Маҳмадулло аз кӣ мегурезад

Муҳоҷират 24.07.2012 08:00

Ё МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ АКСАРИЯТАНД Ё  ГУРЕЗПОҲО?

igranti_mahmaduloЗамона дигар гашту бо аз байн рафтани (хушбахтона) Иттиҳоди шӯравӣ (барои он ки МО мустақилият мехостем. - Н. Н.) ҷумҳурии  мо ҳам дар баробари 14 ҷумҳурии миллии дигар истиқлол ёфт ва соҳибистиқлолии хешро эълом намуд. Азбаски даврони шӯравӣ аксар ҷумҳуриҳо (минҷумла Тоҷикистон ҳам) ба ном дар Иттиҳоди шӯравӣ буданду "нишони" тараққиашон камтар ба чашм мерасид, корхонаву заводу фабрикаҳои "зарурӣ" аслан дар марзи Русияи шӯравӣ сохта мешуданд ва ҷумҳуриҳои ақибмонда асосан "фабрикаи ғуломбарорӣ" буданд...

Ин "сарсухан" ишора ба он аст, ки насли даврони соҳибистиқлолии тоҷик бидонад, ки СССР (давлати коргару деҳкон...) ба ном як давлат буд, вале тараққиву рушди "ҷумҳуриҳои баробар"-нобаробар сурат мегирифт!... Аз ҷумла имрӯз ҳам пеши назар биоваред, ки дар РСС Тоҷикистон (давоми беш аз 70 сол) кадом корхонаи азим ва муҳимро сохтанд, ғайри Корхонаи нассоҷии (ногузир барои коркарди пахта) ш. Душанбе ва як-ду корхонаи кимиёӣ?!...

Метавон дар ин росто мисолҳои фаровон овард, яъне агар мустақил намебудаӣ, "аз тараққиёт фаромуш бикун"!...

Ин мақоларо намехоҳам ба танқиду ғайбати "Тоҷикистон ва замони шӯравӣ" ихтисос бидиҳам, ин танҳо як муқаддима буд, барои маълумоти умумӣ, аммо ҳоло ба кадом самт равонаем. Ва оё роҳе ки мо меравем "ба Туркистон" нест?!

Пошидани СССР ва тафриқа дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ

Ба ҳар касе, ки аз даврони пеш аз истиқлол ва рӯзҳои аввали эъломи соҳибистиқлолӣ бохабар аст, то  кунун пӯшида нест, ки миллати мо пас аз солҳои 90 ба чи мушкилот мувоҷеҳ шуд. Ва на танҳо мардуми мо, дигар мардуми дар Иттиҳоди собиқ зиндагӣ доштаро низ мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ "пеши раҳ" омад. Мардуми ба як низоми "ором ва осоиштагӣ" одат кардаи мо бо дассисаву нохалафии баъзе аз давлатҳои султаталаб ва сустиродагии роҳбарони он замон яку якбора ба саргардониҳо сар ба сар омад. Яъне, дар иддае аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ агар "тақсими мероси шуравӣ" дар авҷ буд, дар қисмате ҷангу ҷанҷолҳо аз зиндагии нохуш рух дод...

Дар ҷумҳурии мо ҳам агарчи мардум дар оғози ба истиқлол даст ёфтан "зиндагии шоҳона" надошт, иддае аз мансабталабони раҳгумзада миллати сарбаланди тоҷикро ба сарсониву саргардониҳо мувоҷеҳ сохта, мардумро алорағми ҳам оварданд.

Инглис ҳам муҳоҷир аст, тоҷик ҳам, аммо...

Бо чашм андохтан ба он ҳама имконияте, ки кишвари мо дорад, агар вазъияти мо ба мисли солҳои 1992-97 намешуд, имрӯз бештар аз миллион шаҳрванди қобили меҳнати тоҷик муҳоҷиру саргардон намегашт. Ва агар воқеаҳои нохуш дар кишвари мо рух намедод, мардуми бешумор имрӯз берун аз ҷумҳурӣ намерафт. Яъне гуфтори мо андар боби "муҳоҷири меҳнатии тоҷик ва рӯзгори ӯст".

Аз рӯи маълумоти расонаҳои зиёди ҷаҳонӣ огаҳем, ки "миллате нест, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафта бошад". Ҳатто ҳамин инглисҳое, ки нисфи дунёро забт карда буданд, барои кор-муҳоҷирати меҳнатӣ ба Амрикову Австралиё...рафтаанд. Пас, барои тоҷик ҳам "айб нест", ки барои кор кардан ба кишвари дигаре меравад.

Ин ҷо сухан аз хусуси рафтани муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар кадом кишварҳо бештар будани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик намеравад, зеро ҳама медонад, ки беш аз 80 фисади муҳоҷирони кории мо дар Русия, пасон дар Қазоқистону Укроин, Белорусу Молдова ва кишварҳои дигари дуру наздик рафтаанд ва "аксари онҳо мераванду меоянд"...

Аз кишварҳои ҳамҷавор ва "чор тарафи мо ҳам" ба муҳоҷирати корӣ кам нарафтаанду мераванд...

Тавассути ин рӯзномаи дӯстдоштаи мардум ба онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванду падару модар, хешу табор ва наздикони худро фаромуш накарда, сари ҳар чанд вақт ба хабаргирӣ меоянд ва ё агар давоми ним сол ва ё соле омада наметавонанд, маблағи муайяне мефиристанд, изҳори сипосу ихлос намуда, барояшон саломативу умри дароз орзу мекунем ва ҳамагон ин гуна инсонҳоро ҷавонмарду бошараф мегӯянд. Метавон номи чунин ашхосро рӯи сафҳаи ин рӯзномаи дӯстдоштаи муҳоҷирон овард, вале аз шумори зиёдашон сафҳаҳо  "тангӣ" мекунад. Онҳо бояд хуб дарк бикунанд ва дониста бошанд, ки ҳар касе миллату ватанашро дуст медораду падару модарашро фаромуш намесозад..., инсони оқилу одилу комил аст ва дар ҳама ҷо ва дар ҳама давр  эҳтиром дорад....

Шояд беш аз 90 фисад (ба тахмин) ҳаммилат ва ҳамдиёрони ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаи мо Ватану миллату падару модар ва наздикони хешро фаромуш накардаанд ва аз рӯи имкон ҳам дасти кумак ба эшон дароз мекунанд...

Аммо сухани мо аз он гурезпоҳо, сустиродаҳо ва онҳое, ки дар ҳақиқат на барои кор кардану ба касе мадад расонидан ба Русия ва дигар кишварҳо рафтаанду мераванд, аст. Нахуст аз онҳое, ки ман онҳоро аз наздик мешиносам, қисса мекунам. Намехоҳам онҳора ба беасливу бенангӣ муттаҳам кунам, зеро то рафтанашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ  ҷавонмардони неку меҳнатдӯст буданд. Аммо бо чӣ сабабе "ба рӯйхати сиёҳи мо" ворид шуданд, мухтасар ёдрас мешавем, зеро қариб 20 сол аст, ки "бе падару модар, бародару хоҳар, хешу табор, ёру дӯст ва аз ҳама сахттар - бе Ватану миллати шарафманди хешанд!!!". Агар ҳар кас ки бартарияти ин ҳама муқаддасотро надонад ва дасти мадад ба онҳо дароз накунад, кист?! Ғариби беватану беёру диёр...?

МАҲМАДУЛЛО АЗ КӢ МЕГУРЕЗАД?!....

Маҳмадулло Ҷорубов, зодаи деҳаи Пайшанбеободи ноҳияи Ванҷ, хеле ҷавони меҳнатдӯст ва хоксор буд ва дар ҳақи ӯ чизе гуфтанӣ нестем, ғайри афсусхурӣ... 

"Афсусхурӣ" барои он ки бо кадом сабаби номаълум, беш аз 18 сол аст, ки "ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравам" гуфта, ба Русия рафтааст ва то ҳол аз ӯ на хат асту  на хабар, бедарак аст... Ҳатто бародари калониаш Зардулло Донаев (бо номи падараш сабт шудааст), нақл кард, ки "мо Маҳмадуллоро дар шаҳри Сизрани Самара (соли 1998) пайдо кардем, аз мо хабар ёфта, назди мо омад ва ваъда дод, ки "рафта пулҳои кор кардаамро мегираму бозмегардам", вале пас нагашт ва аз ҳамон сол ҷустуҷӯ дорем, аммо ҳануз бенатиҷа"...

Ин гуна шахсе, ки ба фарзанди падари худ ваъда медиҳаду фиреб дода, ба куҷое ғайб мезанад, кист, чӣ гуна инсону ҷавонмард аст? Маҳмадуллои "гурезпо" ҳатто ягона фарзандашро, ки алҳол ба синфи 11 гузаштааст, то ҳол надидааст. Фарзандаш имрӯз дар хонаи амаки Зардуллояш  асту чашм дар роҳи падар чор...

Бовар дорем, ки Ҷамъиятҳои бешумори дар Русия ташкилшудаи тоҷикон (аслан ин "ҷамъиятҳо" ба чӣ кор машғуланд? Медонем, ки маъракаҳои рақсу бозӣ доштаро нағз мебинанд...) аз Маҳмадулло Ҷорубови "гурезон аз зану фарзанди хеш ва фарзандони падар..."-ро ба мақомоти дахлдор ва осонтараш ба суроғаи "Миллат", агар "хабари хуш" медоданд,  "воқеан дар хидмати мардум" буданашонро эътироф мекардем.

Шояд чунин "гурезпоҳо" ва ё ба қавли дигар "бедилон" миёни муҳоҷирони меҳнатӣ кам набошанд ва падару модар ва наздикони онҳо дар суроғашон "дили пурхун" доранд?! Ва аз сӯи дигар, ин гуна ашхоси бедаракшуда, шояд на бо айби худ "ба гирдоби балое" гирифтор  шуда, роҳи халосӣ мекобанд?!... Ҳар чи ҳам бошад, вазифа ва мақсади ҳар яки мо, ки ҳаммиллатони ғарибафтодаро дӯст медорем, пайдои онҳо ва мадад расонидан ба эшон аст! Агар аз миллати дигаре ҳатто "саги пираш" гум шавад, ба чор сӯи дунё "бонги хатар" мезананд!... Ин ҷо Маҳмадулло "худаш худашро гум кардааст"- баргаштан намехоҳад, ки сабабашро ҳануз мо намедонем...

СУЛАЙМОН КАЙ БАРМЕГАРДАД?!...

Дигаре, на ба ранги Маҳмадулло, ки аз бародари худ гурехта, имрӯз аз худ дарак намедиҳад, нест, ӯ дар шаҳру вилояти Маскав кор мекунад ва соли 20 -ум аст, ки ёди Ватан ва падару модару фарзандони хеш намекунад. Ин кас Ҳокимов Сулаймони 53 сола, зодаи деҳаи Вскроғи ноҳияи Ванҷ аст. Аслан то рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳама медонистанд ва медиданд, ки Сулаймон хеле шахси хоксор, одамдӯст ва меҳнаткаш аст. Имрӯз ҳам мешунавем, ки бо меҳнати худ зиндагӣ карда, ҳатто дар пайдо кардани кор барои бисёре аз ҳаммиллатон кумак кардааст. Аммо мақсад аз ёдоварии мо аз Сулаймон ин аст, ки "чаро давоми ин солҳо (20 сол) ба айёдати падару модар (модараш фавтид, наомад), зану фарзанд, бародару хоҳар, хешу табор ва дидани Ватан наомад?!" Ин чӣ дил асту виҷдон, ки "аз ин ҳама муқаддасот... рӯ гардондааст?!"...Ин мард ҳамсинфи ман аст ва агар шахси софдилу  тозадаст намебуд, имрӯз мегуфтам, ки "бало ба пасаш, охир ӯ ҳамин хел буд"... Аз ин рӯ, мо тавассути ин рӯзнома аз ӯ ва "ӯ баринҳо" даъват мекунем, ки; "зиндагӣ тез гузарон асту падару модар, фарзандони падар... абадӣ нестанд"...

Дар ҳақиқат, дар Русия қисмати бештари ҳамдиёрони мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ба корҳои сохтмонӣ, фурушандагӣ, дар ширкату корхонаҳо... машғули меҳнат буда, барои худ ва рӯзгорашон маблағ пайдо мекунанд. Бо сабабҳои мухталиф на ҳама муҳоҷирони кории мо (ҳатто онҳое ҳам, ки мехоҳанд) давоми ним сол ва ё як сол ба айёдати падару модар, фарзанд ва хешу табор омада метавонанд. Яке "ҳануз кораш тамом нашудааст, дигаре маблағашро ҳануз пурра нагирифтааст, шояд қисмате мехоҳанд, ки бештар маблағ пайдо карда пасон баргарданд"...Яъне, мегӯянд, ки "баъзан на ҳама кор бо хости дили кас  иҷро мегардад" ва ҳамин гуна "калиди на ҳама кушоиши кор дар дасти муҳоҷирони меҳнатии мост". Ин ҳам на он қадар "фоҷиаест", ки рӯяш зиёд бояд ҳарф зад. Фоҷиа ва ё мушкили ҳар хонадон ин аст, ки аъзои оила, фарзанд, бародар ё ҳамсару хоҳар... ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераваду барнамегардад, маъюбу маслуқ мешавад ва ё аз худ дарак намедиҳад... Аз ин ду фарде ҳам, ки мо ёдовар шудем, шукр зиндаанд, аммо фоҷиа ин аст, ки онҳо асли хешро шояд аз ёд бурдаанд ва ёру диёрро ба дасти фаромӯшӣ супурдаанд.

Маҳмадуллову Сулаймон пайравони зиёд доранд

Мехоҳам бигӯям, ки ҳар ки ихтиёр дорад, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ биравад ва ё дар ватан ба шуғле масруф бошад. Вале рафтораш на ба мисли он ду ошно, ҳамдеҳагони ман, ки "муҳоҷирати меҳнатиро" ниқоб карда, "гурез" аз наздикон, ёру дӯст, бародару хоҳар, фарзандон ва билохира Ватани маҳбуб кардаанд, бошад: Маҳмадуллову Сулаймон!! Онҳоро ғайри "гурезпо" ном гузоштан, аз ин сахттар унвон ёфтан ҳам мушкил нест. Бояд онҳо ҳам бифаҳманд ва ононе, ки ҳам монанд ба ин "дуанд", агар рафторашон "чунин аст" дар зиндагӣ эҳтирому эътибор ёфтанашон ба гумон аст... Шумо бошед-хонандагони ин рӯзномаи дӯстдошта  ҳамин гуна "гурезпо"-ҳои дигарро медонед?!"...Аёнамон гардид, ки на ҳама  "муҳоҷирони  меҳнатӣ"  барои пайдои ризқу рӯзии ҳалол барои худ ва аҳли хонадонашон мерафтаанд. Пас, ташвиши мо ба кулли онҳо "якранг нест!"...

Неъматуллои Нурулло, рӯзноманигор.   

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97