Як миллион тоҷики ғулом

Муҳоҷират 05.03.2012 15:06

Ё банд бар по нест, бар ҷону дил аст...

Барои ғулом озодӣ бадбахтист

golovtadjuikiЧанде пеш, вақте рӯзномаи "Юландс Постен" - (ҳамон рӯзномае, ки тасовири масхарасози Паёмбари Исломро чоп карда буд) - ро варақ мезадам, чашмам ба навиштаи як нафар тарҷумашиноси африқоӣ уфтод, ки гуфта буд, шояд даҳсолаҳо не, садсолаҳо ба кор аст, ки таъсир ва ангезаи даврони ғуломӣ аз рӯҳу равони мардумони сиёҳпӯст зудуда шавад. Яъне ин ангеза ҳанӯз ҳам рӯи шахсият ва ҳувияти ин мардумон таъсиргузор будааст.

Баъд ба даҳшат фикр кардам, ки беш аз 1 миллион нафар фарзандони тоҷик - насли аз 17 то 50 сола ҷавҳари зоянда ва офарандаи миллат, ки таи 20 соли охир дар паҳноҳои Русия ранҷи ғуломӣ, ё ба истилоҳи нармтар "мардикорӣ" мекашанд, чӣ нақше дар ҳувияти нажоди тоҷик ба ҷо хоҳанд гузошт.

Таваҷҷуҳ кардед, ки гуфтем, "таи 20 соли охир?" Бале, бале, ин ҳамон 20 соли ғуломие, ки "ҳамсол" - и 20 соли истиқлоламон ҳаст, ки ҳамин як рӯзакак бо шӯру шараф ҷашнаш гирифтем. Ин ҷашн шояд ҳамон маззаеро дошт, ки як ғуломи африқоӣ замоне, ки "хати озодӣ" - ашро ба дасташ доданд, дар комаш эҳсос мекард: Ширин? Талх? Вале чӣ кунам бо ин озодӣ? Ба куҷо равам бо ин озодӣ? Бо пои аз занҷир озод, вале дар гили қашшоқӣ, нодорӣ, фурӯмондагӣ дармонда ба куҷо тавонам рафт?

Ва ғулом баргашт ба "оғӯш" - и хоҷаи пешинааш. Ва кӯзаи заррини лабрез аз оби ҳаётбахши истиқлол аз дастони аз ташнагию хастагӣ ларзони тоҷик афтоду ба замин хӯрд, обаш ҳам рехту оби рӯяш ҳам.

Ва нахуст суоли ин ҷо матраҳ он аст, ки чаро? Мо ку дар он занҷира танҳо набудем. 14 "бародар" будем. Вале чаро маҳз тоҷик дар паҳнои шӯравии собиқ ин тавқи сабилмондаро дар гардан дорад? Куҷо монд он тоҷу тоҷдориамон, «ғурур» - и тоҷиконаамон, «сарбаландӣ» - амон, ки дар ин бора хирман-хирман ҳарф мезанем, ба ҷои хирмани гандум ва тонна-тонна китоб менависем ба ҷои тоннаи пунба. Ҳар қадар, ки хирмани гандуму пахтаамон камбартар мешавад, хирмани лофу газофамон «пурбор»- тар.

Ғолибан, вақте ин мавзӯъ пеш меояд, худро ба он "сафед" мекунем, ки мо аз нодортарин ва қашшоқтарин аз миёни ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ будем ва ҳам тоза аз ҷанги хонабарандози шаҳрвандӣ берун омадем. Ин ду "аргумент" ба хусус дар гуфтору навиштори курсинишинону мансабдорони зисалоҳ авлавият доштаст. Чун ҷавобе ва далеле осонтар ва гӯётар аз инҳо наметавонад бошад; ҷанг ва нодорӣ.

Аз афғону курду фаластинӣ "ишқи ватандорӣ" биомӯзем

Оё кам буданду кам ҳастанд дар дунё миллатҳое, ки гирифтори ин ду бадбахтӣ ва пасомадҳое аз онҳо нашуда бошанд? Дур намеравем, Афғонистони ҳамсояи мо беш аз 30 сол ба инҷониб ранҷи ҷонкоҳи ҷангро мекашад. Беш аз 6 миллион мардуми ин сарзамин дар ақсои олам парешонанд. Паноҳандагони афғонро дар кишварҳои мухталифи Аврупо дидаам, бо мардикорони афғонӣ дар Ирону Покистон, Ҳиндустону мамолики арабӣ сӯҳбатҳо доштаам. Вале дар ҳама ҷо, ки дидаам, дар ҷабинашон, дар рафтор, гуфтор ва кирдорашон ғурури инсонӣ ва миллӣ ҳувайдо будааст. Дар худи Тоҷикистони мо, ё дар ҳамон Русия ҳам кам нестанд афғонҳо. Дидаед якеро, ки дар нигоҳаш, гуфтораш ё кирдораш "мӯҳр" - и ғуломӣ, паршикастагӣ, мазлумият ва фурӯмондагӣ нақш баста бошад?

Пас фақат ҷангу нодорӣ наметавонанд, аз омилҳои асосие бошад, ки дар тинат ва сиришти як инсон, ки зотан ва сифатан мабдаи нируи озодагист ва ба гуфтаи Мавлои Рум фақат "ғуломи офтоб" аст (Чу ғуломи офтобам, ҳама з-офтоб гӯям) ғуломии зулмат ва тариқиро ангезиш бидиҳанд.

Бонги бедории як ҳаммиллат

Ҳаминро метавон дар ҳаққи фаластиниҳо ва курдҳо гуфт. Ин ду миллат низ ҷабри таърихро бисёр кашидаанд, бо ноодилтарин ва золимтарин қудратҳои дунё даҳсолаҳо ва садсолаҳо инҷониб барои ба даст овардани ҳаққи давлатдории хеш набард мекунанд. Дар бисёре аз ҷашну сур ва маросимҳои миллии ин мардумон, ки дар Дания ва дигар кишварҳои скандинавӣ баргузор мешаванд, ширкат кардам ва дидаам, ки ашк дар чашмон ба давлатҳои ҳанӯз дар орзуҳо, хобҳо ва рӯъёҳо сохтаашон ифтихор мекунанд, ишқ меварзанд. Вале мо чӣ мекунем бо ин ҳадяи яздонӣ. Бубинед як ҷавони тоҷик чӣ гуна ба ватанаш "ишқ" меварзад; "мо на ваҳдат дорему на истиқлол, мо ғуломем! Тоҷикон беш аз 15 сол мешавад, ки ғуломанд ва ба ғуломӣ  одат кардаанд" (Аз номаи Фаридун, муҳоҷири тоҷик дар Санкт Петербург, "Миллат" 18.10.2011)

Ман ҳаргиз ва ҳаргиз дар он нестам, ки ин ҳамватани азизам, ин ҷавонмарди шариф ва заҳматкашро санги маломат зада бошам. Балки мехоҳам бигӯям, оне ки ба сарнавишти ғуломияш тан додан намехоҳад ва эътироз мекунад, ҳаққи азалӣ ва инсониашро талаб мекунад, ҳанӯз ғулом нест. Ӯ бо ин нома дар гӯши ҳукуматаш, ҳамтақдирҳояш ва куллан мардумаш бонги бедорӣ ва ҳушёрӣ мезанад. Вале суол ин ҷост, ки оё гӯши шунавое ҳаст, ки ин бонгро бишнавад, қалби шунавое ҳаст, ки бо ин бонг битанад ва ҷони шунавое ва бедоре ҳаст, ки аз ин бонг ба сутӯҳ ояд ва бихурӯшад?

Лоҳутӣ: "Вакилону вазиронанд хоин фош мегӯям…"

Ғуломии мо (бале, бале "мо" мегӯям, ҳаммиллатони азиз, наранҷед, мо ҳама ғуломем, то он ки панҷяки ҳамватанони мо ранҷи ғуломӣ мекашанд, пас мо ҳама шурӯъ аз тифлоне, ки аз ин насл зода шудаанд - то амиру кабиру вазир ҳама ғуломем, агар мо лоф мезанем ва ба он бовар ҳастем, ки як нажод, як миллат, як ҷисм, як пайкарем, пас бояд эътироф кунем, ки вақте панҷяки ҷисми мо дард мекунад, пас тамоми пайкари мо, пайкари миллати мо мариз аст ва бояд табобат шавад) бале ғуломии мо аслан дар он нест, ки бо чи коре машғулем. Як арробакаше, ки аз кори худ қаноатманд бошад ва дар баробари иҷрои он шарафу эътибори инсонии худро ҳифз кунад, дигарон, ҷомеа ба ӯ ва заҳмати ӯ арҷ бигузоранд, ғулом нест. Як вазире, ки мутеи идораи дигарон, ё дар банди нафси худ бошад, ғайрат, ҳиммат ва тинати паст дошта бошад, ғулом аст. Ёд дорам Ҷабборов ном нафаре дар ҳассостарин давраи ҳаёти кишвар чандин сол вазифаи вазириро ба ӯҳда дошт, замоне ки ватан дар оташи ҷанги бародаркуш месӯхту ҳазорон ҳаммеҳанон овораву бехонумон буданд, ӯ дар ҳавлиаш дар маркази Душанбе фермаи говпарварӣ ташкил карда буд. Ва говҳои ӯ ҳамарӯза кӯчаҳои шаҳрро олуда кардаву бӯ гиронда буд. Сабзазорҳоро чарида гаштугузор мекарданд. Ҳарвақт ба ӯ дар бораи вазъи иҷтимоии мардум сӯҳбат дар миён мегузоштед, ӯ ба таърифу тавсифи гову гӯсолаҳояш шурӯъ мекард. Пас қазоват кунед, ки дар банди андешаи ғуломӣ кист? Он муҳоҷире, ки бо ғайрату номуси ҷавонмардона, ба вуҷуди гаронии кӯлбораш дар баробари ноадлиҳо ва номардиҳо бар дифоъ аз ҳаммеҳанони ҷафокашидааш қад алам мекунад, ё ин вазире, ки масъулияти ватандорӣ, қарзи миллӣ ва меҳании худро қурбони нафси саркаши худ кардааст; дунё бисӯзад ҳам, деги ӯ бояд дар ҷӯш бошад.

Чун сухан аз "вазирону вакилон" рафт, мушоҳидаи кӯчакеро мехоҳам ба таваҷҷӯҳи шумо пешниҳод кунам: Дар Дания - яке аз панҷ давлати сарватманди дунё вазирон ва аъзои Фолкетинг (парлумон) баҳри он мусобиқа мекунанд, ки "сабз", яъне дӯстдор ва парастори табиат будани худро ба намоиш гузоранду ба истилоҳ ибрати дигарон бошанд, аз ин рӯ ба маҳалли кор дучархасавор меоянду мераванд. Дар Тоҷикистони мову шумо яке аз қашшоқтарин кишварҳои олам вазирону вакилонаш сабқати савор шудан ба гаронтарин ва бодабдабатарин мошинҳоро ба авҷи аъло расонданд. Шарматон бод ҷанобон!

"Падари хеш шав, агар мардӣ"

Ҳоло баргардем ба мавзӯи аслие, ки дар оғози навишторамон матраҳ кардем: чаро мо бо вуҷуди он ҳама таърихи "бою рангин", "шеъру адаби воло", анъанот ва муқаддасоти "камназир", "гузаштаи пурифтихор, абармардон, алломаю нобиғагон" -и гузаштаю имрӯзаамон онқадар дар ҳоли муфлисӣ ва фурӯмондагии ҳам маънавию ахлоқӣ ва ҳам иқтисодию иҷтимои қарор дорем, ки воқеан мавҷудияти моро ба масобаи як миллат, бақою ҳастии генофонди нажоди моро зери суол мебарад.

Суоле, ки боисрор мушт мекӯбад, ба дарҳои дасташ қалбу гӯшу чашму шуури мо мушт мекӯбад, якҷо бо овои ҷигарсӯзи "мо ғуломем" - и муҳоҷирбачаи тоҷик Фаридун ва беш аз 1 миллион фаридунҳои дигар мушт мекӯбад... Вале мо он қадар "ба ибораи Иқболи Лоҳурӣ - ғарқи худии худ" ҳастем, ки намешунавем, ё шунидан намехоҳем. Суолест ки бояд соҳибони ин миллат, аз ҳукумат, вазирону вакилон кашида то рӯшанфикрон, аҳли қалам ва сухан посух биҷӯянд.

Мехоҳам чанд андеша ва мушоҳидаи худро, ки шояд, на дақиқан, ба назари бисёриҳо зидду нақиз (контроверс) ҷилва кунад, ҳамчун мавзӯи баҳс ба миён гузорам.

Аввалан биёед аз ҳамин худтаърифкуниҳою ба худ нозиданҳои баҳудаву беҳуда, ифтихороти сохтаву бофта, иғроқ дар таърифу тавсиф, истифодаи ноҷою носавоби таъбироти болохонадоре, ки пештар зикрашон рафт, худдорӣ кунем. Охир, собиқаашро намегирем, дар ин бист соли охир дидему озмудем , ки харчи бештару пуршӯртар таърихамонро "бою рангин" гуфтем, ба ҳамон андоза имрӯзамон муфлистару берангтар шуд. Ҳар қадар худро тоҷдору боғуруру олитабор гуфтем, ба ҳамин андоза дар банду занҷири ғуломӣ, камзарфӣ, ноумедӣ ва беҷуратӣ гирифтортар гардидем. Ҳар қадар аз абармардону алломаву нобиғагони гузаштаву имрӯзамон болидему нозидем, ба ҳамон андоза дар сияҳгили бесаводӣ ва ҷаҳолат амиқтар фурӯ рафтем. Ифтихор аз гузашта баргузории тантанаю ҷашнҳо бахшида ба ҳаводис ва ё шахсиятҳои таърихӣ дар сурате барои худогоҳию худшиносиҳои ҳофизаи таърихии мардум муяссар аст, ки бо имрӯзамон тавъам бошад, вагарна таъсираш ҳамоне хоҳад буд, ки як мусиқии форам дар гӯши шахси ба ғанаб рафта дорад; ба хоби амиқтар телааш медиҳад. Имрӯз моро як сатил оби сард мебояд, ки ба сарамон рехта шавад, на мусиқию чакомаю чаҳ-чаҳи булбул.

Афлотун ҳам Юнони буҳронии имрӯзро наҷот дода наметавонад

Ба, ки ва барои чӣ мехоҳем намоиш бидиҳем, ки мо бузург ҳастем агар худамон мехоҳем намоиш диҳем, ин ки ҳеч ҳоҷат надорад, ҳол ба худамон маълум. Агар ба дигарон мехоҳем намоиш бидиҳем, пас корест беҳуда. Имрӯз имконияти иттилоотӣ, коммуникатсионӣ ва технологияи дунё дар пояест, ки қилро аз хамир ба осонӣ ҷудо мекунанд. Дигар ин, ки ҷаҳони муосир ба мо на аз рӯи собиқаи таърихиамон, балки тибқи он муносибат мекунаду арҷ мегузорад, ки имрӯз чӣ кардему чи ҳастему дар куҷо қарор дорем. Кишвари Юнон, гаҳвораи тамаддун, ҳикмат, фалсафа ва демокросии дунё, имрӯз бо бӯҳрони шадиди иқтисодӣ даст ба гиребон аст. Надидему нашунидем, ки ҳамарӯза дар саросари юнонзамин ҷашнҳои азиме бахшида ба Арастую Афлотун, Софоклу Ҷашнус баргузор мешуда бошад, ё нахондему нашунидем, ки Ангела Меркел ва иттиҳодияи Аврупо бо ин кишвар ба хотири нобиғаҳои гузаштааш кӯмакҳо расонида бошад.

Замони "бут"-созӣ бебозгашт гузаштааст

Дар ин маъракаи пурвусъати ба худ болиданҳою ба худ нозиданҳо ҳамкасбони азизи ман - журналистон ва дар умум аҳли қалам ва сухан воқеан доди суханро доданд. Намедонам аз захираи луғавии забони тоҷикӣ сифате бо пасованди - "тарин" боқӣ монда бошад, ки дар таърифу тавсифи қаҳрамонони навиштору гуфторамон истифода накарда бошем; "бузургтарин", "олитарин", "пуровозатарин", "оқилтарин" ва ҳатто "пур - маъно - тарин?" ва ғайраю ҳоказо. Агар фарозан ба ин монанд сифатеро нисбати шеъри А. Ҳаким раво дида бошем, пас дар сифати "Шоҳнома" - и Ҳакими Тӯс чи бояд бигӯем? Сухани хирадманде ба хотир меояд, ки гуфта будааст; "Бо он ки чӯткаши пойафзолро ба клосси ширхӯрҳо дохил мекунем, он пистон пайдо нахоҳад кард."

Бисёре аз ҷомеашиносони Аврупо бар онанд, ки ҳоло замони "авторитет" - ҳо; "бут" сохтанҳо ва бо "бут" парастиданҳо бе бозгашт гузаштааст, бутро кӣ месозад? Онҳое, ки васоити ахбор ва иттилоотро дар ихтиёр доранд. Ва чун имрӯз фазои иттилооти хеле густурда ва дастрасӣ ба ахбор ба ғоят осон гардидааст. Агар як шахс, васоити иттилоот аз ӯ "пайғамбари охирзамон" тарошанд ҳам, наметавонанд, бо истилоҳи даврони шӯравӣ "оммаҳои васеъ" - ро аз паси худ бибарад. Замоне, ки кишвари мо ба ду майдон тақсим шуд, аксаран мо рӯзноманигорон микрафонҳоро ихтиёрдорӣ мекардем ва бо истифода аз ҳамин микрафону қаламамон, ин ду олоти созанда ва ҳам вайронгар "падари миллат", "модари миллат", "номуси миллат", "душмани миллат", "хоини миллат" ва ғайра ҳоказо месохтем. Дидем, ки кор ба куҷо кашид. Замона дигар гашту ... оё мо дигар гаштем?

Агар чизеро тарошидан, суфта кардан ва сохтан мехоҳед, азизонам пас пайкараҳое бисозед тановар дар мақом ва ҷойгоҳи Маҳатма Гандӣ, ё Нелсон Мондела, вагарна аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба "дуредгарӣ" -и шумо сахт ниёз доранд. Аҳзоби сиёсии нируманд ва ҷавобгӯи хостаҳои мардум метавонанд фазои сиёсии ҷомеаро фаррохтар ва покизатар кунанд. Гунонгунандеширо тақвият бахшанд ва дар маҷмӯъ ҷомеаи воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёдро ташаккул бидиҳанд. Таҷрибаи таърихии башарият роҳи дигари беҳтар аз инро бозгӯ намекунад.

Сари хами моро тӯли таърих шамшер бурид

Боз ҳам рӯ меорем ба ҳамон номаи муҳоҷирбачаи тоҷик Фаридун:  ... "Фарзандҳо бе падар бузург мешаванд, мактабро бе муҳаббати волидайн тамом мекунанд ... ва сипас сӯи фурудгоҳу вокзалҳо меоянду ба Русия сарозер мешаванд, то сафи ғуломони нави тоҷикро дар Русия пур созанд. Тоҷикистон ба манбаи осони тайёр кардани ғулом барои Русия табдил ёфтааст ." ("Миллат" 18. 10. 2011)

Таваҷҷуҳ кардед ба ин номаи ҷигарсӯз, ба як хулосаи такондиҳандае ишора шудааст. Ин Русия нест ки аз мо ғулом месозад, ин моем, ки бо тафаккур, ҳайсият, табиат аз зарфияти ғуломона ба ин паҳно "фурӯ мерезем" ва шона бар зери юғу исипори бандагӣ мегузорем. Муаллифи нома бо ҳамин як ишораи кӯчак рӯи тамоми низоми таълиму тарбияи Тоҷикистон, рӯи ҷилд-ҷилд асарҳои тадқиқотию рисолаҳои номзадию доктории педагогҳои кишвар хати бутлон мекашад. Ва ҳақ ҳам дорад. Мактабе, ки ғулом тайёр мекунад, хидмати хирсонае ба ҷомеа ва миллаташ мекунад.

Вале ба андешаи банда мавзӯъро саҳлу осон гирифтан мебуд, агар тамоми вазнинии "бор"-и табиати ғуломонаамонро фақат ба дӯши мактаб ва низоми таълимии имрӯз мегузоштем. Решаҳои ин "дард"-ро дар гузаштаҳои дурамон, дар умқи таърихамон, дину оин, русуму одот, тарзу шеваҳои зиндагии иҷтимоиамон мебояд биҷуем. ҳассостарин ва фоҷиабортарин давраҳои таърихи миллатамонро ба ёд оред; фарҷоми сарнавиштсӯзи давлатдории Сомониён, ҳазор соле баъди бо "золимону зулматистон" (таъбири устод Лоиқ) бо "ватанталбу кафанталбандаҳо" (сохтаи Бозор Собир), зери тохту този галаҳои кӯчию саҳроии турку тотору, муғулу манғит, садаи бист бо хоҷаҳои ҷовид, хиёнати асафбори "пешвоёни"-и дурӯғини миллат, табартақсим-маҳрумият аз гаҳвораҳои фарҳангу тамаддун, мавҷудияти сокиту карахт ва бесадою бенавоёнаи Ҷаббор Расулов, ҳаводиси хонабарандози оғози истиқлол  - боз ҳам соддалавҳиҳо, соддабовариҳо, соддафиребхӯрданҳо ва хиёнатҳо, хиёнатҳо, хиёнатҳо. Ва дар оғози саддаи бисту як, тавъам бо истиқлол боз як марҳилаи ҷадиду "гул-гулшукуфон"-ии бандагӣ ва сарафкандагӣ рӯи ин ҳама саҳафоти фоҷиабори таърихи миллатамон ҳамоно таҳ ба таҳ мӯҳри сиёҳи тафаккури ғуломона нақш бастааст. Ё шояд баракс, ҳамин ҳаводис ва бозиҳои сарнавишт будаанд, ки гили табиат ва ҳайсияти моро чунин андудаанд?! Намедонам. Вале як мушоҳидаи кӯчак барои мулоҳиза: ба мо аз гаҳвора то тобут дар гӯшамон мехонанд - боадаб, хоксор, ноаён, сокит, сабур, гапдаро, фармонпазир бош, баҳс макун, бисёр талаб макун ... боло мапар, қаноатпеша бош, ин дунё арзиш надорад, меҳрубону меҳмоннавоз бош, (он қадар меҳмоннавоз будем, ки бо таъбири Бозор Собир "душмани бехонаамон" дар хонаи мо ҷо гирифт) сархам бош - сари хамро теғ набуридааст (он қадар буриданду калламанораҳо сохтанд - такон  нахӯрдем!)…

Мо; аз гаҳвора то гӯр дар як қолаб

Медонед, мо инсонҳои қолабӣ ҳастем. Аз рӯзе, ки дида ба дунё мекушоем, дар қолабе бо номи гаҳвора меандозанд, дасту поямонро маҳкам мебанданд ва ҳамин тавр минбаъд бар қолабе бо номи зиндагӣ бо дасту пои баста, чашми баста,  иродаи баста, рӯҳи баста, ғайрату ҳиммати баста умр ба сар мебарему замоне ин қолабро холӣ кардем, ба қолаби тобут мегузорандамон ва пеш аз он ки бар қолаби қабр партоянд дар гӯшамон мехонанд, ки "иқтараба лин - носи ҳисобуҳум ва ҳум фи ғафлатин маъризуна" (наздик шуд ба мардумон ҳисобу китобашон ва мардум ба ғафлат рӯй гардонанд) Сураи "Анбиё." Ҳол он ки Худованд дар китоби осмониаш фармуда  "Мо шуморо озод офаридем!" ва идомаи мантиқии ин каломи Худованд аз забони "худованди шеър" Рӯдакии  Панҷрӯдӣ  ҷорӣ мешавад, ки "Дар банди такаллуф машав, озод  бизӣ".

Аврупо; аз гаҳвора то гӯр дар ҷустуҷӯӣ дониш

Ва агар боз ҳам мавзуъро дар қиёс бо қисматҳои дигари дунё арзёбӣ кунем, хоҳем дид, ки тамоми низоми омӯзиш ва тарбиявии Аврупо (ва Осиё низ, аз  ҷумла  кишвари пешрафтае  чун Сингапур)  бар пояи арзишҳои мутақобил бар он чи  пештар гуфтем, бунёд ёфтаанд. Инҳо қолабшикану гӯянда,  мустақилкор ва мустақиландеш,  озод, саркаш ва боғурур, бедор, тапанда ва талошварз, ҳаққи худ ва ҳадди худшинос, ояндабин,  ояндагӯ ва  ояндасоз буданро аз арзишҳое медонанд, ки  боясти як фарди муосир ва дар умум ҷомеаи муосир бархӯрдор бошад. Ва боз ҳам як мисоли кучак; дар кишварҳои скандинавӣ тамоми донишомӯзони синфҳои болоӣ бо навбат ба ҷаласаҳои парлумонҳои кишварҳояшон даъват мешаванд, то шеваҳои баҳс ва маҷлисдориро ёд бигиранд… Ва ҳамин ҳоло вақте доштам ин сатрҳоро менавиштам, аз телевизиони Дания хабаре пахш шуд, ки ҳукумати ҷадиди кишвар тасмим гирифтааст, ки ба хотири ин ки тамоми камунаҳои (воҳиди маҳалли идорӣ) робитаи худро бо шаҳрвандон аз тариқи шабакавӣ ба роҳ андохтаанд, ҳама нафақахӯрони кишварро ба курсҳои ройгони омӯзиши компютер фаро бигирад… Аз гаҳвора то тобут дар омӯзиш ҳастанд ин мардум, воқеан.

Ваҳдати ғайримусалмонону "амал"-и мусалмонон

Чун навиштаамон ғайри интизор аз варақгардонии рӯзномаи "Юландс Постен" (Jullands Aziz_SanginnnPosten) шурӯъ шуд, мехоҳам онро ҳамчунон бо чанд пайомади ғайримунтазире аз ин моҷарои ба ҳама маълуми нашри тасовири Пайёмбари Ислом дар ин рӯзнома ба поён барам; аввалан, амалкарди нашрия таваҷҷуҳро ба Ислом ва арзишҳои исломӣ ба хусус миёни мардумони ғайри мусулмони олам зиёда гардонид. Қуръони Маҷид бестселери рақами 1 шуд, гароиши ғайри мусулмонҳо ба Ислом рӯ ба афзудан ниҳод. Дуввум, бо дастгирӣ аз иқдоми нашрияи "Юландс Постен" аксари кулли рӯзномаҳои машҳури Ғарб он тасовирро ба нашр расонданд, на ба он далел, ки бо он ҳамақида ҳастанд, балки ба хотири ин ки аз арзишҳои ба ном Ғарбӣ ва демокрасиашон дифоъ карда бошанд. Посухи шарқиҳо ба ин амалкард чи буд? Оташ задани чанд сафоратхона ва суиқасд ба ҷони рассоми майзада Курт Вестергард. Бо ҳамин бардошти саввумро ба ихтиёри худи шумо вогузор мекунам, хонандаи арҷманд.

Азиз Сангин шаҳри Копенгаген, Дания,

 махсус барои рӯзномаи "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97