Кореяи шимолӣ аз озмоиши силоҳи нав хабар дод

Хабари хуб 16.11.2018 14:40

Кореяи шимолӣ субҳи имрӯз (ҷумъа) аз озмоиши муваффақиятомези «силоҳи статегии, ҷадид ва пешрафта»- и худ бо ҳузур ва назорати Ким Чен Ин раҳбари ин кишвар хабар дод.

Ҳанӯз ҷузиёти бештаре дар ин робита ба даст наёмада, аммо гуфта шудааст, ки муддати замоне тӯлонӣ барои пажӯҳишҳои муртабит ва фароянди сохти ин силоҳ сарф шудааст.

Хабаргузории Кореяи шимолӣ дар гузориши худ меафзояд, ки ин силоҳ қудрати низомии Пхенянро ба таври чашмгире афзоиш медиҳад.

Дар ин гузориш ба навъи силоҳ ё замони анҷоми озмоиш ишора нашудааст.

Ин барои нахустин бор аз соли гузашта аст, ки раҳбари Кореяи шимолӣ худ дар замони анҷоми озмоишҳои низомии ин кишвар ҳузур пайдо мекунад.

Расонаҳои Омрико қабл аз ин гузориш дода буданд, ки Пхенян ҳамзамон бо пешбурди музокирот бо Кохи сафед тай моҳҳои гузашта, машғул ба сохти ракетаҳои қорапаймоӣ бо сӯхти моъеи ҷадид дар яке аз пойгоҳҳои воқеъ дар атрофи пойтахт будааст.

Ин дар шароите аст, ки чанд муддате қабл раҳбарони Омрико ва Кореяи шимолӣ саранҷом пас аз чанд даҳҳа бо якдигар дидор ва тавофуқе барои коҳиш танишҳо ба имзо расонида буданд.

Ба гуфтаи расонаҳо, Омрико аз он замон то кунун борҳо хостори таъиини як замоне аз 6 то 8 моҳҳа барои халъи силоҳ Кореяи шимолӣ шуда, аммо ҳар бор бо мухолифати давлати ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст. 

Кореяи шимолӣ соли гузашта шашумин озмоиши ҳастаии худро анҷом дод ва аз он замон то кунун чандин бор иқдом ба озмоиши ракетаҳои баллистикии қорапаймо кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97