Чанд нукта аз нукоти китобҳои равоншиносӣ

Бидонед, агар тамоми китобҳои равоншиносиро бихонед, ба ин чанд нукоти гирдоваришуда мерасед:

  1.Рӯзи таваллуди дигаронро ба хотир дошта бош.

 2. Ҳадди ақал соле як бор тулӯъи офтобро тамошо бикун.

 3. Барои фардоят барномарезӣ бикун.

 4. Аз иборати«муташаккирам» (миннатдорам) зиёд истифода бикун.

 5. Бидон дар чӣ вақт бояд сукут кунӣ.

 6. Зери дӯши об барои худат суруд бихон.

 7. Аҳмақона рафтор макун.

 8. Барои ҳар муносибати хурде низ ҷашн бигир.

 9. Молҳоеро, ки бачаҳо мефурӯшанд бихар.

 10. Ҳамеша дар ҳоли омӯхтан бош.

 11. Ончи медонӣ ба дигарон биёмӯз.

 12. Рӯзи таваллудат як дарахт бикор.

 13. Дӯстони нав пайдо бикун, аммо қадимиҳоро аз ёд мабар.

 14. Аз маконҳои гуногун акс бигир.

 15. Роздор бош.

 16. Фурсати лаззат бурдан аз хушиҳоятро ба баъд маътал накун.

 17. Ба дигарон мутакӣ набош.

 18. Ҳеҷ вақт дар мавриди режими ғизоият бо касе сӯҳбат накун.

 19. Иштибоҳҳоятро бипазир.

 20. Бидон, ки тамоми ахборе, ки мешунавӣ, дуруст нест.

                                                                                               (идома дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97