Шерозаҳои бадахшӣ

Гиромидошти соли "Рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ" дар соли гузашта дар кишвар бо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки хеле аз онон анқариб аз байн рафта буданд, мусоидат кард.

Анъанаи ҳунари  шерозбофии  қадима идома дорад. Суннати шерозбофӣ дар Бадахшон дорои мазмуни фарҳангию иҷтимоӣ ва асотирию эътиқодӣ мебошад. Шерозбофӣ  яке аз ҳунарҳои қадимаи халқӣ буда, ҳунари суннатии бонувони кўҳистон ба ҳисоб меравад.

Дар замонҳои пеш дар либоси мардуми Бадахшон, аз ҷумла дар ҷӯробҳои помирӣ, шерозаи тоқӣ, сарбанди арӯс, гиребони пироҳани домод рамзи «свастика», ки бо забони шуғнонӣ "негиҷак" ва бо забони тоҷикӣ дар ин ҷо ҳамчун "гардунаи гардун" маъруф аст, дида мешуд, ки ифодакунандаи оғози гардиши чор унсури табиат; об, оташ, хок, ҳаво аз оғози офариниши олам ё худ, рамзи гардиши ҳамешагии олам ҳисоб мешавад.(Дар ин бора дар китоби Шодихон Юсуфбеков ва Аловиддин Шоҳинбеков "Шогуни Баҳор". Хоруғ, "ЛогосПлюс", 2016 маълумот дода шудааст).

Аловиддин Шоҳинбеков, устоди донишгоҳи шаҳри Хоруғ мегӯяд: «Бо мурури замон, дар аксарияти кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба рамзи «свастика» пас аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аксарият назари нек надоштанд ва ин боис шуд, ки дар наққошиҳо ва гулкориву гулдузиҳо низ анқариб ин рамз дигар қобили истифода қарор нагирад. Ва ҷойгузинаш шерозаҳои дигари маҳсули занони Бадахшон гардид.»

Аммо дар ин авохир, ҳунармандони моҳири Бадахшон нусхаҳои нави замонавиро, ки технологияи банду басти мураккаб дорад, кашф кардаанд. Солҳои охир бо таваҷҷӯҳ ба серхаридор шудани ин навъи ҳунари дастӣ, ҷавонони зиёд ҳам ба омӯхтани ин ҳунар пардохтаанд.

Нигорсултон Отамбекова, як сокини 18-солаи ноҳияи Шуғнон 5 сол ба ин су ба дӯхтани шерозҳои бадахшонӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд, ҳунарҳои мардумӣ метавонанд ҳам муаррифгари фарҳанг бошанд ва ҳам аз нигоҳи молӣ ба сатҳи зиндагии мардум беҳбуд бубахшанд. Нигорсултон афзуд: «Ҳанӯз аз хурдӣ ба дӯхтани шерозбофӣ майл доштам. Ҳоло дар як ҳафта 8-10 шерозаро мебофам, ки нархи яке аз онҳо дар бозори марказии вилоят 15 сомонӣ арзиш дорад.»

Ин гулдухтари зебоиофар дар баробари таҳсил дар Донишгоҳ, барои зинда нигоҳ доштани суннати аҷдодии хеш низ фурсат меёбад ва ҳамзамон даромади молӣ ба даст меоварад.

Ба назари ҳунаршиносон, бофтани шерозаҳо ба кас оромиши руҳӣ ва ба атроф зебоӣ ато мекунад.

                                                                                                   Рафоат Қудратова

шаҳри Хоруғ

бознашр аз маҷаллаи "Ҳавво"

№1-2019

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97