Сирил Мюллер; Нерӯгоҳи «Роғун» сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистонро боло мебарад

Хабари хуб 17.11.2018 10:20

Сирил Мюллер муъовини президенти Бонки ҷаҳонӣ дар умури Урупо ва Осиёи Марказӣ зимни ифтитоҳи аввалин турбини нерӯгоҳи барқ обии Роғун гуфт, ин нерӯгоҳ метавонад сатҳи зиндагии мурдуми Тоҷикистонро боло барад.

Вай бо баёни ин ки ифтитоҳи агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун марҳилаи муҳимми торихӣ дар бахши энержии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, афзуд, Роғун метавонад манбаи нерӯи барқи ниҳоят зарурии арзон, барқароршаванда ва боэътимод барои мардуми Тоҷикистон гардад. Инчунин он метавонад сарчашмаи аввалиндараҷаи содироти нерӯи барқ шуда, барои дигар сармоягузориҳои калидӣҷиҳати мусоидат ба таҳаввули иқтисоди Тоҷикистон ва фароҳам овардани замина барои ояндаи шукуфон, сарчашмаи муҳими даромад бошад.

Мюллер дар хотимаи суханонаш таъкид намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон ҳудуди 415 миллион долларро сармоягузорӣ карда, дастгирии ин ва дигар бахшҳоро идома хоҳад дод.

Ин дар ҳоле аст, ки  дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи барқ обии Роғун меҳмонони зиёди дохилӣ ва хориҷӣ, хабарнигорон ва мақомоти олии Тоҷикистон ширкат карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1-уми июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст. 

Сарбанди "Роғун", ки баландиаш 335 метрро ташкил хоҳад дод, дар ҷаҳон баландтарин садд ба ҳисоб меравад. Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97