Муҳоҷирони тоҷик, ба фитна дода нашавед!

Муҳоҷират 16.12.2010 10:22

muhojironi-tojik1Ҷамъияти тоҷикони Русия аз муҳоҷирони корӣ даъват кардааст, ки аз ҳама гуна пешниҳоди ширкат дар тазоҳурот бар зидди миллатгароёни рус худдорӣ намоянд ва худро аз ин ҳангомаву тавтеъаҳо дур бигиранд.

 

Ба думболи ошӯбҳои рӯзи 11 декабри миллатгароёни рус, ки мардуми ғайрирус лату кӯб шудаанд, дар саҳифаҳои интернетӣ аз қавмҳои мусалмони Русия даъват шудааст, ки ба ҳамойиши эътирозии ҷавонони қафқозӣ ҳамроҳ бишаванд.

Масъулини Анҷумани тоҷикони муқими Русия бо номи “Самандар” ин даъватҳоро ғайриқонунӣ ва барои идомаи будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хатарбор номидаанд. Созмонҳои тоҷикони муқими Русия зимни пахши як муроҷиатнома гуфтаанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик, ки барои кору тиҷорат ва дарёфти рисқу рӯзии хонаводаҳои худ ба Русия омадаанд, набояд худро ба бозичаи дасти сиёсатбозҳо табдил диҳанд. Мақомоти ҷамъиятҳои тоҷикон аз он нигаронанд, ки тобишҳои мазҳабии муноқишаи ахир дар байни бегонаситезҳои рус ва ҷавонони қафқозӣ мабодо муҳоҷирони тоҷикро вориди ин рӯёрӯиҳо накунад.

Дар охири ҳафтаи гузашта садҳо мухлиси футбол якҷо бо миллатгароёни рус, бо шиорҳое “Русия барои русҳо ва Маскав барои маскавиҳо” ба кӯчаҳои пойтахти ин кишвар рехтанд ва ва дар роҳи ҳаракати худ ба намояндагони қавмҳои ғайрирус дарафтодаанд. Дар пайи он ҳодисаҳо 13 нафар, аз ҷумла чанд пулис захм бардоштааст. Хабаргузории Интерфакс навишта, ки рӯзи 12 декабр як ҷавони қирғиз бо номи Алишер Шамшиеви 37-сола аз зарби корди гурӯҳи ситезаҷӯи рус кушта шудааст.

Маҳина Абдулҳайева, як ҷавонзани тоҷик, ки ҳамроҳи хонаводааш дар канори Маскав ба сар мебарад, гуфтааст: ҳар рӯз дар бораи эҳтимоли бурузи низоъҳову пархошҳои нав хабарҳое пахш мешаванд ва ӯро ба изтироб меоранд.

Ӯ гуфтааст, ки ман аз писарам, ки дар донишгоҳи Маскав таҳсил мекунад, дар хавотирам. Мебинам, ки ин ҳодисаҳо ҳама одамонро новобаста аз қавму миллат сахт дар ташвиш андохтааст. Чун як шаҳрванди Тоҷикистон аз раҳбарони давлати худ хоҳиш дорам дар ҳалли ин мушкил бо раҳбарони давлати Русия ҳамкорӣ кунанд ва саҳмгузор бошанд.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади дарёфти ҷойи кор дар манотиқи мухталифи Русия ба сар мебаранд. Бо вуҷуди он ки бисёре аз онҳо ҷойи кори амн доранд, аммо мегӯянд, ҳеч кафолате нест, ки дар кӯча бо бегонаситезе рӯ ба рӯ шавӣ ва ҷон ба саломат бубарӣ. Дилбар Самадова, таҳлилгари тоҷик, ки чанде пеш аз Маскав баргашт, мегӯяд, ки агар мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои дигар барои фурӯ нишондани оташи хашми бегонаситезӣ дар Русия ба мақомоти Маскав муроҷиат накунанд, оқибати ин ҷумбиш ҳам барои муҳоҷирони корӣ ва ҳам барои худи Русия хатарнок хоҳад буд. Бону Самадова мегӯяд, ки саркалҳои Русия ва гурӯҳҳои миллатгарои дигар, ки гӯё шӯхӣ ба шӯхӣ ба майдон ворид шудаанд, акнун ба як нирӯи вайронкоре табдил шудаанд, ки дигар на ба мақомоти Русия сар мефуроранд ва на ба раҳбароне, ки онҳоро тамрин додаанд.

Нашри наворҳои батаҳрири ҳодисаи 11-уми декабр дар саҳифаи Ютюб ҳудуди бегонаситезӣ дар Русияро ба намоиш гузошт. Президенти Русия Дмитрий Медведев задухурди ахирро таҳдид ба пояи давлат номид ва гуфт, ки масъулони ин ҳодиса муҷозот хоҳанд шуд. Аксаран бар ин назаранд, ки 11-уми декабр дар таърихи Русия бо ранги сиёҳ сабт хоҳад шуд. Аммо барои муҳоҷирони корӣ фарқ надорад, ки ин рӯз дар таърих чӣ ранг хоҳад дошт. Онҳо ҳоло як дарди сар доранд, ки ин ҳодиса ба зудӣ аз хотирҳо зудуда шавад, то онҳо битавонанд бетарсу ҳарос ба кӯча бароянд ва то ҷойи кор зинда бирасанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97