубтарин нуқтаи Тоҷикистон, дар марз бо Афғонистон пайдо кардем, ки ҳавои ин макон мисли ишқ тафсон аст.

Дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон тобистонҳо дамои ҳаво бештар аз 50 дараҷа гарм мешавад ва инсоне, ки ба гармо одат накардааст, соати 7 субҳ аллакай наметавонад дар берун дигар гашту гузор кунад. Дар фосилаи 15-километрии маркази ноҳия деҳаи хурде бо номи Сурхоб мавҷуд аст, ки на об дораду на беморхона ва хомӯшшавии пайиҳами барқ касеро ҳам ба тааҷҷуб намеорад. Ин макон бо Канораи Москва (Подмосква) фарқи зиёде дорад, ки Александраи зебову қоматбаланд ва тиломӯй панҷ сол пеш ҳамроҳ бо шавҳараш Барот аз он ҷо омад.  

Ҳабдаҳ баҳори ишқ

Александра замоне бо Барот шинос шуд, ки 19 ва Барот 25 сол дошт. Бароти ҷавон мисли аксари зодаҳои Осиёи Марказӣ як муҳоҷири меҳнатӣ буд ва дар Канораи Москва кор мекард. Вай қомати баланду мавзун ва пӯсти офтобсӯхта дорад ва бо забони русӣ бидуни гиреҳ суҳбат мекунад. Ҳарчанд боварнакарданист, вале вай дар ноҳияи Фархор мактаби русиро хатм кардааст.

 

Вақте Барот ба Александра пешниҳоди издивоҷ кард, Александра ба ин меандешид, ки оё васли онҳо ояндадор хоҳад буд ё на. Зеро, Барот рус нест ва барои мондан ба Русия нарафтааст. Александра шунида буд, ки мардони Осиёи Марказӣ як ҳамсар дар Русия мегиранд, як ҳамсари дигар дар ватанҳояшон - барои хешону модаронашон.

"Ман ба вай гуфтам, ки ту рус нестӣ ва дар ниҳоят ба хонаат бармегардӣ. Ман гуфтам, ки намехоҳам бо ваъдаҳои бепоя маро фанд диҳанд, муносибати муваққатиро қабул надорам. Вале вай гуфт, ки "духтар, ман бо ту то дами марг мемонам".

Аз замони гуфтумони ҷиддӣ ва ваъдаи нахустини онҳо 17 сол гузашт. Александраро пайвандон ва ҳамсояҳои шавҳар хуш пазируфтанд ва касе ҳам барои Барот зани маҳаллӣ наҷуст.

"Волидони шавҳарро маҳаллиҳо "хола" ва "тағо" садо мекунанд. Ман нахустин касе будам, ки волидони шавҳарро "апа" (ӯзб. модар) ва "ата" (ӯзб. падар) садо мекардам. Ин ғайриоддӣ буд".

Дар ноҳияи Фархор, ки шумори зиёди ӯзбекҳо ва қазоқҳо зиндагӣ мекунанд, забони тоҷикӣ - забони муоширати байни миллатҳо ба ҳисоб меравад. Александра забони тоҷикиро омӯхтааст, аммо бо ҳамсояҳои ҷавонтар вай бо забони русӣ суҳбат мекунад. Зеро бештари сокинони деҳа дар ягона мактаби русии маҳаллӣ дарс хондаанд. Соли ҷорӣ барои ҳурмати расму оини ҳамсояҳо Александра дар моҳи Рамазон рӯза доштааст...

Вай бар тибқи одати мардуми маҳаллӣ, ҳанӯз пеш аз тулӯи офтоб аз хоб хеста, ҳавлӣ мерӯбад, боғи хурди назди хонаро, ки ниҳолҳои ноку гелосу анор дорад, аз назар мегузаронад ва албатта, қисми бештари вақташро барои фарзандонаш ҷудо мекунад.

Александра шаш фарзанд дорад. Фарзанди калонии вай - Таня - синфи ҳаштро тамом ва ба синфи нуҳ гузашт. Юля, Руслан ва Валя дар Русия таваллуд шудаанд. Мавлуда ва Мадина дар Фархор. Мадина охири моҳи август яксолагиро пур кард. Ӯро дар гаҳвораи тоҷикӣ хоб мекунанд.

 

Дар деҳа шароит бадтар мешавад. Вазъи беҳдоштӣ беҳбудиро талаб мекунад. Ин ҳолат дар гӯшаҳои дигари собиқ шӯравӣ ҳам дида мешавад. Аз ин рӯ Александра аз зиндагӣ шикоят надорад. Вай мегӯяд, тақрибан тасаввур мекард, ки ӯро чӣ интизор аст.

Омаданд, ки дубора баргарданд

Баъд аз 12 соли зиндагӣ дар Канораи Москва хонаводаи Барот дар пайи бемории вай ба Тоҷикистон омад. Ба далели надоштани шаҳрвандӣ, дар Русия табобат барои Барот гарон меуфтод, бинобар ин вай ҳамроҳ бо хонаводааш ба Тоҷикистон баргашт. Инҷо ӯро табобат карданд.

Аммо хонавода барои баргаштан ба Русия шитоб надорад. Роҳхарҷӣ барои ҳашт узви хонавода хеле гарон хоҳад уфтод. Сониян, ҳуҷҷатҳоро бояд таҷдид кард. Сарфи назар аз инҳо, шитоб кардан барои Александра аҳамияте надорад, зеро дар Русия волидони вай вафот кардаанд ва бародару хоҳари Александра зиндагии худро доранд. Ба дидори кӣ бояд шитобад?

Дар ҳар сурат, хонаводаи Барот дар фикри баргаштан ҳаст. Сабаби ягона, мисле ки 17 соли пеш Баротро ба Русия бурда буд, бекорӣ аст. Барот - ягона ноновари хона, худро ба ҳар дар мезанад. Дастгоҳҳои ҳамсояҳоро таъмир мекунад, чӯпонӣ мекунад, дар сохтмон ва таъмири хонаҳо ёрӣ мерасонад. Аммо ин машғулиятҳо барои таъмини хонаводаи бузург кифоят намекунанд.

Ҳоло Барот бо ҳамсараш тасмим доранд, ба Русия баргарданд, қоматашонро рост кунанд ва баъдан кӯдаконро ба назди худ даъват кунанд. Дар Фархор кӯдакон дар назорати хешовандон мемонанд. Хешовандон кӯдакони Бароту Александраро мисли фарзандони худ назорат ва тарбият мекунанд. Александра маҳз барои ин Шарқ ва анъанаҳояшро меписандад - ҳамеша касе пайдо мешавад, ки мумкин аст, ба вай такя кард.

«Ҳаво»

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97