БА ҚАДРИ БАЧАҲОИ ҶАЙРА КАЙ ВА Кӣ МЕРАСАД?

Муҳоҷират 01.01.2011 18:07

Bachahoi jaira Даҳсолаи аввали қарни бисту як низ паси сар шуд. Бо ҳама барору бебарориҳояш. Барои мардуми муҳоҷири дур аз ватани мо низ ин сол гуногунранг ба сар омад. Яке комрон гашту дигаре ноком, бархе бо сари баланд ва ҷайби пур бари атфолу хонадони хеш  баргашанду дигаре сархаму дасту дили холӣ ва бархеи дигар бо по рафтанду бо сар ба ватан овардандашон. 

 

Бо вуҷуди он ки бархе ҷуз ҷони хеш чизе наоварданд, хонаводаҳояшон шукр мегуфтанд, шукри ба саломат омаданашонро. Зеро тайи ин солҳо пайваста хабару овозаҳоро дар бораи лату кӯб ва куштану ғорат кардани муҳоҷирин мешунидему шоҳид мешудем. Пас имсол чӣ хубиҳоеро барои муҳоҷирин ба бар дошт? Оё дар ин сол беҳбудие барои муҳоҷирин пеш омад ва мақомоти Русия, ки аксарияти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишваранд ва Тоҷикистон, ки қариб нисфе аз нируи кории мо имрӯзҳо муҳоҷиранд, чӣ паймонҳоеро оид ба беҳтар кардани вазъи муҳоҷирин бастанд?

Русия - нуқтаи дарди муҳоҷирин

Чаро Русия? Ангушт гузоштан дар нақшаи ҷуғрофиё рӯйи Русия бесабаб нест, ки қариб аксарияти кӯдаку пири тоҷик инро медонад. Ва бо гуфтани номи муҳоҷир онҳоеро, ки ҳади ақал як азизашон дар муҳоҷират дар пайи дарёфти қути лоямуте ҳаст, Русия ба ёд меояд. Тибқи омори расмии Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия дар ҳоли ҳозир теъдоди муҳоҷирини корӣ аз Тоҷикистон дар ин кишвар бисту як фисадро ташкил мекунад. Хабаргузории "Азия-плюс", ба қавли ин Хадамот овардааст, ки то моҳи октябри соли ҷорӣ беш аз 762 ҳазор муҳоҷири тоҷик вориди ин кишвар шудаанд. Аммо ба қавли Зумрад Солиева, мудири шӯъбаи таъмини ҳуқуқӣ ва муносибати байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар тӯли ҳашт моҳ 396 ҳазору 820 нафар муҳоҷир ба Русия рафтаанд. Воқеъияти онро ҳаволаи инсофи он ду хадамот месозем, ки то кадоме дуруст мегӯяд. Мо танҳо инро хуб медонем, ки аксари ҷавонони қобили кори ватанамон дар муҳоҷиратанд ва дар қиёси як деҳа агар инро бигирем, пайдо кардани хонаводае, ки ҳадди ақал як муҳоҷир надошта бошад хеле мушкил аст. Дигар ин ки аз ҳама бештар муҳоҷирини тоҷик дар Русия ба мушкилоти зиёде гирифторанд. Бо вуҷуди ин ҳама сахтиву азоб яке аз манбаҳои асосии мувозинати қурби асъори ватанӣ ва иқтисодиёти дохилӣ ҳамин корҷӯёнанд. Дар тӯли як сол беш аз ду миллиард доллари амрикоӣ танҳо тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон аз номи ҳамин тоҷикони баномус ворид мегардад. Тибқи омори Бонки миллии Тоҷикистон, дар як сол ду миллиарду шашсаду чил ҳазор доллар аз сӯйи ин мардони кор ворид шудааст. Бо вуҷуди ин ҳама манфиате, ки аз онҳо ба кишвару хонадони хеш меоваранд, қариб аз тамоми шароити зиндагӣ маҳруманд.       Дар тӯли қариб бист соли муҳоҷирати онҳо ва қабули чандин қонуну қарорҳо ва таъғиру табдили  сохторҳо чӣ дар дохили кишварамон ва чӣ дар Русия то ба ҳол низоми муайяне барои корҷӯёни тоҷик рӯи кор наомадааст. Болои ин боз фишору тарсу ҳарос аз тарафи милисаву миллатгароёну дигару дигарҳо. Борҳо тавассути ВАУ-и дохиливу хориҷӣ дар бораи қатлу террори шаҳрвандони тоҷик овозаҳо паҳн мешаванд. Дар тӯли як сол тобути садҳо нафар муҳоҷирро таҳти рақами "Груз-200" ба ватан боз оварданд. Охирин хабаре, ки дар даст дорем, ин овардани 12 тобути фарзандони тоҷик аст, ки аз Русия дар моҳи декабр боз оварданд, ки боз чандин хонаводаи тоҷикро мотамхона намуд. Аз ин рӯ меҳвари баҳс доир ба муҳоҷирин пайваста ин кишвар мебошад. Пас муҳоҷир дар ин сол чӣ дастоварде ба худ дошт?

 

Тоҷикони муваффақ

Аммо дар ин миён сафи тоҷикони муваффақ низ дар Русия сол то сол афзудан дорад. Ҳастанд нафароне, ки имрӯз соҳиби ширкат ва корхонаҳои хусусиянд. Имрӯз соҳибкорон ва мутахассисини зиёди тоҷик дар ҷанбаҳои гуногуни Русия фаъолият доранд. Ҳоло қариб дар тамоми шаҳрҳои Русия мутахассисону соҳибкорону ҳунармандони тоҷикро метавон вохӯрд, ки номбардори миллат ва обрӯи кишваранд. Далели он гуфтаҳо он ҷавонони саховатпешаи тоҷик мебошанд, ки бо як нидои давлат барои ободии Роғун аз тамоми олам садо баланд намуданд ва маблағи зиёдеро барои ободии он ирсол доштанд. Он тоҷикеро, ки пештар танҳо чун коргари кироя ва аробакаш мешинохтанд, акнун дар аксари шаҳрҳо дигар номи тоҷиру муҳандису соҳибкасбро доранд. Афсус, ки ин гуна афрод то ба ҳол ангуштшуморанд. Аксари онҳое, ки аз рӯи ихтисос кор намеёбанд ва ин гуна касон зиёданд, маҷбуранд ба корҳои ғайритахассусӣ даст зананд, аз қабили боркашонӣ, роҳрӯбӣ, қабрканӣ ва ё дигар аъмол. Дар тӯли солҳои дар муҳоҷират буданам борҳо бо профессору духтуру дигар соҳибихтисосҳо во хӯрдам, ки ба аробакашӣ ва кӯчарӯбиву бинокорӣ машғул буданд. Имсол барои муҳоҷирин аз назари худи корҷӯён ва коршиносон он қадар бобарор набуд, зеро кишвари Русия барои муҳоҷирони корӣ чандин маҳдудиятро пеш овард; кам кардани квота барои муҳоҷирин, баста шудани чанд бозори калон, ҷорӣ кардани патент ва боз фишорҳои дигар. Шерзод ном муҳоҷири собиқадори тоҷик дар сӯҳбат бо мо гуфт: "Солҳост, ки ман дар шаҳри Маскав коргари кироя шуда кор мекунам. Имсол аз ҳамасола дида, корамон камтар аст. Дар тӯли чаҳор моҳ танҳо ду дафъа кор пайдо намудам, ки ба зӯр барои нону чой ва иҷорапулӣ мерасад. Хиҷолатзадаам, ки наметавонам барои волидайнам чизе бифиристам. Барои ҷои кори доимӣ асноди шаҳрвандии русӣ ваё иҷозаи корӣ мепурсанд, ки бо кам кардани квота ба ҳама намерасад ва ё бештар рухсатномаҳои қалбакиро мефурӯшанд, ки аз доштани он надоштан беҳтар аст. Мисли ман ҷавонони бекор зиёданд, ки даҳ-дувоздаҳ нафарӣ дар ҳар хонаву кулбаҳо рӯ ба раҳми Худо ҷӯёи корем, чунки ба ватан баргаштан беҳуда аст. Дар он ҷо низ ҷои коре нест, ки рӯзи худро гузаронем. Баъди воқеаҳои мудҳиши декабрӣ, ки ситезаи миллатгароён авҷ гирифт, барои корҷӯён вазъиятро сангинтар кард. Дар ҳар қадам милисаҳо сар то ба пои ҳар як сиёҳсарро тафтиш менамоянд ва бо сад баҳона азият медиҳанд. Аз ин рӯ маҷбурем, ки танҳо бо таксӣ ҷӯёи кор шавем, ки ҷайбҳои тиҳии моро холитар месозад". Пас роҳи наҷот дар куҷост ва кӣ бояд аз мардони муҳоҷир пуштибонӣ намояд? Кист ҳомии муҳоҷири тоҷик?

 

Тоҷикон

иттиҳодия доранд?

Саробони онҳо кист? 

Дар кишвари Русия чандин созмону иттиҳодияҳои тоҷикӣ фаъолият доранд. Аз инҳо бо истиснои як ё ду боқӣ фақат барои ном ва пулҷамъ овардананд. Банда беш аз сад нафар муҳоҷири кориро дар бораи ин иттиҳодияҳо пурсон шудам. Аз ҳамаи онҳо ҷавоби рад шунидам. Аксари онҳо тамоман дар бораи мавҷудияти чунин иттиҳодияҳо дараке надоранд. Муҳоҷири корӣ Ҷамшед Сатторов дар сӯҳбат чунин гуфт: "Ман беш аз панҷ сол аст, ки дар шаҳри Маскав кору фаъолият дорам. Имсол низ ягон дигаргуние, ки  барои мо сабукӣ биоварад дида нашуд, балки  боз барои муҳоҷирин сахттар шуд.  Дар бештари сохтмону бозорҳо то ҷое, ки банда иттило дорам, аксарият комёб нагаштанд. Бо замми ин ҳодисаҳои нохуши пай дар пайи имсола.

Бисёриҳоро кори вазнин фармуда, музди даҳ дар як медиҳанд ва ё ки ба қавли умум "кидат" менамоянд. Ман боре надидаам, ки кадоме аз созмон ё иттиҳодияҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба суроғи мо биояд. Тамоми сахтиҳое, ки пеш меояд кӯшиш менамоем, ки бо кормандони қудратии ин шаҳр  ва корфармоёнамон. Аз сафорати Тоҷикистон низ боре касеро надидаем. Хулоса мо тоҷикон аксаран мекӯшем, ки масоили пешомадаро худамон ҳал намоем. Дар ин кишвар шояд аз тоҷикон дида бе саробонтар миллате набошад".

Ба назари банда то ба кунун бо вуҷуди имконоти дошта, ин созмону иттиҳодияҳо ягон кори назаррасеро анҷом надодаанд. Танҳо дағдағаи ба суд кашидану бастани барномаи "Наша Раша"-и Галустянро, ки аз ҷониби раиси иттиҳоди тоҷикони Русия К. Шарипов гӯё иқдом шудааст, шунидам. Аммо дар боби "Наша Раша" аввалтар аз ҳама нашрияҳои мустақили Тоҷикистон дар тӯли чанд сол сарусадо баланд карданд, то садои онҳо аз сӯйи созмонҳои мудофеъи муҳоҷирон дастгирӣ ёфт.Яъне дар ин кор боз ҳам иқдом аз нашрияҳои хусусии тоҷик будааст то аз созмонҳову иттиҳодияҳои тоҷикон.

 

Як рус барои Путин арзиш дорад. Тоҷик чӣ?

Ҳангоме ки мухлиси тими футболи "Спартак" Свиридов аз ҷониби ҷавони қабардинӣ кушта шуд, тамоми ВАУ-и Русия ба по бархост. Расонаҳои русгаро ҳодисаро тавре ба қалам доданд, ки тӯдаи бешумори  сокинони рустабори ин шаҳр ва атрофи онро ба по хезонд ва боиси марги чандин сиёҳсари (черномазый- ба қавли русҳо) муҳоҷиру муқими он гашт. Агарчи аз теъдоди кушташудагон иттилоъ намедиҳанд, вале шоҳидони воқеъаи бархе аз марказҳои иттилоотӣ аз марги беш аз 60 нафару садҳо захмӣ ҳадс мезананд. Ҳатто сарвазири Русия В. Путин қабри ӯро зиёрат кард. Аҳсант, бар чунин сарвазир! Бо вуҷуди яктарафа намоиш додани воқеаҳо ҳам аҳсант ба ВАУ ва масъулини ин кишвар, ки як рус барояшон арзиш дорад! Вале тавре зикр рафт ба ҷуз нашрияҳои хусусӣ кам дидаем, ки масъулини мо барои марги шаҳидони ғурамарги муҳоҷир садо баланд намоянд ё, ҳади аққал тасаллои дили модару фарзандони армонии он­ҳо шаванд. Телевизиони тоҷик борҳо аз сӯхтори ҷангалу садамаи нақлиётии кадом як кишваре, ки дар харита номаш нест, ба такрор намоиш медиҳаду боре надидаем, ки аз талафот ва ё мушкилии ин муҳоҷирин намоиш диҳад. Ё ки тоҷикони саробони мо ин қадар беарзишанд? Ва ё ба қавли мардумони кӯчабозорӣ "Бачаи ҷайраанд"!?

Аъзамшоҳи  

қуқаншоҳ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97