Агар Тоҷикистон ором аст, ин ҷо ором нест

Муҳоҷират 18.10.2011 09:34

Занҳо дар интизори шавҳарҳо, фарзандҳо бепадар

Arobakash_01Ман аз шумули яке аз он Равшан ва Ҷамшудҳое ҳастам, ки доиман тавассути телевизиюнҳои Русия таҳқир мешавам. Барои ман ва барои он ҳама дӯстону ҳамватанони муҳоҷирам бисёр аламовар ва дарднок аст, ки омадем ба Русия ва акнун солҳову моҳҳои зиёд ин ҷо барои таъмини хонаводаҳои худ, фарзанд ва волидайни солхӯрдаи хеш заҳмати сангин мекашем. Албатта барои мо хеле душвор аст, ки ин ҷо наздик ба якуним миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ҷавонони болиғи кишвар бо заҳмати ҳалол корҳои сангину тоқатфарсоеро анҷом медиҳем, таҳқиру тавҳини ҳар нокасро таҳаммул менамоем. Ва ин ҳамаро ба хотири нон ёфтану хӯрондани фарзандону хоҳарон ва падарону модарони хеш таҳаммул менамоем, зеро онҳо дар Ватан- дар Тоҷикистони бароямон азиз чашм ба роҳи маблағҳои мо ҳастанд. Занҳо солҳо мунтазири бозгашти шавҳарҳо, фарзандҳо бепадар бузург мешаванд, азоби бепадарӣ мекашанд, мактабро бе дасти гарму муҳаббати саршори волидон тамом мекунанд ва имтиҳоноти хатмкуниро супурда сӯи фурудгоҳу вокзалҳо меоянд ва ба Русия сарозер мешаванд, то сафи ғуломони нави тоҷикро дар Русия пур созанд.

Мактаби тоҷик ғулом тайёр мекунад ё донишвар?

Барои ман он қадар бойиси таассуф нест, ки Галустяну ёронаш ҷавонони дуруст таҳсилнодидаи моро таҳқир месозанд ва онҳо то ҷое ҳақ ҳам ҳастанд. Ҷавонони мо бо рафтан ба Русия ҷои худро дар ҷамъияти барояшон ноошно ва бегона муайян карда наметавонанд, зеро аксари онҳо забони русиро намедонанд, аз ин рӯ нишони таҳқиру масхара қарор мегиранд. Ва ба ҳар Галустян ҳақ медиҳанд, ки дар нисбати миллати тоҷик чунин барномаҳои телевизиюнии масхараомез созмон бидиҳанд. Аз ин нодонӣ ва бехабарӣ ва ноогаҳии ҷавонони миллатам хеле афсӯс мехӯрам. Ман аз ҷамъияти тоҷикӣ, аз мактабу маориф ва муаллими тоҷик, аз муҳити кишварам нигаронам, ки ба манбаъи осони тайёр кардани ғулом барои Русия табдил ёфтааст. Чун як тоҷик хеле шарм медорам, ки ҷавонони миллатро чунин тарбия намудаанд, ки даҳ сол дар мактаб таҳсил мекунанд, забон намеомӯзанд ва ҳеч касберо аз худ намекунанд. Ин шояд аз он сабаб аст, ки муаллими босаводу донишманду арзанда дигар дар Тоҷикистон ангуштшумор гаштааст.

Дар таҳқир шудани муҳоҷирон маорифу муаллим гунаҳкор аст

Муаллимонро ҳам бояд фаҳмид ва албатта онҳо ҳам бо он маоши андаку ночиз, ки барои рӯзгорашонро пеш бурдан намерасад, намехоҳанд дуруст кор кунанд ва тамоми донишу нирӯи хешро сарфи таълиму тарбияи атфол намоянд. Ва зиёд муаллимоне ҳастанд, ки ин касби бошарафро тарк гуфта, дар бозор ба савдо ва дигар корҳо машғуланд, зеро ки камии музди заҳмат онҳоро маҷбур сохтааст, ки тағйири касб кунанд. Дар макотиби деҳот барои омӯзиши забони русӣ он қадар таваҷҷӯҳ дода намешавад ва аслан мардикорони тоҷики Русия ҳама бачаҳои деҳоти Тоҷикистон ҳастанд, аз ин рӯ ин масъала, яъне омӯхтани забони русиро дар макотиби деҳот бояд вазорати маориф ҷиддӣ бигирад, зеро муҳоҷират ба Русия боз даҳсолаҳо идома хоҳад ёфт, чун умеди пешрафту беҳбудӣ дар Тоҷикистон камтар ба назар мерасад. Барои таҳқири ҳар муҳоҷирбачаи тоҷик бояд вазорати маориф ва мактабу муаллими Тоҷикистон низ посух бигӯяд, зеро ӯро дуруст забон наомӯхтаанд, хуб таълим надодаанд. Агар маоши муаллим паст аст, бояд онро боло бурд ва вакилони Парлумон, ки аз тарафи падару модари ҳамин муҳоҷирбачаҳо интихоб шудаанд, сари ин масъала фикр кунанд, на сари масъалаи баланд кардани маоши худ.

Тоҷикон аз хитойиҳо кам нестанд, моро омӯзиш диҳед

Чаро ҷавонони тоҷик ҳамчун манбаъи нирӯи арзони кор дар хориҷ қарор мегиранд? Чаро онҳоро ҳар рӯз таҳқир мекунанд, латукӯб менамоянд ва ба қатл мерасонанд, вале вакилу вазири мо парво надорад? Касе дар ростои мушкилоти ҳамватанони муҳоҷири мо эҳсоси масъулият намекунад. Дар сохтмонҳои Тоҷикистон мо мебинем, ки чиниҳо кор мекунанд, масалан дар бунёди роҳҳо. Наход ҷавонони тоҷики маҳаллӣ аз хитойиҳо кам бошанд, ё бадтар кор кунанд? Дар сурате, ки хеле аз тоҷикон дар Русия аз уҳдаи анҷоми тамоми кор мебароянд, наход ки аз уҳдаи кор дар ватанашон набароянд. Агар касе чунин даъво дорад, ки хитойиҳо аз илми роҳсозӣ баҳравар ҳастанду тоҷикон не, пас ин вазифаи мақомоти марбутаи ҳукумат аст, ки ҷавононро касб биомӯзад. Барои он ки роҳҳоро асфалтпӯш кард, зарур нест, ки панҷ сол дар донишгоҳ таҳсил кард. Ман худ дар Русия ба роҳсозӣ машғул будам ва фикр мекунам, ки барои аз бар кардани нозукиҳои ин кор ду се моҳ кифоят аст. Зарур нест, ки барои рафтан ба Русия худро аз хешу наздикон қарздор намуда, моҳҳою солҳо ба серӣ нахӯрда қарзи хешро адо намоем. Ва ғуломи кишварҳои бегона бошем.

Петербург зебост, вале шаҳри мо нест

Магар зарур аст, ки занҳо солҳо азоби бевагӣ бикашанд ва фарзандон муддатҳои тӯлонӣ бепадар монанд, дар ҳоле ки онҳо зиндаанд. Ман фикр мекунам, ки барои ба омӯзиш фаро гирифтани фарзандонамон ва асфалтпӯш сохтани роҳҳоямон ин қадар пул сарф нахоҳад шуд, ки дар идҳои Наврӯзу Ваҳдати миллӣ ё дигар идҳо сарф мешавад. Дар таҷлили ин иду ҷашнҳо маблағҳои ҳангуфте масраф мешавад, ки бо он маболиғ метавонем навҷавононро омӯзиш бидиҳем, касб биомӯзем, корхонаҳо бисозем ва ҷавонони кишварамонро аз ғуломии дари бегонаҳо, аз хориву зорӣ ва аробакашӣ наҷот бидиҳем. Акнун вақт аст, ки масъулини мо рӯ ба сӯи мардум биёранд, дар пайи дар ватан саргардони кор кардани ҷавонон андеша бикунанд. То кай ҷавонони мо дар шаҳрҳои Русия таҳқир мебинанд, тавҳин мешунаванд ва аз ҳама аламовараш кушта мешаванд?! Пеши роҳи ин раванди номатлуб бояд гирифта шавад ва давлат бояд дар ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони хеш масъулияти бештар эҳсос бикунад. Амри такдир будааст ва банда як сол дар Русия дар шаҳри Санкт-Петербург кор кардам. Петербург яке аз зеботарин шаҳрҳои дунёст. Он қадар зебост, ки ҳеч наметавон онро бо Душанбе қиёс кард. Вале ҳар шаб Душанбеи азизамро ба хоб мебинам ва рӯзҳо ба ёди он дилам гум мезанад. Ва ҳазорон ҳамватанони ман ин ҷо ҳар шаб Душанбеву Кӯлобу Хуҷанду Вахшу Ванҷу Ваҳдатро ба хоб мебинанд ва дар орзуи дидани деҳоти пурчангу пурлою бозорҳои ифлоси шаҳрашон дилашон гум мезанад, зеро ватан чизе бас ширин аст. Ва Юсуф дар Миср подшоҳ буду дар орзуи дидани Канъонаш месӯхт.

Пулиси рус дар орзуи боздошти мо, мо дар ҳасрати дидани Душанбе

PoezdМо аробакашҳову ғуломон Ватан дорем ва албатта дар Ватан будан мехоҳем. Ва бояд кӣ моро дар Ватан саргардони кор бикунад? Ҷавоб яктост: Давлат ва Ҳукумати кишварамон Тоҷикистон.

Ин ҳама зебоӣ ва ҳашмату дилрабоии Петербург барои мо ғуломону аробакашҳо нест. Мо вақти тамошо ҳам надорем. Мо хишт мечинем, таҳкурсӣ меканем, ҳаммолӣ мекунем ва як рӯзи истироҳат аз коркуфтагӣ мисли мурда хобамон мебарад. Ва ҳавою ҳавсалаи тамошои шаҳр ҳам аз ҷонамон рафта. Ҳамин ҳоло, ки зиндаем ва моро накушта ё накуфтаанд, шукр мекунем. Пулиси ин шаҳр шабу рӯз худо мегӯяд, ки як тоҷик ба тамошо барояд то дастгираш кунад ва се- чор танга кор кунад. Шаҳри мо Душанбест, вале он ҷо барои мо кор нест, ба қавли тоҷикҳо бароямон хӯрок нест.

Мо на ваҳдат дорему не истиқлол, мо ғуломем

Мо на ид дорему не ҷашн. Не ваҳдат дорему не истиқлол, не осудагӣ дорему не рӯзи хуш. Ғулом садқаи ваҳдату истиқлол шавад. Ғуломро истиқлолу ваҳдати миллӣ ба чӣ кор ояд?! Ғулом бояд қаср бисозад ва дар таҳхона, болои қубурҳои обгузар, ки гармӣ медиҳанд, шаби хеш ба рӯз барад. Ва баъзе тоҷикони мо ин ҷо беш аз 15 сол мешавад, ки ғуломанд ва ба ғуломӣ одат кардаанд. Бисёр аз ҷавонони тоҷик дар биноҳои нимасохти хунук зиндагӣ доранд. Куҷо зиндагӣ, як шароити сагона. Аммо ин ҷо тоқат мекунанд, зеро ҷои кор доранд ва мутмаъинанд, ки он ҷо дар Ватан зану фарзанд ва падару модарашон гушнаву пойлуч нахоҳанд монд. Ба хотири пайвандони дар Ватан буда ҳазор хориву сахтӣ мебинанд, вале тоқат мекунанд. Чанде пеш хабар расид, ки дар яке аз шаҳрҳои Русия ҳафт нафар шаҳрвандони моро, ки баъди итмоми корҳои сохтмонӣ бояд як рӯз баъд пули кори семоҳаи хешро мегирифтанд, дар вагоне андохта бо газ буғӣ карда куштаанд. Ба марги ин ҳафт тоҷики ғариби ғуррамарг кӣ ҷавоб медиҳад? Оё ягон масъуле дар Тоҷикистон ҳаст, ки бигӯяд, масъули ин кор мо ҳастем ва мо гунаҳкорем? Оё ягон масъуле ҳаст, ки қазияи куштори тоҷиконро дар назди мақомоти интизомии Русия гузорад ва таҳқиқ кунад? Касе нест ва шояд касеро ҳам парво нест?

Аз ҳисоби мо хурсандӣ бас, ё моро ҳам ба Ватан баргардонед

Дар бораи азобу даҳшати муҳоҷират зиёд метавон гуфт. Мушкилоти муҳоҷирони тоҷик аз касе пӯшида нест ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам хуб медонад, ки мо чӣ ҳол дорем. Вале тадобири мушаххасе намеандешанд. Коре барои беҳбуди шароити мо намеандешанд. Ҳар со миллионҳо ва миллиардҳо маблағҳои мо муҳоҷирони бесоҳибу хору зор ба буҷаи кишварамон мерезад, ки боиси ободии давлат мешавад, вале давлат дар ростои мушкилоти мо чӣ мекунад? Мо ҳазорон Равшану Ҷамшудҳо ин ҷо ватани русҳоро месозем ва он ҷо давлати хешро, мансабдорони хешро бо маблағҳои хеш саробонӣ дорем. Он ҳама ҷашну идҳои бодабдабаи Тоҷикистон аз ҳисоби азобҳои сангини мо Равшану Ҷамшудҳои бесоҳиби дар ба дари тоҷик аст, ки худ на лаззати ҷашнро медонем на тамъи истиқлолро чашидаем. Хоҳиш мекунем аз ҳисоби пулҳои мо дигар хурсандӣ ва худнамоӣ накунед. Корхонаҳо бисозед, то мо ҳам биёем ва якҷо Ватанро обод кунем. Охир Тоҷикистон барои як миллион тоҷики муҳоҷир ҳам Ватан аст. Дар ҳама шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон фақат рақсу ҷунбон- ҷунбону кафкӯбиву сурудхонист. Гӯё ҳеч мушкиле нест. Гӯё як миллион тоҷик дар Русия нест ва бори сангини муҳоҷират намекашанд. Гӯё ин ҳама ҷашну тую сурҳо аз ҳисоби ҷайби мансабдорон аст. Гӯё ба қавли русҳо "В Багдаде всё спокойно." Шояд дар Тоҷикистон "спокойно" бошанд ва илоҳӣ чунин бошад, вале мо ин ҷо "спокойно" нестем. Дигар ғуломвор зистан намехоҳем, моро ба Ватан баргардонед!

Фаридун, муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Санкт- Петербург

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97