Зинда ба гӯр

Муҳоҷират 24.04.2016 07:39

Хабари зинда ба гӯр кардани як ҷавони дар ҳукми гул дар Русия шабакаҳои иҷтимоиро ба қавле «таркондааст». Ҳар кас ба шеваи худ онро баҳогузорӣ карда ва эҳсосоти худро нисбат ба ин ҳодисаи даҳшатбор баён медоранд. Яке муҷримонро ба сарбозони «хунмасти» лашкари ҷаррори ДИИШ ташбеҳ медиҳад ва дигаре дар ҳаққи золимон дуои бад мекунад. Хулоса, ин амали ваҳшиёна қариб касеро бетараф намегузорад.

Бале, ин Инсонҳо ҳастанд, ки дар баробари ваҳшоният ва ҷоҳилият садо дар додаанд. Агарчӣ ҳар кадом дар сатҳи дониш, биниш ва дарки худ ба ҳодиса баҳо гузоштаанд. Вале саволе, ки дар ин маврид ав­валтар аз ҳама матраҳ мешавад, ин аст: Башарро чӣ шудааст? Ин ҳама дарандахӯйӣ аз куҷо сарманшаъ мегирад? Инсоният куҷо равона аст?

 Вале боз ҳам, чаро ин гуна ҳодисаҳои хуношом маҳз имрӯз расонаӣ шудаанд? Дар гузашта, ҳамватанони мо дар Русия бе­иззат ва таҳқир намешуданд?

 Аввалтар як муруре ба ин хабар мекунем: 

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ як муҳоҷири 22-солаи тоҷикро дар шаҳри Волгогради Русия зинда ба зинда ба гӯр кар­дааанд. Расонаҳои ин шаҳр бо такя ба қавли пулис гуфтаанд, ҳодиса ҳафтае пештар ҳангоми таҷлил аз ҷашни таваллуди ин муҳоҷири тоҷик дар манзили соҳибхонаи ӯ рух додааст.Ин хабар рӯзи 19 апрел расонаӣ шуда, аммо ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон зикр наёфтааст.

 Сарвар Бахтӣ, сухангӯи са­форати Тоҷикистон дар Маскав, ба расонаҳо гуфтааст, ки онҳо дар бораи ин қазия аз матбу­от огоҳ шуда, барои дарёфти иттилои дақиқ ба Кумитаи таф­тишотии Волгоград дархости расмӣ фиристодаанд. Аммо то замони нашр шудани ин хабар посухи ин номаи сафорат дода нашуда буд.

 Вале ин ниҳоди тафтишотии Русия бо нашри иттилои расмӣ гуфтааст, ки ҳангоми корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар таҳхонаи сокини Волгоград нишонаҳои хун, чоҳи навкандашуда ва ҷасади ҷавони тоҷикро ошкор кардаанд.

 Ба иттилои расонаҳои Ру­сия, то кунун дар бораи ин ҳодиса муҳоҷири дигари тоҷик, ки аз ӯ низ ном бурда наме­шавад, шоҳидӣ додааст. Бино ба шоҳидии муҳоҷири дувум, соҳибхона бо ҳамсояҳояш шаҳрванди Тоҷикистонро ба таҳхона бурда, маҷбур карда­анд, то барояш қабр биканад ва баъдан ӯро зинда зери хок кардаанд.

 Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

 Шояд ҳам ин гуна ҳодисаҳои даҳшатбор дар Русия сари ҳар қадам рух медиҳад ва ҳамчунин муҳоҷирони тоҷик бо садҳо чу­нин бераҳмӣ сари ҳар қадам рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо чаро маҳз имрӯз ин ҳодисаҳо расонаӣ шудаанд, ҷойи суол аст. Шояд Русия мехоҳад бо расонаӣ кар­дани ин ҳодисаҳои даҳшатбор чашми муҳоҷирони корҷӯйи тоҷикро битарсонад ва аз ома­дани муҳоҷирони бештар ба Русияи рӯ ба буҳрон ҷилавгирӣ кунад. Аммо оё ин магар имкон дорад? Гурусна ба шер задаастмегӯянд дар урфият. Мардико­роне, ки барои ёфтани буридаи нон ба ин кишвар рафтаанд, ҳаргиз бо дасти холӣ ба хона барнахоҳанд гашт. Агар он бо баҳои ҷон ҳам тамом шавад. Ин ҳодисаҳои даҳшатбор, ба хусус бадрафторӣ ба муҳоҷирони заҳматкаши кишварҳои Оси­ёи миёна, барои Русия танҳо беобрӯйӣ меоварад. Аз ин рӯ Русия, ки иддаъои шарики муҳимми стратегӣ будани ху­дро ба хусус бо Тоҷикистон борҳо ва борҳо такрор мекунад, дар баробари бо буҳрон панҷа нарм кардан, бояд барномаи роҳбурдии муносибе барои корҷӯёни кишварҳои шарикашро низ рӯйи даст би­гирад.

«Миллат»

бознашр аз Миллат\ №15 аз 20.04.2016

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97