Ватан куҷост?

Муҳоҷират 27.01.2011 13:20

Бо шиносномаи ғарбӣ дар мулки ғарибӣ

FattohАмандурдӣ чанд моҳ боз дар фикри он аст, ки чӣ гуна ва аз куҷо раводид бигирад, то ки ба Ишқобод биравад. Раводид барои вуруд ба Ватани худ, ба ҷое ки хуни нофаш ва хуни нофи писараш рехтааст, ба ҷое, ки қабри волидонаш ҷойгир аст, ба ҷое, ки хоҳаронаш зиндагӣ мекунанд.

Амандурдӣ, як марди 50-солаи туркман аст, ки чанд сол боз бо шиносномаи ғарбӣ дар мулки ғарибӣ ба сар мебарад. Бо шиносномаи ғарбӣ, вале бо симои туркманӣ. Бо сарулибоси ғарбӣ, вале бо дилу ҷигари туркманӣ. Ҳар боре дар бораи кишваре, ки феълан шаҳрвандаш аст, сухан меронад, аз ибораҳои «ин ҷо..., инҳо...., ин кишвар,... дар фарҳанги инҳо....» истифода мебарад ва ҳамеша ҳар кору одати «инҳо»-ро бо «туркманҳои мо», «дар Туркманистони мо», «дар Ватани ман» муқоиса мекунад. Ватан дар забони ӯ ҳаммаънои Туркманистон аст, Ватанаш ҳанӯз ҳам Туркманистон аст (ҳарчанд ба он ҷо рафта наметавонад).

Баръакси фарзанди навҷавонаш, ки дар бораи Туркманистон танҳо онро медонад, ки кишварест дар хориҷаи дури дур ва аз он ҷо волидонаш омадаанд. Ҳеҷ тори дили ин навҷавон барои Туркманистон намеларзад, чун ба он ҷо рабте надорад. Он ҷо Ватани ӯ нест....

 Ватан чист? Ватан куҷост?

Ватан чист? Ватан куҷост? Куҷост маконе, ки дар адабиёти форс барояш булбул меноладу дар адабиёти араб шутур ҳанин мекашад? Он ҷое, ки аз батни модар берун меоӣ? Он ҷое, ки роҳ рафтанро меомӯзӣ, ҳарф заданро, хандиданро, гиристанро?.. Сарфи назар аз он ки он ҷо аз чор сангу як кӯча хок иборат аст? Ё сард асту барқ надорад? Ё гарм асту об надорад? Ё зулму ноадолативу фасоду фисқу фуҷур ва фире фармонравост? Фффффф....философ.....

Сорри, ин сатрҳоро дур аз Тоҷикистон, дар як кишвари бегона менависам. Дар ин хонаи иҷораам ТВ ва комп надорам ва ҳамин гуна аблаҳизмҳо ба ёдам мезанаду фалсафафурӯшиҳо мекунам. Ва фикр мекунам, Ватан куҷост? Оё зиндагие беғаму осон, бо шароити беҳтар, бо хотири ҷамъ, бо итминон ба адолат ва риояи ҳуқуқ, бо тани пӯшида ва шиками сер, бо барқу газу об ва пулису пизишку продаветсу (фурӯшанда) ҳар мақоми дигари хушмуомила дар кишваре бегона метавонад барои инсон Ватан шавад? Ё хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар?

 Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар

Дар Тоҷикистон фикри насли ҷавон аз насли калонсол каме фарк мекунад. Фикрашон дар мавриди патриотизм ва меҳандӯстӣ. Ба назар мерасад, ин мафҳумот барои насли ҷавон, ки аз кӯзаи идеологияи Шӯравӣ об нанӯшидаанд, камтар муқаддастаранд.

Аксари кулли насли калонсол маъмулан аксаран ҳанӯзам Шӯравиро ватани худ медонад. На танҳо ба он хотир, ки ҳар шаби мактабхониву донишҷӯияшро бо сурудҳову шеърҳо дар мадҳи Шӯравӣ ва бо китобҳои Марксу Энгелсу Ленин рӯз кардааст. Балки, маъмулан ба он хотир, ки дар даврони Шӯравӣ зиндагии содда ва осону беғаме доштанд. Дар муқоиса бо замони имрӯз.  Дар муқоиса бо мушкилоти сангини иҷтимоии имрӯз.

Насли Шӯравӣ ҳеҷ қабул карда наметавонад, ки барои таҳсил ва хидмати пизишк бояд пул бипардозад. Он ҳам пули бисёре аз маош ва ё нафақаи ночизаш.

Ва ҳамакнун ба назар мерасад, он фикр ки гадо бошиву дар ватани худ бошӣ, камтар тарафдоре дорад. Ҳам миёни калонсолон, ки салтанати бегонагонро аз истиқлоли кишвари фақире бартар медонанд ва ҳам ин фикри худро бо хоҳиши шаҳрванди як абарқудрати ҷаҳон будан асоснок мекунанд. Ва ҳам миёни насли ҷавон, ки дигар ба мисли падару бобоҳои худ дар деги нерӯманди идеологӣ намеҷӯшад. Барои насли ҷавон, ки вожаи СССР-ро аз ҳасратҳои волидонаш шунидааст, Ватан ҳаммаънои он маҳдудаи сиёсиву марзии имрӯз аст, ки бо исми Тоҷикистон маъруф аст.

Аммо мафҳуми Ватан на дар зеҳни ҳама бо исми кишваре дар гузашта ва ё имрӯза бастагӣ дорад.

 Ватан маконест, ки эҳсоси танҳоиву бегонагӣ надорӣ

Фикрҳое ҳам ҳастанд, ки агар дар Амрико, ва ё Аврупо ва ё Африқо ва ё Марс танҳо набошӣ, ҳамсар ва фарзанд ва волидон ва додарону хоҳаронат ҳамроҳат бошанд, ва дӯстон дошта бошӣ, оё чӣ лузумате ба нолаҳои шабҳангомӣ дар ҳасрати Душанбе ва ё Khujand ва ё Kulob боқӣ мемонад?

Ватан ҷоест, ки зода шудаӣ ва бузург шудаӣ ва ё ҷоест, ки зиндагият хуш мегузарад? Ватан куҷост?

(Бо каме тағйирот бознашр аз торнамои фарҳангии Ҷадид Медиа)

Абдуфаттоҳ Шафиев

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97