Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Салат бо озодмоҳӣ

 

(Салат с семгой)

Ин салати зебо, ғанӣ ва серғизо бо озодмоҳӣ албатта пурхарҷ аст. Вале агар омодасозии онро шумо дар рӯзҳои ҷашну зодрӯзи азизонатон дар назар бигиред, таъми олии он ҳадяи хубе барои азизонатон хоҳад буд.

 Маводи лозим барои таҳияи салат бо озодмоҳӣ:

Озодимоҳии шӯр (соленая семга) — 400 грамм

Панир (твердый сыр) — 200 грамм

Картошкаи обпаз — 3 дона

Тухми обпаз — 3 дона

Себ — 3 дона

Пиёз — 3 дона

Равғани растанӣ барои бирён кардани пиёз

Майонез — 300 грамм

Тухми моҳии сурх (красная икра) барои ороиши салат — 150 грамм

Барги салат барои ороиш

Тарзи таҳияи салат бо озодмоҳӣ:

Аз турбтароши дандонкалон картошкаро мегузаронем.

Зарди ва сафедии тухмҳоро аз ҳам ҷудо карда ба таври ҷудогона аз турбтарош гузаронед.

Пиёзро пуст канда, ба таври нимҳалқа реза ва дар равған то тилоранг шудани он бирён кунед.

Озодмоҳии шӯрро ба шакли чоркунҷа реза созед.

Панир ва себро низ аз турбтарош гузаронед.

Вақте ҳамаи масолеҳи зарурӣ омода шуд, салатро қабат бар қабат бичинед ва дар ҳар қабат майонез бимолед:

Қабати 1 — озодмоҳӣ ва пиёзи бирёншуда — майонез.

Қабати 2 — картошка — майонез.

Қабати 3 — себ — майонез.

Қабати 4 — панир — майонез.

Қабати 5 — сафедии тухм — майонез.

Қабати 6 – зардии тухм ва каме панир — майонез.

Вақте салат омода шуд, барои 3 соат онро мегузорем то худашро бигирад ё биҷабад, агар онро бо барои як шаб дар яхдон бигузоред то хуб ҷабида шавад, боз хушмаззатар хоҳад шуд.

Қабл аз рӯйи дастархон гузоштани салат онро бо тухми моҳии сурх ва барг и салат ороиш бидиҳед.

Нӯши ҷон!

 

Таҳияи Заррин

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97