Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Хонаи мо – хонавода

Ассалому аллайкум

Бо чунин сатрҳо ҳанӯз 3 августи соли 2006, сафҳаи «Хонаи мо – хонавода» дар рӯзномаи «Миллат» рӯнамоӣ кард. Аз он рӯз солҳо пушти сар шуданд. Интернет акнун меҳмони ҳар кадом аз хонаводаҳои гиромӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон шудааст. Чун муҳтавои ин сафҳа ҳанӯз ҳам нав асту ба дардхур, тасмим гирифтем, матолиби ин сафҳаро аз бойгонӣ ба сайти интернетии нашрия бикӯчонем ва ҳамзамон матолиби наву ҷолиберо пешкаши хонаводаҳо бинмоем.

Аз бойгонӣ:

Дари сафҳаи нахустини «Хонаи мо –хонавода»-ро ба рӯи Шумо боз карда, таманнои онро дорем, ки маслиҳату машварати худро ба ҳамватанони худ дареғ намедоред ва онро тариқи нашрияи худ (ҳоло сомонаи худ) барои онон мерасонед.

Сафҳаи нави «Хонаи мо хонавода», дар мавзуоти гуногун, аз ҷумла рубрикаҳои «Хонаи нав зиндагии нав», барои навхонадорон, «Кошонаи ҳусн», барои ҳамеша зебо мондани Шумо, «Хони Миллат», барои кадбонуҳо, ки ошпазиро дӯст медоранд, «Ҳаёта» – роҷеъ ба кишоварзӣ, «замбӯрпарварӣ», «парвариши мол», «Дастони моҳир»роҷеъ ба устоӣ, «хайётӣ», «бофандагӣ» ва ғайра матолиб нашр хоҳад кард, ки пешниҳод аз таҷрибаи шумо дар амалисозии ин тарҳи барномаҳо имрӯз бениҳоят барои ташаккули Миллат зарур аст.

Мо умедворем, ки Шумо ҳатман ба «Хонаи мо –хонавода» меҳмон мешавед, маслиҳати худро дареғ намедоред ва ҳам аз машварати дигарон дар сафҳаи худатон баҳра мебаред.

Бонувони азиз! Имрӯз, ки аксарияти мардони хонавода ба хотири таъмини рӯзгор рӯ ба ҳиҷрат ниҳодаанд. Дар зиндагии ҳаррӯзаи Шумо маслиҳатгари мушфиқ намерасад, ҳатто дар ҳалли бисёр корҳои рӯзгор, ки аз вазифаи мардон маҳсуб дониста мешуд, оҷизӣ мекашед, ҳузур надоштани мардон дар тарбияти фарзандон мушкили дучанд эҷод кардааст;

Ҷавонмардони гиромӣ! Лаҳзае ҳамсари Шумо аз бари Шумо канор рафта, ба дидорбинии волидон ва хешу ақрабо, ё истироҳат, ё сафари хидматӣ, ё зоишгоҳ ё (худо накарда) дар бемористон бистарӣ шудааст, Шумо ин лаҳза худро дар рӯи дунё яккаву танҳо эҳсос мекунед. Тамоми ашёи рӯзгор дарҳаму барҳам зада шудааст ва ё дар ошпазхонае, ки тамоми асбобу анҷом мураттаб гузошта шудааст, шумо раҳгум задаед ва ҳатто тобаи тухмпазиро ҳам пайдо намекунед. Наметавонед духтарчаи хушгилатонро, ки аз ин раҳдаргумии Шумо асаббонӣ шудаасту ғаш мекунад, ором созед, Шумо дар пайдо кардани роҳи ҳали масъала оҷиз мондаед;

Ин лаҳза аст, ки ба мадади Шумо сафҳаи «Хонаи мо –хонавода» меояд, онро боз мекунед ва тамоми мушкили Шумо осон мегардад.

Дари Хонадони Миллат ба рӯи Шумо ҳамеша боз аст, ташриф биоред!

Нури дида, тоҷи сар!

(Бознашр аз «Миллат» №30 аз 3.08.2006)

Ба сафҳаи тозаи мо дар сомона Хуш омадед!

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97