Чанд нукта аз нукоти китобҳои равоншиносӣ III

(Анҷом)

Ёд дошта бошед, агар тамоми китобҳои равоншиносиро бихонед, ба ин чанд нукоти гирдоваришуда мерасед, ки ду қисматашро қаблан пешкаш карда будем:

 41. Беҳтарин дӯсти ҳамсарат бош.

 42. То вақте шуғли беҳтаре пайдо накардаӣ, шуғл феълиятро аз даст мадеҳ.

 43. Сайъ бикун муфидтарин ва боэҳсостарин одами рӯи замин бошӣ.

 44. Аз касе кина ба дил нагир.

 45. Барои тамоми мавҷудоти зинда арзиш қоил шав.

 46. Шикастро ба роҳатӣ бипазир.

 47. Вақте пирӯз шудӣ, фахрфурӯшӣ накун.

 48. Худатро даргири масоили беаҳамият накун.

 49. Ҳаргиз ба касе нагӯ, ки хаста ва афсурда ба назар меояд.

 50. Ҳамеша ба қавлат вафодор бош.

 51. То метавонӣ, ҷудоиҳоро ба васл табдил бикун.

 52. Одат бикун, ҳамеша, ҳатто замоне, ки нороҳат ҳастӣ, худатро сари ҳол нишон диҳӣ.

 53. Зиндагиро сахт нагир.

 54. Ҳеҷ вақт қимор бозӣ накун.

 55. Вақте бо кори сахте рӯбарӯ шудӣ, ба худат талқин бикун, ки шикаст ғайримумкин аст.

 56. Аз васоилат ба хубӣ муҳофизат бикун.

 57. Интизор надошта бош, ки пул бароят хушбахтӣ биоварад.

 58. Барои тағъир додани дигарон беш аз ин талош накун.

 59. Ҳамеша хушзоҳир бош ва босалиқа либос бипӯш.

 60. Пулҳоро аз байн набар, шояд маҷбур шавӣ бори дигар аз дарё убур кунӣ.

 61. Худатро дасти кам нагир.

 62. Мутавозеъ ва фурӯтан бош.

 63. Дари мошинатро ҳамеша қуфл бикун.

 64. Қудрати бахшандагиро аз ёд мабар.

 65. Нисбат ба мардуме, ки ба ту мегӯянд хеле содиқ ва бериё ҳастӣ, мӯҳтот бош.

66. Дӯстиҳои қадимиро дубора тоза бикун.

 67. Сайъ бикун зиндагӣ ҳамвора бароят паём дошта бошад.

 68.  Китоби мавриди алоқаатро барои бори дувум бихон.

 69.  Тавре зиндагӣ бикун, ки рӯи санги қабрат бинависанд: Шахсе, ки аз ҳеҷ чиз дар зиндагияш пушаймон набуд.

 70. Бидон дар чӣ вақт бояд сукут бикунӣ! 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97