Нахустин нишасти ҳамкориҳои минтақавии Узбекистон ва Қазоқистон оғоз шуд

Хабари хуб 16.11.2018 10:26

Нахустин нишасти ҳамкориҳои минтақавии байни Узбекистон ва Қазоқистон дар шаҳри Чимкент оғоз ба кор кард.

Ширкаткунандагони нахустин нишасти ҳамкориҳои минтақавии Узбекистон ва Қазоқистон ба баррасии мавзуъи ҳамкории кишварҳои минтақа дар ростои тарҳи «Роҳи абрешим» пардохтанд.

Дар чочӯби ин нишаст таблиғи заминаҳои сайёҳии Туркистон дар бозори Русия ва Урупо мариди баррасӣ қарор гирифт.

Ширкаткунандагон ҳамчунин тарҳҳои каридорҳои иқдисодӣ дар минтақаро, ки метавонанд асоси тарҳҳои минтақавӣ дар заминаи сайёҳӣ бошанд, ба таҳлил кашиданд.

Дар доираи ин нишаст гуфта шуд, ки тури миллии сайёҳии «Қазоқистон- Қирғизистон- Узбекистон- Тоҷикистон» аз тариқи Роҳи абрешим ташкил карда шавад.

Дар ин нишаст аз ҷониби Қазоқистон Аскар Мумин муовини аввали сарвазир ва аз ҷониби Узбекистон Очилбой Раҳматов муовини аввали сарвазири ин кишвар ширкат карданд.

Қазоқистон яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Узбекистон маҳсуб мешавад ва мубодилоти тиҷории ин ду кишвар дар соли 2017 ба беш аз ду миллиард доллар расидааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97