Аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ҳафтаи оянда ба кор оғоз хоҳад кард

Хабари хуб 09.11.2018 17:02

Маросими роҳандозии аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли ҷорӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури кишвар баргузор хоҳад шуд.

Бино ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа имрӯз таи як нишасти хабарӣ гуфт, 16 ноябри соли ҷорӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ба кор андохта мешавад.

Ба гуфтаи вай барои ширкат дар ин маросим намояндагони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои ширкаткунандаи пружаи CASA-1000, созмонҳои байналмиллалӣ, намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ, матбуот, аз ҷумла 30 расонаи хабарии хориҷӣ даъват хоҳанд шуд.

Раҳмонзода дар идома ишора кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳамаи корҳо ҷиҳати роҳандозии аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун тибқи нақша ҷараён дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97