Қазоқистон ва Русия барои тавлиди ҳавопаймои «ИЛ-103М» ҳамкорӣ мекунанд

Хабари хуб 12.11.2018 14:33

Райси генералии ширкати ҳавопаймоии «ИЛ» мегуяд, ки Қазоқистон ва Русия барномарезӣ кардаанд дар ояндаи наздик ба тавлиди ҳавопаймои «ИЛ-103М» оғоз кунанд.

Алексей Рогозин мудири кулли ширкати «ИЛ» зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки Қазоқистон ва Русия қасд доранд дар оянда ҳавопаймои навъи «ИЛ-103М» ро тавлид кунанд.

Вай афзуд: Қазоқистон ва Русия дар соли 2019 ширкати муштараке дар ҳавзаи модернизатсияи кардани ҳавопаймоҳои навъ «ИЛ-103 М» ро таъсис мекунанд.

Ба гуфтаи вай ин ширкати муштарак дар соли 2019 эҷод ва нахустини ҳавопаймои он дар соли 2022 тавлид хоҳад шуд.

Дар доираи понздаҳумин ҳамоиши байниминтақавии Русия ва Қазоқистон дар шаҳри Петропавловски Қазоқистон қарордоде дар мариди эҷоди тарҳи байналмиллалии санъатӣ бо мақсади тавлиди ин навъи ҳавопаймо ба имзо расидааст.

Намояндагони ин ширкат ба ин боваранд, ки иҷрои ин тарҳ барои бароварда сохтани ниёзи рӯзафзун ба ҳавопаймоҳои хурд, ҷойгузин кардани тавлидоти мушобеҳи хориҷӣ ва ҳамчунин ташвиқи тавсеъаи масирҳои маҳаллии ҳамлу нақлӣ дар Русия ва Қазоқистон кӯмак хоҳад кард.

Ин ҳавопаймо дар Русия ба фурӯш рафта ва ҳамчунин ба Белорус, Перу, Миёнмар, Кореяи Ҷанубӣ низ содир шудааст.

 

Ин ҳавопаймо ҳамчунин барои масрафи шахсӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ низ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97