«Хап оча(ш), ки Русия мерам!»

Муҳоҷират 29.09.2011 09:12

Таърихчаи муҳоҷират ба Русия

Tajik_MigrantsМуҳоҷирати кории ҷавонмардони тоҷик ба Русия таърихи беш аз 40 сола дорад. Ҳанӯз аз солҳои 1970-ум донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои касбии техникии кишвар барои таҷрибаомӯзӣ ба корхонаҳои мошину тракторсозии Русия мерафтанду аз он ҷо фарҳанги либоспӯшӣ, мӯйи сари баланду дигар рафторҳои русиро ҳамчун мӯд ба Тоҷикистон меоварданд. Бештар сару либоси камёфту чеҳраи дар ҳавои сард сафед шудаи тоҷики аз Русия баргашта, дар дили наврасону ҷавонон ҳаваси ба он шаҳрҳо рафтанро бедор мекард. Дар замони нобасомониҳои солҳои 90-уми қарни ХХ бархе аз ҷавонон барои аз марг наҷот ёфтан ба Русия паноҳ бурда, бо ҳамин дар онҷо муқимӣ шуданд. Баъдан ҳазорҳо-ҳазор ҷавононе, ки барои худ дар Ватан кор пайдо карда натавонистанд, нафароне, ки аз коллективҳои меҳнатӣ бо сабаби касодии иқтисоди корхонаҳо ихтисор мешуданд, барои пайдо кардани кор роҳ сӯйи Русия гирифтанд. Акнун, вақте ҷавонон дар хонаводаҳошон муноқиша мекунанд, волидайну ҳамсарони худро; "Ба Русия меравам!"-гуфта, тарс медиҳанд.

Ҳама ба "фронт"!

Ҳарчанд, ки дар аввал тавре гуфтем, бархе аз ҷавонон ба хотири наҷот ёфтан рӯ ба Русия мениҳоданд, аммо тайи 10 соли охир Русия барои тоҷикон ҳамчун водии марг хатарбор шудааст. Зеро хатари он ҳар лаҳза меҳмони нохонда - муҳоҷири тоҷикро таҳдид мекунад. Ҳатто ахиран аз усули асримиёнагии қатли инсоният-калаканӣ ё сарбурӣ дар қиболи муҳоҷирбачаҳои тоҷик кор гирифта мешавад. Аммо мардони боғурури тоҷик ба хотири наҷоти аҳли байт ва эмин мондан аз хатари гуруснагӣ боз ҳам бо сари баланд сӯйи Русия мераванд. Соле садҳо ҷасади хунинкафани мардикорони тоҷикро ба Ватан меоранду боз ҳам аз инҷо теъдоди дучанд ҷавонони мо роҳ сӯйи ин кишвар мегиранд.

Имрӯз Русия мисли солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳамон "Фронт"- еро мемонад, ки ҷавонмардони мо сарфи назар аз паёмадҳои ногувори он ихтиёран ба онҷо мераванд. Он замон барои муҳофизати Кремл мерафтанд, ин замон барои дарёфти қути лойамут, то буғзи бекорӣ сабабгори гуруснагӣ, муноқиша, пошхӯрӣ ва беиззатии хонаводаашон нагардад.

Муҳоҷират - наҷоти Ватан

Аз диди иҷтимоӣ саҳнаи муҳоҷирати кории тоҷикон ин танҳо ва танҳо ба хотири наҷоти Ватан аз бунбасти иқтисодӣ мебошад. Имрӯз нақши муҳоҷирони тоҷик дар рушди иқтисоди Тоҷикистон бузург унвон мешавад. Тибқи таҳлилҳои коршиносон аз 10 миллиард долларе, ки солона нирӯҳои кории тоҷик дар Русия ба даст меоранд, 20% он ба Тоҷикистон ворид мешавад, ки ин барои мо маблағи калон аст. Аммо дар 15 соли аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон муҳоҷирони кории тоҷик ҳамчун нирӯе, ки метавонад фазои сиёсиро тағйир диҳад, шинохта намешуданд. Танҳо пас аз сару садоҳо дар расонаҳои Тоҷикистон оид ба омори рӯзафзуни будубоши муҳоҷирони тоҷик ва шумори тобутҳои аз Русия омада, ҳукумат ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷуҳ кард. Аммо то кунун дастуру супоришҳо ва ҳадафҳои дар ин самт баён шуда, шояд танҳо дар бойгонӣ ва хотираи одамон монда бошад.

Ҳукумат ва муҳоҷират

Соле қабл вохӯрии соҳибкорони бурунмарзӣ, диаспораву фаъолони муҳоҷирони кориамон бо Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аммо интизориҳои ҷомеа аз натиҷаи ин вохӯриҳо то кунун бароварда нашудааст. Дар он вохӯрӣ масоили рушди соҳибкории хурду миёна бо ширкати соҳибкорони тоҷики муқими дигар кишварҳо матраҳ шуда буд. Аммо ваъдаҳои тоҷикони бурунмарзӣ амалӣ нашуданд, ё барои ин ҳамкорӣ саде чинӣ гузошта шуд ва ё омаданду бо муҳити дохили кишвар шиносоӣ пайдо карда, барои андеша кардан бозпас рафтанд? Ба ҳар ҳол посухи ин суолро бояд радио ва телевизион, ки дар тарғиби ин ҳамойиш ҳафтаҳои дароз эфирро пур карданд, ба мардум бидиҳанд.

Муносибати ҳукуматҳо бо муҳоҷирони тоҷик дар самтҳои ҳифзу эҳтироми ҳуқуқҳои инсонии нирӯи корӣ дар дохилу хориҷ аз кишвар, системаи идоракунии соҳаи муҳоҷират, ҷалби муҳоҷирон дар рушди кишвар ниёз ба дигаргунию беҳбудӣ дорад. Зеро барои Тоҷикистоне, ки қартаи муҳоҷиронаш метавонад ба манбаи эҷоди мушкилиҳои иҷтимоию сиёсии давлат табдил ёбад, бояд ҳарчи барвақттар барои ислоҳи камбудиҳо дар самтҳои зикршуда пардозад.

Муздури тоҷик қартаи холдори рус

Расонаҳои гуногуни дохилу хориҷӣ нуфузи шаҳрвандони тоҷик дар Русияро аз 1,5 то 2 миллион нафар арзёбӣ доранд. Пеш аз омадани Медведев ба Тоҷикистон хабари боло бурдани боҷи гумрукӣ барои содироти нафт ба Тоҷикистон, баъдан шартномаи 49 солаи ҳузури ройгони пойгоҳҳои низомии русҳо дар Тоҷикистон, даъвоҳои расонаии русҳо барои хоҳони бозгашт ба марзи мо бо Афғонистон, ҳамагӣ манфиатҳои сиёсиест, ки Русия онҳоро бо як (козер) холи худ сиёсати давлатии муҳоҷирати корӣ ба даст меоварад. Ҳукумати вақт бояд дар рафъи мушкилиҳои муҳоҷирон ҳарчӣ тезтар чора биандешад. Вагарна ин заъфияти сиёсии моро русҳо дастак намуда, бисёре аз ҳадафҳои сиёсии худро, ки монеи ба истиқлоли комил расидани мо аст, пиёда хоҳанд кард. Сиёсати серрешаи русҳо дар мавқеъгирӣ аз аҳволи иҷтимоии муҳоҷирини тоҷик Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба бозичаи сода табдил медиҳад. Русия хоҳад ҳар рӯз барои мо тобут мефиристад, Хоҳад вазъи зиндагии тоҷикони муқими худро табоҳ месозад. Ё хоҳанд 60-80% муҳоҷирони кории моро ба шаҳрвандӣ қабул карда, муносибатҳои сиёсии худро бо дигар оҳанг оғоз мекунанд, ки дар оғоз мо сарфаҳми ин бозиҳо наравем. Константин Полторанин собиқ ҷонишини Раёсати Хадамоти Федеролии Русия манофеи муҳоҷирони моро барои кишвараш нодида гирифта, ҷанбаи манфии муҳоҷирати кории мардуми Осиёро барои кишвараш чунин тафсир кардааст: " Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон аҳолии худро ба Русия пеш мекунанд ва бо ин роҳ сатҳи эътирози оммавиро дар хонаи худ (давлати худ- муаллиф) паст намуда, маблағҳои зиёде ворид мекунанд, ки бе ин иқтисодиёташон хароб мешуд." Воқеан ҳам муҳоҷирон дар пойдории иқтисоди кишвар нақши асосиро мебозанд. Аммо то куҷо ин нирӯи бузурги мо, ки алъон дар ҳиҷрат қарор доранд, дар оянда ҷонибдорӣ аз ҳукумати вақт мекунанд? Саволи рӯз аст.

Аз Ватан вақте ки мераванд…

Ҳоло ҳам барвақт аст, ки сохторҳои марбутаи кор бо муҳоҷирон, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳатто ниҳодҳое, ки дар нуқтаҳои гуселу пешвозгирии муҳоҷирон машғули вазифаанд, дар ҳифзу эҳтироми ҳуқуқҳои инсонии муҳоҷирони корӣ одилу оқил бошанд. Зеро шаҳрванде, ки барои дарёфти қути лойамут роҳ сӯйи ҳиҷрат мегирад, то андозае аз муҳити зисти худ норозӣ ҳам ҳаст. Боз ин муносибати масъулон дар рафти шиносномадиҳӣ, соатҳои интизорӣ дар паси дарвозаҳои идораҳои дахлдор, дастрасӣ ба билету дигар масъалаҳои пеш аз сафар ҳамагӣ таъсири манфӣ ба рӯҳияи ватандӯстии шаҳрвандон расонида метавонад. Мақомот бояд бо шаҳрвандоне, ки азми сафар ба муҳоҷират доранд, мисли як шаҳрванди қадрдони давлат рафтор кунанд. Зеро маҳз ҳамин гурӯҳи ҷомеа;

1. Мераванд, то маблағ ба Тоҷикистон биёранд.

2. Мераванд, то як нафар одами беҷойи кору аз зиндагӣ норозӣ дар кишвараш кам шавад.

3. Мераванд, ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии дигарон. Ҳарчанд медонанд, ки дар ин роҳ чӣ рӯзҳои сахте онҳоро интизор аст.

4. Мераванд, то умри мансабдории масъулони масъулиятношинос дарозтар шавад…

Сайдалӣ муҳоҷире, ки ба тозагӣ аз Русия баргаштааст, гуфт: "Ҳарчанд, ки дар Русия кормандони мақомоти он давлат муҳоҷиронро ташвишҳои зиёд медиҳанд, аммо ҳамон милисаи миллатчӣ дар муносибат ба муҳоҷирони хориҷӣ "мӯҳтарам шаҳрванд" гуфта муроҷиат мекунад. Дар Тоҷикистон чӣ?"

Паҳлӯи дигари мавзӯъ ин сохтори идории муҳоҷират аст. Баъзе аз сохтору соҳаҳои хоҷагии халқ дар баробари соҳаи муҳоҷирати корӣ ин қадр фарогири масоили ҷомеа набошанд ҳам, вазорати худро доранд. Аммо муҳоҷирони кории мо, ки ба гуфтае 15-17% нуфузи аҳолии кишварро ташкил дода, дар рушди иқтисодиёти кишвар нақш доранд, вазорати хос надоранд.

Мо ва русҳо; Ба якдигар эҳтиёҷ дорем?

Ин ҳам дар ҳолест, ки теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия дар ҳоли афзоиш буда, аз як ҷиҳат ин раванд ба нафъи Русия ва Тоҷикистон ҳам аст. Зеро нуфузи аҳолии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дораду шумораи аҳолии Русия рӯ ба коҳиш оварда. Коршиносон тахмин мекунанд, ки дар 10 соли оянда аҳолии ин кишвар ҳудуди 20%-и дигар коҳиш меёбад. Матбуоти Маскав менависад, ки ҳар соле аз асари майпарастӣ 700 ҳазор шаҳрванди Русия ба ҳалокат мерасанд. Ҳукумати онҳо тахмин кардаанд, ки то соли 2025-ум аҳолии қобили меҳнати кишвараш то 10 миллион нафар коҳиш меёбад. Ин рақамҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки барои ояндаи Русия нирӯи корӣ аз дигар кишварҳо мисли обу ҳаво зарур аст. Ба хусус барои кишваре, ки дар оянда умури идоракуниашро "Бизнесс-Элита"-ҳо дар ихтиёр хоҳанд дошт, аз қувваи кори дохилӣ дида, нирӯи кори муҳоҷир манфиати бештар дорад. Зеро кореро, ки коргари рус бо пардохти маоши муайяну саривақтӣ иҷро мекунад, муҳоҷирони корӣ бо музди якчанд баробар кам ба сомон мерасонанд. Аз ҷониби дигар ҳукумати Русия муваззаф несту намешавад, ки барои таъмини шароити иҷтимоии муҳоҷирон маблағу вақту восита сарф кунанд. Аммо Русия, ки нисбат ба дигар кишварҳои собиқ ИҶШС пуриқтидор аст, ҳама масоили дохилию беруниашро, ки ҳаллу фаслаш бо дигар давлатҳо рабт дорад, ҳамеша танҳо ва танҳо ба манфиати худ анҷом медиҳад.

Эй қавми сукут карда!

Муносибат бо муҳоҷирони корӣ таваҷҷуҳи хосса ва ҷиддиятро талаб мекунад. Зеро аз ин табақаи нирӯманди аҳолӣ, ки идоракунии онҳо барои ҳукуматҳо имконнопазир менамояд, бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Онҳо метавонанд дар рушди иқтисоди кишвари мо (ва Русия ҳам) саҳми аз ин ҳам бузургтар гузоранд. Ба гуфти баъзе коршиносон, метавонанд, воридоти маблағҳои даромади худро коҳиш дода, вазъи номусоиди иқтисоди кишварро вазнин кунанд.

Алъон, ки модели солими ҳамкорӣ бо муҳоҷирон таҳия нашудааст, ҳадди аққал бояд дар тарбияи ватандӯстии муҳоҷирони оянда - наврасон таваҷҷуҳи бештар дошта бошем. Аз ҷониби дигар вақти он кайҳо гузаштааст, ки ҳукумат бо ҳамдастии ҷомеаи мадании Тоҷикистон бо як муроҷиатнома ба парлумону ҳукумати Кремл садо баланд кунад, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони моро поймол накунанд. Зеро бештари шаҳрвандони мо аз ранҷи беҳуқуқию аз дасти нирӯҳои мухталифи дохилии Русия ба шаҳодат мерасанд ва маъюбу маслуқ ба Ватан меоянд.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97